Тазод (9)

Мушоҳида мешавад, ки ҳоло дар кишвари мо яке аз масъалаҳои асосӣ – ин дарёфти ҷойи кор, ташкили ҷойҳои нави корӣ барои ҷавонон ва бо шуғли манфиатовар фаро гирифтани ҷавонон аст.  Аз сӯйи дигар ба бовари ман  мавҷудияти чандин мушкилу печидагӣ  дар рӯзгори мардум, мисли зиёд шудани ҷинояткорӣ, ба гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ҷалб шудани наврасону ҷавонон, ҷангҳои миёни ҷавонон, ба шаробу кадом маводи хуморовари дигар дода шудани қисме аз ҷавонон дар заминаи ҳамон бекории онҳо ба миён омадааст.  Ҳоло агар мо вобаста ба кору бекории ҷавонон миёни мардум пурсиш баргузор кунем, шояд боз ҳамон гурӯҳи ҷавонон ба ин назар бошанд, ки ҳоло ҷойи кор нест, маоши хуб нест ва барои ба кор даромадан ва маоши хуб ҳатман шиносу воситаву пулу пора лозим аст. Ман албатта комилан ҷой надоштани он чизҳоро ҳам инкор карда наметавонам ва ҳам тахмин мекунам, ки дар ҳамон пурсиш шояд мардум ҷавобҳои дигарро мисли “ҷойи кор нест, заводу фабрикаҳо кор намекунанд, барои пулёбӣ бояд фақат ба Русия рафт, дар ҳама ҷо воситаву шинос даркор аст, маоши медодаи коргоҳ барои роҳкиро намерасад…” пешниҳод мекунанд. Вале воқеъият чӣ аст? Кадом омил дар ин самт воқеъан ҳам таъсиргузор, ҳалкунанда ва муҳим аст? Оё ҷавонони мо ҳамин гуна талаботи зиёду барзиёд доранд, ки бо 700-800 сомонӣ онро қонеъ карда намешавад? Оё ҷавонони имрӯз чени 3 ё 4 ҳазор сомонӣ кору фаъолият карда метавонанд? Оё ҳамин ҷавонони дар кӯчаҳо бекор воқеан ҳам дар ба дари коргоҳу ширкату муассисот кор кофтанд ва пайдо накарданд? Оё воқеъан ҳам ягон агентии шуғл, идораи кадрҳо, маркази бозомӯзӣ ва ҳунармандӣ натавонист, ки талаботи ҳамин гурӯҳи ҷавонони ҳоло бекору оворагардро қонеъ кунад?   Дар муқобили ҳамаи ин саволҳои ҳанӯз беҷавоб акнун як саволи дигари муҳимтаре ба миён меояд, ки оё ҳамин ҷавонон худашон масъулияти кор, хоҳиши кор кардан ва меҳнати ҳалол карданро доранд ё не? Ин ҳамон суолест, ки ба он фақат бо як ҷумла ҷавоб гуфта  намешавад. Ва ҳам тамоми ҷавонони имрӯз ва мардуми бекор як хел хислату феълу завқу донишу савод надоранд.    

Читать далее →

Тазод (8)

Ҳамааш ба назари ман баъди он сар шуд, ки тамоми ҳавличаҳои пушт ва пеши биноҳои истиқоматии моро як вақт бо қарор ва супориш вайрон кардаву тамоми монеаву симхору девору симтурҳои гирду пеши хонаҳоро барчинданд. Аз як тараф аксарияти онҳо ҳамин гуна бунёд шуда буданд, ки дар баробари он ки фақат ба як оила хизмат мекарданд, боз ба ҳаракати мошинҳои ёрии таъҷиливу сухторхомӯшкунӣ халал мерасониданд ва ҳам шояд роҳи гузари мардумро баста буданд.

Ҳоло агар вақти фурӯши хона дар наздикиҳои хонаатон будани қаҳвахонаву ресторану мағозаву нуктаҳои дигари хизматрасонӣ авлавият дониста шаваду ба нархи хонаҳо андаке биафзояд, вақти дар ҳамин гуна нуқта зистан шахс дарк мекунад, ки айнан ҳамин чизҳо на авлавият, балки камбудии ҳамин хонаву бинои истиқоматӣ ҳастанд. Чаро? Мо ин навбат фақат як омилу як сабабу як мушкили ин гуна хонаҳоро мисол хоҳем овард.

Читать далее →

Тазод (7)

          Ҳамин андеша ким-кай — вақти тамошои як гузориши телевизионӣ дар зеҳнам пайдо шуда буд. Ҳамон вақте ки дар гузориш муаллиф мегуфт, ки дар ким-кадом маҳаллаи шаҳри Душанбе як сехи пинҳонии истеҳсоли машруботро ошкор кардаанд. Дар охири гузориш ҳамчунин гуфта шуд, ки ҳамаи он шишаҳои шароб ҳатман нест карда мешаванд. Вале ман ҳамчун бинанда, истеъмолкунанда ва як шаҳрванд (на чун муҳаррир, сармуҳаррир, Директори барномаҳои радио) тамоман аз он гузориш қаноатманд набудам. Ман албатта аз рӯйи таҷрибаву кору фаъолиятам медонам, ки ҳар як ҳамон гуна гузориш чандин карат бозбиниву таҳриру қайчӣ мешавад, вале дар ҳамин гуна гузоришҳо ва рейдҳо ман ҳамон пайёми асосӣ ва аз ҳама муҳимро намебинам ва намешунавам. Поёнтар хоҳам гуфт, ки чӣ пайём аст он?

Читать далее →

Қонуни авф. Ҷамоати Эсанбой ва шодии мардум

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, аз ҷониби Президенти кишвари мо 18-уми декабри соли 2019 таҳти рақами 1652 ба имзо расид. 

Аввалтар аз ҳама бояд дарк кард, ки худи АВФ дар ин қонун чӣ маънӣ ва мафҳум аст? Авф – ин аз ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ озод кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони  бешаҳрванди давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ барои риоя накардани тартиби истиқомат дар Тоҷикистон ва убури ғайриқонунии сарҳади давлатии Тоҷикистон аст. Иловатан тибқи ҳамин қонун шахсони мансабдор ва шаҳрвандони Тоҷикистон барои риоя накардани тартиби муқарраршудаи истиқомати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд  ҷазо дода намешаванд.

Читать далее →
Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти