Тазод (2)

Мушоҳида мешавад, ки бо бештар шудани даромад аз реклама ва як каме васеътар шудани майдони муаррифиву таблиғ гуруҳу ширкату коргоҳҳои рекламсози зиёде  пайдо шуд ва аз пушти онҳо  овозу матну идеяҳои мухталифи наву куҳна ва ҳатто копишудаву дуздидашудае  ба миён омаданд. Қабули мардум ва истеъмолкунандагон ҳам фарқкунанда аст. Ин вобаста ба он аст, ки истеъмолкунанда чӣ қадар дарку завқу фаҳмиш ва савод дорад. Ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки мардум аз мутобиқат накардани матну овозу навор, вайрон будани вазни сухан, мантиқан нодуруст будани ибораву калимаву ҳатто талаффузи онҳо шикоят мекунанд. Дилбазан будани баъзе рекламаҳо бошад, ин мавзуъи дигар аст. Ва ҳам маълум аст, ки аксарият (ва ҳатто баъзе масъулон ҳам!) ин гуна мушкилу нофаҳмиҳо, ғалату иштибоҳ, хатои имлоиву мантиқиро дар рекламаҳо, наворҳо ва овезаҳо тамоман намефаҳманд…

Ба назари мо дар самти реклама ва бозори таблиғи молу маҳсулот ва хизматрасонӣ тариқи ҳама ВАО як чанд ҳолат, мушкил ва печидагиҳо мавҷуд аст:

  • ВАО давлатӣ ҳоло қариб, ки баробар ё шояд ҳатто дар баъзе маворид бештар аз ВАО хусусӣ ҳаҷми рекламаро дар ихтиёр дорад (Ҳарчанд қонунгузорӣ барои ВАО, ки аз буҷа маблағгузорӣ мешаванд, фоизи камтари реклама ва таблиғро аз ҳаҷми умумии пахш муайян кардааст);
  • Аксарияти ширкатҳое ки ба сохтани роликҳои реклама машғуланд, корманди донишманду забондон (махсусан донандаи забону мантиқу имло!)-ро надоранд;
  • Аксарияти тарҷумаҳои роликҳои реклама (ки аксаран аввал руси фикр карда шудаву баъд тарҷума шудаанд), таҳтуллафзӣ ҳастанд ва дар онҳо баъзан ҳатто маънӣ гум шудааст;
  • Баъзеҳо фикр мекунанд, ки ҳар касе, ки дар ягон Радио ва ТВ кор мекунад, метавонад, ки матни рекламаро фикр кунад, идеяи таблиғи ин ё он чиро пешниҳод кунад ва ба ин ё он реклама овоз бидиҳад, яъне матни рекламаро қироат кунад. Аммо дар асл ин кори ҳар кас ва ҳама нест ва ё ба ҳар сурат як омодагии қаблӣ, дониши кофӣ, ҳунари қироату бозӣ бо овоз ва боз чанд чизи дигарро талаб мекунад;
  • Шиорҳо (слоган) ё соддатар карда гуем, ҳамон ҷумлаи охири рекламаи молу маҳсулот аксаран такрорӣ, забонзада, нофаҳмо ва дурушту дағал тарҷумашуда ҳастанд (мисли “таксии бомазза”, “дастгирии шумо пешравии МО”, “футбол дар қалби дил…” );
  • Баъзе рекламадиҳандагон, кормандони ВАО, муаллифони матнҳои реклама ва дигарон як чизи муҳимро дар сохтани роликҳои реклама, наворҳо, видео филмҳои рекламавӣ ба назар намегиранд – оё мардум ба ҳамон овоз, ба соҳиби он садо, ба ҳамон қаҳрамоне, ки дар ролики таблиғотӣ нақш офаридааст, ба ҳамон идеяе, ки дар асоси он реклама ё навори таблиғотӣ сохта шудааст  БОВАР МЕКУНАНД?

 

Ин рӯйхатро метавон идома дод, аммо ман фақат бо овардани ДУ мисол вобаста ба бандҳои болоӣ иктифо мекунам. Як реклама дар эфири ТВ ва ҳам тариқи радио пахш мешавад, ки дар бораи ким кадом маводи дорои калсий ва синк аст. Идея ҳамин гуна аст, ки кӯдаке дар мавриди зӯри бозӯ ва қувваи зиёди падараш фикр мекунад. Падар бошад, мегӯяд, ки (мазмун) бибиат ба ман аз хурдӣ ҳамон маводро медод ва ман барои ҳамин ҳам боқувват ҳастам (ва ҳатто навор ҳамин лаҳза “куҳна” мешавад, яъне, гуё он сабти солҳои қаблӣ аст!). Бо назардошти сину соли қаҳрамони асосӣ (падар)  бояд гуфт, ки шахсан ман ба он мавод бояд бовар накунам. Агар кӯдакони имрӯз бо кадом маводи иловагӣ ба воя бирасанд, ин эҳтимол дорад, аммо падар, ки тибқи он идея дар деҳа бузург шуда будааст, ҳеҷ мумкин нест, ки ким кадом маводи шояд кимиёӣ ва аниқ ки сунъиро барои калсий шуда  истифода бурда бошад! Мо ҳам дар деҳа бузург шудем. Замони тифливу наврасиҳои мо онҷо ЯГОН КАС  боз ҳам дар саҳро (тавре ки дар он навор аст!) ба бачаш ким кадом маводи сунъии аз дорухонаҳо харидашудаи калсийдоро намехӯронд!!! Мо охир дар деҳа он вақт барои калсии кофии бадану устухонҳо (ва ҳар витамини дигаре, ки шумо медонеду барои ҷисму рӯҳ зарур аст!)  ширу дуғу қаймоқу ҷурғоту маска, тухму меваву кабудӣ (ҳам тару тоза ва ҳам хушккардашуда), сирпиёзу чормағзу донагӣ, нахуду наск, кадуву лубиё ва нони гандумӣ доштем…

Маълум аст, ки аксарияти мазмунҳо дар роликҳои реклама фикри муаллифҳо ҳастанд, хайёлу фантазия ҳастанд, вале он бояд ба ҳадде нарасад, ки аз мантиқ ва зиндагии воқеӣ ва ҳаррӯза дур шаванд. Саҳнаҳо, идеяҳо, наворҳо, мазмунҳо, қаҳрамонҳо ва ҳар чизи дигаре, ки реклама аз он таркиб ёфтааст, бояд беҳад дуруғ, ғайри мантиқӣ, бемазмун, нодуруст ва таҳрифшуда набошанд. Гузашта аз ин қонуни кишвари мо дар мавриди реклама ҳам ҳамин гуна рекламаи дуруғ ва  аз ҳад зиёд таърифро манъ кардааст.

(Мисли он, ки дар ролики таблиғи кадом як бинои навсохт мешунавем, ки муаллиф навиштааст: “Ин бино таҳхона, болохона, ҷойи нигоҳдории мошинҳо, интернети баландсуръат, нигоҳбонҳову камераҳои назоратӣ, лифтҳои замонавӣ ва боз ким чизи дигар дорад….” Вале намегуянд, ки таҳхонаву болохонаро мисли замони шуравӣ шумо вақти соҳиби хона шуданатон ройгон ба даст намеоред – онро бояд бихаред, таваққуфгоҳи мошинҳо ва интернети баландсуръат ҳам барои сокинон бепул нест, барои лифту камераву посбонҳо сокинони бино бояд пули алоҳида бипардозанд…..Агар ки онро ёдрас намешаванд ва ҳатто хурдакак карда ҳам наменависанд, пас талаботи қонуни ҷории кишварро дар бораи реклама вайрон кардаанд ва мардумро фиреб додаанд ва медиҳанд….)

xojagii-kishlok

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти