Ман шояд 13 ё 14 сола будам, ки бобоям (падари модарам) вафот кардааст. Ӯро ман бо асо ба ёд дорам. Баъди беморӣ, ки ба дасту пояш асар карда буд, роҳгардии мушкил дошт ва аз асо истифода мекард. Ҳануз ҳам намедонам, ки чаро ӯ ба хонаи мо, ки аз хонааш ҳамагӣ 150 метр дуртар буд, ками кам меомад. Медонам, ки баъди ҷанг бо бибиям оиладор шудаанд, яъне, вақте ки аллакай ҷавони баркамол буд ва аз майдони ҷанг баргашта буд. Замони хурдсолии ман бобоям дар идораи кадом хазинаи амонатгузорӣ дар Дарагиён посбон будааст. Ҳамкоронаш, ки ҳоло ҳастанд, баъзан аз ҳамон рӯзгор чизе нақл мекунанд. Бибиам ҳам як вақт дар он хазинаи амонатгузорӣ фаррош будааст.
Модари ман (Худо раҳматаш кунад!) фарзанди аввалини бобою бибиам аст. Вале бибиам нақл мекунанд, ки пеш аз модари мо онҳо чанд фарзанди худро аз даст додаанд. Онҳо хеле хурд вафот мекардаанд. Касе хешу табории бобою бибимро сабаби ин ҳол мегуфт, касе ин ҳолатро бори ҷангу ҷуш ва таъсири он ба сиҳатии бобоам мекард… Вале сабабашро калонсолони ин ду оила хуб медонистаанд. Онҳо аз миёни ҳама фарзияҳои дигар фақат ба ин-сеюмин фарзия боварии бештаре доштаанд.
Бибиам замони хурдсол будан дар деҳаи Муминобод зиндагӣ мекардааст. Дар он ҳудуд донишманди хубу муллои шинохтае будааст, ки падари бибиам ҳамин духтари навраси худро ба писари он мулло ваъда карда будааст. Он вақт акнун ҳамин гуна будааст, ки келинҳо ҳам хеле наврас ба оилаи дигар мерафтаанд, мисли бибии ман, ки замони ба қавле тӯяш – 13 ё 14 сола будааст. Вақте ки фарзанди Суфӣ Мурод (бобои модарам) – Қаландар (бобоям) аз ҷанг бармегардад, ӯ ба хонаи бародараш Муҳаммадрасул рафта, ҳамон духтари ба қавле “бандкарда” –и он муллоро келин карданӣ мешавад. Суфӣ Мурод, ки он вақт обу рӯи хуб доштааст, бародари ба ҷон баробар ва марди ҷиддиву бовиқору дар як гап устувор будааст, бародарашро бовар мекунонад ва духтари ӯро (ҳамин бибии маро) келин мекунад. Бибиам нақл мекунад, ки чун наврас будаасту бе хабар аз гапу кори дунё, дар хонаи ба қавле домод, дар миёни духтарони дигари онҳо то замони боақл шуданҳо бозӣ мекардааст….
Дар ин миён дигар маълум аст, ки он мулло, ки келини ба қавле интихобкардаашро ба деҳаи дигар доданд, меранҷад ва табиист, ки оҳ мекашаду шояд дуо ҳам мекунад. Аммо бобову бибии ҷавони ман кай медонистанд он вақт, ки дуо чӣ гуна метавонад таъсир дошта бошад. Фақат фикр мекардаанд, ки шояд кадом беморӣ боиси фавти фарзандони хурдсолу чанд рӯзаи онҳо мешавад.
Хабар ба гӯши калонсолон ҳам мерасад ва аз қиссаи мулло ва тасмиму маслиҳати мулло ва Муҳаммадрасул (падари бибиам) ҳама дарак меёбанд. Мулло ҳам мешунаванд, ки ин домоду арӯс аллакай чанд фарзанди худро аз даст додаанд. Баъд розӣ мешавад, ки бобои ман – Қаландар ба наздаш биравад. Ӯ ҳам, ки дигар гуноҳи дигарону шикастани маслиҳатро медонист, гӯсфанду кулчаву савғотӣ мегирад ва меравад ба хонаи мулло барои ба қавле тавба кардан аз гуноҳи накарда…
Мулло, ки дилсӯз ҳам будааст баъди дидани бобоям ва баъди қабулу узру маънии вай барояш дуои хайр медиҳад ва гуселаш мекунад. Баъди камтар аз як сол модари ман таваллуд мешавад ва ба хотири ҳамаи ҳамин гуна азобҳои бефарзандӣ ӯро Гадобегим ном мегузоранд. Модарам албатта номи дигар ҳам дошт, аммо хешу табори мо ҳама ӯро бештар бо ҳамин ном садо мекарданд. Гуё акнун ин фарзанди ба гадоӣ ва зораҳо пеши Худованд ба даст овардаи онҳо буд, ки Суфӣ Мурод ва момаи Анор (ҳамсараш) ӯро ба сад ноз ва ба қавли модарам “дар лаби ҷелаку лаби домани худ” калон кардаанд….
Модари ман духтари дӯстдори бобову бибӣ будааст. Кулбаи хурдакаи онҳоро ҳамеша модари ман рубу чин мекардааст, яъне дастёри момаи Анор ҳамин Гадобегими хурдсол будааст. Баъдтар ҳам бо момаи Анораш модари ман пайвандҳои воқеву хаёлии зиёде доштааст. Ҳар чизе ки ба момаи Анор иртибот дошт, модарам онро ба таври худ ва комилан дуруст шарҳу эзоҳ медод. Мо ба воқеъияти суханони модарам ва тахмину пешгӯиҳои ӯ баъди як муддати ками гуфта шудани онҳо шоҳид мешудем ва боварӣ ҳосил мекардем.
Баъди даргузашти модарам (1-уми октябри соли 2018) хоҳарони ман нақл карданд, ки модарам пештар аз реҳлати худ ҳамон момаи дӯстдораш — Анорро ба хоб дида будааст. Яъне, охирин нафасҳои модарам ҳам бе ҳузури момаи Анор набудааст….
Аммо имрӯз 9 май аст. Рӯзи Ғалаба. Бобои ман, ки дар борааш кам медонам, иштирокчии ҷанг буд ва соли 1990 аз дунё гузашт. Баъди ҷанг ӯ як умр деҳқони оддӣ, посбони хазинаи амонатгузорӣ ва навбатдори обанбори оби нӯшокӣ буд. Дар заминҳои атрофи ҳамон обанбор аз рӯйи нақли ҳамкоронаш қариб ҳама долу дарахт маҳсули дасти ӯ аст. Похсадеворҳои бо дасти худашу бо кӯмаки бибиам дар хонасозӣ истифода кардаашро ҳамин сол баъди навсозиҳои набераҳояш дидам. Лекин ҳануз ҳам кулбаи сохтаи ӯ барои бибиаму барои модари ман побарҷо аст. Осон нест изи дасту файзи дасти “одамони қадим”, гузаштагони бузургро пурра нест кардан ва аз миён бурдан…
Ғалабаи асосии Шумо — бобои Қаландари бадавлатам, ғалаба бар нафс, ғалаба бар нопокиҳо, ғалаба бар ноҷавонмардиҳо, ғалаба бар беадолатиҳо, ғалаба бар кибру ғурур буд!!!
Рӯзи Ғалаба Муборак бод!!!
Моро (агар Худо хоҳад) боз садҳо ҒАЛАБА дар пеш аст.
======================================================================
Мурадов Келандар
Дата рождения: __.__.1926Место рождения: Таджикская ССР, Сталинабадская обл., Файзабадский р-н, Ходжаимар с/сДата и место призыва: Файзабадский РВК, Таджикская ССР, Сталинабадская обл., Файзабадский р-нВоинское звание: красноармеецВоенно-пересыльный пункт: 211 зсп 24 зсдВыбытие из воинской части: 10.04.1945Куда выбыл: 76 сдНомер команды: 20179
Источник информации: ЦАМОФонд ист. информации: 8507Опись ист. информации: 390516Дело ист. информации: 2





Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Дарагиён, Файзобод, бобо ва бибӣ, деҳа, модар, рӯзи Ғалаба, хотираҳои тифлӣ, ҷанг |












Добавить комментарий