21 марти соли 2011

  Навруз  омад! Иде, ки акнун дар сатхи олам чашнаш мегиранд. Муборак ва фархунда бошад!  Вакти он нест, ки андешахоро нав кунем? Инсонхо аз хар чизе, ки доранду кухна ва фарсуда мешавад,  хаёлам факат хамин андешаро метавонанд, ки нав кунанд, дигар на либосу чихози дигарро! Мухим имруз ва хар рузи дигар навгониро хостан ва дарк кардан аст. Дар миёни нафароне, ки колабро дуст  медоранду аз дигаргуни ва навовари харос доранд, РУЗРОву андешаро НАВ кардан осон нест. Вале ба хар сурат НАВРУЗ бароИ хамаи Шумо МУБОРАК БОШАД!!!  

   Имруз дар мавриди Навруз, хонаи шоирон, дарахти пул, чавонон ва вазифахои хуб, гами модарони араб, футбол ва пул, фигони ЗАМИН, диспечерхои асри 21,   руйхати сарватмандони точик ва миннахои кисаи Гитлер навиштаам.    Читать далее →

3 октябри соли 2010

     Баъзан  бо ман хамин гуна холат  рух медихад, ки хаёл мекунам ходисахое, ки холо гузашта истодааст,  кадом замоне  ба вукуъ пайваста буд ва холо боз такрор мешаванд. Ва хамчунин хамин гуна холате рух медихад,  ки хаёл мекунам дар зиндагии ман хама чи такрор ва якранг аст: душанбеву якшанбеи навам мисли хамон душанбе ва якшанбеи гузаштаам аст…

Аммо дар ин рузи истирохат дар мавриди чамъу таксими на математики, сигнали кумак ва огози пахши барномахои телевизиони марказии Точикистон навиштаам. Читать далее →

15 сентябри соли 2010

    Ман аз рафтани рузу моххо ва рафтани умр дар тааччубам. Вокеан хам ба андешаи як марди доное бовар мекунам, ки гуфтааст  «аз хама дахшатовартар ин садои тик-тики соат аст…»   Вокеан хам он дахшатовар аст, аламовар низ хаст. Мехостам, ки як мард хамин гуна зиндаги кунад, ки дар пеши фарзандаш хичолат накашад- хичолат аз бепули,  хичолат аз камтаъсири, аз имконоти махдуд…

Ин дафъа дар мавриди мошинхои точики, «маликаи неругоххо»,  ранги осмони ва хабси бештар аз 150 кас, чойи кабуд ва депутати навиштаам.  Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти