Дар он сӯйи андешаҳои мардумони ошнову бегона ва паноҳ аз дидаҳои бинову нобино дар иҳотаи ҷангале, ки як дарахташ кам аст, як ҷойи шиштану андешидан аз чӯби ҳамон як дарахт мавҷуд аст. Он як ҷой аксаран холист, зеро вақти сафар ба он ҷову ҳамон фурсати андешиданро аксарият инҷо дар суроғҳо месипаранд — суроғи нон, суроғи ном, суроғи гумкардаҳо, суроғи надоштаҳо ва баъзан суроғи худ…
Он ҷойи нишаст, дар зеҳни ҳар дарахти атроф, ки охирин сонияҳои умри ин дарахтро ёд дошт, андешаҳои бе сару нӯгеро таку рӯ мекунад. Мағзи мурғу чурғу паррандаҳои дигаре, ки то сарафканда шудани он дарахт дар шохҳояш лона доштанд, чанд карат бештар аз ҳаҷмаш ҳайратзадаву лабрези андешаву таҳлили як интихоб буд — интихоби ҷангалбону ҷангалбур… Ҳамоне, ки аз дур меҳрубон ба назар мерасид ва мегуфтӣ, ки кадом кору тасмими ҷиддиеро анҷом додаву гирифта наметавонад…
Читать далееFiled under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: андеша, дарахт, тарозӯ, фикр, харак, ҳайвоноти ҷангал, ҷангал | Leave a comment »









