Шумо чи фикр доред? Коргари одди ба рохбар бештар ниёз дорад ва ё баракс? Бале! Корро корманд мекунад! Шумо хис кардаед, ки мо корфарморо бенихоят эрка кардаем? Шумо медонед, ки аксари онхо хаёл мекунанд, ки холо хам замони шурави ва замони плану накша ва сотсиализм аст? Шунидаед, ки онхо имруз кормандро хатто баъди аз кор рафтанаш хам тахдид мекунанду ба чархи аробааш чуб мемонанд? Шумо медонед, ки хамон одати «акачон» -гуфтану даст пеши бар доштани моро аксарияти онхо нодуруст фахмидаанд? Ба хотир оварда метавонед, ки кадом раису рохбарро барои беэхтиромиаш ба зердаст ва таъхир дар маоши корманд чазо дода бошанд? Коргохеро медонед, ки дар он кормандон ба чанд гуруху «клан» -у «чапу рост» чудо нашуда бошанд?
Пас, аз бегона чи гилла дорем? Чаро сабаби пеш нарафтанро дар дурихо мебинему аз дигарон мечуем?
Чи хуб мебуд агар сохтакори чиноят хисобида мешуд, агар саволхо ва чавобхо дуруг намебуданд, агар як гурухи эчоди иборат аз наворбардору хукукшиносу ровие факат миёни мухочирони точик мегашт ва барномахоро бо чанд забон аз хаёти онхо ва барои халли мушкилашон тахия мекард, агар дар макому вазифа мондан ё намондани раисони нохияхову шахрхо ва муовинони онхо аз ризоияти мардуми хамон минтака вобаста мебуд, хамаи сафархои хоричии мансабдорон ба кадри як донаи гандум барои пешрафти хамон сохаи онхо мусоидат мекард, агар корхои илмиеро руи даст мегирифтем, ки лоакал дар ду сол натичаашро мардум бинад…..
Аммо имруз дар мавриди чавони ва накши магзи сар дар он давра, касбхое, ки омехтаи якбора чанд касбанд, коммунизм ва пулемёт, ичораи курси, партияи «чоночон», сирри хушбахтии як марди одди ва дили поки пойтахт навиштаам. Агар фурсат доред, «Далее» -ро пахш карда, мисли бегумон ворид шудан ба ояндаи дурахшони зиндаги дар чанд сония ба сахифаи пурраи ин мавод ворид шавед!
-
Имруз Рузи байналмилалии чавонон аст.
Бедориву шуру шар чавони бошад,
Лабхои зи бусса тар чавони бошад.
Дил холиву кисса холи айб аст дигар,
Тахрикгари магзи сар чавони бошад!
-
Андрей Туполев – авиаконструктори рус, Академики АУ СССР, генерал-полковник-инженер таваллуд шудааст.
Зери рохбарии у беш аз 100 намуд тайёрахои харби ва шахрванди, аз он чумла АНТ-25, Ту-104 (аввалин тайёраи реактивии мусофирбар), Ту-114, Ту-134, Ту-154 сохта шудаанд.
Дар тайёра мусофир аз стюардесса мепурсад:
-Хамин номи ТУ-154-2Б чи маъни дорад?
—Ту-ин огози насаби Туполев-конструктори ин тайёра аст, 154-шумораи мусофирон ва 2Б- ин ману Зарина хастем.
Шумо фахмидед, ки «Б» чи маъни доштааст?
-
Михаил Калашников – конструктори ярок, генерал, нафаре ки автомат ва пулемётро сохта, таваллуд шудааст (1919)
Дар чанг. Пулемёт баъди ним соати тирпарронии беист хомуш мешавад. Аскар:
-Рафик кумандон, тир тамом шуд, чи кор кунем…?
Кумандон:
-Ту коммунисти ку, як бало кун.
Ва хамин вакт пулемёт боз ба тирпаррони сар мекунад…..
-
Аскар Акаев –собик Президенти Киргизистон таваллуд шудааст (1944)
Вокеан хам дар сари мансаб ва замони хукуматдори хамон нафаре бурд мекунад, ки ба чову вазифааш на чун мерос, балки чун як чизи ичора назар кунад. Вазифа ва мансаб ичораест, ки барои он хатто ба шахс пул хам медиханд…
-
Хамин руз Леонид Брежнев вафот кардааст (182)
Брежнев чанд тан аз кайхонавардонро ба утоки кориаш даъват карда мегуяд:
-Рафикон, дидед, ки амрикоихо аллакай ба Мох рафтанд. Шумо хам бояд аз онхо кафо намонед. Партия ба хулоса омад, ки шуморо ба Офтоб равон кунад.
Кайхонавардон таачуб карда мегуянд, ки :
-Леонид Ильич, охир мо дар ончо сухта нобуд мешавем!
Брежнев чавоб медихад:
— Парво накунед, партияи «чоночон» хамашро фикр кардааст. Шумо шабона ба ончо хохед рафт ….!
-
Чаласаи якуми занхои чавони Точикистон баргузо шудааст (1935)
Чи гуна зан мардро метавонад, ки хушбахт кунад?
1. Зани босавод, кадбону, тозакор, тарбиятгари кудакон
2. Зани зебо, хушкаду комат ва дилкаш
3. Зани пулдор ва сарватманд
Шарти аз хама асоси барои халал наёфтани хушбахтии мард хамин аст, ки бояд хар сеи онхо ба хамдигар вонахуранд!
Аз сухбати ду зан дар автобус:
-Чаро шумо ангуштари никохиро тамоман дар дигар ангуштатон кардед?
-Барои он, ки ман тамоман ба каси дигар оиладор шудани будаму ба каси тамоман дигар доданд!!!
-
Шахри Сталинобод ба шахри Душанбе тагири ном мекунад (1961)
Туро чор гушаат дарвоза бошад,
Шукуху шухратат овоза бошад.
Бирон аз кучахоят бадгумонро,
Дили кишвар бубояд тоза бошад!!!
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: вазифа, ичора, коммунизм, партия, пулемёт, раис, сири хушбахти, стюардесса, тайёра |













Дар Точикистон хар рохбаре, ки тоза курсиро ишгол кард, аз хамон руз эътиборан худро императори хамон корхона мешуморад.
нахуст кабинеташро хуб ремонт мекунад, дуввум котибаи хеле танноз мегирад. саввум 10 пара костюм брюку галстук. чорум дар назди оина каввокиву гизала вонамуд кардани худашро машк мекунад.
Ман то хол надидам, ки дар Точикистон як рохбар бо тобеин бо табассум муошират кунад. Зеро дар мо ин не «несерьезный » буданро нишон медихад. Вале ман фикр мекунам, ки худро бо салобату кошу каввок нишон додани рохбар нишони заъифи ва камбуд доштани уст.
Мо 5 сол донишгох хондем, аммо боре надидем, ки Ректори донишгох омада бо мо сухбати хуб кунад ё ягон акс гирад. Баракс мисли кормандони ОМОН ба аудитория зада даромадану бо дугу пуписа донишчуёнро ба бесаводи муттахам кардан дили моро гирифта буд…
Дар Амрико мегуянд Рохбари ширкат кофе омода карда назди кормандаш мегузоштааст…
Дар мо ин кор шармандаги махсуб мешавад…
Войи мо, ки ба шукуху салобат худро рохбари оличаноб метарошему дар кору фаъолият 0-ем!
НравитсяНравится