Мегуянд, ки рохи бехтарини дастгирии камбагалон ба як нафари онхо табдил наёфтан аст. Вале имруз баъзан ба хамин хулоса бештар бовар мекунам, ки баъзе нафарони машхур, шинохта ва пуртаъсир бештар ба дастгири ва ёрманди ниёз пайдо мекунанд. Онхо ниёз ба нафароне доранд, ки дар пайи идораи нафс ба онхо кумак кунанд. Нафси саркашро чи гуна бояд ба занчир кард? Инро гумонам, ки бехтар аз хама як факиру тихидасту бечорае медонад…
Имруз дар мавриди конунхои гайриодди, 7000 сомони барои шинохта шудан, як «значок» барои кахрамони ва богча-артиш навиштам.
-
Парлумони Финландия конунро дар бораи ичозат додани никохи хамчинсхо кабул кардааст (2001)
Мардум аз хамин гуна конунхо бештар ба газаб меомада бошад ва ё аз конун дар бораи пулаки кардани роххо?
-
Наполеон БОНАПАРТи 16 сола омузишгохи харбиро хатм кардааст (1785)
Он вакт у аз миёни 51 хатмкарда аз руи саводу дониш дар зинаи 42 юм будааст.
Яъне, хамеша чунин будааст: нафароне, ки аз онхо комилан бовари нест, хеле машхуру шинохта мешаванд. Аммо нафароне, ки арзанда хастанду бояд машхуру шинохта шаванд, 7000 сомони надоранд…
-
Фейт — аввалин гурбае, ки ба у медали «Барои часорат» дода буданд, вафот кардааст (1948)
Ман бовар намекунам, ки он гурбаро нафароне кушта бошанд, ки сад кахрамони кардаанду хатто як «значок» хам надоранд…
-
Аввалин даъвати асарон ба сафи Куввахои Мусаллахи Россияи сурат мегирад (1992)
Ин баъди пошхурии СССР буд. Баъди пошхурии СССР дигар хамин гуна вазъ шуд, ки дар баъзе артишхо аскарбачахо мисли баъзе богчахои бачагона нону себро аз хонаашон оварда, бегохи боз ба хона мерафтанд, то сахар барвакт бозам камтар хурок гирифта биоянд…
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: СССР, аскарбачахо, гурба, камбагалон, конун, роххои пулаки |













Субх ба хайр бародар!
Дар мавриди чумлаи аввале, ки инчо навиштед, гуфтаниям, ки мардум аз харду ба газаб меоянд! Хам дар бораи ичозат додани никохи хамчинсхо ва хам аз конун дар бораи пулаки кардани роххо! Чунки инаш дар шариат дуруст нест ва дигараш аз руи инсоф нест!!!
НравитсяНравится