Пурсишҳои беҷавоб

Боре ҳам напурсидамаш…

Дилат замоне, ки зиндагӣ бо хости дили дигарон шакл мегирифт, чӣ гувоҳӣ медод? Ва дар муқоисаи пешбиниву гувоҳиву хостаҳои дилат рӯзи аввал ва ҳар чизе, ки тӯли чиҳил сол ба вуқуъ пайваст, оё собит шуд, ки «дил гувоҳи ҳақ аст?»

Напурсидамаш, ки вақте ба мошини Волгаи кӯҳнаи лентадор менишаст, ин қадар сабру таҳаммул, аз худ гузаштагӣ, вафо, умед ва тоқат дар кадомин бухча буд ё даруни кадомин сатили сирдор буд, ки даст ба даст аз анҷомхонаи мӯйсафеди Қаландар — аз ин кунҷи Дарагиён ба кунҷи дигараш кучид?!

Напурсидамаш, ки чӣ сир дар миён буд, ки дар ҳоли баҳсу доварӣ ҳам чашмони дар сурмаи одӣ ва ашк тари ӯ ва мислаш садҳои дигар роҳи судхонаву шикоятхонаро намедид ва аз ин дар ниҳоят чӣ суд доштанд? Сурмаҳо фарқ доштанд ё гиряҳо? Ё чашмҳо ё дилҳо ё андешаҳо…

Читать далее →

Хумор ва алами як сурат

Дуруд. Дуову дуруд аз ин замонаи дури дур ба рӯҳу ба рӯйи азизоне, ки дар саргаҳи насли мову пайвандони мо меистанд. Ин ҳамон насле аст, ки ҳатто дар аксҳо ҳам натавонистааст мағруру сохта либос ба бар кунад ва сарду қолабӣ бихандад. Ҳамон насле аст, ки чеҳраашон бе кимиёгарӣ ҳам гарм буду пиронаш дарди гулӯрову шикамрову чашмро бо сиёҳии таги дегу решаи янтоқу ширинбӯяву шири поки модар табобат мекарданд…

Ин ҳамон насле аст, ки аз тарси ҳокимони бегонаи давр намозашро пинҳонӣ ҳам, ки мегузошт, ба ҳадде, ки дилаш оромиш меёфт, самимона ва холисона мехонд. Рӯйи даструхони туйиашу ҳаррӯзиашу рамазониаш сад намуд оби газдору бегаз ҳам, ки набуд, намегузошт як ҳаракату ҳарфу амал ё беамалиаш як қатра об аз обурӯяш бубарад.Ин ҳамон насле аст, ки сери сер ҳам ки набуд, ба ҳадди имрӯз партовгоҳи зиёд ва мошин-мошин пасмондаи беҳисоб ва хушку тар ҳам надошт..Ва онҳо имрӯз намебинанд, ки чи гуна насли нав — ҳам доди камдориву нодориву маоши кам мезанад ва ҳам мошинҳои наву кӯҳнаи партовкашӣ як лаҳза ором надорад…

Читать далее →

Бо баҳонаи рӯзи Ғалаба

Ман шояд 13 ё 14 сола будам, ки бобоям (падари модарам) вафот кардааст. Ӯро ман бо асо ба ёд дорам. Баъди беморӣ, ки ба дасту пояш асар карда буд, роҳгардии мушкил дошт ва аз асо истифода мекард. Ҳануз ҳам намедонам, ки чаро ӯ ба хонаи мо, ки аз хонааш ҳамагӣ 150 метр дуртар буд, ками кам меомад. Медонам, ки баъди ҷанг бо бибиям оиладор шудаанд, яъне, вақте ки аллакай ҷавони баркамол буд ва аз майдони ҷанг баргашта буд. Замони хурдсолии ман бобоям дар идораи кадом хазинаи амонатгузорӣ дар Дарагиён посбон будааст. Ҳамкоронаш, ки ҳоло ҳастанд, баъзан аз ҳамон рӯзгор чизе нақл мекунанд. Бибиам ҳам як вақт дар он хазинаи амонатгузорӣ фаррош будааст. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти