Хумор ва алами як сурат

Дуруд. Дуову дуруд аз ин замонаи дури дур ба рӯҳу ба рӯйи азизоне, ки дар саргаҳи насли мову пайвандони мо меистанд. Ин ҳамон насле аст, ки ҳатто дар аксҳо ҳам натавонистааст мағруру сохта либос ба бар кунад ва сарду қолабӣ бихандад. Ҳамон насле аст, ки чеҳраашон бе кимиёгарӣ ҳам гарм буду пиронаш дарди гулӯрову шикамрову чашмро бо сиёҳии таги дегу решаи янтоқу ширинбӯяву шири поки модар табобат мекарданд…

Ин ҳамон насле аст, ки аз тарси ҳокимони бегонаи давр намозашро пинҳонӣ ҳам, ки мегузошт, ба ҳадде, ки дилаш оромиш меёфт, самимона ва холисона мехонд. Рӯйи даструхони туйиашу ҳаррӯзиашу рамазониаш сад намуд оби газдору бегаз ҳам, ки набуд, намегузошт як ҳаракату ҳарфу амал ё беамалиаш як қатра об аз обурӯяш бубарад.Ин ҳамон насле аст, ки сери сер ҳам ки набуд, ба ҳадди имрӯз партовгоҳи зиёд ва мошин-мошин пасмондаи беҳисоб ва хушку тар ҳам надошт..Ва онҳо имрӯз намебинанд, ки чи гуна насли нав — ҳам доди камдориву нодориву маоши кам мезанад ва ҳам мошинҳои наву кӯҳнаи партовкашӣ як лаҳза ором надорад…

Читать далее →

Чаро-11? Дар хизмати авлод!

         Дар Хитой бо истифода аз макому мансаб кумак расонидан ба хешу пайвандон манъ карда шуд. Имруз ман дар доираи барномаи сахарии «Субхи Ватан» бо хамин гуна пурсише ба шунавандахо мурочиат кардам, ки   «Кадоме аз мансабдорони точикистони аз вазифахои худ  бо максади кумаку дастгирии наздиконашон истифода намекунанд ё барои онхо акалан  вазифаву мансаби худро камтар истифода мебаранд?»  Чанд нафар андешаи худро баён карданд ва ин гуна руйхат пайдо шуд: Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти