Дарси иловаги!

      Ман аввалтар аз хама голибони озмуни «Мактаби сол-2009» , «Кӯдакистони сол -2009», «Директории сол-2009», «Мудири кӯдакистони сол-2009», «Муаллими сол-2009», «Мураббии сол-2009» ва «Синфи беҳтарини сол -2009» -ро дар  пойтахт самимона табрик мегуям!  Аммо баъд…     

          Богча ва мактаб заминаи асосии камол ва инкишоф, хамчунин  тарбия ва таълим ба шумор меравад. Бисёр чиз аз хамин давра ва таъсири хамин вакт вобаста аст. Аммо мушохида мешавад, ки мо аз хамин давра ва аз хамин вакт аллакай ба харобкунии майнаи кудакони богча ва мактаббачагон сар мекунем. Чи гуна? Хеле одди!  Як вакт пулгири ва маблагчамъкуни барои ким кадом фонде тамоман ошкоро ва бепарда буд. Эътирозу шикваву шикоятхо боиси он гашт, ки «боло» ба ин чиз таваччух кунад. Устодони гироми ва чанд тан аз падару модароне, ки ба он гурухи муаллимон хеле наздик буданд, рохи халли ин муамморо хам ёфтанд: истифодаи кумитаи падару модарон! Як вакт ман  хам тасодуфан дар як хамин гуна мачлис ширкат карда будам. Он вакт зане, ки хеле фаъол буд, чун узви «кумитаи падару модарон» ба волидон бо  чунин чумла  мурочиатро огоз  кард: «Родительский комитет просить Вас….».  Яъне, дигар замони мачбур карданхо гузашт, акнун дар мактаб хам хама медонист, ки дигар бо ин усул «кор» пеш намеравад ва рохи дигарро пеш гирифт. Акнун онхо ба воситаи кумитаи падару модарон аз волидон «хохиш мекунанд», ки барои супоридани пул барои тахсили бепул рози шаванд. Хулоса, хама он руз рози мешаванд. Мувофики низомномаи мактабхо ва санадхои хукукии Вазорати маориф таъсиси синфхои пулаки ичозат дода шудааст. Факат бо назардошти талаботи конун: он пул бояд ба дасти муаллим неву ба суратхисоби мактаб гузарад, баъди супоридани он волидон бояд «квитанция» бигиранд ва гайрахо. Суол ин аст, ки оё имрузхо хамин тартиб риоя мешавад ё не? Дар кучо риоя мешавад?

      Ман аслан ба ин пахлуи  масъала дахл кардан намехостам. Маро чизи дигаре ба ташвиш меорад-барои  чи мураббияхои богчахо ва  муаллимон, ки  бояд бештар аз ихтисосашон равоншиносиро донанд, ба холатхои равонии кудакону мактаббачахо эътибор намедиханд? Дар кучо омадааст, ки проблемахои вобаста ба пули мактаб, пули таъмир, пули зодрузи ким ки, пули кадом иду чашнхо, пули дарси иловаги ва боз чанд «пул»-и дигар ба воситаи худи кудак ва хеле дагалона хал карда шавад? Вакте ки волидон имкони холо ва хамин руз овардани хамин гуна «пул»-ро надоранд, магар шарт аст, ки ба воситаи кудак муаллим таъкиду фишору «хохиш»-ашро ба волидон бирасонад? Ба фикри ман хубтар мебуд ва хам дуруст мебуд, ки кудакон хам дар богча ва хам дар мактаб дар мавриди пул, «чойпули» ва ким кадом маблагхои дигар намедонистанд. Шояд гунохи мо-падару модарон хам хаст, ки кам ба мактаб меравем ва бо устодон бевосита робита надорем ва ё робитаи кофи надорем.Гузашта аз ин хал кардани ин масъалахо ба воситаи СМС, почтаи электрони ва Интернет дар мачмуъ холо ва хозир барои кариб хамаи устодону кормандони дигари муассисоти то мактаби ва мактаби мисли «андешаи ихтирои бомбаи атоми дар асри санг» аст. (Ё шояд мо супоришро интизор мешавем ва факат хамон кореро мекунем, ки карда будану мекунанду хоханд кард!?) Харчанд дар дунё ин гуна тачрибахо хам хаст, ки волидон бахои фарзандонашро чанд дакика пас дар сахифаи алохидаи Интернетии мактаб ва синфи фарзандашон мебинанд ва ё дар мавриди баргузории мачлису нишастхои мактаби ба воситаи СМС маълумот мегиранд. Имруз устодони мо бояд роххои дигари «бехавф»-ро пайдо кунанд, ки бе таъсири бад ба рухия ва равони кудак «пули тахсил» ва ё маблагхои дигари мактабро чамъ кунанд. Тасаввур кунед, ки гапи муаллим ба кудак чи гуна  таъсир мекунад, вакте мугуяд, ки  «отахотона гап занед, ки пули мактаби супоранд» ва боз кудакро чи хиссиёте фаро мегирад вакте ки волидон он пулро ба дасти онхо намедиханд, ё «холо надорам», «як ду руз пас» мегуянд. Бубинед, ки дар харду маврид — хох вакте ки кудак пулро аз волидонаш мегирад ва хам вакте ки намегирад, таъсири бад ба рухияи у мерасад. Аз ин хотир барои чи мо- волидон ва устодон ин корро «байни худамон» хал накунем? Бубинед, ки новобаста ба манъкунихои вазорати маориф мардум дар масъалаи  пардохти маблаг барои дастгирии мактаб ва муаллимон зид нест. Пас чаро як механизми хубтари «пардохт»-ро фикр карда наметавонем? Ман мехостам, ки дигар кудакон ба масъалахои пули миёни волидону мактаб ва муаллимон шарик ва хамрох карда нашаванд! Рост аст, ки кудакону наврасон бояд муомила бо пул, сарфаи пул ва кадри пулро донанд, вале бо ин тартиб онхо аз он се чизи болои ба гумонам, ки ягон тоашро намеомузанд! Барои он бошад тамоман усулхои дигарро бояд ба кор бурд. Ё шояд мураббияхо ва муаллимон аз гуфтани он чиз бевосита ба волидон шарм медоранд-а?

       Имруз чунин ба назар мерасад, ки масъалаи равон ва рухияи кудакон дар аксар маврид фаромуш мешавад. Холатхои зиёдеро дар робита  бо он чизе,ки дар болотар гуфтам, вохурдан мумкин аст. Ин чо ман факат хамон пулчамъкуро мисол овардам, ки аксаран ба воситаи кудакон сурат мегирад. Баъзехо хатто ба мактаб намераванд «пула набурдаам, намеравам»-гуфта.  Тарс! ( Дар ин маврид поёнтар мегуем!)

        Тасаввур кунед, ки писари шуморо муаллим дар синф аз чо боло карда мегуяд, ки «барои чи ту пули мактаб (таъмир..ё ким-чизи дигар)-ро наовардаи? Хама овард, ту монди факат…»  Мо хамин гуна одат дорем, ки дархол як нафарро бо дигарон мукоиса мекунем, ба умеде, ки у ислох шавад, вале намедонем, ки ин хеле хавфнок аст ва гумонам комилан таъсири хубе надорад. Чанд пешниход дорам ва хануз нонавишта медонам, ки барои як гурух аз устодони азиз он «ким чи хел»  метобад. Вале ба хар сурат менависам, зеро як вакт барои хамаи мо сухбат аз ин чо бо гушаи дигари чахон, рафтан ба кайхон ва Мох, ихтироъи бомбаву тайёра ва чархбол, ё «оханпорае, ки дар хаво парвоз кардаву намеафтад»….хаёл ва афсонае беш набуд.  Яъне, хамин гуна «ким чи хел»  буд.  Аммо имруз бубинед, ки замона тамоман дигар аст, дар олам фосила кариб, ки нест. Факат акидахо хастанд- баъзан нав ва аксаран кухнаву шахшуда.

  • Имруз мошин-мошин компютер ба мактабхо  рафту рафта истодааст. Интернетро муаллимон вонамуд мекунад, ки медонанд, аз он огоханд. Пас чаро сахифаи алохидае барои мактабхо ва  барои хар синф ташкил намекунем? Ин корро бемалол ва бе мушкили дар шахр анчом додан мумкин аст. Зеро кариб хама Интернет дорад ва метавонад, ки хар руз чанд дакика дар чат ва ё агент «нашишта» сахифаи синфи писарашро тафтиш кунад. Чаро мумкин набошад?
  • Дар мактаб барои холатхои зарури раками телефони кариб хамаи волидон хаст. Вале ба гумонаст, ки дар чанд мох хам боре мо бо муаллим ба воситаи телефон гуфтугу кунем. Конфронс-гуфтугу ташкил кардан мумкин аст, ки дар он чанд тан аз волидон ширкат карда, гоибона сари мухимтарин мавзуъхои вобаста ба тахсили фарзандашон сухбат кунанд.
  • Вохурии як чояи кормандони бонк, (мухосиботи мактаб) муаллимон, кормандони идорахои маориф сари чанд вакт факат барои баррасии тартиби чамъоварии маблагхое, ки конуни хастанд ва мувофики меъёрхои хукуки бояд ба суратхисоби мактаб гузаронида шаванд, аз манфиат холи нест. Як чизи монанд ба хисобот дар мавриди маблагхо ва сарфаи онхохохаб буд.
  • Усулхои замонави ва пешрафтаи тарбия дар богча хатман бо такя ба анъана ва фарханги мардуми точикро бояд фикр кард ва чори намуд. Холо на машгулиятхо ва хатто… на бозичахои богчахои бачагонаи мо (агар бошанд хам!) точики нестанд! Аз Хамон «утренник» сар карда то кабулу гусели кудакони богча НА точики аст!
  • Кушиши якчояи богча ва мактаб дар мавриди бархам додани тарс барои кудакону наврасон. Тарс эхтиром нест! Вакте ки Шуморо аз тарс эхтиром мекунанд, вакте ки факат аз тарс онхо шуморо гуш мекунанд, хама чиз дигар бефоида аст. Пул хам!

        Ман медонам, ки директорони мактабхо хар мох хисоботи муаллимонро дар мавриди чамъоварии маблагхо барои тахсили конунии пулаки ва ба воситаи кумитаи падару модарон барои дастгирии мактабу муаллимон талаб мекунанд.  Ва сабаби дар чараёни маблагсупори ва  проблемахои пулчамъкуни ворид гаштани кудакону наврасон хам гумонам, ки хамин чиз аст. Биёед, рохи дигарро пайдо кунем ва дар ин кор-чамъовари маблагхо дар мактаб- тамоман кудаконро хамрох накунем, бигзор то муддати муайяне кудак ва наврас нафахмад, ки чи хел пул чамъ мекунанд, тахсили пулаки чи асту бепул чи аст, падарашу модараш кай пул дораду барои  чи доимо пул надорад ва мисли хамин. Ин то дергох наметавонад, ки пинхон бошад, аммо дарки худи кудак дигар асту таъсири бад ба равони у расонидан ва бо ин тартиб хамин чиро ба у фахмонидан тамоман дигар чи аст. Чизи бегона ва хавфнок!

Ё шояд бо ин тартиб мо кудакону наврасонро аз богчаву мактаб  барои тахсил дар мактабхои оли тайёр мекунем-а? Ки медонад?!

       Ягон чиз -ба чуз хатои муаллимон  хамин гуна устувор ба ёди шогирдон намемонад!    

  (Антон Лигов)

комментария 2

  1. Салом, Субхон! Рост мегуи, аммо … Хакикат талх аст…!!!
    Ман хам як вакт шунида будам, ки барои зодрузи кадом рохбари синф ба талабахо гуфтаанд, то ин ки онхо пул чамъ кунанд … хайрон мондам! (Бо кадом акл?!). Вале фикр мекунам, ки то андозае аз худи хамон талабахо хам вобаста аст (синфхои болоиро дар назар дорам…), чунки онхо хак доранд, ки хамон пулро барои зодрузи касе набаранд. Албатта, ман хамаи муаллиму муаллимахоро дар назар надорам. Чунки хама беинсоф нестанд ва … набудагистанд-ку?!

    Нравится

  2. Салом Субхон! Дар бораи он ки дар мактабхои миёна аз талабагон сум чамъ мекунанд навиштанихои бисёре дорам! Камина худ омузгорам,дувоздах сол собикаи кори дорам. Соли 2001-ум
    дар мактабе кор мекардам(Дар пойтахти шахр).Ва як руз худ ба худ суми чамъ мекардагиро барои «таъмир»-и мактаб (дар охири соли тахсил) хисоб намудам. Шумораи синфи панчро хисоб кардам. (5-а,б,в,г,д,е,ё,ж) Хулоса аз 2500 талаба 5-сомони чамъ карда мешавад.12 500сомони!!! Ин факат суми охири соли тахсил! Кучо меравад хамааш?Барои таъмири мактаб? Суме,ки дар давоми соли тахсил аз талабагон чамъ карда мешавад,(ба маблаги 1-сомони аз хар як хонанда)ман хисоб накардам! Худатон хисоб кунед ва хулоса бароред!!!

    Нравится

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти