19 марти соли 2011

  Борхо мешунавам, ки мардум аз дигаршавии харакату хислати дустонашон шиква ва шикоят мекунанд. Ин ачиб аст: магар калонсолу бузургу ботачрибаву чахондида шуда, дигар нашудан мумкин аст? Яъне ки дигар шудан ногузир аст! Мухим – ба кадом самт ва зери таъсири кадом хаводис дигар шудан аст. Ба ки (ва чи гуна нафар) табдил ёфтани   инсонхо хам гумонам аз хамон чи вобаста аст.

Имруз дар мавриди бадаргаи сиёси, домоди нафарони «калон»  будан, гимнастика барои «баъзехо» ва фарзандони боги падару доги падар навиштам. Читать далее →

20 ноябри соли 2010

         Мардум хама чиро дар бораи худаш ва кисмати худаш намедонад. Хайрият! Хама намедонад, ки хама  холату кору амалу фаъолият, ки дар атрофаш рух медихад, аслан ба хотири чи аст, ки онро «ташкил» кардааст, он ба кадом максад аст?  Хайрият! Аксарият намедонанд, ки  пушидаву нихони ки аз ки ва ба кадом хотир «хадя ва тухфа» мегирад! Хайрият! Моро ду чиз мекушад: ачал ва хамин ХАЙРИЯТ! Сухан хам кобилияти куштани инсонхоро дорад – сухане, ки гуфта шудааст (мисли сухани бо тамасхури Раиси як нохия ба руи сокинони он, ки пули рохро  надоред, пиёда гардед!) ва  интизории сухане, ки бояд гуфта шаваду холо касе ба забонаш наовардааст!

         Имруз дар мавриди корхои даркори ва нодаркор, накши зан ва хушдоман дар дарозумрии мард, кучахое , ки баёнгари «статус» -и сокинонаш хастанд, занхои серталаб ва серхаридор, арзиши бештари мохичае аз Мох ва хаёлу идеяхои таги хокшудае навиштаам! Читать далее →

Андеша—нон, ном, чигар ва гурда!

         Мисли он ки инсон ба номи худашу нони худаш ниёз дорад ва бояд онро дошта бошад, хаёлам, ки  андешаи худро доштан хам мухим аст. Ба назар чунин мерасад, ки хама андешаву акидаи шахсии худро доранд, аммо амиктар агар андеша кунему хулосабарори кунем, на хама кобилияти парваридани андешаву акидаи шахсиашро дорад. Андешаи дигарон, хатто дар холе, ки мо онхоро кабул кардани хам набошем, ягон хел ба мо таъсир мерасонад. Хатман мерасонад! Хар кадар мо дар миёни мардуми зиёд кору зиндаги кунему бо онхо  бештар робита дошта бошем, хамон кадар андешахои гуногунро мешунавем, кабул мекунем. Онхо вобаста ба мазмуну мохияташон андешаи моро ба бор меоранд, моро ба андеша ва хулосабарори водор мекунанд. Аммо кам нестанд нафароне, ки дар ру ба руи андешахои беруна ва бегона истодагари карда наметавонанд, хар акида дархол ба акидаи онхо  табдил меёбад, он андешаеро,  ки онхо  навакак аз касе  шуниданд,  чанд лахза пас чои дигар чун андеша ва хулосаи худашон  муаррифи ва баён  мекунад. Чаро инсонхо баъзан (шояд аксарият!) андеша ва хулосаи шахсии худро надоранд? Ва оё ин гуна инсонхо аз инсонхои дорои андешахои шахси тафовут доранд? Хавф чи?

Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти