29 сентябри соли 2010

Холо, ки ин маводро мехохам ба блог гузорам, навореро тамошо мекунам  дар мавриди саволхои бечавоби мардум. Аз рохгузарон пурсидаанд —  » чи савол доред, ки ба он то хол чавоб наёфтаед?»  Вокеан хам саволхои зиёде будааст, ки одамон бо доштани заковат ва хатто донишу тачрибаи гани хам ба он чавоб ёфта наметавонистаанд. Дар зиндагии имруза маро бештар чавобхо ба хайрат меорад, на саволхо. Шумо дарк мекунед, ки имруз аксарияти чавобхо дар мавзуъхои аз хам мухим ва рузмарра шубхаовар, хайратовар, осмони, забонзада…..ва гайраву  ва хоказо хастанд???

Аммо имруз ман дар мавриди иштихо, шаблон ва колабхо, муи дароз, хакки калам,  рохат аз нимта нон, никобу  чехрахои асли ва аклу давлат навиштаам.                                        

  •     Рузи Михайл тачлил мешавад. Огози тахсил дар макотиби оли (Англия). Дар ин руз нимаруз гушти мургоби мехуранд.

         Зиндаги ачоиб аст: касе хама чи дораду иштихо надорад, аммо каси дигаре факат иштихо дораду  ягон чизи хурдани надорад. Зинда бод, САБАДИ (нимхолии) ИСТЕЪМОЛИИ МАРДУМ!!! 

  • Генри Робинсони англис аввалин агентии никохро таъсис додаст (1650)

         Чанд руз кабл як рафикам, ки чанд вакт боз барои чудошавии расми аз хамсари собикаш даводав  дорад, бо гуфтаи ачоибаш маро хайрон кард. У гуфт, ки «ман 3 сол аст, ки хамсарамро талок додам ва оилаи дигар дорам, у хам шояд оиладор шуда бошад. Аммо чун барои расман чудо кардани акди никох рафтем, маро мегуянд, ки бояд хамон хамсаратон аввал ризоият бидихад. Агар барои чудошавии расми рози нашавад, мо барои шумо 3 мох вакт медихем. Шояд хулоса бароварда боз якчоя мешавед…»

Ачобат хамин аст, ки барои кормандони идораи суд  оилаи дигар доштани онхо комилан мухим нест. Зинда бод, ШАБЛОН!!! 

  • Эмиль Золя – нависандаи фаронсави дар хонааш аз дуд захролуд шуда, ба халокат мерасад (1902). Фарзияе хам буд, ки касе  он вакт рохи дудбарои хонаи  уро махкам карда будааст.

         Шояд ба хамин хотир аксарияти шоиру нависандахои мо дар хонахое зиндаги мекунанд, ки на дудбаро дораду на саунаву чакузи ва на хавзу майдони голфу на кафасхои пури шеру охуву паланг. Худо медонад, ки чи ходиса рух медихад…Зинда бод, ГОНОРАР!!!

  • Дороии Джон Рокфеллер ба миллиард расид (1916)

         Вале Шумо хавас нахуред: ягона писари у ки баъди духтаронаш таваллуд мешавад, либосхои духтаронаи кухнашудаи аппахои худро мепушидааст. Бовар кунед! Холати миёнхолии мо хубтар аст, ки писаронамон куртахои духтарона намепушанд ва нону чойи моро касе мечашад…Зинда бод, НИМТА НОН!!!

  • Дар ИМА аввалин «автоответчик» — худчавобгуи телефони аз санчиш гузаштааст (1950)

         Марде монда шуда, ба хона меояд ва телефонии дастиашро хомуш карда, ба хамсараш мегуяд,  ки «касе ки бо телефони шахри занг зада маро пурсид, ту гуй ки нест!!!». Баъди як муддат занги телефон баланд мешавад. Зан гуширо бардошта мегуяд, ки «не, шавхарам дар хона нест». Аз миён ним соати дигар мегузарад. Ба занги дуюм низ он зан хамин гуна чавоб медихад. Вале вакте ки маротибаи сеюм телефон занг мезанад, зан гуширо гирифта пасту  охиста-охиста мегуяд, ки «вай дар хона аст, шавхарам хамин чо аст, дар хона аст….»  Мард, ки ин сухбатхоро мешунид, норохат мешавад ки  «чаро дар хона буданашро ба касе гуфти?»  Он зан чавоб медихад, ки  «ба ду нафари аввал гуфтам, ки ту нести, аммо ба инаш агар мегуфтам, ки дар хона нести, меомад!!!!!»  Зинда бод, МУИ ДАРОЗ!!!

  • Дар шахрчаи Ярнаи Шведсия ду наврасро хангоми горатгарии хазинаи амонати дастгир мекунанд, ки ба ру никобхое бо сурати Билл Клинтон ва Борис Елцин доштаанд (1999)

         Агар ман кучоеро горат кардани бошаму аз хамин усул истифода барам, шумо ба ру кашидани никобро бо сурати ки ба ман тавсия медодед?  

  • Ба шахрвандони Россия ичозат дода мешавад, ки дар бонкхои хоричи суратхисоб кушоянд (2001)

         Аммо дар кишвархое, ки аксарияти мардум дар холи кашшоки зиндаги мекунанд, гумонам ин гуна фармонхо пинхони дода мешавад! Мисли хамон сахначаи «Хар ва чав» аз  «Лахзахои гуворро».

Номи «чав» — ро пасттар гуед, ки хар нафахмад…. Зинда бод, ЧАШМ!!! 

  • Сильвио БЕРЛУСКОНИ – нахуствазири итолиё,  саноатчии муваффак, медиа-магнат ва сохиби клуби футболи «Милан» таваллуд шудааст (1936)

         Дар урфият мегуянд, ки «аввал акл аст, баъд давлат».  Ман ба ин бовар мекунам. Аммо баъзан дар зиндагии вокеи холатхоеро мебини, ки беаклхо хеле сарватманданду бодавлатанд. Инро чи хел метавон шарх дод?    

 

комментариев 6

  1. Ман тавсия медодам, ки никоб бо сурати касе напушед! Бигзор шуморо шиносанд! )))

    Нравится

    • Салом,Суман..Ба фикри Шумо холо хам субхонро нашинохтаанд? Агар уро бо се соат реклама дар хар субх, ки мардум нашинохта бошад, пас дар ин шахр касе шинохта нест 🙂

      Нравится

  2. Салом, бехтарин навиштахо акаи СУбхон. Ба Суманчон гуфтаниям, ки Хасан дуруст мегуяд, бояд гуфт, ки акаи Субхон инсони шинохта аст, кариб ки хама уро мешиносанд.
    Дар мавриди ун никобе ки гуфтед, ман тавсия медодам, ки никобро бо сурати хачвнигор-Гарибшо ва ё ТАшриф мепушидед, хаёлам хеле ачиб мешуд. Комёб бошед!!!

    Нравится

    • Салом….аз бахсхоятон хис мекунам, ки шумо сахт мехохед, ки ман дузди кунам 🙂 Ман ягон чора горат кардани нестам, ин гуна хунар хам надорам… Ба хар сурат саломат бошед….:)

      Нравится

  3. Асалом. Хамон зани автоответчикро дар чавоби занги сеюм авал нафахмидам максадро, баъдтар фахмидам. Шавхари бечорааше!

    Нравится

    • Салом…Мухимтар аз хама хамин аст, ки шумо фахмидед, ки ончо максад чи буд 🙂 Дар он латифа бечора шавхар не, ба гумони ман, ки хамон зан аст…. 🙂

      Нравится

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти