Боре ба назди Моцарти 7 сола дар Франкфурт баъди хунарнамоияш писарбачаи тахминан 14 солае меояд ва мегуяд:
-Ту навозандаи хеле хуб хасти. Ман гумонам асло мисли Ту навохтанро ёд намегирам.
-Ин хеле осон аст ку!-мегуяд Моцарт. «Ту ягон бор дар навиштани охангхои ба сарат омада бо нота худро насанчидаи?»
-НЕ, мегуяд он писари 14 сола. «Ба сари ман факат шеър меояд»
-Ин нагз ку, мегуяд Моцарти 7 сола. Навиштани шеър душвор будагист-а»- боз мепурсад у
-НЕ, тамоман душвор нест, ту як бор худатро бисанч-да..
Хамсухбати Моцарт ГЁТЕ и чавон буд!
Имруз рузи байналмилалии хифзи хукуки истеъмолкунанда аст. Он ба солгарди сухбати президенти Амрико Ф.Кеннеди дар Конгресси ин кишвар дар соли 1961 рост меояд. Дар маърузаи у чор самти хукуки истеъмолкунандахо барраси шуда буд:
Баъдтар ба он гуруххо боз илова шудааст:
- хукуки чуброни зарар ё зиён;
- хукук барои маълумоти истеъмоли;
- хукуки конеъ сохтани талабот;
- хукук ба мухити солими атроф;
Аз 15 марти соли 1983 дар таквим хамин гуна руз-Рузи байналмилалии хифзи хукуки истеъмолкунандахо пайдо шудааст. Вобаста ба ин сана ин навбат мехохам дар мавриди риояи хукукхои мардум дар баргузории консерхо дар Точикистон назарамро нависам. Агар вокеан хам аз руи шиори ин руз -«пули мо-хукуки мост» назар кунем, мардум имруз дар барномахои консерти, махсусан, дар толорхои асоси дар шахри Душанбе пул дода, факат чехраи чанд сарояндаи шиносу чанд ношиносро тамошо мекунаду раксидани онхоро. Вакте ки дар эълонхо наменависанд, ки «дар консерт фонограмма истифода мешавад», вакте ки барномахои консерти ягон вакт дар соати муайяншуда сар намешаванд, ин магар поймолшавии хукуки истеъмолкунанда нест? Ман боре хамрохи кудаконам ба театри лухтак тамошо рафтам. Расо соати 10-и субх намоишнома сар шуд. Ман хайрон шудам ва хам хурсанд, ки хайрият як чое хаст, ки намоишхо аз руи соати муайяншуда огоз мешаванд. Инчо маълум аст, ки бетокат шудани кудаконро ба назар мегиранд, аммо бубинед, ки дар толорхои консертии мо хамеша мардум хамрохи кудаконашон мераванд, интизор мешаванд, гох ончо сард асту гох гарм….Истифодаи фонограмма дар консертхо манъ аст. Харчанд ин тартиб кайхо боз чори аст, аммо сарояндахои
«зиндахон»-и мо ангуштшуморанд. Ман медонам, ки дар барномахои консертии онхо хам на хама сурудхо «зинда» хастанд. Чаро мардуми мо ба хамин гуна консертхо пули зиёд сарф карда мераванд? Гумон мекунам, ки барои аксари онхо чи тарз сурудхонии овозхон тамоман мухим нест. У ба сахна ояд шуд! Ин барои санъати овозхони чи таъсир дошта метавонад ? Ба ёдам хаст, ки замони манъ кардани фонограмма дар консертхо сарояндахои машхури мо хам эътироз карда буданд, ки «ин барои сабтхои ТВ-и мухим аст, бе фонограмма намешавад, холо толорхои мо хамин гуна имконият надоранд, ки ончо «зиндахони» куни…» ва гайра ва хоказо.
Таърих
Намунаи консертхо ё он чизеро, ки рафта -рафта ба консертхо дар шакли имрузааш табдил ёфт, дар мухорибахо дар Риму Юнон дидан мумкин буд. То нимаи дуюми асри 18 консертхо характери сахнави-театри дошта, на барои хама дастрас будааст. Он барои гурухи шахсони олимаком буд. Баъди он консертхо саросар мусики мешаванд.
Фонограмма
Истифодаи онро дар хама чо-хам Руссия, хам дар Точикистон ва хам дар кишвархои хоричии дигар аксарият хуб кабул надоранд. Мохи январи соли 2007 дар Думаи Маскав низ бо пешниходи депутат Владимир Платонов истифодаи фонограмма манъ шуда буд. Дар Туркманистон аз мохи августи соли 2005 истифодаи фонограмма манъ аст. Дар озмуни Евровидение хам пурра бо фонограмма сурудхони манъ аст. Факат кисман ичозат медиханд-яъне мусикии сабтшударо, вале садои овозхон бояд «зинда» бошад. Мадоннаи машхур бошад дар як номааш гуфта будааст, ки «ман мачбур хастам, ки бо фонограмма суруд хонам, зеро ман хам овозхони мекунам ва хам мераксам.» Бубинед, ки як вакт Уитни Хьюстони машхур дар Маскав новобаста ба бемориаш зинда суруд хонд. Барои он ки эхтимол садояш каме ночур буд, у дархол аз тамошобинон узр хост, вале аз фонограмма истифода накард. Акнун фикр кунед, ки дар барномхои консертии мо, ки хушбахтона гуям ё бадбахтона дар арафаи иду чашнхо хеле зиёд мешавад, шумораи зиёди сарояндахо чамъ шуда, дискхои худро дар навбат гузошта, аз руи хамон тартиби кадом коргардону продюссере ба сахна омада, «худро нишон медиханд». Шояд онхо нагз медонанд, ки «дар Точикистон холо хукуки худро истеъмолкунанда нагз намедонад ва хатто агар донад хам хох нохох барои тамошои мо меояд».
Таъсири фонограмма-манфиат ва зиён
- манъи фонограмма метавонад, ки манфиати пули биёрад: билет барои консертхои зинда кимматтар аст. Ин акнун ба манфиати ки аст, ман намедонам!

- баъди манъи истифодаи фонограмма баргузории консертхои хасаки ва хоми харруза кам мешавад.
- аз тачхизоти нави садои ва консерти истифода хохад шуд, зеро бо он асбобу тачхизоти техникие, ки холо аксари сарояндахо доранд, баргузор сохтани се соат консерти зинда хеле душвор хохад буд;
Мардум ва хукуки онхо
Як вакт дар замони бахси фонограмма дар кишвари Руссия як шорехи мусики аз газетаи «Известия» — Михаи Марголис гуфта буд, ки «барои мардум фарк надорад, ки он консерт бо истифодаи фонограмма аст ё бе истифодаи он. Манъ кардани истифодаи фонограмма хеч гуна натича намедихад». Имруз хаминро дар Точикистон хам мушохида кардан мумкин аст, ки дар тамоми толорхои мо барномахои консерти бо фонограмма ва бо ширкати 15- 20 сароянда сурат мегирад. Мардум мераванд ва касе намепурсад, ки чаро навозандахо нестанд, ё чаро фонограмма аст, барои чи дар эълонхо наменависед ва намегуед, ки «дар консерт фонограмма истифода мешавад?» (Шояд медонанд, ки гуфтан бе фоида хаст?!) Хис мешавад, ки сарояндахои моро манъи фонограмма заррае ба харосу ба ташвиш наовардааст, шояд барои он, ки онхо медонанд, ки мардум дар хар сурат ба тамошо меоянд. Дар Руссия хама медонанд, ки масалан «Ласковый май» пурра аз фонограмма истифода мебарад, вале толору майдонхо пури мухлиси онхо мешавад. Пас инчо чизи дигаре хам хаст!
Шуурнокии мусики
Ин эхсос хам барои сарояндахо ва охангсозон барои эчод мухим аст ва хам барои шунавандахо барои дифоъ аз хукукхои худ дар масъалаи консертхо. Вале шумо гуед, ки оё хама онхое, ки дар толор хастанду як ду асбоби вайронаро дар дасти ким касе, ки барои чанд соат дар накши навозанда аст мебинанд, метавонанд фахмад ё дарк кунад, ки он суруд бо истифодаи фонограмма буд ва ё бе истифодаи он? Бовар кунед, ки аксарияти мардуми шунаванда ва бинанда ин чизро намефахмад. Ва пушида нест, тавре дар болотар гуфтам, барои баъзехо ин чиз хато мухим хам нест! Ман шунидам, ки чанд сарояндаи хеле машхур ва овозадори мо дар хама барномахои консертии хукумати ва одди бо фонограмма суруд мехонад. Зеро чанд бор «зиндахони» карду фахмид, ки ин хелаш «бехтар ва осонтар» аст! Баъзехо хатто ба ин назаранд, ки аслан дар бораи фонограмма ба мардум гуфтан лозим набуд, ин як асрори сарояндахо ва санъаткорон буд. Мухим он аст, ки онхоро мардум дуст доштааст ва эхтиром мекунад. Шояд то чое рост бошад, ки барои истифодаи фонограмма холо касеро мардум (баъди дустдори) баргашта бад надидааст, онхо сарояндаро барои овоз, андом? чехра ва «инсу он суяш» дуст медоранд ва мехоханд, ки аз наздиктар бубинанд.
Инчо Душанбе!
Ба он чизе, ки дар барномахои консертии мо ва умуман миёни санъаткорони точикистони мушохида мешавад, то як дарача
шунаванда ва тамошобини мо одат кардааст. Шумо хам шояд хамин гуна холат ва мушкилро вохурдаед:
- дар ягон эълони барномахои консерти наменависанд, ки «аз фонограмма » истифода мешавад, дар холе, ки дар хама чо фонограмма аст; (ман ин гуна навиштаро як вакт дар эълони ким кадом сарояндаи узбак дида будам!)
- барномахои консертии мо вакти огоз доранд, вале баъди рафтан ба ончо кас ба хулосае меояд, ки вакти дар тахтахои эълон навишта шуда вакти аз хона баромадан будааст. Зеро онхо бо таъхир сар мешаванд;
- холатхое, ки барои як чой чанд чипта буд, кам нестанд ва ман шохиди хамин хол будам; (ин гумонам, ки як асрори толорхои консерти ва кормандони фаъоли онхо аст!)
- дигар маълум аст, ки «галлаконсертхо» сирф «моли мо» шуданд. Хамеша ва дар хама толорхо барномахо бо ширкати 2, 4, 10 ва 20 сароянда мегузарад;
- холо барои аксари ташкилкунандахои барномахои консерти мухим пур шудани толор аст, фарогати шунаванда ва ё тамошобин дар зинаи хеле поёни меистад;
- бовар кунед, ки нарххо хам барои консертхо ва хам барои ичораи толорхои мо тамоман ба он сароянда ва шароити доштаи он толорхо мувофик нестанд!;
- ягон кас аз сарояндахои мо дар бораи дискхои пастсифате, ки кариб баъди хар консерт пайдо мешавад, фикр намекунад. Баракс шояд ин чиз барои бештари онхо хатто писанд хам хаст, ки онхо «реклама» мешаванд;
- тартибу низомро барои баргузории барномахои консерти ки назора мекарда бошад? Масалан, имруз ва пагох барномаи консертии як ё якчанд сароянда аст, пагохи дигар барномаи консертии ман. Ман бояд чи гуна таёр шавам? Машк кунам ё не? Ороиши сахнаро кай бояд анчом дихам? Ин хама нишони он аст, ки барномахои мо тамошои хамон сароянда бо либосхои гуногунанду халос!
Баъди хамаи ин хам бозам бечавоб мемонад саволе,ки барои чи мардум дар мавриди хукукаш ба пули дошта ва сарфкардаааш барои барномахои консерти хомуш аст? Биёед, як маротиба ба чунин барномаи консерти намеравем ва ё назди касса омада пулхоямонро талаб мекунем! Кани бинем, ку чи мешавад?! Кадом сохтор барои хифзи хукуки истеъмолкунандаи точик, ки дар шароити на он кадар хуб зиндаги дорад, талош мекунад?
P.S. Чанд далел вобаста ба охангсозон, мусики, сарояндахо:
- Писари Вольфганг Моцарт – Франц Ксавер Моцарт 30 сол дар шахри Львов зиндаги карда буд. У дар он шахр маркази хор ташкил карда, ба кудакон навохтани фортепианноро меомухт, бо консертхо баромад мекард ва дирижёр хам буд. То имруз хам дар консерваторияи ин шахр, ки ба номи Н. Лысенко аст, мусикихои офаридаи писари Моцарт садо медиханд.
- Дар Англияи асри 19 кушиш мекарданд, ки ба хама чизе, ки шахватовар буд, рох надиханд. Бо ин максад хангоми консертхо ба пояхои рояль рукаш (чехол) мепушонданд, то мардум (мардхо ба хаёлам!) онхоро бо дигар пойхо омехта накунанд!
Садои овозхонхо аз руи куввати овоз ин гуна хисоб карда мешавад:
- садои одди -80 дб
- садо дар консертхо-90 дб
- садои операсарои-100 то 120 дб. Барои мукоиса бояд хотирасон шуд, ки садои таёраи КОНКОРД хангоми ба парвоз омадан-130 дб аст.
- Дар Чумхурии Африкои Чануби агар овозхони опера дар куча онро сарояд, уро то 2 соли махбас интизор аст.
- Дар аввали асри 20 раккоса Мата Хари барои чалби бештари мардум урён ракс мекард. Барои расидан ба хамин гуна натичахо дар театри операи Берлин хам як вакт операсароён бонувони комилан урён буданд.
- Иоганн Себастьян Бах-ин ягона истеъдод дар оилаашон набуд. Онхо дар мачмуъ аз ин оила 50 нафар буданд. Бахи калони дар тарбияи аксари онхо, ки хатто аз у шухратёртар буданд, сахм доштааст.
- Овозхони фаронсави Эдит Пиаф дар лагерхои фашисти хам дар худуди Олмон сарояндаги мекардааст.
- Соли 1987 продюссери Boney M лоихаи нави Milli Vanilli-ро пешниход мекунад, ки чехраи асоси дар он лоиха ду раккоса буданд, ки доим бо фонограмма суруд мехонданд. Онхо хеле машхур мешаванд, вале он шухрат бебако буд. Он овози каси дигар буд. Ин сир фош мешавад ва хама маблаги мардум, ки барои харидории албоми ин гурух сарф шуда буд, бозпас баргадонида мешавад ва чоизаи ГРЭММИ, ки онхо доштанд, мусодира мешавад. Ин дар таърихи мусики ва таърихи ин чоиза бори аввал буд.
- Дар СССР барои гайриконуни нашр кардани пластинкахо аз ренгенсуратхо васеъ истифода мебурданд. Онро «пластинкахои устухони» ва ё «пластинкахои кабургаги» мегуфтанд. Он рентгенсуратхо комилан бепул дода мешуд ва хатто кормандони тиб барои он, ки он партовхоро касе худаш омада мебарад, хурсанд хам мешуданд.
- Яке аз бехтарин скрипканавозони амрикои Джошуа Белл 12 январи соли 2007 дар сахни як метро барои тачриба, ки гуё як навозандаи кучаги аст, 45 дакика скрипка менавозад. Аз хазорхо касе, ки аз пахлуи у мегузаранд, факат 7 нафар истода, ба мусики таваччух мекунад.
- Таронаи машхури «Happy Birthday to You» то имруз дар ИМА зери химояи хукукхои муаллифи аст. Онро дар миёни ахли оила сурудан мумкин аст. Аммо барои истифода дар толору консертхо, дар кино ва варакахои овозии табрикоти бояд хатман хакки муаллифи пардохта шавад. Холо хамин тарона хамасола кариб 2 миллион доллар барои оне, ки хукуки муаллифи дорад, манфиат меорад.
- Гитараи хафттораро дар тамоми дунё гитараи русси меноманд, аммо худи русхо онро гитараи лулихо мегуянд.
- Пианинанавози австрияги Пауль Витгенштейн дар чанги якуми чахони аз дасти рости худ махрум шуда буд. Ба ин нигох накарда у бо як даст-дасти чап бехтарин навозанда буд. Он чизе, ки у менавохтааст, дигарон дар навохтанаш бо ду даст душвори мекашидаанд.
- Император Николаи 1 мусикиро он кадар дуст намедоштааст. У барои хамин шояд чун чазо гунахкоронро ё ба гаупвахта мефиристодааст ва ё ба шунидани операи Глинка. Интихоб он вакт дар дасти гунахкор будааст.
- Чопонихо дар гунчоиши CD дискхо хачми симфонияи нухуми Бетховенро ба назар гирифтаанд. Он асари дустдоштаи ноиби раиси ширкати СОНИ буд.
- Дар Чопон дарозтарин консерт баргузор шуда буд, ки ба китоби рекодхои Гиннес ворид шудааст. Кариб 1000 навозанда, ки сину солашон аз 6 то 96 сола буд, бе танаффус 182 соат асархо гуногуни мусикиро ичро карданд. Он консерт дар шахри Оми 23 март сар шуда 31 март ба охир мерасад. Пештар аз ин дарозтарин консерт дар соли 2001 баргузор шуда буд.
Filed under: Uncategorized | Tagged: байналмиллали., билет, консертхо, овозхонхо, пул, толор, фонограмма, хукуки истеъмолкунадахо, эълон |














Салом бародари азиз. Хеле андешахо ва маълумотхои чолибро руи сахифа рехтед. Ташаккур!
Аммооооооооо………………..
Хамаи хамина медонеду чаро бо ин кадар садои мутантан боз хамин консертхоро дар радио реклама мекунед???
Ё барои рекламаро хондан хам пул медиханд???
Хаминаш нофахмо???
НравитсяНравится
Хаминаш нофахмо!!!
НравитсяНравится
Саломалейк…. Аз чумлаи пеш аз охирин сар мекунам. Албатта, барои хондани хар як реклама пул медиханд! Ки холо бепул ягон корро анчом медихад? Ман матни аз чониби рекламадиханда тасдикшударо мехонам. Баъзан матни рекламахоро хам фикр мекунам. Факат овозро сабт кардан аз хама арзон 100-150 сомони аст. Шуморо агар бо ин маблаг даъват мекарданд, намерафтед? Он чизе, ки ман навиштам,тамоман чизи дигар аст, вай факат аз ман вобаста нест. Ман агар он рекламаро нахондам, каси дигар мехонад. Аз овоз чизе тагир намеёбад! Вале ба хар сурат саломат бошед! Кушиш мекунам, ки аз ин пас рекламахоро камтар хонам ва бигзор ин бар зарари киссаи ман бошад. Мухим он аст, ки шунавандахои заки хафа нашаванд!!!
НравитсяНравится
Салом, Субхон!
Чанд мисоле, ки: «Чаро мардуми мо ба хамингуна консертхо пул сарф карда мераванд?» овардаед, дуруст аст ва сабабашро ман хам дар хамин мебинам, ки шояд барои онхо чи тарз хондани сароянда онкадар мухим набошад!
Вале дар мавриди он ки: оё хамаи онхое, ки дар толорхои консерти асбобхои мусикиро дар дасти навозандагон дида фахмида метавонад, ки он бо истифодаи фонограмма буд ё не, албатта на хама инро дарк мекунанд. Ва кам нестанд нафарони хушёру зирак, ки намефахманд ё пай намебаранд! Чунки масалан, вакте аз телевизион ягон сароянда бо фонограмма суруд хонад, агар сарояндаро аз наздик нишон диханд, бисёр осон фахмидан мумкин аст, ки баъзан вакт сароянда баъд аз пахши фонограмма ба хондан шуруъ мекунад, ё баробари фонограмма лабхояш харакат намекунанд, хулоса, ки аз кашиши овозаш хам инро фахмидан мумкин аст… Ин факат як мисол буд, ки овардам.
Албатта ман ба иззати нафси ягон сароянда расидани нестам, аммо хар як мухлис ё шунаванда фикр мекунам, ки озод метавонад фикри худашро гуяд. Хастанд сарояндахое, ки онхо хам овози хуб доранд, хам истеъдод ва хам метавонанд бо овози зинда озодона сароянд ва хам хар кас мухлисони худро дорад, яке барои овози хубаш мухлис мешавад, дигаре барои хуснаш, ва яке дигар барои пурмазмун будани сурудхояш ва гайра ва х.
Масалан, агар ба ман ягон билети 100 сомона нею он билетро «тухфа» хам кунанд ман ба он консерте ки кирои рафтан нест, вакти ганиматамро сарф карда намеравам. (Рости гап то хол ёд надорам, ки билети консертии касеро харида бошам! Ин на барои ин ки консертхои ягон сароянда ба ман писанд нест!)
НравитсяНравится
Салом бародарон ва хохарони азиз! аз дидори шумо хеле шодам, Ман мехохам, ки хар як шахрванди Чумхурии Точикистони дорои хукуку озоди ва сиёсц бошад. Ман мехохам, ки хамаи маълумотхо бо забони точики оид ба хукуку озодихо ва сиёсии шахрвадон каме бошад маълумотхои кави дода шавад. Аз ин лихозщ, ман хамчун хукукшиноси бехтарин ба хамаи шахрвадон гуфтаниам: «Вактро ганимат дониста, хондан лозитм аст»
НравитсяНравится