Ҳаво ин субҳ туман ва гирифта аст. Мо бояд ба шӯрои этикаи ВАО равем. Хатсайр барои мо фаҳмо аст. Илова бар ин ҳар шом гид ва тарҷумони мо Саша истгоҳеро, ки субҳ бояд он ҷо ҷамъ шавем, мефаҳмонаду нишон медиҳад. Вохӯрии мо дар он марказ бо директор Ryszard Bankowicz баргузор шуд. Тибқи одат онҳо аввал дар бораи фаъолияти худ қисса мекунанд ва баъд саволҳои моро интизор мешаванд. Вобаста ба масъалаи нақзи ҳуқуқҳои мардум, шикояти бинандаҳои TV, судбозиҳои ровиёни радио бо як депутати сиёҳпӯст сӯҳбат сурат гирифт. Мардум дар Полша хеле бедор ҳастанд. Масалан дар ҶТ баъди дар TV нишон додани чеҳраи як нафаре, ки бемории рӯҳӣ дорад, касе ба куҷое шикоят намебарад, дар ҶТ агар касеро бо гумони кадом ҷиноят дастгир кунанд, сураташро бе он, ки симояшро пӯшонанд, дар саҳифаи аввали газетаҳо нашр мешавад. Аммо дар Полша баъди дидани чеҳраи нафари ба қавли мардум “девона”, ки ба куҷое мебурдандаш, мардум ба ин шӯрои этикаи ВАО муроҷиат кардааст, агар сурати гумонбарро чоп кунанд, то он вақте, ки ҳукми суд содир нашудааст, чеҳраи ӯро дар газета пинҳон мекунанд.
Ин шӯроро дар Полша ҳоло TV ҷамъиятии Полша сарпарастӣ мекунад – ба онҳо утоқи корӣ, таҷҳизот ва имкони фаъолиятро дар дохили TVР фароҳам овардаанд. Лекин ин маънои онро надорад, ки сарпараст метавонад ба кори ин шӯро дахолат кунад. Судҳо ҳам ҳангоми баррасии шикояти мардум намояндаҳои ин шӯроро даъват мекардаанд. Бояд гуфт, ки қариб дар ҳама вохӯриҳои мо ҳамсӯҳбатони мо суд ва системаи судии Полшаро озод ва мустақил хонда ба адолати судӣ боварӣ доранд. Аммо аксарияти журналистони мо дар ин мавзӯъ шояд андешаи баракс дошта бошанд.
Баъди ин вохӯрӣ мо, ки 1,5 соат вақт доштем ба тамошои мағозаҳо рафтем. Бачаҳо ҳар рӯз чизе мехаранд. Ҳамроҳони мо ҳоло дар андешаи онанд, ки он ҳама либосу хӯрокаро чихел ба хонаҳо баранд?
Вохӯрии дуюми мо дар идораи рӯзномаи “Wyborcza” сурат гирифт. Муҳаррири идораи хабарии ин рӯзнома Roman Imielski аввал моро бо коргоҳ шинос кард. Чизи барои мо ғайриоддӣ ҳамин аст, ки дар Варшава ҳама корхонаҳои калон, махсусан бизнес – марказҳо дар дохили худ ҳатман як ё якчанд ҷойи ғизохурӣ ва истироҳатӣ доранд. Ин идора ҳам ҳамин гуна буд. Мо дар ошёнаи 5, ки ин газета қароргоҳ дорад, вохӯрдем. “Wyborcza” – маънои “интихобкунанда” –ро дорад. Бори аввал замони маъракаи интихоботӣ нашр шуда то ин замон қатъ нашудааст. Дар маҷмӯъ ин ҷо Ҳудуди 350 нафар фаъолият мекунад.
Ин сӯҳбат барои ҳамкасбони мо аз газетаҳо гумонам муфиду омӯзанда буд. Roman – аввалин касе аз ҳамсӯҳбатони мо буд, ки хоҳиш кард то аввал мо худро шинос карда, дар бораи самтҳои фаъолияти худ каме маълумот диҳем.
Маро дар Варшава теъдоди нашри рӯзномаву ҳафтанома ва маҷаллаҳо ҳайрон мекунад. Ҳар кадоме дар баробари он, ки сайт дорад, ҳар рӯз 70 — 100 — 200 — 300 ҳазор нусха нашр мешавад. Шумораи худи газетаву маҷаллаҳо ҳам хеле зиёд аст. Ба гуфти ҳамсӯҳбатони мо ҳар рӯз қариб 90% шумораи газетаҳо ба фурӯш меравад. Ҳафтаномаҳои мо дар ҶТ ба зӯр 5-7 ҳазор нашр мешаванд, бо сад азоб паҳн мешаванд ва баргашта ба идораҳо меоянд. Ман ин ҷо обунаҳои маҷбуриро дар назар надорам. Акнун шумо худатон фикр кунед, ки мушкил дар куҷо аст: маводу мавзӯъи шавқовар надорем, дурӯғу афсона зиёд аст, эҷодкории кам дорем ва ё шояд халқи газетхону китобхон надорем? Ё дорему онҳо ҳар рӯз пули зиёдати барои газетаву маҷаллахарӣ надоранд?
Вохӯрии сеюми мо дар идораи ҳафтаномаи зард ё хиёбоне бо номи “Super Express” сурат гирифт. Дар он ҷо ҳудуди 70-80 кас кор мекунад. Рекламаро ҳам дар саҳафоти худ ҷо мекунанд. Аммо бештар дунболи мавзӯъҳои ҳангомавӣ ва шавқовар мегарданд.
Муҳаррири ин ҳафтанома Krzysztot Bogus аввал он қадар кушодаву хушсӯҳбат набуд. Ба саволҳои мо фақат “Ҳа” ва ё “Не” мегуфт. Баъдтар саволҳо ҷиддитару шавқовартар шуданду ӯ ҳам кушодатар шуд.
Ман медонам, ки дар аксарияти ҳамин гуна газетаҳои “занона” дар Тоҷикистон аксарияти он саволу пурсишҳо, қиссаҳо ва нақлҳо дурӯғ аст. Онро муҳаррирон дар чанд соли охир хеле устокорона акнун худашон мебофанд. Bogus гуфт, ки он ҷо комилан аз ин усул, яъне афсонабофӣ истифода намебаранд. Онҳо ғайр аз худи хабарнигоронашон бо “агент”-ҳое доштаанд, ки ҳама хабару ҳангомаро вобаста ба чеҳраҳои машҳур аз онҳо мехаранд. Суратҳои газетаи ҳаррӯзаи онҳо ҳам аз Net дуздида нашуда, балки аз худи суратгирони онҳост, ё аз агентҳои хабарии дигар харидорӣ шудааст. Масалан, суратгири идораи онҳо, ки ҳамеша ҳамроҳи хабарнигор аст, метавонад, ки чанд шабу рӯзро дар наздикии хонаи ким-кадом ситора рӯз кунад. Дар Варшава кас ҳис мекунад, ки мардум сохтакории хеле кам дорад ё қариб надорад. Табии будан хеле душвор аст, махсусан барои онҳое, ки як умр сохтакору дурӯғгӯву қолабӣ буданд.
Имрӯзи мо бо ҳамин вохӯрӣ гӯё ба анҷом расид. Шаб дар меҳмонхона аз шабакаи TV5 Monde, ки дар Аврупо паҳн мешавад, филми коргардони тоҷик Ҷамшед Усмоновро бо хат-тарҷумаи русӣ тамошо кардам. Филм асосан бо забони фаронсавӣ буд. Ифтихор кардам. Дар пеши ҳамхонаам, ки филмро тамошо мекарду хаёлаш банди ҳаводиси онрӯзаи Бишкек буд, сарам боз ҳам баландтар шуд. Офарин!
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Телевизион, газетаҳои хиёбонӣ, меҳмонхона, муҳаррир, суд, шӯрои ВАО |











Добавить комментарий