Як бачча…

      Як бачча меофарад…

     Меофарад! Шакли нав, нигохи нав ва колаби навро. Он бачча дар он шаклу нигоху колаб тозагиро чо мекунад, ки бо нигох ба он  чашм об мехурад  ва робитае ноаён сурат мегирад. Ва он пайванд хар лахза шуморо суи шакли наве тела медихад…

Ончо тамоми ман, ки дигар хеч гаштаам

Аз нав зи хоки мазраи маргам сиришта шуд,

Хар вожа дар фазои фаногаштаи сукут

Дар осмони тираи бахтам фаришта шуд.

Як бачча дар сохил аст….

     Дар сохили мурод, сохили орзухояш. Ончо гох танхо мемонад ва гоххо аз гавгои сохилиёни дар сохилнабуда ба танг меояд, дард фарогираш мешавад…Хайрият, ки дарё хаст, хайрият, Чи хубе… Мешавад, ки бо у роз гуфт:

Вучудам кухи пуртугёни хасратхост, эй дарё,

Ва санги номуроди устухонамро хамесояд.

В-агар бори гамамро афканам ба пот, эй дарё,

Нагунчи дар масири махками девори худ шояд.

Як бачча механдад….

     Ба руи риёкору маккор… механдад, барои хандаи уммедворкунандаи як касе механдад, ки дергох нахандида буд, барои оне механдад, ки намедонад, ки бурун рафтан аз хонаи хеш хандаовар хохад буд.  Агар имруз не, пас фардо…У ба руи кеши баду нокоми механдад, то бо ханда онхоро бикушад.

Ман саропо гум шавам андар нафасхои сукут,

Баъди чанде аз дигар пайдо намоям хешро.

Хандаи озодиям дар хабси ин деворхо,

Аз кафои дар биронад харкаси бадкешро.

Як бачча зери офтоб аст…

     Аз он офтоб неру ва тавон мегирад, гарми мегирад, хам барои худаш ва хам барои бечорае, ки хатто дар фасли тобистон хам хунук мехурад ва дасту пои худашу  андешахояш сард аст, ях аст. Аз гармии он офтоб катрахои мехр  мисли араки пешонаи дехконе, ба сару руяш метаровад.  У як руз  намаку обу орди орзухояшро дар гармии он офтоб  мехелад ва мепазад. Агар шакли он мисли фатир нест,  пас кулчае хаст, ки хатман тамъи кулчаи ширии модари Суфиёнро дорад. У холо ба зиёрат равон аст..

Руи гури орзухоям

Зарра-зарра барф меборад.

Аз давоти дида бар авроки рухсорам

Катра-катра харф мешорад.

Харфи рах чустан аз ин пайрохаи мармуз,

Харфи дил кандан аз ин дунёи размомуз,

Харфи шоме, ки басе дилгиру зулмотист,

Харфи ишке, ки саранчомаш пушаймонист.

Руи гури орзухоям

Зарра-зарра барф меборад.

Як бачча кахрамони мекунад…

     У шишаи колабхоро, ки дар зохир ба чашми аксар безеб набуду дар ботин зангзада буд, шикаст,  онгуна, ки порахояш то дурихо рафт, уро чун шикорчие, ки роху пайрохаро бе хато меёбаду меравад, пайрави мекунанд, у хавас дорад ва талош, ки ба пойи инсонхои камбин рушнои бирезад, у намегузорад, ки кухнадеворе аз зури бод валангор гардад, у танхои мекашаду танхоии танхоеро бо хузураш пур мекунад, у барои рангу мазмун  ёфтани зиндаги ва барои рахои аз андух кахрамони мекунад… Мардуми бедор кахрамонро дуст медорад!!

Шабе аз соязори токхои махками ангур,

Ки махкамтар зи ахди абрувони усмадоранд

Ва махкамтар зи азми лашкари шабзиндадоранд,

Туро ман мерабоям,

Туро ман мерабоям.

Як бачча медавад…

     Уро бисёрихо мешиносанд. Харчанд давиданашро на хама мебинад ва шояд  на хама кабул дорад…Ва хакикат хамин аст, ки  давиданаш на ба хама давиданхо монанд аст ва на таклиди кадом давидане аст, ки кадом замоне машхуртарин давидан  буд.

Як бачча медавид

Дар пардахои атласии нури офтоб,

Дар чустучуи чуръаи афсоназои об.

Мераст рах ба рах

Аз кучахои шум,

Аз панчахои мум

То ошёни обии дарё, ки хамчунин

Мехонадаш ба савти ону ин.

                                                      Рохест рохи дур                                                     

То ошёни обии дарё, вале хануз

                                                Он бачча медавад…                                                   

Орзу Исоев -дусту хамкори мо мачмуаи нахустини  шеърхои худро бо номи  «Дар пардахои атласии нури офтоб» нашр кард. Муборак!!!

"Дар пардахои атласии нури офтоб"

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти