Ин назар, яъне он чизе, ки ман гуфтанӣ ва навиштанӣ будам, ҳамагӣ бояд ду ҷумла мешуд ва ҳамин гуна ҳам ҳоҳад буд. Ба фарқ аз маводи дигари ҳамин силсила он ду ҷумла дар қисмати ниҳоии ин навишта оварда ҳоҳад шуд. Вале дар ин миён як чанд ҷумлаи дигарро ҳам биҳонед….
Каронавирус ҳамаи самтҳои пешбари ҷомеаи ҷаҳониро қариб ки фалаҷ қард. Ҳазор кас ҷойи кории худро аз даст доду медиҳад, ҳазор коргоҳ иқтидори истеҳсолии худро гум кард, ҳазорон нақшаҳо амалӣ ношуда монданд. Ба назар мерасад, қи дар ин мубориза ҳар ду гурӯҳи мардум ва қишварҳо бохтанду азоб кашиданд — ҳам онҳое, ки омода буданду интизор буданду тайёр шуда буданд ва ҳам онҳое, ки аслан омодагӣ надиданду боварӣ надоштанду ин ваборо он қадар ҷиддӣ нагирифтанд. Ба ҳайси ҷуброн кишварҳо як қатор чораҳоро меандешанд, ки дарди мардумро комилан аз миён набарад ҳам, лоақал сабук мекунад. Намунаи онро дар поин хоҳем овард…
Трамп дар ИМА ният дорад, ки то охири сол аз мардум андози маошашонро нагирад. Ин дар доираи ҳамон нақшаи густардаи Қасри Сафед ҷиҳати рафъи оқибатҳои пандемияи каронавирус ворид аст. Дар мавриди барои се чор моҳ наситонидани як гурӯҳи андозҳо барои соҳибкорони ҳурду миёна ҳам дар он қишвар тадбирҳое амалӣ мешавад.
Дания ҳам ба хотири сабукӣ овардан ба мардум ва андозсупорандагон дар супоридани андоз аз арзиши иловашуда фурсати иловагӣ медиҳанд. Дар Австралия як бастаи чораҳоро барои пешгирӣ аз муфлисшавӣ ва наҷоти тиҷорат пиёда меқунанд, ки он ба имтиёзҳо барои сармоягузорон, дастгирии тиҷорати ҳурду миёна ва имтиёзҳо барои нафақагирон рабт дорад.
Чин ҳаёлам аз аввалин кишварҳое буд, ки барои доираҳои соҳибкории ҳуд имтиёзҳои андозиро пешниҳод қард, таҷҳизоти тиббӣ, лавозимоти зарурӣ барои духтурон ва мисли ин, ки барои муассисоти тандурустӣ харида мешавад, аз андозҳо озод карда шуд. Ширкатҳои логистикӣ ва боррасонӣ, ки барои мардум маводи ниёзи аввалияро бурдаву меоранд, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуданд. Иловатан имтиёзҳои андозӣ барои ширкатҳои нақлиётӣ, сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, ресторанҳо ва мисли ин дода шуд. Дар баробари ин дар Ҷин барои табибон ва ҳамаи онҳое, қи иштирокчии барномаи миллии мубориза бо каронавирус буданд, мукофотпулӣ пешниҳод шуд.
Дар Британия ҳам як қатор имтиёзҳо барои доираҳои соҳибкорӣ ҷорӣ қарда шуд. Барои мисол, ҷанд намуди андозҳо паст қарда шуд, гирифтани қарзҳои имтиёзнок зиёд шуд, баъзе имтиёзҳоро соҳибкорони ҳурду миёна ба даст оварданд.
Итолиё ҳам яқ қатор имтиёзҳои андозиро барои дастгирии доираҳои тиҷоратӣ ҷорӣ кард. Гурӯҳи мардуме, ки бе ҷойи кор монд, аз ҷубронпулии махсус баҳравар шуд. Бунёди махсуси кафолатдор барои қарзҳои имтиёзнок ба тиҷорати ҳурду миёна фаъол шуд ва ҳукумат кафолат дод, ки ширкатҳоеро, қи беш аз 25% даромади худро аз даст додаанду бо зарар наздик мешаванд, ҳатман дастгирӣ месозад ва он хисоротро ҷуброн меқунад.
Дар Фаронса ҳам имтиёзу дастгириҳо аввалтар аз ҳама барои тиҷорату соҳибкорӣ равона мешавад. Худи ба кори фосилавӣ гузаронидани кормандон як дастгирии хубе дар пешгирии паҳншавии қаронавирус буд. Иловатан ба ширқатхое, ки аз каронавирус зарар дидаанд, барои деркунӣ ё таъхир ҷиҳати амалисозии шартномаву созишномаҳои давлатӣ ҷарима татбиқ намешавад. Онҳо ҳатто дар супоридани андозҳо ва пардохтҳои иҷтимойи вақти иловагӣ гирифтанд. Дар он кишвар ҳама волидоне, ки фарзандонашон дар қарантин буданд, аз рӯзи аввал варақаи корношоямии пардохтшаванда гирифтанд. Яъне, ба кор нарафтанд ва ин сабаби узрнок дониста шуд ва маоши онҳоро ҳатман пардохт меқунанд.
Таҷрибаи Олмон ҷолибтар аст. Дар он кишвар аввалтар аз ҳама як барномаи зиддибуҳронӣ қабул қарданд. Ширкату коргоҳҳои хурд ва шахсоне, ки мустақилона фаъолият доштанд, аз 9 то 15 ҳазор евро ҷуброн мегиранд. Маҳсусияти ҷуброне, қи дар Олмон барои тиҷорату соҳибкорӣ пешниҳод мешавад, ин аст, ки дар он қишвар корфармоёни муҳимтарин ва асосӣ, ё худ асоси иқтисодиёт он ширкатҳое ҳастанд, ки бузург нестанд, яъне ширкатҳои миёна ва хурд ҳастанд. Дуюм, ҳамон сохтори федеративии он қишвар аст. Яъне, онҷо соҳибкоронро ҳам ҳукумати марқазӣ кӯмак месозад ва ҳам заминҳои федеролӣ бо назардошти имконоти худашон дастгирӣ мекунанд.
Дар Олмон ҳануз 25-уми марти соли равон бундестаг бузургтарин барномаи зиддибуҳрониро дар таърихи он кишвар қабул кард. Дар доираи ҳамин барнома мавқеъи асосиро чораҳои дастгирии иқтисодӣ, кӯмак ба соҳибкорон, ёрӣ ба мардуме ташкил мекард, қи фаъолияти босамар ва барои ҷомеъа манфиатовар доштанд. Буҷаи Олмон маҳз ба ҳамин хотир ҳатто 43% бештар карда шуд.
Агар дар замони буҳрони молиявии соли 2008 дар мавриди аввал зарур шуд, ки қалонтарин бонкҳо ва муассисоти молиявӣ наҷот дода шаванд, имрӯзҳо бошад, муҳимтар аз ҳама дастгирӣ ва наҷоти тиҷорату соҳибкории хурду миёна ва инфиродӣ аст. Дар Олмон бо сабаби қарантин ва паҳншавии каронавирус аввалтар аз ҳама дӯкону мағозаи ҳурд, ресторану отелҳо, нуқтаҳои гизои саридастӣ, ороишхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, ширкатҳои сайёҳӣ, агентиҳои дилхушӣ ва консертҳо баста шуданд. Дар қатори онҳо ҳазор нафари дигар, ки касби омузгориро дар хона доштанд, кормандони гайриштатӣ, шартномавӣ ва мисли инҳо буданд, бе кору бе пул монданд. Давлат ҳам онҷо акнун кӯмак ба доираҳои соҳибкориро як навъ афзалият медонад. Барои мисол, ҳамаи қоргоҳҳое, ки то 5 корманд доранд, дар тӯли се моҳи оянда кӯмаки яккаратаи иборат аз 9 ҳазор евроро ба даст меоранд. Ширкату коргоҳҳое, қи то 10 корманд доранд, метавонанд ба кӯмаки пулии то 15 ҳазор евро умед банданд. Ин коргоҳҳо бо он пул аввалтар аз ҳама бояд маблаги иҷора, лизинг ва кирояи молу таҷҳизоти худро пардохт қунанд. Гап сари ин аст, ки ин пул, қарз ё кӯмаки баргарданда нест, он субсидия ва кӯмаки бебозгашт аст. Дар Олмон интизоранд, ки аз ин имтиёзу дастгири онҷо то 3 миллион намояндаи тиҷорати хурд истифода мекунад.
Авлавият ва рисолати дигари барномаи зиддибуҳронӣ дар Олмон ҳамин аст, қи то ҳадди имконпазир ҷойҳои кории мавҷуда нигоҳ дошта шаванд ва мардум бе кору бе пул намонад. Яъне, агар барои мисол сехи истеҳсоли аз кор монда бошад ҳам, қормандон маоши ҳудро пурра мегиранд ва корфармо онҳоро наметавонад, ки аз кор ҷавоб диҳад. Иловатан ширкатҳо ҳам медонанд, қи ҳоло ёфтани муттахассиси хуб ва таҷрибадор ҳатто дар Олмон ҳам, кори осоне нест ва онҳо ҳам намеҳоҳанд, ки беҳтарин кормандони худро аз даст бидиҳанд. Мисли он ки дар замони буҳронҳои гузашта ҳам буд, қоргоҳҳои истеҳсолӣ вақти кор накардан то 60% маоши кормандони худро пардохт мекунанд. Агар қорманд як фарзанд дошта бошад, барои ӯ 67% маошашро медиҳанд. Шояд бештар аз 2 миллион корманд аз руйи ҳамин тартиб фаъолият қунад ва пул бигирад. Ин аз шумораи мардум дар бӯҳрони соли 2008 ду қарат бештар аст.
Дастгирии дигар дар Олмон барои ҳамаи онҳое, ки маошу даромади кам доранд, ҳамин аст, қи соҳибони манзилҳо ҳуқуқ надоранд, қи дар ин вазъи мушкил иҷорагиронро, қи шояд пули иҷораро дода наметавонанд ё дертар доданӣ ҳастанд, аз маконашон пеш қунанд ва ё шартномаи онҳоро яктарафа қатъ кунанд. Тавре ки шумо медонед, дар он кишвар ними мардум дар манзилҳои иҷора зиндагӣ мекунад, яъне он хонаи шахсии ӯ нест. Баъзеҳо то охири умрашон дар манзили иҷора зиндагӣ мекунанд. Ин имтиёз бошад, барои онҳо дар Олмон аз моҳи апрел то сентябр ҳукми амал ҳоҳад дошт. Вақте ки акнун масъалаи ҳонаашон ҳал мешавад, онҳо роҳат дар бораи нигоҳ доштану наҷоти тиҷорати ҳуд ва боқӣ монондани ҷойҳои корӣ фикр мекунанд. Заминҳои федеролӣ тавре, қи болотар гуфтем, иловатан ба дастгириҳои ҳуқумати марказӣ ҳудашон ҳам доираҳои тиҷораро дастгирӣ мекунанд. Барои мисол, дар Рейни Шимоли-Вестфалия қарор қабул шудааст, қи то 25 ҳазор евро кӯмакпулӣ ба ҳамон ширкатҳое бидиҳанд, қи то 50 қорманд доранду даромадашон қам шудааст ва қарантин ба кору фаъолияти молияии онҳо таъсири бад расонидааст. Дар заминҳои Баден-Вюртемберг ба ҳамин гуна ширкату коргоҳҳо то 30 ҳазор евро кӯмак медиҳанд. Дар Бавария бошад, барои дарёфти ҳамин гуна маблағ метавонанд, ширкатҳое талош кунанд, ки то 250 корманд доранд. Дар заминҳои Бранденбург барои коргоҳу ширкатҳое, ки то 100 корманд доранд, то 60 ҳазор евро кӯмак пешниҳод мекунанд. Иловатан, ҳамаи заминҳои федероли имтиёзҳову гузашту кӯмакҳои андозиро ҷорӣ кардаанд, ки барои дастгирии тиҷорату соҳибкории ҳурду миёна равона шудааст.
Дар ФР ҳам яқ қатор имтиёзу гузашту кӯмакҳо ва дастгириҳо пешниҳод шуданду пиёда мешаванд. Пардоҳтҳои суғуртавӣ аз маош аз 30 то 15% барои тиҷорати хурд коҳиш дода шуданд. Дар ФР ҳам аввалтар аз ҳама кӯшиш қарда истодаанд, қи доираҳои соҳибкорони ҳурду миёна ва инфиродиро дастгирӣ қунанд. Барои соҳибкорони қарздоре, қи аз каронавирус зиён дидаанд, дар пардохти ҳам қарзҳои истеъмолӣ ва ҳам қарзҳои иппотекӣ таътилҳои қарзӣ ҷорӣ шудааст. Яъне, агар вазъияти шахс вазнин шуда даромади ӯ якбора 30% кам гашт, ӯ ҳақ дорад, ки мӯҳлати пардохти қарзи ҳудро як вақти мушаххасе ба қафо партояд. Албатта бе кадом қарзу пеняву ҷарима!
Қӣ метавонад ба қумақҳо ва имтиёзҳои андозиву дастгириҳои дигар умед бандад? Дар назди Ҳуқумати ФР Шурои ҳамоҳангсози фаъолият мекунад, ки яке аз вазифаҳои он шӯро — коркарди барномаи дастгирии тиҷорату соҳибкорӣ аст. Нимаи моҳи март ин шӯро аллакай барномаи амали худро фикр карда буд. Дар он таъмини мардум бо маводи ниёзи аввалия, дастгирии аҳолӣ, кӯмак ба соҳаҳои муҳими иқтисодиёт, дастгирии соҳибкорони хурду миёна ва мӯҳлати он оварда шуда буд. Дар ФР ҳатто як муддат санҷишу тафтишҳоро ҳам барои доираҳои соҳибкорӣ манъ карданд, то онҳо тавонанд мушкилоти асосӣ ва муҳимтарини имрӯзи худро ҳал кунанд. Кӯмакеро, ки дар ФР барои муҳоҷирони корӣ карданд ва онҳоро аз пардохти пули патент барои 3 моҳ озод қарданд, мешавад, қи идомаи амалҳои инсондӯстӣ дар доираи ҳамин барномаи зиддибуҳронӣ номид.
Ин субҳ қорманди яқ нуқтаи ороиши муйи сарро дар ҳавлии бино воҳурдам, қи дар суроғи нозири минтақавӣ буд. Маълумотнома ва имзову мӯҳри нозири минтақа барои он лозим будааст, қи онро бо талаби қуратори нозироти андози маҳал бояд ба он идора мебурдааст, то нозири андоз бовар қунад, қи ин дӯкони сартарошӣ маҳз аз ҷониби ҳамин нозир муҳр карда шудааст ва каси дигаре шухӣ-шухӣ он дуконро мӯҳр назадааст….Ёбеду гиред. Чанд рӯз пештар навореро дар вилояти Суғд тамошо қардам, ки мардум бе риояи кадом талаботи беҳдоштӣ ва фосилае, қи шабу рӯз ҳама дар бораи он мегӯяд, пушти дари кадом нозироти андоз навбат пойида мехост, ки мӯҳлати амали патенти соҳибкории худро қатъ қунад.
Шояд дар ин самт тартибу шартҳои махсусе вуҷуд дошта бошад, қи риояи он дар рӯзҳои муқаррарӣ ва оддӣ ногузир бошад, вале ҳамин ҳоло, ки ҳар сония дар ҳисоб аст, намешавад, ки тадбирҳо (тариқи истисно!) фавран ва дурусту оқилона андешида шаванд. Барои мисол, соҳибкор мехоҳад, патенти ҳудро муваққатан қатъ қунад, онро фақат биёраду супорад ва нозироти андоз онро ҳисоб қарда бигирад ва қайд қунад. Тамом. Баъди гузашти ин вазъи қуруноӣ боз омада, ҳуҷҷати соҳибкории ҳудро бигирад. Ба дари дӯконаш аллакай мӯҳр ҳаст. Аксарият пурра фаъолияти ҳудро қатъ қарданӣ нестанд ку!?
Ҳоло мардум аз он ҳарос дорад, ки ҳам дӯконаш баста шуд ва ҳам акнун бояд андозҳоро супорад. Ва ба гумони голиб, қи ҳоло ки имтиёзҳои андозӣ пешбинӣ нашудааст, айнан ҳамин ҳол сурат ҳоҳад гирифт…..
Ё вақте қи қарори мақомоти ҳоқияти маҳаллӣ дар мавриди бастани ҳамаи ороишҳонаҳо ва боз ҷандин нуқтаи дигар содир мешавад ва он дар ВАО эълон мешавад, аз нозири минтақавӣ маълумотнома дархост қардани куратор аз андоз чӣ маънӣ дорад? Табибон талош карда истодаанд, ки мардум якҷоя ҷамъ нашавад, нафаси ҳамдигарро дар навбатпойиҳо ҳис накунад, дар як роҳрави танг мисли аксарияти идораву нозироти андоз дар шароити гайрисанитарӣ гирд наояд, вируси қуруноро боз ҳам паҳнтар накунанд, аммо баъзе ҳамин гуна тасмимҳо (ҳарканд шояд аз нигоҳи дастуру санаду шарту шароити қабулшуда дуруст ва қоидавӣ ҳам ки бошад!) метавонад, қи натиҷаи баракс ва оқибати мудҳише дошта бошад.
Гузашта аз ин ҳоло барои он ширкату коргоҳҳое, ки дар манзилҳои иҷора ва биноҳои дар тобеияти ҳуд набуда иҷоранишин ҳастанд, фурсати хеле мушкил ва душвор фаро мерасад. Дар баробари он, ки ҳама сола комилан бе мувофиқа бо иҷоранишинон арзиши ҳар метри мураббаъи манзилу идораҳои иҷора боло бурда мешавад, ҳоло ягон тасмим дар самти гузашт қардани пули иҷора, кам қардани пули иҷора ё ақалан барои ду моҳ насупоридани он гирифта нашудааст. Ин корро на коргоҳҳои ҳусусӣ кардаанд ва на коргоҳу идораҳои давлатӣ.
Акнун ҳоло масъулин ва мақомоти зиддахл бояд фиқр кунанд, ки кадом вариант беҳтар аст — то нафаси охирин суст наомадану аз соҳибкорони хурду миёна пурра гирифтани пули иҷораву андозҳо ва баъди як муддат интизор шудани басташавии онҳо ё худ каме сабукӣ фароҳам овардан ба онҳо, камтар гирифтани иҷорапуливу дуру дароз як активи фаъоле доштан?!
Ё агар боз ҳам соддатар карда гӯем, ҳар кас (масъулон, мақомоти қонунбарор, мансабдорон, мақомдорон, соҳибони тиҷорату молу мулк ва ғайраҳо) бояд ҳудаш фикр кунад, ки ҳоло чӣ кор дуруст, муҳим ва зарур аст — як шом мурғбиёр хӯрдан ва дигар гурусна гаштан ё ҳамон мурғро нигоҳ доштану ҳар рӯз тухм хурдан!?….

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: андозҳо дар Тоҷикистон, бизнезмен, дастгирии тиҷорат, имтиёзҳо, иҷора, налог, соҳибкорӣ, тазод, тиҷорат |












Добавить комментарий