Ман шояд 13 ё 14 сола будам, ки бобоям (падари модарам) вафот кардааст. Ӯро ман бо асо ба ёд дорам. Баъди беморӣ, ки ба дасту пояш асар карда буд, роҳгардии мушкил дошт ва аз асо истифода мекард. Ҳануз ҳам намедонам, ки чаро ӯ ба хонаи мо, ки аз хонааш ҳамагӣ 150 метр дуртар буд, ками кам меомад. Медонам, ки баъди ҷанг бо бибиям оиладор шудаанд, яъне, вақте ки аллакай ҷавони баркамол буд ва аз майдони ҷанг баргашта буд. Замони хурдсолии ман бобоям дар идораи кадом хазинаи амонатгузорӣ дар Дарагиён посбон будааст. Ҳамкоронаш, ки ҳоло ҳастанд, баъзан аз ҳамон рӯзгор чизе нақл мекунанд. Бибиам ҳам як вақт дар он хазинаи амонатгузорӣ фаррош будааст. Читать далее
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Дарагиён, Файзобод, бобо ва бибӣ, деҳа, модар, рӯзи Ғалаба, хотираҳои тифлӣ, ҷанг | Leave a comment »











