Бензин. Баҳор ва Барф

Мавзӯи сӯҳбатхои чанд рӯзи охири мардум дар кишвари мо – ин аввалтар аз ҳама боло рафтани нархи бензин ва илова бар ин камчин шудани он аст. Чун расман дар ин маврид иттилоъ камтар аст, чун воридкунандагон тамоман дар ин бора дар ягон чо изҳори назар намекунанд ва чун бисёриҳо дар мавриди чӣ ҳолату вазъ будан маълумоти дақиқ ва кофӣ надоранд, сару садоҳо дар ин замина бештар мешавад ва ҳар кас, ки аз иқтисоду тиҷорату воридоту содироту нозукиҳои дигар бехабар аст, ба он овозаву тахминхо чизе аз худ илова карда, ба каси дигар ва ё ҷойи дигаре баён мекунад. Маълум аст, ки ҳоло тахмину гумонҳо ва ҳатто шубҳаҳо ҳам ин мушкилро рафъ карда наметавонад. Вале ҳароси ронандагони оддӣ он аст, ки камчинии бензин ҳатман боиси болотар рафтани нархи он мешавад ва ронандаи оддӣ бовар намекунад, ки аксарияти нуқтахои фурӯш, ки то дина рӯз бензин дошт, имрӯз надошта бошад. Ронандахо ку систернахоро тафтиш карда наметавонанд?!

Биёед, бо назардошти вазъе, ки дар ҷаҳон ба миён омадааст ва бо дастрасӣ ба иттилоъе, ки дар сарчашмаҳои кушод оварда шудааст, таҳлил кунем, ки дар бозори нафт чӣ гап аст? Чаро чунин ҳолат ба миён омад? Кай он бартараф мешавад? Нафти навъи БРЕНТ як муддат барои як бушкааш аз ҳафтоду чанд доллар ҳам болотар шуд. Фақат субхи 8 март нархи фючерси май 2,32 % афзуда, ба 71,15 доллар расида буд. Чаро чунин шуд? Коршиносон гуфтаанд, ки эҳтимол дорад болоравии арзиши нафт ба як қарори ОПЕК+ дар мавриди нигоҳ доштани ҳамон сатҳи маслиҳатшудаи истеҳсоли нафт рабт дошта бошад. Содиркунандагони нафт ба хулосае омаданд, ки ҳоло вақти мувофиқ барои афзоиш додани истеҳсоли нафт нест ва маҳз ҳамин тасмими онхо сабаби болоравии нархи нафт шуд. Яъне, дигар маълум аст, ки агар кишвархои ОПЕК+ истеҳсоли нафтро афзоиш медоданд, нарх албатта поинтар мерафт. Ҳастанд, кишварҳое ки ҷонибдори афзоиш додани истеҳсоли нафтанд, аммо онҳо дар ин бозор кам чизеро метавонанд тағир диханд. Ба болои ин, тавре ки мо медонем, захираи нафтии кишварҳо ҳам кам мешавад. Харидорон кӯшиш карданд, ки нархҳо баланд нашуда, бо ҳамон нархе ки пештар буд, созишномаҳои навро ба имзо расонанд.

Афтиши нархи нафт дар бозори чахони аз 6-уми марти соли 2020 сар шуда буд. Вақте ки ОПЕК + натавониста буд, ки ба хулосаи мушаххасе биёяд. Дар як рӯз нархи нафт 9% паст рафта, барои як бушкааш 45,5 долларро ташкил карда  буд. Он вакт дар ҳошияи поинравии нархи нафт қурби пули русӣ ҳам поинтар рафта буд. Агар барои мисол ФР ро бигирем, тавре ки шумо медонед, даромади буҷаи он кишвар аз нафт ва нархи он вобаста аст. Яъне, ҳамин карори охири ОПЕК+ ФР бо даромади устувор аз содироти нафт, бо андозҳо ва пардохтҳои кофӣ ба ҳар сурат ҳамин баҳор таъмин мекунад. Иловатан, иқтисоддонҳо ба ин назар ҳастанд, ки ин баҳор эҳтимол қурби пули русӣ ҳам дар ҳошияи гаронии нархи нафт як каме болотар меравад. Ҳарчанд, ки ба ФР хоҳу нохоҳ ҳатто дар ҳоли одат карданаш хам санксияҳои Амрикоӣ ва Аврупоӣ  таъсири бади худро мерасонанд.

Агар ба нишондоди оморӣ бинигарем, нархи сӯзишворӣ дар кишвари мо сар аз аввали ҳамин сол кам-кам боло рафтааст. Чун дар ду ҳафтаи охир, ки ин болоравӣ қобили мулоҳиза  ва зиёдтар буд, баръало эҳсос гашт ва боиси нигаронии ронандаҳо шуд. Дар Суғд ҳатто арзиши роҳкиро каме болотар ҳам рафтааст. Сар аз аввали январи ҳамин сол арзиши маводи сӯхти АИ 92 дар НФС Душанбе қариб 25% боло рафтааст. Яъне, аз 6,2 сомонӣ то 8,1% расидааст. АИ 95 бошад, қариб 22% қиммат шудааст-он аз 6,9 сомонӣ то 8,4 сомонӣ расидааст. Маводи сӯхти дизелӣ бошад, қариб 15% қиммат шуда, аз 6,8 то 7,8 расидааст. Гази моеъ аз 4,24 сомонии аввали сол ба 4,6 сомонӣ расидааст. Афзоиши маводи сӯхти дизелӣ бо шурӯъи корхои саҳроӣ ногузир аст ва хоҳу нохоҳ ба вуқӯъ мепайвандад. Дар ҳар мавсими кишту кор нархи солярка қимматтар аз нархи бензин мешавад. Илова ба болоравии сартосарии нархи маводи сӯхт ва бо назардошти хароҷоти интиқол маводи сӯхт дар манотиқи мухталифи кишвари мо метавонад қимматтар аз пойтахт бошад. Барои мисол, дар Хатлон то 2% ва дар ВМКБ то 10%  ва бештар аз ин нархи маводи сӯхт қимматтар аст. Ҳамин ҳоло аллакай коршиносоне ҳастанд, ки тахмин мекунанд то охири ҳамин моҳ арзиши як литр сӯзишвории АИ 92 расман дар НФС аз 9 сомонӣ ҳам қиммат хохад шуд. Ба сабабҳое, ки баъзе коршиносон дар бораи он сӯҳбат мекунанд, қимматшавии арзиши маводи сӯхт дар заводҳои истеҳсолкунанда ворид мешавад. Мо дар баробари Қазоқистон асосан маводи сӯхтро аз заводҳои ФР, аз шахри ОМСК ва Орск ворид мекунем. Сар аз аввали ҳамин сол нархи фурӯш дар худи ин заводҳо аз 100 то 150 доллар вобаста ба навъи маводи сӯхт қиммат шудааст. Маводи сӯхти дизелӣ бошад, бештар аз 60 доллар қимматтар аз худи завод фурӯхта мешавад. Сабаби дигаре, ки ба болоравии нархи маводи сӯхт таъсир кард, ин буд, ки дар давраи пандемия ва авҷи коронавирус дар заводҳои русӣ ҳаҷми ашёи хому коркарди ашёи хом камтар шудааст. Истеҳсол кам шуд ва табиист, ки он вакт арзиш болотар мешавад.  Қурби пули миллии мо ҳам ки дар соли пештар 16,6% нисбат ба доллар поинтар шудааст, дар ин самт низ бетаъсир нест. Тавре ки шумо медонед, маводи сӯхт ҳам аз хориҷи кишвар бо асъори хориҷӣ ворид карда мешавад.

Нархи маводи сӯхт дар кишвари мо бо назардошти чӣ гузошта мешавад? Чанд чизи асосӣ аст, ки бо ба ҳам омадан нархи маводи сӯхтро ташкил мекунанд- аввалтар аз ҳама нархи маводи сӯхт аз худи завод ё истеҳсолкунанда, баъд – нархи интиқолу воридсозӣ ва баъди ин андозу пардохтҳое, ки дар кишвари мо мавҷуд аст ва воридкунандаву фурӯшанда ҳатман бояд онро пардохт кунад.  Акнун ҳисоб мекунем. Соли гузашта воридкунандагон барои ҳар тоннаи бензине, ки ба кишвар ворид мекарданд, ба истеҳсолкунанда ба ҳисоби миёна 416 доллар медоданд, барои сӯзишвории дизелӣ ҳатто 461 доллар додаанд. Барои як тонна гази моеъ бошад, 422 доллар дода буданд. Баъд нархи интикол, хизматрасонии каторахо,  иҷораи вагонҳо ва мисли ин ба нархи асосӣ зам шуда буд. Баъди воридкунӣ ба кишвар воридкунандагон боҷу пардотҳои дигарро супорида буданд – расмиёти гумрукӣ — 0,25%, ААИ – 18% ва аксиз, ки барои ҳар тонна бензин 65 доллар, барои маводи сӯхти дизелӣ 10 доллар ва барои гази моеъ 5 доллар аст. Аксиз аз нархи маводи сӯхт вобаста нест ва он тағир намеёбад.  Баъди ин воридкунанда фоизи худро ба болои ҳамаи он нарху хароҷоташ гузошта, бо мақомоти зиддиинҳисорӣ он нархро мувофиқа мекунад. Мо факат хароҷоти калон-калонашро гуфтем. Ғайри он боз барои холикунии вагонҳо, нигохубини онҳо, барои хизматрасонӣ дар базаҳои маводи сӯхт, барои интиқол бо мошин ва барои кормандони НФС ширкатҳо бояд корманд киро кунанд ё ба кормандони доимии худ маош бидиханд. Баъзе коршиносону соҳибкорон гуфтаанд, ки даромади софи онҳо баъди ҳамаи ин хароҷот 5-6% асту халос.

Вале он чизе ки нигаронкунанда аст, пешгӯйии аксарияти коршиносон ва ҳатто мансабдорон аст, ки мегӯянд, ин нарх то охири баҳор боқӣ мемонад ва ҳатто шояд боз болотар меравад. Мушкил барои мардум ин аст, ҳамеша бо болоравии нархи маводи сӯхт нархи ҳама молу маҳсулоти дигар киммат мешавад. Наздик шудани мавсими кишту кор дехконон ва заминдорони кишварро бештар нигарон мекунад. Ин дар холе аст, ки бонкхо ва муассисоти молияи хел кам мешавад, ки дар вактхои нозуку зарури ва мушкил ё фоизхоро кам кунанд ё кадом тасмими дигарри ба манфиати мизочонро руйи даст бигиранд. Фоизхои баланди карзи вазъи мушкили хочагихои дехкони ва дехкононро боз хам мушкилтар мекунад.

Сабаби дигари болоравии нархи маводи сӯхт дар кишвари мо — аз кор мондани як заводи коркарду истеҳсоли маводи сухт дар Казокистон буд. Мегӯянд, ки 30% маводи сухти воридоти ба кишвари  мо маҳз аз ҳамин завод будааст. Хабаргузорихои қазоқӣ гуфтаанд, ки он заводро эҳтимол то охири мохи март соз мекунанд. Қирғизистон бошад, берун аз кишвараш баровардани маводи сӯхтро бо нақлиёти калон ва қатораҳо манъ кард. Ин тасмим ҳам то ҷое болои сӯхта намакоб шуд ва барои боло рафтани нархи маводи сӯхт дар кишвари мо мусоидат кард.

Мушкили дигари ҷиддие, ки мушоҳида мешавад — дар андеша ва донишу саводи иқтисодии аксарияти мардум аст. Барои мисол, хелеҳо фарқи иқтисоди нақшавиро аз иқтисоди бозорӣ, фарқи ҳавзаи тиҷорати озодро аз бозорҳои дигари ҷаҳонӣ, тафовути хавзаи озоди иқтисодиро аз барои мисол як коргоҳи хусусии тиҷоратӣ ва мисли ин намедонанд. Аксарият ҳамеша одат дорад, ки ҳукумату давлату кадом мансабдори дигарро гунаҳкор кунад, ки гуё нархҳоро паст накарданд ё поин намебаранд. Вале шумо медонед, ки иқтисоди бозорӣ чӣ қоидаву тартибу сирру асрор ва хосияту хусусият дорад. Мушкил ҳамин аст, ки назорати давлатии нарх, маҷбуркуниҳо ва иҷборан дар кадом сатҳе нигоҳ доштани нархҳо на факат варианти қонунӣ ва дуруст нест, балки ҳатто натиҷаи баракс медиҳад ва вазъиятро мушкилтар мекунад. Шумо аллакай фахмидед ку нарххо аз куҷо ва бо кадом сабабҳо боло рафтанд ва хароҷоти воридкунанда чӣ қадар буду чӣ қадар шудааст!? Барои фурӯхтан бо нархи арзон ки маҷбур карданд, соҳибкору воридкунанда молу маҳсулоташро ба бозор ворид намекунад ва ҳамин гуна ба миён меояд — камчинӣ. Коршиносон дар ин гуна ҳолатхо чанд варианти поинтар сохтани нарх ва дастгирии сохибкорону истеъмолкунандагонро пешниҳод мекунанд, ки коҳиш додани андозҳо, таътили андозӣ, поинтар бурдани нархи аксиз аз шумори онҳо аст.

Дар кисмати ниҳоӣ дар хошияи баланд шудани нархи бензин чанд тавсияро барои ронандагон ва соҳибони воситаҳои нақлиёт пешниҳод мекунем, ки истифода аз онхо ҳатман ба манфиат хоҳад буд. То ба эътидол омадани вазъ дар бозори маводи сӯхт ба хотири сарфаи пулҳои кисса ва буҷаи оилаатон шумо аз чанд тавсия ва маслиҳат метавонед истифода баред:

  • Ҳар рӯз бо мошини шахсиатон ба кор рафтан шарт нест. Яъне, мошинатонро ҳамон вакте ба роҳ бароред, ки тамоман бе мошин намешавад ва бениҳоят зарур аст. Аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баред. Ҳоло нархи роҳкиро қиммат нашудааст ва ҳам автобусу троллейбусҳои навро хохед дид, миёни мардум ворид мешавед ва бо ин роҳ хароҷоти сӯзишвории мошинатонро камтар мекунед;
  • Варианти дигар ҳамин аст, ки ҳамсояҳо, ки дар як бино зиндагӣ мекунанд ва қариб ки аз як роҳ истифода мебаранд, метавонанд, маслиҳат карда, ҳар субҳу шом якҷо ба кор раванду ба хона баргарданд. Масалан, имрӯз бо мошини шумо, фардо бо мошини ҳамсояи дигарӣ ва мисли ин. Ин таҷриба дар кишварҳои дигар нав нест ва ин корро баъзеҳо доимӣ анҷом медиҳанд;
  • Аксарияти ронандагон, ки одат кардаанд, ба ҳама чо – мисли бозору мағозаву ҳаммому нонхарӣ ҳам бо мошин бираванд, метавонанд, ин корҳоро пиёда, бо такси ё бо велосипед  анҷом бидиҳанд; Махсусан, велосипед ҳам барои саломатиатон фоида меорад ва ҳам боиси сарфаи пулҳои шумо мешавад;
  • Таксиҳои панч сомонӣ як падидаест, ки дар дигар ҷо қариб ки нестанд. Бо такси агар ба кор рафтан қимматар аст, аз хизмати таксиҳои панчсомонӣ истифода баред. Аз мошини шахсии худатон дида, бо ин тарз ба кор рафтану дар шаҳр гаштан арзонтар аст;
  • Хароҷоти дуюм ва сеюдараҷаро ба хотири сарфаи пулҳои буҷаи оилаатон камтар кунед. Шарт нест ҳар рӯз ресторан биравед, 5-10 км-ро  бо мошин тай карда, ошхӯрӣ равед ва барои тамошо бо мошинатон ба берун аз шахр бароед; Ин кору амалҳоро барои ягон рӯзи дигар гузоред.
  • Харҷи ҳаррӯзаи худро дар варақе бинависед ва бинед, ки кадом банди он хароҷотро метавонед, ки кам кунед ё ихтисор созед!? Холо вақти ҳамин гуна сарфакорӣ аст;
  • Агар одатҳои зиёновар ва серхарҷе, мисли сигоркашӣ доред, кӯшиш кунед, ки бо баҳонаи қимматии сӯзишворӣ ва сарфакорӣ он одатҳоро партоед. Аксарият аз маоши кам шикоят мекунанд, лекин сигоре мекашанд, ки нархи миёнаи он 18 сомонӣ аст. Пас, маълум мешавад, ки мушкил дар маош не, балки дар шуурнокӣ ва фахмиши шумо будааст;
  • Бинед, ки агар мӯҳлати қарзгириро ба вақти дигар гузоштан мумкин бошад, ба вақти дигар гузоред. Зеро қимматии бензин, ки ба дунболаш қимматии маводи ғизоро меорад, пардохти қарзро бароятон метавонад мушкилтар кунад;
  • Хароҷотро барои нерӯи барқ бо роҳи сарфакорӣ камтар кардан мумкин аст, кам сӯҳбат кардан бо телефони мобилӣ ва камтар ворид шудан ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам як андоза хароҷоти шуморо камтар мекунад ва боиси сарфаи пулхои буҷаи оилавӣ мешавад;

Ин баҳор аз аввали моҳ дигар мушкилтару нофаҳмову қимматтар омад. Ҳатто ба рӯйи гулҳои дарахтон ду карат аст, ки барф меборад. Ба болои ин маводи сӯхт қиммат шуд ва шояд боз чандин намуд қимматии дигарро ба думбол дошта бошад. Дар ин миён ҳоло ҳатман қаллобону судхӯрон фаъолтар мешаванд, баъзе соҳибкорони беинсоф дар бозор бедодгарӣ мекунанд.. Коре мешавад, ки мардуми оддӣ дар ҳошияи ин қиммативу болоравии нархҳо лаззати ҳамон чанд фоиз баланд шудани маошашро тамоман намефаҳмад. Ҳар сол ҳамин гуна болоравии нархи маводи ғизо тибқи анъана дар моҳи Рамазон сурат мегирифт. Имсол ҳолати ба миён омада дар ҳоле аст, ки то оғози моҳи Рамазон бештар аз як моҳи дигар боқӣ мондааст.
Вале ба ҳар сурат, биёед нек андеша мекунем ва хушбин мешавем…

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти