Душанбе – Франкфурт – Варшава – Душанбе (12)

Имрӯз то соати 14 мо вақти озод доштем. Якҷоя хостем, ки боғи ҳайвоноти Варшавароо тамошо кунем. Боғи ҳайвонот дар майдони 40 га доман паҳн карда, хеле зебо аст. Кам-кам борон меборид. Вале он ба тамошо ва нақшаҳои мо комилан халал нарасонд. Ворид шудан ба ин боғ 13 злот буд. Манзараҳои афсонавӣ, дӯконҳои хеле зебо, майдонҳои мувофиқу тоза барои ҳар ҷонвари он боғ моро ба тааҷуб овард. Ба худам фикр кардам, ки агар 1 журналисти поляк барои тамошои боғи ҳайвоноти мо биёяд, шарманда хоҳем буд. Ғайр аз хонаи гориллаҳои азимҷусса дигар ягон ҷои ин боғ ягон хел бӯи нороҳаткунанда надорад. Хонача ва ҳавличае, ки барои хар сохтаанд…  ман намедонам онро ба чӣ муқоиса кунам….

Тамоми боғ харитаи ҳаракат ва ҷойгиршавии ҷонварон, ишорачӯбҳо ва харакҳои хеле мувофиқи дамгирӣ дорад.

Кормандони боғ бо нақлиёти махсус ба ҷонварон ғизо тақсим мекарданд. Дар роҳравҳои ин боғ қадам зада, фақат дар як бора фикр мекардам, ки чаро ман наметавонам, ки ба тамошои ин ва ҳамин гуна зебоиҳо якҷоя бо зану фарзандонам биёям? Писарони ман дар боғи ҳайвоноти Душанбе фақат он чизеро мебинанд, ки ҳар бор медиданд. Ман ҳама ҷои шавқовари ин боғ ва ҷонваронеро, ки дар Душанбе нестанд сурат ва навор гирифтам. Бигзор онҳо лоақал бо ҳамин тарз хумор шикананд…

Соати 14 мо ба дари Бунёди ХЕЛСИНКИ оид ба ҳуқуқи инсон омадем. Раиси раёсати Бунёди мазкур Danuta Przywara моро бо таърихи ин бунёд, самтҳои фаъолияти он ва барномаи омӯзишӣ ошно кард. Ин зан хеле кушодачеҳраву меҳрубон ба назар расид. Таҷрибаи Полшаро барои ҳифзи ҳуқуқҳои мардум мисол оварда, таъкид кард, ки акнун он дар курсҳои омӯзишӣ барои дигарон, махсусан барои мардуми кишварҳои шӯравии собиқ дода мешавад. Аз як иқдоми нав аз Русия ин зан изҳори таасуф кард, ки мувофиқи он ҳар шахс ва созмоне, ки аз хориҷа пул ба даст меорад “агенти хориҷӣ” дониста шуда, муҷозот мешаванд.

Мо бо як корманди дигари он Бунёд ҳам сӯҳбат доштем. Саволҳои аъзоёни гурӯҳи мо ҳам ҷавобгардонӣ шуданд.

Баъди ин вохӯрӣ мо ба Бунёде, ки моро даъват кардааст амадем. Ҳоло ба мо ДИПЛОМ месупоранд. Бояд гуфт, ки ин маросим барои мо ду рӯз пештар аз хатми расмӣ баргузор мешавад. Ба гумонам, ки онҳо рӯзи ҷумъа ин гуна имкон надоштанд. Ба ҳама аз он ҷумла ба ман низ диплом дар бораи гузаштани таҷрибаомӯзии ду ҳафтаина дар Полша дода шуд. Тибқи анъана аксарияти аъзоёни гурӯҳ ба 4 нафари муттасадӣ – президенти Бунёди ҳамроҳии Полша – Чехия ва Словакия, корманди ин бунёд Анита, намояндаи донор ва тарҷумону роҳбалади мо Саша тӯҳфаҳои худро супориданд. Дар анҷоми ин маросим мо анкетаҳоро дар мавриди сатҳу сифати ин бозомӯзӣ пур кардем.

Кадом вақт ҳамин гуна бозомӯзӣ натиҷаи хуб медиҳад:

  • Вақте ки нафарони воқеан ҳам арзанда даъват карда шаванд (зеро ҳис мекунам, ки баъзеҳо ин гуна сафарҳоро интизор мешаванду дарёфт мекунанд то фақат тамошои бепул кунанд).
  • Вақте ки барои наздиктар шудани мардуми аз кишварҳои гуногун даъватшуда ягон хел кӯшиш анҷом дода мешавад. (масалан, бигзор ҳар шаб намояндаи ҳар шаҳру кишвар зодгоҳу ватани худро бо сурат ё видео муарифӣ кунад, ҳамон ҷо фақат мусиқии он миллат садо диҳад, ҳама якҷо таоми миллии он миллатро тайёр карда истеъмол кунанд. Агар иштирокчиёнро қаблан огоҳ кунанд ин кор мушкил нест).
  • Иштирокчиёнро бо мақсади дарёфти маълумот дар бораи ҳукумату давлат ва сохтори мавҷуда ҷамъ наоваранд… ва ғайраҳо.

Хулоса, дар утоқи кории ман дар Душанбе акнун боз як диплом аз Варшава пайдо мешавад.

Ҳарчанд, мардуми бофаҳм хуб медонанд, ки диплом ҳанӯз савод ё дониш нест! То фардо!

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти