9 марти соли 2011

 Ман як вакт киссаи мардеро шунида будам, ки омодааст барои кудаконаш «муаллими ханда» киро кунад. У ба ин назар будааст,  ки кудакони забондону замонави ва аз хар чихат таъмин хам бе доштани завки шухикуни ва дарки хазлу зарофат, яъне шухтабиат набуда,  наметавонистаанд, ки комил бошанд. Шумо чи фикр мекунед: он мард хеле зиёд пул дораду чои сарфкуниашро намеёбад ? На!  Харчанд маълум аст, ки истеъдодро бо пул ба кудак додан номумкин аст, аммо он мард кушиш мекунад. Ин сад фоиз мукобили амалу беамалии нафаронест, ки ба будани кадом чавхаре дар калби тифлонашон хатто бовари надоранд. Хамин гуна  орзухо мемиранд ва пайвандон бегона мешаванд! Кудаконро бо орзуву имкону шароиташон набояд инкор кард!!!

        Имруз дар мавриди баробарии хавфи парвози аввал бо аввалин тангенсавори, будан ва бошидан, имтихонхои пулаки, пули манзили ичораи нафарони зебову дидани ва аз муд рафтани рубоиёту шеъру газал навиштаам. Читать далее →

21 ноябри соли 2010

      Инсонхо ё бовариро ба худ гум кардаанд ва ё ба касе дигар бовар надоранд. Чаро? Барои он, ки дар оддитарин амалу кор хам онхо кушиш мекунанд, ки каси шинос бикобанд ё ба востаи кадом нафаре чизи соддаеро хал кунанд. Ба хамин тартиб дигар барои хама чиз – хам гирифтани кадом «справка», барои кадом мухр, барои кандани дандони пусидаи худ хам мардум нафари шинос мекобанд. Акнун Шумо бигуед, ки мо ба худамон бовар надорем  ва ё ба дигарон?

 Имруз дар мавриди мухаббат ба кошони сиёхи наттокони ахборхони телевизион, «намоишнома»-хои гайри театри, чавонмардони ба номуси точик, озодии баён ва киссаи мухаббати як аскар ба зани шавхардоре навиштам! Читать далее →

30 сентябри соли 2010

        Ин мох хам ба поён мерасад. Ба кавли бузурге  «дили мо пур, ки рузи дигаре хаст»  ва мохи дигаре хаст. Аммо ба хубии рузи дигар ва мохи дигар бовар кардан  холо душвор шудааст. Тасаввур мекунед, ки мардум имруз аз киммат шудани орду нон ва  рохкиро нигарон аст, онхоро чори шудани лимити барк метарсонад, волидони даъватшавандахои мавсими даъват дар тахлука хастанд…….ва боз хазору як ташвишу интизорихои на хубе хар рузи хаётро гаронтар ва пурвохима мекунад…

Аммо имруз ман дар мавриди ихтирои асбоби дуругченкуни, куштани бегунохон, имтихонхои пулаки, шим ва хамсарон, хамшахрихои Исои Масех ва филмхои точики навиштаам. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти