3 ноябри соли 2010

   Ман чанд муддат аст, ки  ягон чизи  зебову умедворкунандаро эхсос намекунам: дар атроф дигар сабзранги несту дар чои кор хохиши кору эчод гум шуда! Дигар факат сигор мондаасту кахва, хаёл мондаасту накша, хумор мондаасту алам…

Имруз дар мавриди ширкати Адидас, дарвозабонии Штирлиц, дипломхои гирёнчак,  сирри хушбахтии актёрони мо, аввалин зан-кайхонаварди точик ва талошхо барои мавкеъ ва парвози дарозмуддат навиштаам. 

  • Адольф (Ади) ДАССЛЕР –яке аз асосгузорони ширкати машхури «Adidas» таваллуд шудааст (1900)

Хамон Ади Даслер  агар зинда мебуд, ба гумонам номи ширкати  уро дигар кардани хитоихоро дида, чувонимарг мешуд: «adidos», «adodas», «adisad»…. Боз хазор шакли дигари хамин номро дар либосхои хитои дар бозори  Корвон дидан мумкин аст!

 

  • Герд МЮЛЛЕР — футболбози машхури олмони таваллуд шудааст (1945)

Солхои хафтодум буд, ки аз Радиои армани  мепурсанд, «мумкин аст, ки тими СССР тими Олмонро дар футбол маглуб кунад?» Чавоб чунин мешавад, ки  «бале,  мумкин аст, агар дарвозабон Штирлиц бошад!»   

 

  • Дольф ЛУНДГРЕН – актёри машхури шведи таваллуд шудааст (1957)

У замони чавони дар самти кимиё  тахсил мекард ва эхтимол, ки кимиёдони хуб мешуд, аммо кимиёро у бо актёри  иваз кард.

Вале агар амиктар андеша кунем, хамон актёри хам кимиё аст: дар кино хам актёрхо  мисли маводи кимиёи ба хам пайванд мешаванд, дар кино хам баъзан реаксия ба амал меояду баъзан не, дар кино хам мисли кимиё  имтихон асту диплом хаст. Аммо дипломхое, ки махсусан духтарон баъди кинохо сохиби он мешаванд,  дасту по дошта,  шабхо гиря мекунанд…. 

 

  • Александр Викторович ДЕДЮШКО (Сармат)– актёри рус хамин руз дар садама якчо бо хамсару писарчааш вафот кардааст (2007)

     Аз хамин нуктаи назар мошин надоштани аксарияти актёрони мо хубтар аст! Барои он, ки эхтимоли ба садамаи наклиёти гирифтор шудани онхо кариб, ки ба нол баробар мешавад. Хамин гуна хона надоштанашон онхоро аз хонасузи ва пул надоштанашон аз инфляция эмин медорад.

  

  • Туйи оиладоршавии Андриян НИКОЛАЕВ ва  Валентина ТЕРЕШКОВА хамин руз барпо шудааст (1963)

Онхо дуру дароз зиндаги намекунанд, аз хамдигар чудо мешаванд.

Занхои мо факат дар замин гашту гузор карда, худро ким ки мегиранду тамоман магрур мешаванду…Терешкова боз ба кайхон рафта буд! Гумон дорам, ки агар як зани мо ба кайхон рафта баргардад, тамоми мардхоро ба андозаи як шуруп ва ё болт намедонад 🙂

 

  • Дар Фаронса аввалин парвози  бо чархбол дар дунё сурат мегирад (1907)

Чарху бол якчо шуду парвоз шуд,

Сайри куху дашту бог огоз шуд.

Аз барои чарху болу сайри бог,

Сад дару пар баста гашту боз шуд!

 

комментариев 8

  1. Салом акаи Субхон …дар мавриди хамун актёри шведи хеле ачиб навиштед. У хам дидааст, ки аз кино ва касби актёри фоидае ба даст овардан мумкин будааст, ин рохро пеша кардаст. Тавре шумо навиштед актёри хам кимиё аст…Аммо мо занхои точик агар ба кайхон рафта баргардем, шумо мардхои точикро руи даст хохем бардошт, зеро фикр мекунем, ки то хол дар кайхонем. Аз ин ду навиштаатон хела хандидем,саломат ва комёб бошен акаи Субхон!!!

    Нравится

  2. Лекин САМАЛЁТхои хуб набароварданду ба хар хол БАРОВАРДАНД! Ба фикрам мо инхоро тамоман (бакап) намекунем! Охир мо як хаёт хобему дигарон дар чустучу. Боз фахмидам ки кадом донишчуе ГАХВОРАи ЭЛЕКТРОНИ бароварданист! Анна баьд бахазур хоб мешавеммм!!

    Нравится

  3. Дольф ЛУНДГРЕН ду се маълумот дорад. аз он чумла дар бахши физика низ тахсил кардааст. Хатто дар як филмаш роли механикро бозидааст. У дар ин филм аз чулоки ё чуроби махини занона ременти мухаррик дурст мекнад ва ба ин васила мошинашро рушан карда харакат мекунад. (Шояд акаи Субхон низ ин усулхоро донад :)) Шахсияти у метавонад барои бисёрихо мояи ибрат бошад. У яке аз аввалин нафарон дар Аврупост, ки варзиши навъи Каратэ-Киокушинкай-ро бевосита дар назди асосгузори ин намуди варзиш — Масутасу Ояма аз худ кардааст. Чемпиони Аврупо, Чемпиони чахон оид ба ин намуди варзиш аст. Маънои киоку-шин-кай Чамъияти чуяндагони хакикати мутлак мебошад. Хеле варзиши сахт ва берахмона аст. Вакте, ки у дар филми «Роки » роли Иван Драгои русро бози мекард, зимни наворгири чор кабургаи Сталонеро зада шикаста буд. Албатта ин бо айби режиссёр ва худи Сталоне, ки мехостанд харби онхо «реальный» барояд, рух медихад. Аммо Долф то имруз аз Сталоне минатдор аст, ки махз туфайли у шухрати чахониро дар синамо касб кард.

    Нравится

  4. Инак шумо аз хамкасбу (хамфакулта) будани Субхон Чалилов ва Дольф Лундгрен огох шудед :))
    Инро аз реаксияву молеклаву тачзиву..боз чанд истиллоххои дигарро номбар кардани Субхон пай бурдан мумкин аст. :))
    Хамон тавре, ки осонакак пай бурдан мумкин аст, ки муаллифи ин сатрхо низ дар намуди каратэ-Киокшинкай тамрин мекнад :)) (реклама+вохима)
    Марк Дакаскос мехост нависанда шавад, аммо чи арвохе уро тарбия карду ба синамо ру овард, вагарна холо бо мадхиянависи руз мегузаронд…
    Бред Питт як ду сол дар факлтаи журналистика тахсил кард, аммо як бора аз ин касб даст кашид ба синамо гаравид. Уро хам чи арвохе дар пушташ будааст. Набошад бо гонорар на факат ин шухрати чахониашро сохиб намешуд, балки шикамаш нони сериро намедид…
    Нависандаи ин сатрхо хам дар як филм накши асосиро бозидааст. Шояд танкидаш накунед, ки чаро журналист актёр шуд… :)) Аммо маро холо на сармояи Бред Питт аст ва на шухрати Дольф Лундгрен!

    Нравится

  5. ДЕДЮШКО хамаги як бор ва охинрбор ба таври реали дучори садама шуд. Аммо хунармандони мо, ба хоса сарояндахоямон хар сол 10 бори дар садами наклёти «халок» мешаванд. агар дар хорича мардум «Самое старшное видео» тамошо кунанд, мо Суруш-1,2,3…мехарем….

    Нравится

  6. Агар занхои точик ба кайхон раванд, мо ба хамон конунхои гендери, ки имруз аз онхо кимобем, зор мешавем! Худо мегем, ки акалан чой поймона хдамон дам мекнему, лекин моро сар надиханд!….

    Нравится

  7. «Ман чанд муддат аст, ки ягон чизи зебову умедворкунандаро эхсос намекунам: дар атроф дигар сабзранги несту дар чои кор хохиши кору эчод гум шуда! Дигар факат сигор мондаасту кахва, хаёл мондаасту накша, хумор мондаасту алам»…
    Агар ин харфхо рузхои 29,30-31-уми октябр навишта мешуданд, чои таачуб надошт, аммо рузи 3-юми ноябр бояд маош мешуд-ку…. :))

    Нравится

    • Саломалейк…….Маош инак мохи сеюм аст, ки нест…Аммо умед хаст, «мешавад» -мегуянд ва мо хам шуданашро интизорем…Мухим хамин аст, ки хамон УМЕД намирад, вагарна инчо чанд мисли ман рови «мемирад» 🙂

      Нравится

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти