Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!! (8)

     Мардумонат одату урфу анъанаи хубу шоистае доранд, ки тули солхо онхо хифз мекунад. Аммо наметавон гуфт, ки одату урфу анъанаи ношоистае надоранд. Мо надоштахоеро, ки бояд дошта бошем, зиёд дорем, мисли он, ки доштахоеро, ки бояд надошта бошем, кам надорем! Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!!

Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!! (7)

         Дилам хун мешавад, агар касеро дар кучахоят бо дасти суи мардум дарозшуда мебинам! Шумо хам инро мебинед? Аммо хазор дасти дигаре, ки ба киссаи мардум дароз мешавад, аз чашм пинхон мемонад. Ин дили хунро хуншортар мекунад…

Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!!

Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!! (6)

     Точикистон! Ту диёри мардуми ба сурат ва ба сират зебои! Туро аз  сад обу оташ азизу шахиду авлиёат хифз карданд!  Мардуми  худододат зиёданд! Аммо бадгу ва бадниятонат низ, ки  чун магасе хамеша руи захмхои хануз шифо наёфтаат менишинад, кам нестанд! Онхоро ободихоят, баландихоят, шукуфтанхоят, пару болат мекушад!

Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!!  

Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!! (5)

      Ман наметавонам чудо кунам, ки барои чи туро дуст медорам! Ман наметавонам гуям, ки фалон дарёатро дуст дорам ва фалонашро на, ман намегуям, ки ин канорат бехтар асту он кунчат на. Ту саросар зебои, хар кунчат чун нигини накшини як халкае гардани дунёро зеб медихад, ту монанд надори!

Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!!

Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!! (4)

        Диёри камзаминам! Мебини, ки киммати хар вачаб хокат хар соат меафзояд? Заминфурушонро сархаму шарманда мебини? Мукаддаси ту!  Дилам аз дидани талу теппахои сунъи ва обу дарёи сохта гул намекунад, хатто тани бечони ман дар огуши хоки бегона норохат хохад буд … Канорат мисли канори модарам гарм асту нарм!

 Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!!

Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!! (3)

      Канорат гарму осудаам, харчанд аз канори сарду ноосудаи хазор мухочират гам дорам, шабхоят орому сокит аст, харчанд хазор оиларо андешаи бозгашти фарзанде ноором мекунад, гулу гиёхат доруву дармон аст, харчанд сад нафар аз бедоруиву бедармони мемирад…

Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!!

Чашни Истиклолат муборак , Ватан!!! (2)

          Як замон пайрохае, ки мардумат бояд бо он ба шохрохи бузурге мерафт, кариб кур шуд, як замоне неруи фарзандонатро бар зидди худат истифода намуданд, яз замоне хама сурати зебоят мисли сурати сиёху сафеди рангпаридаи чомадони кухнаи суратгире буд….Аммо акнун рохат ба огуши дунё боз аст, хамсоя аз оби покат ташнаги мешиканад, дунё ба харфат гуш мекунад, сарат чу парчами бузургат болову баланд аст. Чашни Истиклолат муборак, Ватан!!!

Чашни Истиклолат муборак , Ватан!!! (1)

       Ту акнун мисли чавони зебову навкади, ки бо диданат хама мафтун мегарданд. Ту неку бадро дарк мекуни, ту дусту душманро мешиноси, ту миёни худиву бегона фарк гузошта метавони…

Чашни Истиклолат муборак , Ватан!!!

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти