Дахсолаи то соли 2020-ро СММ «Дахсолаи амалиёт барои бехатарии харакат дар роххо» эълон кардааст. Ин пешниходи Руссия буд. Он чо барои мисол, дар соли гузашта — 203 603 садамаи наклиёти рух додааст, ки дар натичаи он 26084 нафар ба халокат расида, 257034 нафар чарохат бардоштааст.Дар Точикистон хам хамасола садамахои наклиётии зиёд рух медихад. Соли гузашта дар доираи як лоихаи таргиботи бо хамкории Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Точикистон ман кариб ба хама минтакахои Точикистон сафар доштам. Сафари мо бо мошин буд ва ман бо роххое мерафтам, ки
шояд бо онхо дигар ягон бор сафар накунам. Хамон вакт ба худам фикр кардам, ки бояд барои хамаи рохбару вазиру масъули роххо, масъулони хифзи ичтимоии ахоли, сайёхи ва мисли инхо.. сафархоро ба маноти кишвари худамон бо таёраву чархбол манъ бикунанд. Бигзор онхо хам боре (ва хар бор!) бо рохи агбаву роххои дигари хавфнок сафар кунанд ва бубинанд, ки рох дар чи хол аст, мардум дар манотики гуногун чи гуна зиндаги мекунанд, ёрии ичтимои, тибби, мактабу маорифи онхо дар чи сатх аст. (Хам тасаввур кунед, ки чи кадар маблаг сарфа мешавад!) Хамин рузхо дар Майхура бо сабаби фаромадани тарма мошинхои зиёде бо мусофиронаш дармондаанд. Хамон вакте ки ман бо ин рох сафар мекардам,
хайрон будам, ки чаро мардум аз чизе харос надорад-на аз тармаву на аз роххои вайронаву на аз огохии Вазорати наклиёт ва Бозрасии наклиёти? Кадом вакте ки хостанд, меоянду мераванд, боз ронандае меёбанд, ки дар хама вазъи хаво омодаи сафар аст?! Дар роххои Кумсангир охурчахоро нишони харакати мошинхои боркаши афгони гуфта буданд. Вакте ки хаво гарм асту мум мулоим, хамин гуна ходиса рух медихад.
Душанбе
Дар маркази Душанбе хам шумораи мошинхо аз меъёри мавчудаи хамин гуна роххо ба маротиб зиёд будааст. Бозорхо, марказхои тичорати ва нуктахои серодам хамин гуна мушкили- бандшавии мошинхоро доранд. Садамахо хам дар кучахои Душанбе кам нестанд. Наход ягон илочи дигар нест?
- Дар шахрхои калону асосии аксари кишвархои дунё тартиби муайяни ба шахр вуруд шудани мошинхо мавчуд аст. Масалан, рузи душанбе факат мошинхое ба шахр ворид мешаванд, ки огози раками кайди давлатии он мошинхо аз 1 то 10 аст. Рузи сешанбе мошинхое, ки саршавии раками кайди давлатии онхо аз 10 то 15 аст. Ва хамин гуна то охири хафта. Ва ё варианти дигар: дар даромадгоххои пойтахт истгоххои бузурги мошинхо ё худ таваккуфгоххо сохта шаванд. Вакте ки мошин аз беруни Душанбе ворид мешавад, дар он таваккуфгох гузошта мешавад. Ба ронанда билети бепули рох дода мешавад ва у бо он билет як руз метавонад, ки бо
наклиёти чамъиятии шахри гашту гузор кунад. Фахмидан душвор нест, ки дар болои нархи он таваккуфгох арзиши он чиптаи рох, ки ба ронанда бепул гуё дода мешавад, илова хохад буд. Ин икдом имкон медихад, ки шумораи мошинхо дар роххо камтар шавад, садамахои наклиёти кохиш ёбад, чойхои нави кори пайдо шавад, тартибот дар самти харакати мошинхо таъмин гардад. - Мушкилии дигар ин харакати мунтазам ва речавии мусофирбархои дохили шахри аст. Дар таърихи шахрдори ягон вакт ин кадар мошинхои мусофирбар-таксиву автобусу тролейбус ба Душанбе ворид нашуда будааст, ки дар чанд соли охир шуд. Аммо мушкил сари харакати мунтазами онхо аст. Баъзе тролейбусхоро дар гардишхои роххои шахр дидан мумкин аст, ки як кондуктор аз паси он давида истодаасту барои гардиш чанд дакика мошинхои дигарро интизор мекунад. Ман гуфтани хастам, ки мусофиркашхои бузург дар роххои Душанбе мувофик нестанд!
- Дар рафти яке аз чаласахои шахрдории Душанбе Раиси шахр гуфта буд, ки барои сохтани боз 5 гузаргохи зеризаминии дигар дар Душанбе, ки ба талаботи замони нав мувофиканд, баргашта супориш додааст. Зеро он чизе, ки пешниход шуда буд, каноатмандкунанда набудааст. Гузаргоххои нав бояд хамин гуна бошанд, ки кас хохад, ки роххо убур накарда ба воситаи он ба канори дигари рох гузарад!
- Холо хис мешавад, ки мошинхои мусофирбари шахси ва хусуси факат кушиш мекунанд, ки аз роххои асоси бигзаранд.Гуё дар канори роххои иловаги ва дуртар аз рохи калон мардуми мо нестанд, ки зиндаги доранд. Мардум ба ин хотир аз хона то канори ягон рохи асоси пиёда меояд, то ба наклиёти мусофиркаше савор шавад.Дар холе, ки масалан дар Петербург наклиёти мусофирбари баркиро дидан мумкин аст, ки аз миёнаи хонахои истикомати мегузарад.
- Дар бештари пойтахтхои дунё рузи пиёдагарди хаст.
Мардум-хам вазиру хам чорубкаш, пиёда, бо велосипед ё лоакал бо наклиёти чамъияти ба кораш меравад. Дар Душанбе ин гуна руз набуд. Мо ягон бор хам кушиш накардаем, ки ин гуна рузро доир кунем. Бо ин тартиб гумонам, ки мардум хавои тоза, ороми, фарогат аз пиёдагарди ва бисёр чизи дигарро эхсос хохад кард. Дар мавриди аввал рузхои истирохат ин корро анчом додан мумкин аст ку?! - Шумо ягон бор дидаед, ки дар хама гузаргоххои руизаминии пойтахт мошинхо хама баробар биистанд? Меистанд, лекин агар дуртар аз он гузаргох корманди БДА бошад. Мо холо коидахоро аз тарс вайрон намекунем,то чарима насупорем ва бе хуччат намонем.
- Шумораи садамахо маълум аст, ки шояд асло ба нол баробар намешавад. Пас барои чи дар самти кам кардани садамахо ва маргу миру чарохати мардум ягон икдоми дигарро пиёда накунем? Масалан, мумкин аст, ки ронандаи коидавайронкардаро нигох дошта тафтиш кард, ки ронандагиро дар кадом мактаби ронандаги омухтааст? Бигзор барои ин коидавайронкуни хамон мактаби омузиши ронандахо хам чарима супорад. То фахманд, ки чи гуна бояд ронанда таёр кунанд, то донанд, ки зер кардани педалу донистани чанд ишораи рох ин хануз омузиш ва ронандатаёркуни нест. Чаро ба ронандагони оянда хамин гуна филмхоро аз садамахо нишон надихем, чаро курсхои башардусти ва одамдусти, муошират бо мусофир, ёрии аввали тибби ва амсоли инро ба ронандахои оянда дар сатхи комилан нав наомузонем? Ки бояд инро супориш дихад? Намефахмам!
- Бигзор хама кондукторхои воситахои наклиёти мусофирбар дар Душанбе бо либосхои махсуси дорои элементхои либоспушии точики бошанд. Агар онхо факат занону духтарони зебо бошанд, бозам хубтар. Ин имкон медихад, ки сафи автобусу тролейбуссаворон зиёд гардад, муносибат бо мусофирон хуб шавад, чанд духтари бекори дигар чои кори
доими пайдо кунад. - Ки медонад, ки холо чанд фоизи мошинхои ба Точикистон воридшаванда ва воридшуда вайронаву кухнаву мухлати зиёд истифода шудаанд? Тасавур мекунем, ки онхо ворид нашаванд ва набошанд. Чи ходиса рух медихад? Нархи мошин боло меравад? Шояд хамин тавр хам шавад, шояд, вале садамахо ва муриши мардум кам мешавад, хавои атроф тозатар мемонад..
- Аксари кишвархои пасошурави дар шахрхои калони худ ба истифодаи камерахо ва дигар тачхизоти назоратии электрони гузаштаанд. Вакти он расидааст, ки мо хам ин корро кунем. Ин хам боиси тартибот шуда , ба кам шудани коида вайронкуни сабаб мешавад, хатто чиноятхоро хам бо ин рох кушодан мумкин аст. Факат дар ин самт бояд кучахои канори шахр хам фаромуш нашаванд. (Он вакт онхо бозам фаромуштар хоханд шуд!)
- Дар Гурчистон як вакт хамин гуна фармон буд, ки дар киссаи сархадчи бояд аз 10 лари зиёд пул набошад. Чаро ин корро мо барои кормандони БДА анчом надихем. Зиёд мешунавем, ки аз порагирии онхо шикоят мекунанд, хачви зиёд хам хаст. Бигзор дар вакти кори дар кисса ва мошини корманди БДА микдори муайяни пулро ичозат бидиханд. Баъди кор у метавонад, ки хама дороияшро хам дар кисса гирифта гардад, агар дошта бошад!
- Дар Руссия барои чалб кардани чавонону наврасонашон ба артиш ва аскари дар паи тахияи барномахои компютерии харби-ватандусти хастанд. (Акнун дар он бозихо душманони шарти, ки наврасони рус бояд онхоро бикушанд, кихо хоханд буд ё чи шаклу сурат хоханд дошт, холо маълум нест!) Мо наметавонем, ки хамин гуна барномахои компютери дошта
бошем, ки сирф точики бошанд ва дар он масалан, барои ронандахои оянда роххои ТОЧИКИСТОН нишон дода шуда бошад. Ин хам шавковар аст ва хам манфиати бештар аз баъзе курсхои омузиши ронандаги дорад!
Омор
Хамасола дар тамоми дунё 1,2 миллион нафар дар садамахои наклиёти ба халокат мерасанд. Аз руи маълумоти Ташкилоти чахонии тандурусти бештар аз 50 миллион каси дигар дар дунё хамасола аз садамахои гуногуни наклиёти чарохат мебардоштааст. Агар хамин гуна давом ёфтан бигирад, аз руи назари коршиносон то соли 2020 дар дунё шумораи курбониёни садамахои наклиёти аз шумораи фавтидагон аз сактаи майнаву ВИЧ бештар мешудааст. Сабаби марги то 35 солахо дар Амрико, тавре ки як вакт президенти каблии он давлат гуфта буд, хамин садамахои наклиёти будааст. Дар хамон маърузаи ТЧТ омадааст, ки дар садамахои наклиёти асосан аз 14 то 44 солахо курбон мешудаанд. Омор касро ба фикр кардан водор мекунад. Агар дар солхои чанги Афгонистон худуди 15 хазор нафар ба халокат расида бошанд, тасаввур кунед, ки дар солхои охир дар Руссия худуди чорсад хазор нафар, дар Точикистон аз соли 1999 то 2009 худуди 5 хазор нафар ба халокат расидааст. Аз руи пешниходи ТЧТ 70 % садамахо ба кишвархои факир рост меомадааст, дар хар сеюмин давлат суръати харакати мошинхо назорат карда намешаванд, дар хар хафтумин давлат меъёрхову дарачаи нушокихои спирти барои ронандахо муайян набудаанд, дар хар дахумин давлат коидахои хатмии истифодаи тасмаи бехатари мавчуд набудааст.
Таърих
Шояд барои Шумо шавковар бошад, ки бори аввал садамаи наклиёти дар кучо ва кай рух дода буд? Он 30 майи соли 1896 дар Нью Йорк рух дода буд. Он вакт мошини баркии Генри Уэльс ба велосипеди Эвилин Томас бармехурад. Охири он чо пояшро шикаста буд.
Сабаб
Дар тамоми кишвархои дунё сабабхои асосии садамахои наклиёти инхоянд:
- дар холати масти идора кардани воситаи наклиёт;
- баланд кардани суръати мошин аз меъёри мавчуда;
- сухбатхои телефони хангоми рондани мошин;
- набастани тасмахои эхтиёти;
- истифодаи наклиёти таъмирталаб ва вайрона;
- сухбатхои заруру нозарур бо мусофирон;
- хангоми рондани мошин сигоркаши ва хурдани гизо;
- хангоми харакат машгул шудан ва таваччух ба TV, CD ва воситахои дигар;
- хастагии ронанда;
Ба ин руйхат бо назардошти мушохидаи мо боз чанд сабаби дигари хоси мардуми моро ворид кардан мумкин аст:
- сину соли чавон барои рондани мошинхо, махсусан мошинхои мусофирбари;
- холатхои гирифтани хуччати ронандаги бе омодаги, омузиш ва имтихон;
- зиёд будани макотиби омузиши ва пастар будани дарачаи омузиш, дастраси надоштан ба навтарин воситахои омузиш;
- риояи коидахо факат ба хотири хузури корманди бозрасии автомобили, на ба он хотир, ки бояд хамеша хамин гуна бошад ;
- истифода аз роххои кухи дар шароити барфу борон ва холатхои дигар;
- истифодаи мошинхо баъди гузаштани мухлати истифодаашон дар кишвархои хамсоя, назди Балтика ва араби;
Stop!
Гумонам, дар нигох доштани сихатии мардум, камтар кардани шумораи садамахои наклиёти ва маргу мири мардум бояд аз тамоми роху восита истифода бурд. (хатто аз блог хам! :)) Чизи дигар. Бубинед, ки баъди росту хамвору чавобгу ба стандарти чахони шудани баъзе роххои мо- махз дар хамон роххо боз садамахо зиёд шуданд, мардуми ронанда, дигар «туфлихо»-ро бадар кардаву бо ангушти калони пой «газ» -ро зер кард. Хамин гуна
чандин садамаи дигар рух медихад. Яъне, аз ин чо метавон гуфт, ки мушкили мо факат роххо нест, бояд «баъзехои дигар» -ро хам «таъмир» кард, баъзе тартиби навро чори сохт ва аз бахри баъзе чизхо гузашт. Ва хам харчи тезтар бояд ин корро кард, то дер нашавад!!!
Filed under: Uncategorized | Tagged: 2020, Душанбе, Рох, кух, мусофирон, наклиёт, садама |











Хеле акидаву пешниходхои чолиб! Ахсан Субхон.
Аммо афсус, ки на хама ин навиштахои шуморо мехонанд…
НравитсяНравится