20 сентябри соли 2010

     Имруз боз рузи душанбе аст! Барои касе  огози хафтаи нави кори ва барои каси дигаре огози  хафтаи нави бекори, барои касе боз як хафтаи дарду ранч руи рахти хоб ва барои каси дигар боз як хафтаи гуттавар шудан дар курсии мулоим ва нарми мансаб, барои касе хафтаи хосилгундори ва барои каси дигаре хафтаи хисоби пули фуруши хосил, барои як кас аввалин хафтаи зиндаги ва барои каси дигар охирин хафтаи умр…

Имруз дар мавриди бархамхурии вазоратхо, аввалин ва охирин хамсар ва маъшукахо, лётчик будан ва ё набудани Убайди Зокони, филмхое, ки аввал тамом мешаваду баъд боз идома меёбанд, мучассамаи термос ва мактаби фохишахо навиштаам.

  • Дар Руссия аввалин вазоратхона таъсис дода мешаванд (1802)

Таъсис додани Вазоратхона он кадар шавковар нест. Шавковар бархам додани он аст. Бовар кунед, ки мардуми мо хатман ба худ савол медиханд, ки  «акнун, вазир кучо мерафта бошад?..»

Ин дар холест, ки кам вазире ёфт мешавад, ки  ба худ савол дихад, ки  «мардум чи хел рузхоро сипари мекарда бошад, нону обашро чи гуна меёфта бошад?…»

  • Чалол Икроми-Нависандаи Халкии Точикистон ва барандаи Чоизаи Давлатии ба номи Рудаки таваллуд шудааст (1909)

         Ин гуна мардхо ду нафаранд-яке Лутфулло Давлатов, ки «Зани оханин»-ро «ихтироъ» кард ва дигаре Чалол  Икроми, ки сохиби «Духтари оташ»  аст!

  • Хофизи халкии Точикистон Абдулло Назриев таваллуд шуда аст (1930)

         Нафаре, ки дар садо ва охангаш кухистон бо хама назокату зебои ва маънияш гунчидааст!

  • Имруз Шоири Халкии Точикистон, муаллифи матни Суруди Миллии кишвари мо, барандаи Чоизаи давлатии ба номи Рудаки, депутат- Гулназар Келди зодруз дорад (1945)

         Дар парлумони мо  аз миёни адибон чанд тан аллакай буданд холо хам хастанд. Барои ман шавковар аст, ки хамкасбони дигари адибони депутат аз онхо хангоми вохурихо  чиро мепурсида бошанд?

  • Раиса Максимовна ГОРБАЧЁВА-хамсари Президенти аввалин ва охирини СССР вафот кардааст (1999)

         Аммо ба гумонам, ки дар оила ва зиндагии берун аз Кремль  Раиса Максимовна «аввалин ва охирин»  хамсари чаноби Горбачёв набуданд!

  •  Герман Степанович ТИТОВ-кайхоннаварди №2 вафот кардааст (2000)

         Холо ба гумон аст, ки сокинони кучаи ба номи Титови шахри мо хамаги донанд, ки ин мард ки  аст?  Мисли он, ки як замон дар барномаи «Субхи Ватан» яке аз хамсухбатони мо бовар мекард, ки Убайди Зокони дар гузашта лётчик буд ва барои хамин кучаи ба фурудгохи пойтахти мо наздик ба номи у аст!

  • Сергей Сергеевич БОДРОВ-хамон коргардон, актёр, ровии телевизон ва чавону босаводу боистеъдод хамин руз зери кухпора бе нишон шудааст (2002)

         Фарзияи касдан уро бенишон ва зери кухпора карданро макомоти кудрати насанчида буд. Шояд ин кор касдан буд. Бубинед,  ки баъди марги у чи гуна филмхои содда ва бемазмун пайдо шуданд? Боз онхо баъди тамом шуданашон идома хам меёбанд…. Тавба!!!!

  • Джеймс Девар-ихтироъкори англис, ихтироъкардаи аввалин термосхо таваллуд шудааст (1842)

         Термос! Чи калимаи бузург ва чи ихтироъи фавкулода мухиме! Мардуми мо чанд соли охир бо истифодаи он худрову кудакони худро начот медиханд. Вакти набудани барк хурок хам дар он чо нигох дошта мешавад, ширу об барои чой хам, оби тахорату оби…

Хулоса, ки термос, мо накши туро фаромуш нахохем кард ва бароят хатман мучассама хохем гузошт! Дар кучо? Мебинем, хаёлам , ки  дар ру ба руи Ширкати холдингии  Барки Точик !!!

  • Дар Петербург бо ибтикори  А.Г. Рубинштейн-пианинанавоз, композитор ва ходими давлати ва бо дастгирии малика Елена Павловна  аввалин консерватория дар Руссия кушода шудааст. (1862)

         Консерватория чоест, ки  баъзехо  баъди дуру дароз рафтану омадан ба ончо  мефахманд, ки  «суруд»  аз «тарона»,  «байд (?)» аз «консерт» фарк дораду  калимаи «джаз» инчо (дар Точикистон!) на бо маънии асосиаш истифода мешавад!

  • Владимир Путин бо нависандаи рус –А. Солженицын вомехурад (2001)

         Ба назари Шумо дар кишвари мо ки бо ки вохурад, ки  шавковару ачоиб мешавад?

  • Дар шахри Антверпени Бельгия як муассисаи гайриоддии таълими –«мактаби фохишахо» ба кор огоз кардааст. (1999)

  Ба курсхои омузишии он хам фохишахои «навшогирд» ва хам «тачрибадор»  барои сайкал додани хунарашон  номнавис мешуданд.

         Ачоиб-ку! Дар наздикии хамон мактаб хам Сафорати Русия ва Маркази Милии Тибби  бошад ё не?

комментария 2

  1. Салом, бехтарин акаи Субхончон. Дар бораи ихтироъкорони «Зани оханин» ва «Духтари оташ» маълум шуд. Вале ихтироъкардаи «Зани мехрубон» ки бошад???…Хеле ачиб аст, фахмидани номи он ихтироъкорро…

    Нравится

    • Салом..Бояд гуфт, ки чан гурухи олимони точик ва чахон барои ихтироъи «Зани мехрубон» холо талош карда истодаанд ва дар ин самт маблаги зиёде хам сарф шуда истодааст. Вале мардуми коршинос ба ин назар аст, ки ин тачриба ягон натича намедихад, зеро ихтироъи зани мехрубон просто-номумкин аст! 🙂

      Нравится

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти