Ба дунё омадану рафтан ҳунар нест, ҳунар он аст, ки бо хирадмандиву хоксорӣ, эҷодкориву накукорӣ, меҳнати шоиставу арзанда дар дилу дидаи мардум ҷо бигирию номи наку ба ёдгор гузорӣ. Хуш ба ҳоли касоне, ки ин маромро дар зиндагӣ шиори хеш намуда месӯзанду месозанд.
Қаҳрамони мо аз зумраи онҳоест, ки худро фидои саҳна намудаасту қурбони ҳунар. Ва ана ҳамин кору пайкораш ӯро азизи дилу дидаҳо гардонидааст. Шунидани номаш ба дидаҳо нур, ба дил сурур мебахшад, ба ростии рост, ғамро бадар сохта, кайфияти ҳоли касро боло мебардорад. Ӯ ба синни мубораки 75-солагӣ қадам гузошта бошад ҳам, то ҳол заҳмат мекашад. Ӯро гоҳ дар саҳна, гоҳ миёни боғ, гоҳ машғул бо занбӯри асал мебинӣ. Ва гоҳе мебинӣ, бо дутор гӯрғӯлӣ месарояду бо хоҳиши ҳамсуҳбатон ҳаҷву мутоиба мегӯяд. Ҳамаи инро ба мушоҳида гирифта, кас ба неру, ҳавсала, ғайрату ҷасораташ, таҳсину офарин мехонад.
Ӯ кист, ки дар қалам баҳояш монда намешавад?

Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон устод Қиёмиддин Чақалзода. Ин шахсият ҳамаро дар замираш ғунҷонида аз худ марди сару по ҳунарро сохтааст. Барои ӯ обрӯву шуҳрат ба осонӣ ба даст наомадааст.
Қиёмиддин аз хурдӣ бо ҳозирҷавобию дидадароияш байни фарзандон барои падари раисаш алоҳида буд. Падар ҳамчун як шахсияти маъруф, ки солҳои зиёд раиси ҷамоат шуда кор мекард, дӯстдори созу наво буд ва гирди хони худ зуд-зуд шахсони номдору соҳибҳунарро ҷамъ менамуд. Базму зарофатгӯӣ соатҳо идома меёфтанд. Ҳамаи ин ба Қиёмиддини наврас бетаъсир намонд. Нишастҳо дар ниҳоди кӯчаки ӯ тухми ҳунарро коштанд, ҳунаре, ки ӯро шуҳратёр кард. Қиёмиддин дар ёд дорад, ки чӣ тавр дар дастони шоир ва Ҳофизи халқии Тоҷикистон Ҳикмат Ризо об мерехту дуои некашро мегирифт. Баъдан аз истеъдоди зотиаш директори ҳамонвақтаи хонаи фарҳанги маркази ноҳия, ғижжакнавози беҳамто шодравон Ҷӯрабек Шарифов огаҳӣ ёфта, вақти дар синфи шашум хонданаш ӯро дар барномаҳои консертиву сафарҳои ҳунарӣ ба ҳайси овозхон ва ровӣ ба кор андохт.
Ба қавли устод Бозор Собир давраи бачагӣ «ғамаш каму шодиаш бисёр» барои Қиёмиддин зуд сипарӣ гашт. Ва ӯро ҳамчун ҷавони баркамол ба хизмати аскарӣ даъват намуданд. Онҷо бо Шоири халқии Тоҷикистон зиндаёд Мирзо Файзалӣ ошноӣ пайдо кард, ки баъдан аз эҷодиёти ӯ якчанд суруду саҳнаҳои ҳаҷвиро рӯи саҳна овард. Қиёмиддин бо шоири номдори оянда дар як қисми ҳарбӣ хизмати аскариро ба ҷо оварда, аз ӯ хеле чиз омӯхт.
Қиёмиддин ҳини ба ҳайси ронанда дар автоколоннаи 2729 шаҳри Ваҳдат, шуъбаи фарҳанг ва комитети комсомоли ноҳияи Файзобод кор карданаш меҳри санъатро дар мағз-мағзи ҷонаш ҷо намуд, ки дигар натавонист аз ин варта раҳоӣ ёбад ва ин меҳри беандоза ӯро сӯи даргоҳи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон бурд. Устодону мутахассисони варзидаи соҳаи театру кинои тоҷик аз солҳои аввали донишҷӯӣ маҳорату қобилияти баландашро эътироф намуданд. Баъди хатми донишкада ӯро ба боргоҳи овозадори ҳунарии ҷумҳурӣ – Театри академикӣ-драммаи ба номи Абулқосими Лоҳутӣ ба кор даъват намуданд. Аз он вақт беш аз чор даҳсола гузашт. Қиёмиддин Чақал 42 сол паҳлӯ ба паҳлӯи ҳунармандони асили тоҷик Аслӣ Бурҳонов, Муҳаммадҷон Қосимов, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Муҳаммадҷон Халилов, Гурминҷ Завқибеков, Ато Муҳаммадҷонов, Ҳошим Гадоев, Ҳабибулло Абдураззоқов, Туҳфа Фозилова, Гулчеҳра Бақоева, София Тӯйбоева, Хайрӣ Назарова, Фотима Ғуломова, Гуландом Сафаралиева, Мушаррафа Қосимова ва дигарон аз ин саҳнаи баланд нақшофарӣ намуда, ба зинаҳои баланди эҷодӣ расид. Саҳна, ки онро устод муқаддасаш мехонад, сахт ба оғӯшаш гирифт, печу тобаш доду «аз элаки майда гузаронид», ки қиёмаш кард, қиёми ҳунар. Баъзе намоишномаҳо бо иштироки ӯ то ҳазор маротиба рӯи саҳна баромаданд.
Мо, мухлисони ашадии ҳунари Қиёмиддин, ӯро дар «Ҳамлет»-у «Шоҳ Лир»-и Шекспир, «Зебуниссо»-и Шамсӣ Қиёмов, «Ишқи Араб», «Бозиҳои бераҳмона», «Исёни Арӯсон», «Садо аз тобут», «Найрангҳои Майсара», «Роҳзан ва кӯзагар», «Интихоби домод», ҳамчунин «Афсонаҳои мӯйсафед»-и Н. Абдуллоев, «Парвози Сабзабаноз»-и М. Маҳмадиев, «Драммаи миллат»-и Сафармуҳаммад Аюбӣ, «Номбардори Хуҷанд»-и Меҳмон Бахтӣ, «Чархи гардон»-и Нур Табаров, «Рӯдакӣ»-и Сотим Улуғзода дида, барои офаридани нақшҳои драммавию фоҷиавӣ ва мазҳакавӣ ба нишони таҳсину офарин сидқан қарсак задем. Нақшҳои офаридаи ӯро дар 16 филм низ, ки хеле ҷолибу ҷаззобанд, тамошо кардем.
Қиёмиддин Чақал актёри моҳир, сухандони фозилу ҳозирҷавоби моҳир аст. «Чанги саҳнаро он қадар нафас кашидаву дар обу арақ шита гаштам, ки танҳо худам медонаму Худо»- бо лаҳни ширину гуворо мегӯяд Қиёмиддин. Мо бошем, медонем, ки байни санъаткорони тоҷик танҳо ӯ дар саҳна ҳангоми иҷрои нақши асосӣ ба сактаи дил гирифтор шуд, ки то ҳол азияташ медиҳад.
Хушбахтона, дар саҳна шикасту рехтанҳо, меҳнату заҳмати сангину тоқатфарсо аз назари давлату Ҳукумати Тоҷикистон дур намонданд. Сарфароз шудан ба унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, баъдан Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон эътирофу эҳтироми ҳамаи ин заҳматҳост.
Устод Қиёмиддин Чақал аз тақдиру роҳи паймудааш сад дар сад розӣ аст. Дар баробари соҳиби обрӯю эътибори калон гаштан ҳамаи фарзандонашро дорои маълумоти олӣ гардонида ба ҳаёти мустақилона гусел намудааст. Чи тавре худи ӯ мегӯяд, ҳини пирӣ дар шафати роҳи мошингарди Душанбе-Роғун боғ бунёд намуда ба макони дӯстдоштааш табдил додааст. Пас, метавон баҳо дод, ки ӯ дар ҳақиқат марди накуст ва дар назди имону виҷдонаш дигар ҷавобгӯ нест, чаро ки баробари ҳамаи дигар заҳматҳояш барои халқу миллат аз уҳдаи се шарти асосии накукорӣ — фарзанди солеҳ доштан, хона сохтан ва боғ бунёд кардан низ бо сарбаландӣ баромад.
Қиёмиддин Чақал Файзободу мардуми онро ғамхору дилсӯз, меҳрубону фарҳангдӯст дарёфт, ки натавонист лаҳзае ҳам аз онҳо дур бошаду дар ғаму шодиашон шарик нагардад, аз муваффақияту дастовардҳои меҳнатиашон болида ифтихор нанамояд. Ҳамин буд, ки ӯ 42 сол ҳар рӯз аз Файзобод ба Душанбе ба кор мерафту меомад ва мудом шукри зодгоҳ, фарзандони фарзонааш ва мардуми ҳимматбаландаш мекард. Маҳз бо ташаббуси ӯ театри халқии ноҳия ба филиали театри академикӣ табдил дода шуда намоишномаҳои нав ба нав рӯи саҳна омаданд. Бо шарофати ӯ театри халқии ноҳия дар чандин озмунҳо дастболо гашта санъаткоронаш дар фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ шарафёб гардиданд. Мавриди зикр медонем, ки ӯ ба сифати коргардон дар театри халқии Файзобод 14 намоишномаро ба саҳна гузошт.
Мо, муалифони ин сатрҳо, яке дӯсту бародар, дигаре шогирди ҳақбини Қиёмиддин бо чунин ошнои беғараз ва устоди сахтгиру дар навбати худ ҳалиму мушфиқу ғамхор мефахрему меболем.
Унвонҳо, кору пайкор, зиндагии шоиставу ибратомӯз, ҳунари волою барҷаста ба устоди азизу арҷманд Қиёмиддин Чақалови 75-сола ҳалол бод!
Ҷӯрабек Муъмин, Корманди
шоистаи Тоҷикистон.
Ҳабибуллои Мирзошариф, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: 75 сол, Файзобод, саҳнаи театр, театри Файзобод, театри тоҷик, Қиёмиддин Чақалзода, Қиёмиддин Чақалов, ҳаҷв, ҳунарманд |












Добавить комментарий