21 ноябри соли 2010

      Инсонхо ё бовариро ба худ гум кардаанд ва ё ба касе дигар бовар надоранд. Чаро? Барои он, ки дар оддитарин амалу кор хам онхо кушиш мекунанд, ки каси шинос бикобанд ё ба востаи кадом нафаре чизи соддаеро хал кунанд. Ба хамин тартиб дигар барои хама чиз – хам гирифтани кадом «справка», барои кадом мухр, барои кандани дандони пусидаи худ хам мардум нафари шинос мекобанд. Акнун Шумо бигуед, ки мо ба худамон бовар надорем  ва ё ба дигарон?

 Имруз дар мавриди мухаббат ба кошони сиёхи наттокони ахборхони телевизион, «намоишнома»-хои гайри театри, чавонмардони ба номуси точик, озодии баён ва киссаи мухаббати як аскар ба зани шавхардоре навиштам!

  • Имруз рузи чахонии телевизион аст! 

Ба духтарони наттоки телевизион: 

Дар ишки ту кору бори ман фарёд аст,

Ширин шудаи ки, банда чун Фарход аст.

Аз бахши  «Хабар», ки нав бароям хонди,

Кошони сиёхи ту маро дар ёд аст.

 

  • Хунарманди театр ва кино, Хунарпешаи халкии Точикистон Махмуд Тохири таваллуд шудааст (1925)

         Марде, ки мухосиб кор мекард, ба хона чанд газета меорад. Писарчааш дар кунчи кадом газетае эълони театри Лохутиро мехонад — «21 ноябр, Театри Лохути , Намоишномаи РЕВИЗОР». Аз падараш мепурсад, ки «дада, хамин Ревизор комедия аст ё трагедия?».

         «Бачам, агар ревизор худи бошад, комедия аст, вале агар бегона бошад, таргедия аст, трагедия….»

  

  • Фестивали об аст (Камбоча)

Дарёи калону сард дорад ватанум,

Дармон зи хазор дард дорад ватанум.

Дар саргахи об бо дили дарёе,

Сад марду хазор мард дорад ватанум!

 

  • Хамин руз нависанда, файласуф ва донишманди фаронсави Вольтер таваллуд шудааст  (1694)

         «Ман шояд ба андешаи Шумо рози нестам, аммо чонамро медихам, ки Шумо андешаи худро баён кунед!»

                                                        Вольтер

  

  • Дар Руссияи баъди Шурави  ба аввалин нафар –Вазири Мудофиаи ФР Д. Сергеев (1938-2006) рутбаи МАРШАЛ дода мешавад (1997) 

Эй он, ки надиди ту дили пораи ман,

Нашниди хама фигону хам зораи ман.

Маршал бишавум, ки шута хизмат бубарум,

В-онгах ту шави гулому бечораи ман!

 

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти