Дуруднома

Дуруд. Дуруд ба он дӯсту ҳамсинфу ҳамсояам, ки буданаш дар дуртарин солҳои бачагӣ ва наврасӣ ба зуҳури нахустин эҳсоси дӯстӣ ва рафоқат (ва ҷӯрагиву хешиву ҳамсоядориву одамгарӣ) мусоидат карду ҳамраҳиаш то кӯчаву адиру боғу ғору ғаппа аз сидқу самимонаву холисона буд ва канорам буданаш боиси дилпурӣ…

Гум карда турову гум шудам дар олам,

Чун роҳаки риштаи мазори шуҳадо…

Читать далее →

Ҳавлии падар — як суфра ва як ҷойи холӣ

Ҳеҷ кас шояд инкор накунад, ки гирди олам ҷое ба ҳадди гирди хони падарӣ хостанӣ ва хуморолуда набуда ва қисмат агар пайвандони як вақт ҷамъ ба гирди як хонро гирди олам ҳам пареш бидиҳад, ҷое, ки лоақал барои чанд лаҳза гирд омадан интихоб мешавад, боз ҳам ҳамон суфраи хоксоронаи падарӣ ва гирду гӯшаҳои ҳавлии падар аст…

— Ҳавлии падарӣ — зеботарин ҷойи ин дунё;

— Ҳавлии падарӣ — дили беғаму хотири ҷамъ;

— Ҳавлии падарӣ — гуфтаҳои нотакрор, рафтаҳои бебозгашт ва осӯдагиҳои нашинохта;

— Ҳавлии падарӣ — озодӣ ва озодагии комил;

— Ҳавлии падарӣ — як таги долон хотира, як дастурхон хумор ва як таги чормағз таҷриба;

— Ҳавлии падарӣ — рӯйҳои диданӣ, бӯйҳои ошно, ва анъанаҳои якҷоя фикр кардашуда;

— Ҳавлии падар — маънии аслии баракат ва нишони олии сарҷамъӣ;

-Ҳавлии падарӣ — хотираҳо, хоктӯдаҳо, навшораҳо, дилпораҳо, оббурдаҳо…;

Читать далее →

Тазод (10)

Дар миёни ҳама гуна масоили печида ва мубрам, ки дар зиндагии худу наздикону дигарон вомехурам,  чанд чизе ҳаст, ки дарку таҳаммулаш душвортар аст. Шояд ба назари ман ҳамин гуна метобад. Маро ҳамон гунае, ки бехонагии касе нороҳат мекунад, ба ҳамон ҳад (ва шояд бештар аз он!) девори миёни ҳавлии падарии ду фарзанди ҳамхун ҳам нигарон месозад. Тасаввур кунед, бобову бобокалонҳои мо ва аксаран падарону амакҳои мо бо ҳама бесаводиву камсаводии худ (шояд аз нигоҳи муосирон!) тавонистанд то охири умр дар ҳавлиҳое зиндагӣ кунанд, ки ҳатто перомунаш девор надошт. Аз як дег хурок хӯрданд, нону фатирашонро дар як танӯр бастанд….Вале имрӯзиён, ки даъвои босаводиву ҷаҳондидагӣ мекунанд, арзиши мошинашон шояд дар маҷмӯъ баробари тамоми дороӣ ва доштаҳои бобову бобокалонҳояшон бошад, имрӯз наметавонанд, ки дар ҳамон ҳавлӣ ҷо бигиранд….
Саду як баҳонаи дигари омода ҳам доранд: кӯдакон рост намегиранд, занҳоямон қаҳрӣ буданд, дар хонаи онҳо ягон кас кор кардан намехоҳад, бародарам шароб менӯшад, ман ҳиссаи худамро аз ҳавлии падарам гирифтам, сад сол ҳам ки якҷоя бошем, бояд ҳар кас хонаи дари худро дошта бошад, дар вақташ онҳо моро ғаму азоб дода буданд, фарзандҳо калон шуданд, талаботашон дигар шуд……ва боз саду як баҳонаву далелу дурусту нодурусти дигар…

Читать далее →

Тазод (2)

Мушоҳида мешавад, ки бо бештар шудани даромад аз реклама ва як каме васеътар шудани майдони муаррифиву таблиғ гуруҳу ширкату коргоҳҳои рекламсози зиёде  пайдо шуд ва аз пушти онҳо  овозу матну идеяҳои мухталифи наву куҳна ва ҳатто копишудаву дуздидашудае  ба миён омаданд. Қабули мардум ва истеъмолкунандагон ҳам фарқкунанда аст. Ин вобаста ба он аст, ки истеъмолкунанда чӣ қадар дарку завқу фаҳмиш ва савод дорад. Ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки мардум аз мутобиқат накардани матну овозу навор, вайрон будани вазни сухан, мантиқан нодуруст будани ибораву калимаву ҳатто талаффузи онҳо шикоят мекунанд. Дилбазан будани баъзе рекламаҳо бошад, ин мавзуъи дигар аст. Ва ҳам маълум аст, ки аксарият (ва ҳатто баъзе масъулон ҳам!) ин гуна мушкилу нофаҳмиҳо, ғалату иштибоҳ, хатои имлоиву мантиқиро дар рекламаҳо, наворҳо ва овезаҳо тамоман намефаҳманд… Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти