Имруз мо ягон вохури ва сухбати расми надорем. Гайр аз Александр (махаррири газетаи «Вечерный Бишкек»), ки баъди бемори ва чарохиаш акнун бояд бештар истирохат кунад, дигарон барои сафар ба як лагери лижаронон дар доманаи кухи Mount Hood тайёр мешавем. Баъди он мо осорхонаи The Museum at Warm Springs –ро тамошо хохем, ки ба таърихи ташаккули кабилаи Warm Springs –и амрикои бахшида шудааст.
Махз дар хамин сафар бо дидани куху теппахои пури сузанбарг ман дарк кардам, ки чаро дар раками мошинхои ронандахо дар Портленд ва умуман иолоти Орегон махз сузанбарг тасвир шудааст. Боигарии куху ёллаи онхо хамин дарахт будааст. Канори роххо хонахои хурду зебоеро мебинам, ки миёни чангалзор сохта шудаанд. Аксарият инчо хона-вагонхои худро пушти мошин баста, то нуктаи дилхохашон мераванд. Мо кариб ду соат бо мошин рох тай кардем. Дарахтону мавзеъхои барфпуш огоз шуданд. Харчанд, ки хаво сарду токатфарсо нест, вале мардум бо пушидани либосхои зимистона ва бо гирифтани хама олоту ашёи худ –лижаву айнакхои барфиву дастпушу сарпушхои гарм суйи хамон лагер харакат доранд.
Эхсос мешавад, ки мардум нисбат ба табиат хеле гамхору мехрубон хастанд. Миёни чангалзорхои сузанбарг дарахтони шикаставу пусида ва ба замин хоб кам нест, аммо бо иваз накардани холати онхо хамон вокеъияти табиат нигох дошта шудааст. Як хамсухбати мо накл карда буд, онхо хатто сухторхои табии хурдро хомуш намекунанд, то намуди вокеъии мухити атроф бе халал боки монад.
Маунт-Худ –дар Орегона баландтарин кулла аст. Баъзе хизматрасонихо харчанд пулаки бошанд хам, лекин мисли нуктахои истирохатии мо барои вуруд шудан ба худуди ин мавзеъи зебои истирохату фарогат касе аз шумо ва кудаконатон пул намегирад. Чанд нуктаи фарогат, ошхонаву кахвахона, магозаи либосхои кухнавардиву лижжарони, сандали ва толори тамошову нишаст дар ихтиёри мардум аст. Маълум аст, ки ин нуктаро мардум дар тобистон низ чун маркази кухнаварди ва истирохати истифода мебаранд. Timberline Lodges – макони тамошову истирохат ва вактхуши аст. Мо чанд соат вакти худро ончо сипари карда, ба осорхонаи The Museum at Warm Springs рахсипор шудем. Таърихи ин осорхонаро шумо аз Интернет хам пайдо карда метавонед. Ман факат чанд расмро инчо мегузорам ва бо умед мешавам, ки тамошояш бароятон шавковар аст….
Фардо хам гурухи мо истирохат дорад. Кучо меравем ва чи кор мекунем, хамин шом сари дастурхон дар утоки 911 маълум мешавад…
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Барф, Портланд, Субхон Джалилов, индейсхо, кух, осорхона |













































Добавить комментарий