Тарс дар кудакон: иллатхо, анвоъ ва равишхои дармони

Дар бораи кудакон

Тарс вокуниши хаячони аст ва хар гох амнияти чисми ва отифию шахсияти инсон ба хатар биафтад, зохир мешавад. Атфол маъмулан аз баъзе падидахо метарсанд ва иллати тарси онхо барои падару модар шинохташуда нест. Аз ин ру аз худ мепурсанд: «Чаро кудакам ин кадар метарсад? Ман ки харгиз уро натарсондаам ва далеле барои тарс ва вахшаташ вучуд надорад».  

Тарси кудак дар синну соли мухталиф

Тарси навзодон

Навзодон аз садои баланд ва аз даст додани таодул ё сатхи иттикоъ метарсанд ва тарси худро бо чегу гиря ва чамъ кардани дасту по нишон медиханд. Ба ин тарсхо, тарсхои аввалия мегуянд, ки ба мурури замон бартараф мешавад.

Тарсхои маъмули кудакон

Дар аглаб кудакон, дар синну соли 6 то 8 мохаги, тарс аз афроди бегона дида мешавад ва мумкин аст то 18 мохаги низ идома ёбад, вале бо боло рафтани синни кудак навъи тарсхо низ тагйир мекунад. Тарс аз торики ва танхои ва тарс аз хайвонот, байни 2 то 5 солаги дар кудакон зохир мегардад. Тарс аз мадраса ба вижа бо огози давраи дабистон дар бархе аз донишомузон дида мешавад.

Тарси навчавонон

Дар даврони булуг бар асари тагйироти чисми ва отифи, тарсхои мавхуме назири тарс аз ашбох (сиёхии шакли чизе ё касе, ки аз дур дида мешавад) ва чизхои гайривокеи ва иттифокоти гайримунтазира мисли вукуи сел ва зилзила ва гайра дар навчавонон зохир мешавад. 

Сабабхои тарс

Тарси кудакон ба эътибори сабабхои мухталифи он ба анвои зер таксим мешавад:

1. Тарсхои амди: иллати тарс мумкин аст амди бошад; яъне, кудакро аз чизе тарсонда бошем; мисли тарсондани кудак аз чизхои хатарнок, назири оби чуш, барк, васоили тез ва гайра.

Гохе авкот бархе аз падару модархо аз тарсондани кудак, ки сабаби пайдоиши тарс аз торики ва танхои мешавад. Ин гуна бархурдхо аз нодурусттарин равишхои тарбияти ба шумор меояд.

2. Тарсхои тасодуфи: иллати тарс мумкин аст тасодуфи бошад. Яъне бидуни он ки шумо бихохед кудакатон «тасодуфан» дар шароити тарсноке карор бигирад ва битарсад, мисли тачрибаи талхи хамлаи саг, ки сабаби пайдоиши тарс аз хайвонот мешавад.

3. Тарсхои иктисоби: тарс мумкин аст аз модар ба кудак сироят кунад ва кудак тарсро аз модари худ касб кунад. Модаре, ки ба махзи мувочех шудан бо мавкеияте номатлуб, чег мезанаду меларзад ва ба лакнат меафтад. Тарси худро ба осони ба кудакаш мунтакил мекунад, мисли тарс аз раъду барк ва хашарот. Мутаассифона, асари ин навъ тарс мумкин аст то муддатхо дар зехни кудак боки бимонад.  

4. Тарсхои отифи: тарс мумкин аст ба иллати хаячоноти отифи ва фишорхои рухии кудак бошад. Танишхои асаби ва отифи ибтидо ба сурати изтироб ва саранчом ба сурати тарси доими дар кудак зохир мешавад, монанди:

— изтироби ноши аз дурии падару модар: ин холати отифи ба сурати тарс аз торики ва танхои зухур мекунад;

— эхсоси гунох: гохе авкот бархе аз волидайн, хангоме ки кудакашон кавоиди ахлоки ё ичтимоии гунох ва таксирро бармеангезанд, масалан, вакте кудак шайтанат мекунад ё дар хиёбон бахонаи харидани чизеро мегирад, ба у мегуянд, ки хонаро тарк хоханд кард, ё дар хиёбон рахояш хоханд сохт, ё уро сабаби марги худашон медонанд. Ин навъ рафторхо дар кудак эхсоси гунох ва тарсро ба вучуд меоварад;    

— кашмакаши падару модар: даъвои волидайн ва чидоли доимии онхо, кудакро дучори эхсоси адами амният ва тарс хохад кард.

Асароти тарс бар кудак

Ба таври кулли тарс доим ва собит ба хар иллат, ки бошад асари бисёр номатлубе бар чисму равони кудак ба чо мегузорад ва кудакро аз зиндагии табии ва шод махрум месозад. Атфол дар мукобили тарсхои шадид, вокунишхои мутафовите назири лакнат, шабидрори, афсурдаги аз худ нишон медихад. Гохе авкот кудак бар асари тарс пархошгар мешавад. Номатлубтарин асари тарс ин аст, ки шахсияти кудакро нобуд мекунад.

Кудаки тарсу иттико ба нафс надорад, дар хеч коре довталаб намешавад ва кореро борагбат анчом намедихад, зеро бештари мизони энергия ва неруи кудак сарфи мукобала бо тарс мешавад ва гохе авкот бетафовут ва танбал ва заифу беирода мегардад. Дуруггуи низ аз чумлаи рафторхои нописанде аст, ки бар асари тарс дар кудак падид меояд.

Тарси муфид

Ин гуна тарсхоро бояд дар кудакон барои ичтиноб кардани онхо аз хатар ба вучуд овард, зеро набояд кудаконро дар мукобили хатархо бедифоъ гузошт. Хамаи кудакон дар шароити тарснок дучори тарс намешаванд. Бархе аз кудакон омодагии бештаре барои тарсидан доранд ва зудтар аз кудакони дигар дучори харос мешаванд. Дар баробари ин кудакони бебоке хастанд, ки аз ру ба ру шудан бо хеч хатаре тардид ба худ рох намедиханд. Бахусус ва дар синну соли навчавони, ки тазохур ба шучоат, гохе хаводиси чуброннопазириро ба бор меоварад.      

Иллати он ки бархе аз кудакон даст ба корхои хатарноке мезананд шучоат нест, балки ин гуна кудакон аз дарки хатар очиз хастанд ва намедонанд чаро даст ба чунин корхое мезананд. Бинобар ин лозим аст ба онхо эхтиёт омухта шавад, зеро кудакон хамеша дар синне боки намемонанд, ки шумо битавонед аз онхо химоят кунед, балки дер ё зуд вориди чомеаи бузургтаре мешаванд ва эхтимоли бурузи хаводиси хатарнок низ хамвора вучуд дорад. Ба ин тартиб бояд ба кудак омухт, ки чизхое назири барк, автомобил, ашёи тез ва буранда ва афроди нобоб ва гайра хатарнок хастанд ва бояд аз онхо дури кард. Эчоди хисси адами эътимод ба афроди бегона дар кудак ба хусус дар синну соли навчавони ахамияти бисёр дорад. Зеро кудакон, ба хусус дар синну соли навчавони хеле зуд ба афроди бегона эътимод меёбанд ва ба рохати мумкин аст дар автомобили онхо савор шаванд.    

Тарси муфид на танхо кудакро аз хатароти эхтимоли махфуз медорад, балки барои саломати чомеа низ муфид аст, чун дар бештари афрод тарс аз конун аст, ки мучиб мешавад онхо ба аъмоли гайриконуни даст назананд ва на шуури ичтимои.     

Бояд саъй кунед, ки баёне сода ва мустадил ба кудак бифахмонед, ки лозим аст аз бархе чизхо дури кунад, масалан, набояд дар автомобили афроди бегона савор шавад ё ба дустии бедалели онхо посухи мусоид бидихад. Бояд ба у ёдовар шавед, ки афроди бегона хеч гох кореро бидуни далел анчом намедиханд, хатто мумкин аст ба вай шоколад ва ширини таоруф кунанд, вале у харгиз набояд ба онхо эътимод кунад, чун афроди бегона чизе ба касе намедиханд, магар он ки дар ивази он чизе аз у бихоханд.   

Ба ёд дошта бошед, ки харфхо ва далоили шумо бояд барои кудак кобили фахм бошад, хамчунин харгиз дар бораи мавзуе тарснок ба газофагуи напардозед. Масалан, саъй накунед барои тарсондани кудак аз автомобил, сахнахои дилхароши як тасодуфро барои у тавсиф кунед, ё мочарохои хароснокеро аз балохое, ки афроди бегона бар сари кудакон меоваранд таъриф намоед, зеро газофагуи мумкин аст дар кудак эчоди тарс ё изтироби доими кунад, ки бисёр зараровар аст.

Агар шумо дар мавриди хатаре гулув (зиёдарави кардан) кунед ё ба кудакатон дуруг бигуед, чунончи хилофи он ба кудак собит шавад, дар у нисбат ба шумо хисси беэътимоди падид хохад омад. Масалан, модаре мумкин аст барои пархез додани кудак аз хурдани ширини, ба у бигуяд, ки ин ширинихо сами (захрдор) хастанд ва агар бихурад, бемор мешавад ё мемирад. Дар ин сурат агар кудак аз он ширинихо бихурад ва хеч иттифоке барои у наяфтад, дигар ба харфи модар эътимод нахохад дошт.  

Бинобар ин хамон тавр, ки набояд дар парвариши хисси шучоат дар кудак ифрот кард, дар тарсондани у хам аз хатарот бояд бисёр эхтиёт буд.  

Равишхои мукобала бо тарси кудак

Барои мукобала бо тарси кудак, ду шева вучуд дорад:

а) шеваи пешгири, пеш аз он ки кудак дар мавкеияти тарснок карор бигирад, омодагихои лозимро ба у бидихед:

— агар эхтимол медихед кудакатон аз садои раъду барк битарсад, дар як рузи туфони, уро либос бипушонед ва бо эхтиёт руи балкон бибаред ва ба у бигуед, ки холо дар осмон баркеро хохад дид ва садои баландеро хохад шунид ва ба ин сурат бо у бози кунед;

 — агар кудак бояд барои муддате дар бемористон бистари шавад, уро аз кабл омода созед ва дар бораи он чи дар он чо хохад дид бо у сухбат кунед. Тавзехоти шумо бояд комилан сода ва бидуни хошия бошад. Ба хусус ба хеч вачх ба у нагуед, ки дар бемористон ба у бисёр хуш хохад гузашт, зеро вокеият надорад; 

— агар лозим аст муддате аз хона дур бошед; масалан, дар бемористон бистари шавед, хатман аз кабл ба кудак бигуед. Бархе аз модарон дар чунин мавокее як руз ба бахонаи харид кардан аз хона хорич мешаванд ва дигар барнамегарданд. Ин навъ гайбат, хатто агар чанд руз бештар набошад, садамаи отифии шадиде ба кудак, махсусан дар синну соли 2 то 6 солаги ворид месозад ва кудакро дучори тарс месозад, ки хатто пас аз бозгашти модар низ бартараф нахохад шуд;  

— агар худатон аз чизе тарсидед, саъй кунед то чое, ки бароятон имкон дорад, худро кантрол кунед, чун ташвиш ва изтироби шумо ба кудак мунтакил хохад шуд;

— харгиз назди кудак аз хатари эхтимоли ё имкони вукуи ходисае сухбат накунед, масалан хини мусофират бо автомобил хеч гох нагуед:

 «мувозиби сигорат бош, билохира мошинро бо оташ мекуши»;

 «рох чи кадар лагзанда аст, кантроли мошин имкон надорад»;

 «нигох кун, эхтимол резиши кух хеле зиёд аст».

Ин гуна харфхо сабаб мешавад, ки кудак дар тули мусофират доиман дучори ташвиш ва изтироб бошад. Ин эхсос пас аз он низ дар хар мусофирате дар у зохир хохад шуд.

— харгиз тарсондани кудакро мабнои тарбияти у карор надихед. Зеро ин гуна равишхои тарбияти, нодурусти шевахо ба шумор меояд. Бакоргирии тарс ва вахшати кудак на танхо шуморо ба хадафи тарбиятии худ намерасонад, балки корро харобтар мекунад ва шуморо аз хадафатон дур месозад ва мушкилоти дигареро бароятон фарохам меоварад. То чое, ки имкон дорад аз эчоди мавкеиятхои нохушоянд барои барангехтани тарс дар кудакон худдори кунед.

Аммо гохе авкот, чунонки ишора шуд, тарсхо бар асари тасодуф ва тахти шароити гайрикобили пешбини ба вучуд меоянд. Дар ин гуна маворид тадбирхо ва шевахое барои кохиши тарс вучуд дорад, ки тавзех хохем дод.  

б) шеваи кохиши тарс: чигуна бояд бо кудаки тарсу бархурд кард? Чигуна метавон тарс аз уро аз байн бурд ё хадди акал кохиш дод? Барои ёфтани посухи ин суолот бояд ба нукоти зер таваччух кард:

— харгиз кудакро ба хотири тарсаш масхара накунед;

— уро мавриди тахдид ва сарзаниш карор надихед;

— аз гуфтани чумалоте назири: «хичолатовар аст, ту дигар бузург шудаи» ё «бубин, магар ман метарсам?» чиддан бипархезед;

— бо у дар бораи афроди шучоъ сухбат кунед ва барояш киссахое таъриф кунед, ки кахрамони онхо кудаконе шучоъ хастанд;

— назди у аз афроди тарсу интикод кунед ва рафтори онхоро зишт бишморед;

— то чое, ки метавонед уро ба мехру алокаи худатон нисбат ба у мутмаин созед;

— уро аз назари бадани ва мизочи таквият кунед, зеро адами кудрати бадани, тавонои ва муковимати фардро кохиш медихад;

— хар гох амале шучоона, хар чикадар хам кучак аз у сар зад, вайро ташвик кунед; 

— харгиз аз у таваккуи анчоми кореро, ки беш аз хадди тавоноияш аст надошта бошед;

— барои галаба бар тарс; чорае чуз ру ба ру шудан бо он нест. Бинобар ин кудакро бо чизе ки аз он метарсад, ру ба ру кунед ва кушиш накунед уро аз он дур нигох доред, масалан агар аз торики метарсад, саъй накунед бо равшан гузоштани чароги утокаш мушкилро хал кунед;

— барои аз байн бурдани тарси кудак, харгиз уро ногахон бо чизе ки аз он метарсад, ру ба ру накунед. Масалан, агар кудак аз об метарсад, хеч гох уро ногахон дар хавз ё дарё рахо насозед, балки хамеша уро кам-кам бо мавкеияти тарснок ошно созед, ба таври мисол, ибтидо бо у ба канори хавз ё дарё биравед ва гизо бихуред ва бози кунед, баъд вориди кисмати ками умки об шавед ва пойхоятонро бишуед ва бо у обози кунед. Сипас хамрохи у шино ё сангхои рези дарёро берун биёваред ва хамин тавр идома дихед. Замоне мутаваччех хохед шуд, ки у бидуни вахшат дар об шино мекунад;    

— хамеша уро замоне ки шароити матлубе дорад ва саломату сархол аст бо чизе ки аз он метарсад ру ба ру кунед;

— дар мукобили кудаки тарсу сабур бошед ва ачалае (шитобкори) барои аз байн бурдани тарсаш надошта бошед;

— аз байн бурдан ё кохиши тарси кудак ба замон эхтиёч дорад. Инро бояд кадам ба кадам тай кард, яъне тамоси кудакро бо чизе ки аз он метарсад, батадрич бештар кард. Таваччух дошта бошед, ки то кудак ба мархалае одат накардааст, вориди мархалаи баъди нашавед. Харчи тарси кудак шадидтар бошад, замони бештареро бояд барои кохиш ва аз байн бурдани тарс сарф кунед;

— иллати тарсро биёбед. Гохе авкот шинохтани иллат метавонад кумаки бузурге дар тахфифи тарс бикунад, вале хамеша кофи нест;

— рафтори окилона ва хунсардонаи падар ва модар дар бархурд бо шароити хатарнок намунае аз рафтори сахех дар мавкеиятхои хатарнокро ба кудак нишон медихад. Бинобар ин саъй кунед барои кудаки худ намунаи муносиб бошед.

Равиши галаба бар бархе аз тарсхои мутадовили кудакон

Тарс аз торики ва танхои

Яке аз тарсхои мутадовил дар миёни кудакон, тарс аз торики ва танхои аст, ки маъмулан иктисоби аст, зеро кудакон то як соли аввали таваллуд барохатии танхо дар утоки торик мехобанд, вале ногахон мутаваччех мешавед, ки у дигар хозир нест дар утокаш ва дар торики бихобад. Дар ин сурат, кабл аз хар чиз иллати онро чустучу кунед:

— оё иллати он хасодат ба навзоде, ки ба тозаги мутаваллид шудааст, нест?

— оё тахтахобаш садо намедихад ё вакте чарог хомуш мешавад, сояе руи девори утокаш намеафтад?

— оё бар асари тагйире, ки дар барномаи шумо ба вучуд омада, у муддате аз шумо дур намондааст ё дар тули руз сооти бештареро аз шумо дур намемонад?

Ва далоили дигаре, ки метавонед онхоро бо каме тааммул дар зиндагии худ биёбед.

Мурокиб бошед барои галаба бар тарс аз торики, муртакиби ду иштибох нашавед: кудакро мачбур накунед ба танхои дар утоки торик бимонад, зеро тарси кудакро шиддат мебахшад. Дигар он ки чароги утокашро то субх равшан нагузоред, то у харгиз дар торики буданро тачриба накунад.

Окилонатарин рох ин аст, ки уро кам-кам бо торики ошно кунед ва мизони торикиро батадрич афзоиш дихед, масалан бо у дар як утоки ниматорик бози кунед ва гизо бихуред. Чароги камнуреро дур аз у дар утокаш бигзоред, рафта-рафта чарогро дур ва дуртар кунед ва саранчом онро аз утокаш хорич намоед.

Тарс аз мадраса

Гохе авкот кудак кабл аз рафтан ба мадраса шадидан эхсоси тарс мекунад ва хозир нест ба мадраса биравад. Ин тарс дар авоили давраи дабистон дар кудакон, ба вижа кудаконе, ки каблан харгиз ба кудакистон нарафтаанд, ба вучуд меояд. Иллати он мумкин аст аз хона бошад, яъне дури аз шумо боиси вахшати у мешавад, шояд аз дарбони мадраса ё яке аз муаллимон ё хамсинфони мардумозораш метарсад, шояд хам аз фарди гайриодие, ки дар рохи мадраса мебинад вахшат дорад. Хамчунин мумкин аст нотавони дар анчоми таколифи мадраса сабаби тарси у шуда бошад. Таваччух дошта бошед, ки шумо худ бояд омили тарсро шиносои кунед, зеро кудакони хурдсол аглаб наметавонанд он чиро, ки боиси тарсашон мешавад, хуб тавзех бидиханд.

Хангоми зухури тарс аз мадраса, гохе аломатхое назири дилдард ва кай кардан бо гиря ва зории кудак хамрох мешавад, хатто имкон дорад, ки кудак таб кунад.

Гохе авкот кудакатон дар синну соли 11 то 12 солаги дучори навъе холати инзичор ва танаффур аз мадраса мешаванд, ки иллати онро бояд дар худи кудак чустучу кард. Шояд иллати он ин бошад, ки дарсхо мушкилтар мешавад ва кудак худро кодир ба анчоми таколиф намедонад. Кудаке, ки худро болотар аз он чи хаст тасаввур мекунад, аглаб дучори ин эхсос мешавад, зеро ногахон кудрат ва тавоноии худро дар хатар мебинад ва мутаваччех мешавад, ки он тавр ки аз худ таваккуъ дошта нест. Ба хамин иллат у нисбат ба мадраса холати дилзадаги ва афсурдаги пайдо мекунад, ки боиси саркаши кардани у аз рафтан ба мадраса мешавад.      

Гохе авкот таъвизи синфу мадраса ва муаллим, мумкин аст сабаби гурези кудак аз мадраса шавад. Хамчунин вахшати кудак, мухитхои бузург ё тарсу ва хичолати будани у ва адами эътимод ба нафси вай низ мумкин аст сабаби тарсаш аз мадраса бишавад.    

Барои рафъи ин мушкил, аввал бояд иллатро шиносои кунед. Сипас икдом ба бартараф сохтани он намоед. Гох авкот кудак барои муддати кутохе дучори ин вазъ мешавад, сипас ба холати оди бозмегардад. Бояд бо кудак хеле чидди бошед, вале хушунат накунед, ба хеч вачх бо монданаш дар хона мувофикат нанамоед, зеро ба ин кор одат мекунад. Аз сарзаниш ва танбехи у бипархезед. Уро то мадраса хамрохи кунед. Шояд таъвизи мадраса муфид бошад, уро мутмаин созед, ки дар хона мунтазираш хохед монд. Саъй кунед хангоме ки ба хона бозмегардад, дар сурати имкон барои овардани у ба хона ба дунболаш биравед.    

Тарс аз хайвонот

Аз чумла тарсхои маъмули даврони кудаки, тарс аз хайвонот аст, ки аглаб иктисоби аст, яъне мумкин аст аз дидани чехраи вахшатзадаи модар дар хангоми бархурд бо як хайвон ба вучуд ояд. Гохе низ бар асари тачрибаи нохушоянди кудак бо як хайвон эчод мешавад. 

Барои кохиш додани ин тарс низ бояд кудакро батадрич бо хайвоне, ки аз он метарсад, ошно кард. Яъне, агар он хайвон му дорад, ибтидо лухтаке мудор дар ихтиёри тифл карор дихед, баъд тасвири он хайвонро барои кудак наккоши кунед, ё акси онро ба у нишон дихед ва дар бораи он бо у сухбат кунед. Сипас худи хайвонро аз дур ба у нишон дихед ва батадрич фосилаи уро бо хайвон кам кунед. Ба хотир дошта бошед, ки хамаи ин марохилро бояд бо сабр ва хавсала ва дар муддати замони муносибе тай кунед.   

Дар сурате, ки тарси кудак он кадар шадид буд, ки бо бакоргирии ин равишхо муваффак ба азбайн бурдан ё кохиши он нашудед, хатман ба равоншиноси кудак ё мутахассиси таълим ва тарбият мурочиат кунед ва мушкилатонро бо у дар миён бигзоред.

 

http://www.mardoman.net

 

комментария 3

  1. Ачоиб будаст. Гап нест!

    Нравится

  2. Руз ба хайр аки Субхон. Гапои хуб навиштед ин чо. Мебинам ки бештар дар бораи кудакон менависед, ба гумонам кудаконро зиёдтар дуст медоред?

    Нравится

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти