Мардум хама чиро дар бораи худаш ва кисмати худаш намедонад. Хайрият! Хама намедонад, ки хама холату кору амалу фаъолият, ки дар атрофаш рух медихад, аслан ба хотири чи аст, ки онро «ташкил» кардааст, он ба кадом максад аст? Хайрият! Аксарият намедонанд, ки пушидаву нихони ки аз ки ва ба кадом хотир «хадя ва тухфа» мегирад! Хайрият! Моро ду чиз мекушад: ачал ва хамин ХАЙРИЯТ! Сухан хам кобилияти куштани инсонхоро дорад – сухане, ки гуфта шудааст (мисли сухани бо тамасхури Раиси як нохия ба руи сокинони он, ки пули рохро надоред, пиёда гардед!) ва интизории сухане, ки бояд гуфта шаваду холо касе ба забонаш наовардааст!
Имруз дар мавриди корхои даркори ва нодаркор, накши зан ва хушдоман дар дарозумрии мард, кучахое , ки баёнгари «статус» -и сокинонаш хастанд, занхои серталаб ва серхаридор, арзиши бештари мохичае аз Мох ва хаёлу идеяхои таги хокшудае навиштаам!
-
Хамин руз Лев Николаевич Толстой дар сини 82 солаги вафот кардааст (1910)
Хама бадбахтии инсонхо аз руи он нест, ки онхо кори даркориро анчом надодаанд, балки аз он аст, ки онхо корхои нодаркорро анчом медиханд!
Л.Н Толстой
-
Дар Антарктида пиряхеро пайдо карданд, ки 900 000 сола аст (2003)
Фахмидан мумкин аст, ки он пирях зан надоштааст, вагарна 900 000 сола намешуд.
Хеч гох!!!
-
Дар Николаев и Севастопол зистани яхудихоро манъ карданд (1829)
Тахминан мисли он ки мардуми одди, аз он зумра зиёиён наметавонад, ки дар махаллаи 91, Калинин, Хиёбони маркази, Карамов хона харанд.
-
СММ Декларатсияи хукуки кудакро кабул кардааст (1959)
Як кудак ба чурахояш модарашро таъриф карда мегуяд:
-Модарам маро дуст медорад, сахт дуст медорад….
Чурахояш мепурсанд:
— Барои чи ба чунин хулоса омади?
У чавоб медихад, ки :
-Барои он, ки падарони ман хар мох иваз мешаванд, аммо модарам хамон як нафар аст, ки буд!!!
-
Хамин руз шоир, барандаи Чоизаи Давлатии ба номи Рудаки — Бозор Собир таваллуд шудааст (1938)
Соли ман мохист, аммо мохии афлок нест,
Мохии оби кабуди саргахи Кофарнихон аст.
Мохии оби кабуди саргахи Кофарнихонам
Бартар аз он мохии чархи кабуди осмон аст.
-
Нависанда, коргардон ва ходими давлати Сайф Рахимзоди Афарди таваллуд шуда буд (1954)
Услуби хоси нигорандаги, викори зебанда, хаёлоти рангин ва хос ба у, навчуи ва навофари, комёби дар чанд хунар…
Ин хама як чо бо Сайф Рахимзоди Афарди хамин руз мебоист, ки 57 сола мешуд….
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Бозор Собир, Сайф Рахимзоди Афарди, Хайрият, бехабар, кудакон, мардум, раиси нохия, сухан, хамсар |












Добавить комментарий