“Душанбе – Франкфурт – Варшава – Душанбе” (10)

Субҳи имрӯз маълум шуд, ки вохӯрии аввали мо, ки бояд соати 11 дар идараи маҷаллат  “Rzeczpospolita”  сурат мегирифт баргузор намешавад. Яъне мо то соати 13 вақти озод дорем. Касе мағозагарди рафту мо чанд кас ба тамошои боғи шохӣ рафтем. Гумонам он ҷо як замон гармобаву истироҳатгоҳу шояд  ҳарамсаройи шоҳӣ будааст. Зебоии он боғро бо сухан тасвир кардан душвор аст. Атрофатон пури санҷобу кабӯтар аст. Ман бори аввал медидам, ки парандаҳои хеле зебо парида дар панҷаи шумо мешинанду нонпораҳоро аз он ҷо гирифта мехуранд. Дар як канори боғ барномаи консерти мегузашт. Хоҳед рақс кунед. Тирамоҳ дарахтони атрофро хеле зебо кардааст. Мурғобиҳо ку дар оби ин боғ худро хаёлам хеле роҳату озод ҳис мекунанд. Дар ин боғ метавонед осорхонаву ёдгориҳои дигари таърихиро тамошо кунед… 

Тамоми боғ ороставу зебо ва тоза аст. Харакҳо дар тамоми ҷо ҳҳастанд. Мардуми пиронсол ин ҷо хеле зиёд меоянд ва хаёлам дар ин фазои роҳату орому афсонавӣ беҳтарин лоҳзаҳои умри худро ба ёд меоранд. Боғ пури мардуми гуногунсол аст, аммо ғавғо асту на даводаву на ҷангу ҷанҷол. Ба гурӯҳи мо, ки маҳаллӣ ва таҳҷои набуданамон баръало маълум аст,  ягон  кас аҳамият ҳам намедиҳад…

Барои тамошои ин мавзеъи зебои Варшава гумонам як ҳафта ҳам кам аст. Фурсати вохӯрии дуюми мо наздик мешавад…

Директори маркази мониторинги ВАО-и мустақил Wiktor Swietik моро хуб пазируфт. Мисли вохӯриҳои дигар ӯ аввал дар бораи марказ  ва самтҳои фаъолияти он нақл карда, баъд ба саволҳои мо ҷавоб гуфт. Мавзӯъҳо асосан атрофи озодии баён, кодекси этикаи журналистӣ, баҳсу судбозӣ ва фаъолияти журналистони полшагӣ буд…

Борон меборид. Баъди анҷоми вохӯрӣ мо ба Фонд омадем. Моро дар қаҳвахонаи канори Фонд Marek Przybylik интизор буд. Бори аввал буд, ки мо вохӯриро дар идораи журналисти полшагӣ неву дар қаҳвахона доир мекунем. Дуруст мебуд, агар мо он ҷоро чойхона гӯем. Маълум шуд, ки ҳоло як газетаи бепули донишгоҳи Варшаваро нашр мекунад, хеле чойдӯстдор аст. Тақвимҳоро бо таблиғи ҷойи сейлонӣ соҳибони ширкатҳои калоне, ки бо ӯ ҳамкорӣ доранд, маҳз ӯ дар нашриёти худ чоп мекардааст.

Чанд рӯз пеш аниқтараш рӯзи шанбе Саша – ҳамон гид ва тарҷумони мо зодрӯз дошт. Чун истироҳат будем, натавонистем ӯро табрик кунем. Аз роҳ бо маблағе, ки ҳама гурӯҳ ҷамъ кард, торт харидем. Лаҳзаи хеле мувофиқ барои табрики ӯ расид. Marik барои ҳамаи мо як истаконӣ чой фармоиш дод. Истакону тақсимча, халтачаи оҳани, ки дохилаш чой буд ва сарпӯши он истакон тамоман ғайриоддӣ буд. Сӯҳбат чанд дақиқа фақат аз асрори чой буд. Ман ҳаминҷо фаҳмидам, ки ду барги аз ҳама болои навдаи чой беҳтарин ва ҳам қимматтарин чой мешудааст. Баргҳои поёнии ниҳоли чойро бо техникаи махсус ҷамъовари мешавад, аммо он ду барги аз ҳама болоро фақат дасти ҷамъ мешавад.

Ман мавзӯи сӯҳбатро ҷониби зодрӯзи Саша бурдам. Аз номи ҳама ӯро табрик гуфта, як тӯҳфачаро, ки аз сангҳои ороишии Тоҷикистон буд ва ман онро аз Душанбе бурда будам, аз номи гурӯҳ барояш тақдим кардам. Як пора торт ва чое, ки истаконаш 35 злот ё каме бештар аз 10$ аст, хеле болаззат буд.

Баъди ин Marek Przybylik, ки ҳоло асосан фолетон менавиштааст, нақл кард, ки чӣ гуна газетаи бепул таъсис дод. Ин мард, ки хеле шӯх ва хушсӯҳбат буд, ният доштааст, ки китоб бинависад. Гуфт, ки  “ман акнун бобои ду набера ҳастам, бояд ба онҳо ҳам машғул шавам”…

Вохӯрии сеюми мо бо ду нафар аъзоёни созмони журналистӣ ва иттифоқи касаба  Barbara Janiszewska ва муҳаррир Marek Kulinski дар идораи Фонд сурат гирифт. Ман баъди нақли онҳо 3-4 саволи ба назари худам хуб додам:

  • Ҳақиқат ва манфиати Ватан
  • Озодии баён, дин ва таҳқири паёмбари Ислом
  • Фишор ба матбуоти озод ва мисли инҳо мавзӯҳои асосии суоли ман буд.

Хулоса, дар маҷмӯъ вохӯрии мо омӯзанда буд.

Баъди ин вохӯрӣ ба ҳамаи мо тибқи тартибе, ки ҳаст, маблағи барои билет ва раҳкиро сарфкардаро баргардонданд. 1000$. Мо барои расидан ба Полша 1200$ сарф кардем. Аммо тавре, ки онҳо дар шартҳои худ оварда буданд, маблағи роҳ мебоист аз 1000$ зиёд намешуд. 1200$ барои мо, ки аз Душанбе меомадем, аз ҳама варианти арзонтар буд. Вале мо розӣ ҳастем. Гӯё мо Аврупоро фақат бо 200$ сайр кардему 15 рӯз бо ин маблағ фароғату омӯзиш доштем!

Пулҳои гирифтаро дар Kantor ба долларҳои наппа-наву гармакак иваз кардем. Дигарон ҳам мисли мо пули роҳро аз наздикону дӯстонашон қарз гирифтаанд. Қарзро бояд баргардонд….

Пагоҳ боз 3 вохӯрии дигар дорем. Шарҳ барои имрӯз тамом шуд. Пагоҳро интизор мешавем!

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти