Чаласаи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Оли дар огоз вокеан хам лахзаи хеле хотирмон дошт. Ё ман кам ТВ тамошо мекунам ва ё вокеан хам ин бори аввал буд, ки аксари намояндахои мардуми ва аъзоёни хукумат Суруди Миллиро замзама мекарданд. Ё оператор-наворбардори ТВ бомахоарт буд ва ё шояд ин гуна эхсос аз он буд, ки имсол ин макоми баланди конунбарори кишвари мо 15 сола мешавад. Хар гунае, ки набошад, кормандони ТВ нишон доданд, ки намояндагони хукумат ва намояндахои мардум зери лаб суруди миллиро замзама мекунанд.
«Дуздии руирост»
Дар мачмуъ дар дунё 17 % аз гуруснаги азият мекашидааст. Имсол барои мардуми мо, ки ният шудааст, то соли 2012 сатхи камбизоатиашро то 40 % поин бубаранд, соли одаткуни ба сахмияхо ва усулу шароити бозори когазхои кимматнок буд. Пешниход шуд, ки дар самти ба фуруш баровардани сахмияхои коргоххои дигари азими кишвар хама кушишхоро сарф намоянд. Президенти кишвари мо як чумлаи хеле санчидашударо ба забон овард, ки агар бо усули мачбури маблагхоро барои сохтмон гирдовари мекунем, пас он чо кор баракат намекунад! Мардум акнун дар мавриди он, ки «барои чи президент ин суханро дар рузи 5 январ неву акнун гуфт?», фарзияхои гуногунро пешниход мекунанд. Вале новобаста ба онхо, имруз мардум барои сохтмони ин иншоот камар бастааст ва хаматарафа онро дастгири мекунад. Ин мухимтар аз хама чиз аст.
Дар Точикистон расман 250 хазор оила камбизоат хисобида мешавад. Дар идомаи андешахо Президент кайд кард, ки соли рафта барои 280 хазор оилаи ниёзманд ва камбизоат бо киммати 17-18 миллион сомони фурузонакхои каммасраф тухфа карда шудааст. Ва хамин тадбир боиси он гашт, ки худуди 2 миллиард килловат/соат неруи барк сарфа карда шавад.
Гумони ман, ки агар масъулони идорахои фуруши барк аз бахри нозирони бепарво ва бегами худ ба пурраги бигзарад ва рохи дигари содда ва бе порахуриву фиреби пардохти хакки истифодаи баркро фикр кунаду пиёда созад, мо аз ин хам бештар сарфакори хохем кард ва маблаги чамъшуда ба маротиб бештар хохад шуд. «Руирост дузди аст»- гуфтани преидент факат ба дуздихои калон дахл надошт. Ин бахои умуми буд, ки хар команди идорахои барк бояд сари он фикр кунад!
«Муштарии мухтарам….»
Вокеан хам барои касе пушида нест, ки кариб хамаи ширкатхои алокаи мобили сохибони хоричи доранд. Ва табиист, ки маблагхое, ки мо барои алокаи мобили пардохт мекунем, ба хорича меравад. Президент ба ин масъала хеле чидди таваччух кард ва хатто хисоби осонро хам баён кард, ки дар хар оилаи точик ба хисоби миёна 6 телефон аст. Ин дар холест, ки ба хисоби миёна оилахои мо- точикон аз 7.5 нафар иборат аст. Президент дар мавриди ширкатхои мобили гуфт, ки бояд барои таргиби коидахои истифодаи телефонхои мобили ва зиёни онхо ба мардум бигуянд. Вале онхо ин корро мекунанд? Не ба гумонам! Зеро ман медонам, ки онхо баъзе чихатхои барои мардум нокулайи хизматгузорихои худро хатто дар вакти реклама ва таблигот пушида нигох медоранд. Онхо ягон вакт ягон таруфа ва хизматгузорие фикр намекунанд, ки дар он манфиати бештарро факат муштари дошта бошад. Баракс, онхо факат хизматгузорихое пешниход мекунанд, ки ба чуз номашон комилан як чиз хастанд, мисли ду понздах як си ва ё се понздах як чилу панч! Илова бар ин ба мардум вакти иловаги медиханд, имкон медиханд, ки то чанд доллар карздор хам шаванд, зангхоро дар вакти бепули имконпазир мегардонанд ва гайра ва хоказо. Президент хам таъкид мекунад, ки боигарии мардуми мо ба ивази саломатиаш ба воситаи ширкатхои мобили ба берун рафта истодааст. Маданияти истифодаи телефонхои мобилиро мардуми мо инак 18 сол аст, ки омухтанист, вале хатто наметавонем, ки хамон як бозори гайриконунии фуруши телефонхои кухнаву пусидаву аксаран бехуччат ва эхтимол дуздиро манъ кунем. Ба ёди ман хаст, ки Раиси шахри Душанбе бо ин максад ошёнаи дуюми бозори Баракатро пешниход ва муайян карда буд. (Хамон бозореро, ки акнун бояд ба кисмати гарбиии ин шахр бикучад ва дар чояш бинои замонавии Вазорати умури хорича комат афрозад.) Вале ягон телефонхару телефонфуруш ба ончо наомад. ..
Оммафахми ва хафтафахми
Оммафахми акнун бештар аз харвакта имруз мухим аст. Зеро маълум аст, ки оммафахм набудани баъзе санаду арком ва конунхо боиси он гашт, ки саллахоро неву каллахоро оварданд. Президент пешниход кард, ки санадхои хукукии вобаста ба андозбанди бояд оммафахм карда шаванд. Хамчунин мухофилатхо дар ин самт бартараф карда шаванд. Аммо ба гумони ман дар баробари андоз ва санадхои вобаста ба он мо имруз мо ба оммафахм кардани комилан хама карору конуну тадбиру накшахои худ ниёз дорем. Хафтае як бор нашр шудани хафтаномахо ба пайдоиши чараёни «хафтафахми» дар чомеаи мо мусоидат кардааст. Ман гуфтани нестам, ки он омммафахми карданхо мисли киссахои дуругини сахафоти хамин газетахо бошад, балки он бояд дар баробари содда пешниход шудан ба тарзи бехтар ва макбултар барои мардум пешниход гардад. Хар чизе, ки дар чомеа рух медихад, бояд барои ахли чомеа фахмо вар рушан бошад. Дар холе, ки аксарияти мардум ба оммафахм гардонидани санадхои хукуки ва тасмимхои дигар ниёз доранд, рохи содда ва дастрасеро бояд фикр кард.
Пул чониби бепулхо меравад?
Рост аст, ки дар нохияхо ва дехоти кишвар аксарияти мардуми Точикистон зиндаги мекунанд. Миёни онхо точирон ва сохибкороне хам хастанд, ки дар пешрафти махаллу зодгохи худ сахм доранд. Дар паём дар мавриди таъсиси бонкхои махали сухан рафт ва хамчунин пештар ва мухимтар аз ин дар мавриди фарханги сохибкори ва курсхои омузиши гуфта шуд. Ба кариби хамин гуна як курсро дар Душанбе бо ширкати ким кадом сохибкори ботачрибае баргузор карданд ва ман дар чойи корам бо яке аз ташкилкунандахои он курс сухбат карда будам. У мехост мо хамин эълонро пахш кунем. Вакте ки дар мавриди маблаги он курс пурсидам, маълум гашт, ки ин гуна курсхо то 500 $ арзиш доштаанд. Акнун дар паём чи гуна будани хамон курсхо гуфта нашуда буд. Зеро онхо метавонанд пулаки бошанд ва хам метавонанд бепул ташкил карда шаванд. Ва гумонам, шумо хам фахмидед, ки ба кадомаш кариб касе намеравад?!
Дар сухбати Президенти кишварамон дар мавриди нархи орд сухан рафт ва бо соли кабли киёс карда шуд. Бештар аз 1 маротиба имруз орд арзон аст. Чизи дигаре барои ман ташвишовар буд. Як вакт дар бораи нафаре шунидам, ки замини зиёди гандум доштаасту хосили фаровон хам мегирифтааст. Гандумашро орд карда, онро дар халтахое ба фуруш мебаровардааст, ки навиштачоти «Орди Казокистон» доранд. Мардум ку холо ба он орд бештар тавачух доранд!? То кучо ин рост буд, намедонам. Аммо дар мавриди таъсиси бонкхо дар минтакахо барои дастгирии сохибкорони махали ва мардуми минтакахо, ки кариб 90 % шумораи умумии ахолиро ташкил мекунанд, ба бонки Милли супориш хам дода шуд. Ин сохтори асосии молияви бояд дар таъсиси хамин гуна бонкхои вилояти ва минтакави сахм бигирад. Мухим он аст, ки бо пули халк худи халкро фиреб накунем!
Вазорати мухочират? Чаро НЕ!
Дар паёми худ Президенти Точикистон ба масъалаи мухочирони кори низ дахл кард. Дар катори он 6 хазор нафар шахрванди Точикистон, ки дар хорича тахсили илм мекардааст, шумораи зиёди мардуми мо дар мухочирати кори хастанд. Холо вобаста ба масъалахои мухочирати мардум якбора чанд сохтор-Вазорати умури хорича, Вазорати корхои дохили, Вазорати мехнат ва хифзи ичтимои, сафоратхонахо…кор мебаранд. Бояд гуфт, ки ин пешниходи хуб буд, ки метавонад барои хифзи хукуку манфиатхои мухочирони мехнати мусоидат куна два корро вусъати тоза бидихад. Дар мачмуъ сохтори алохида барои танзими мухочират сахм мегирад. Мухочирати кори самти аз хама дардноки чомеаи мост, ки хар чи бештар тачдид ва низомро талаб мекунад. Ин то чое ба имичи сиёсии давлате чун Точикистон бетаъсир намемонад. Тахкиру азобу шиканча ва лату куби мардуми мухочир ба авчи хеле болои худ расидааст. Чанд руз пештар як хамкасби мо гуфт, ки мардуми рус акнун мухочирони кории мо ва хатто фарзандони онхоро, ки дар мактабхо тахсил мекунанд, на бо номхои худашон, балки Чамшуд ва Равшан гуфта фарёд мекунанд… Шояд замоне фаро расидааст, ки кормандони ин самт хам аз аттестация бигзаранд ва маълум гардад, ки кадоме аз онхо дар макоми худ тасодуфи хастанду барои халли мушкилоти мухочирон ба ягон кор кодир нестанд. Агар аттестация натичаи хуб намедод, Президент ба Прокурори генерали супориш намедод, ки боз як маротибаи дигар дар ин сохтори хеле мухим атестацияи гайринавбати доир кунад.
Дар ин самт саволхои бечавоб ва муаммохои печида гумонам, ки хеле зиёд аст. Ва бисёр чи аз таъсиси хамин гуна макоми алохида, сарвари он, фаъолияти он дар хоричи кишвари мо, накшаву тартиби кори он… вобаста аст. Инро вакт нишон хохад дод.
«Ташаббускори нест!»
Проблемаи телефонхои мобили ва истифодаи онхо дар ин самт аз хама асоси буд. Маълум мешавад, ки дар Точикистон аз 7 миллион нафар 6 миллионаш ба алокаи мобили дастраси доштаасту факат 500 хазор кас ба Интернет. Тасаввур кунед, ки агар ин шумора баракс мебуд, чи гуна ачоиб мешуд. Он вакт проблемаи дастраси ба иттилоот хам хал мегашт, сатхи маълумотноки ва хатто маърифатноки хам хеле боло мерафт. Шумо бовари доред, ки ширкатхои телефони дар мавриди зарари телефону алокаи мобили ягон чиз гуянд? Дуруст аст, ки аксари мушкилоти мо ба дарачаи саводу маърифатноки вобаста аст. Истифодаи телефонии мобили хам. Мардуми босаводу боакл хеч гох намегузорад, ки телефон боиси касодии оилааш гардаду ба сихатиаш зиён ворид кунад. Аммо холо, ки аксари дастраси доштахо бо телефонхои мобили чавонону наврасон хастанд, он олот барои онхо факат бозичаест, ки хатто бемаврид ва бе тартиб аз он истифода мекунанд. Дар паём хам ишора шуд, ки сатхи дониши хатмкардахо ба талабот чавобгу нест, ихтисосхои якхела дар чанд чой тайёр карда мешаванд, ки сифати хуб надоранд, имкониятхо барои эчодкорони чавону ихтироъкорон холо хам ба кадри зарурат фарохам оварда нашудааст. Богчахои бачагона хам бояд ба таври замонави ва пешрафта бошанд. Сохтори онхоро хам гумони ман, ки бояд дигар кард. Ба масъалаи забону фархангу одату муошират аз богча бояд таваччух кард. Президент гуфт, ки мардум кудакони худро ба богчахои хусуси мебаранд, аммо бубинед, ки аксари онхо тамоюли милли надоранд, машгулиятхо аксаран аз руи барномахои бегона мегузаранд ва мураббияхо мардуми гайриточиканд. То имруз ба макотиби миёна дар мачмуъ 27 хазор компютер ворид карда шудааст, ки ин ичрои 80% барномаи компютерикунонии макотиби миёна аст. Аммо суол он аст, ки хонандахо аз руи кадом барномаи таълими, бо чи гуна завк ва кадом мавридхо метавонанд, ки кор бо компютерро омузанд? Хамчунин гуфта шуд, ки агар мардум бомаърифат аст, ба дасисахо бовар намекунад ва ба хар гуна фиребу домхо хам дар намемонад. Имрузхо як гурух аз донишчуёни муассисаи олии таълимие барои ошнои ба Радиои «Ватан» рафтуо доранд. Интернет ва кор бо компютерро умуман намефахманд. Ин дар холест, ки дар паёми имсола ишора рафт, ки дар аксари кишвархои хорича мардуме, ки депутат шудани аст, бояд аз имконияти дастовардхои нави илму техника огох буда, гайр аз забони модариаш, боз ду забони хоричиро донад. Яъне, ман тавсия додани хастам, ки агар шумо баъди 5 сол номзадии худро барои вакили ба Мачлиси Намояндагон пешниход кардани бошед, аз фардо ба омузиши забонхои хоричи сар кунед.
Ва дар мачмуъ нигох ба ин самт бо як чумла ифода шуд, ки «ташаббускори нест!».
Аз 17 то 18. Боз як соли дигар барои боаклтар шудан!?
Дар паёми Президенти кишвар дар мавриди устувории оилахо, ки асоси устувории чамъият аст, сухан рафт. Пешниход гашт, ки синни никохи аз 17 то 18 боло бардошта шавад. Факат дар соли 2009 бештар аз 8 хазор никох расман бекор карда шудааст. Сабаби аксари ин-омода набудани духтарону писарон ба зиндагии оилави, мушкилоти зиндаги ва амсоли ин аст. Вакте ки дигар мактабу маориф дар самти тарбия ва маълумотнокии чавонон муваффак нашуд, вакте ки акл ва андешаи созандаеро он чавон надорад, дигар гумонам, хар кор сурат мегирад-баъзехо аз хамдигар чудо мешаванд, ки дар аксари маврид боиси чанчолу чудои ва кахри шуданхо миёни ду авлод мегардад, баъзехои дигар худашонрову дигаронро мекушанд…
Мегуянд, ки Худованд аз хама чизи дигар дида боадолаттар барои инсонхо аклро таксим кардааст, ки бубинед, ягон кас аз камии он шикоят намекунад! Баравакт оиладор кардани фарзандон, манъи тахсилу омузиши онхо, бетавваччухи ба ояндаи онхо, бедор накардани завки зебоипарасти ва омузиши илм дар дили онхо, шароити мусоидро фарохам наовардан ба фарзандону наздикон магар нишони назар ва хиради кутох нест? Дар ин самт вариантхои наву замонавиро бояд фикр кард. Ва боз хам маориф ва донишу омузиш асоси хушбахтихои оилави аст. Мардуми боакл камтар хато мекунад ва аз хар хатоаш сабак мегирад.
Рафтуо
Аз руи маълумоти охир имруз дар Точикистон 158 ширкати сайёхи будааст, ки тавре дар суханрониаш президенти кишвар гуфт, аксари онхо ба содироти туризм машгул хастанд. Яъне факат барои сафару тичорату тамошои мардуми мо ба беруни Точикистон мусоидат мекунанд. (Ба гумони шумо чанд фоизи мардуми кишвари мо ба хорича факат барои тамошо ва истирохат меравад?) Метавон гуфт, ки ширкатхои сайёхи дар кишвари мо бародари ширкатхои алокаи мобили хастанд, ки аксари маблагхои гирдовардаи онхо- илло хамон андозхо- ба беруни Точикистон мераванд. Як вакт дар кучое дар мавриди он хонда будам, ки корманди кадом ширкати сайёхи ба сайёхон кадом як мавзеъи Точикистонро нишон дода, маълумотеро мегуфтааст, ки тамоман асоси илми надошта, аз вокеият дур будааст. Яъне бад намешавад, агар хамаи онхое, ки дар ширкатхои сайёхи кор мекунанд, барои донистани таъриху фархангу сиёсати имруза, замину худуди дирузу имрузи Точикистон имтихон супоранд ва хам фаъолияти хамин гуна ширкатхо санчида шавад. Агар вокеан хам мо 158 ширкати сайёхи дорем, пас чаро сафи сайёхон афзоиш намеёбад?
«Муштарии мухтарам, нав гуфтам ку….»
Истифодаи телефонхои мобили, ки дар кисмати маориф ба он таваччух карда шуд, ба тиб ва табибон хам дахл дошт. Гумонам, ки дар ин самт-яъне зиёни телефонхои мобили, ки аксаран онро таъкид мекунанд, табибони дунё андешахои гуногун доранд. Ва хам табибони мо низ. Худи мавзуъи зарари телефонхои мобили пурра ва сад фоиз омухта нашудааст. Зеро пайдоиши онхоро хадди зиёдтар аз бисту чанд сол мешавад. Дар ин муддат хулосахои мушаххас ва раднопазир доштан амри мухол аст. Вале мухимтарин чиз, ки ба табибон ва беморон дахл дошт, ин муносибати онхо буд. Президент аз муомилаи дагали табибон бо беморон гуфт ва хам ишора кард, ки шикоятхо дар ин маврид хеле зиёд аст. Болотар дар мавриди ба талабот чавобгу набудани хатмкардахои макотиби оли гуфтем, ки Донишгохи Тибби хам ба он шомил аст. Хамин суханони президентро дар мавриди муносиботи нохуб бо беморон, муомила ва бархурди нодуруст бо проблемахои онхо, омодакунии кадрхои сохаи тандурусти ман ким кайхо-дар вакти тачлили 70 солагии ДДТТ интизор будам. Вале чаноби Президент гумонам барои норохат накардану нашикастани рухи болида ва идонаи устодону шогирдони ин даргох ин суханонро нагуфта буд. Ба хар сурат ман онро тарики эфири ТВ нашунидам. Аммо он дар паёми имсола чой ёфт. Ва хам акнун ман интизор хастам, ки боз кай президент дар мавриди мавкеи забони давлати ва кадрхои точики дар кулли муассисоти тиббии кишвар, махсусан пойтахт андешаи худро баён мекунанд. Имруз, тавре дар паём омада буд, барои кулли муассисоти тандурустии Точикистон худуди 14 хазор муттахасис намерасидааст.
Шанбеи «муборак»!
Рост аст, ки мурочиати зиёди мардум ба воситаи рузномахо ба Президенти кишвар ва нафарони алохидаву созмонхои гуногун нишони он аст, ки ба масъалахои шахрвандон бетаваччухи зохир мешавад. Бовари ба раису хучаинони махали ки намонд, мардум аз ягона уммедаш-Президент кумак мехохад ва хохиш мекунад, ки у ба проблемаи онхо расидаги кунад. Президент акнун супориш дод, ки хар хафта рузхои шанбе тамоми рохбарон бо кормандонашон «дархоро кушода» мардумро кабул кунанд ва арзу шикояти онхоро шунида, барои халли он мусоидат кунанд. Ки медонад, шояд он вакт ёфт мешаванд мардуме, ки рузи шанбе омада факат ба раиси шахру навохи изхори минннатдори мекунанд, ки вокеан хам барои бехтар сохтани зиндагии онхо кушиш мекунанд ва натичахои назаррасе ба даст овардааст? Ки медонад! Вале чизи дигари норушан хамин буд, ки рузхои дигари мукаррарии кабули «он чанобон» чи мешавад? Он рузхо хам меистанд ва ё «президент факат рузи шанбе гуфт»- гуфта онхо «беэътибор» дониста мешаванд?! Мувофики супориши сарвари давлат рохбарон хатто бояд ба назди мардум сафархо анчом дода барои халли муаммо ва мушкилоти хар шахрванди одди кушиш кунанд. Барои чи бояд ба раис ва рохбаре президенти кишвар гуяд, ки мардумро кабул кун ва кори онхоро ба сомон расон? Чи гуна онхо аз ин пас рузхои шанбе ба чашми мардум нигох мекарда бошанд?
Аммо дар мавриди шумораи зиёди кормандони хукуматхои махали ман ба ин назар хастам, ки барои навохии кишвари мо, ки аксарияташ ба умеди дастгирии марказ аст, доштани ин кадар корманд-сар карда аз 3-4 муовин ва боз чанд рохбару корманди масъулу мудири дигар зарурат надорад! Бубинед, ки дар Литва акнун хатто кормандони Вазорати адлия мошинхои хизматиро бо такси ва мошинхои ичора, ки масрафи камтар доранд, иваз карда истодаанд. Аммо дар шахру навохии мо агар назар кунем, барои як нафари одди хама кормандони макомоти махали- аз чамоат сар карда, то хукумати нохия ва шахр раису хучаину рохбар аст!!! Назорат дар ин самт ба души рохбари дастгохи Президенти кишвар гузошта шуд. Мардум бояд аз фаъолияти рохбарони худ дар шахру навохи рози бошад. Онхо хам бояд аз мардум нагурезанд, миёни мардуми одди бошанд. Ризояти мардум шарти асосии рохбари ва бунёди чомеаи боадолат аст!
Дарёдилии самими!
Табиист, ки дар паём ба ин мавзуъ, ки мухимтарин мавзуъи минтакави аст, бояд таваччухи хосса зохир карда мешуд. Ва хамин тавр хам шуд. Точикистон барои вуруди хайати мутахасисон бо максади санчидану ташхиси сохтмон ва неругохи Рогун ичозат додаст, аммо хамчунин пешниход кардааст, ки системаи оби минтака, обанборхои бунёдшуда ва проблемахои истифодаи оби минтака низ мавриди ташхису санчиши мутаахасисони бетараф карор бигирад. Вокеан хам, баъди ин гуна ташхиси мутахасисони байналмилали хама гуна айбдоркунихо аз байн меравад. Дар ин бора Президент дар паёми имсола хам ишора кард. Маълум аст, ки худуди Точикистон 93 фисад кухсор аст ва хамчунин маълум аст, ки мо факат 5-7 фисади оби дар кишварамон тавлидшударо истифода мебарему халос. Вале новобаста ба ин президенти Точикистон иброз намуд ки дар хар сурат Чумхурии Точикистон хамсояхои худро бе об намегузорад. Инак дар паём хам сарвари давлати точикон изхор кард, ки мардуми точик хакки хамсояро пос
медоранд ва пешниход кард, ки мушкилоти сунъиро бояд як су гузошту хамкори кард! Ва хам дар суханронии худ президенти Точикистон кайд кард, ки халки точик хукуки маънавии зиндагии осуда ва истифодаи сарватхои табии кишварашро дорад! Ва айнан илова кард, ки «изхороти ман самими аст!».
Filed under: Uncategorized | Tagged: Интернет, Президент, Рогун, Эмомали Рахмон, бемор, бонк, вакилон, депутат, мухочирон, об, паём, пул, раис, табибон, телефон, точикон, хамсоя |










Добавить комментарий