Дар миёни ҳама гуна масоили печида ва мубрам, ки дар зиндагии худу наздикону дигарон вомехурам, чанд чизе ҳаст, ки дарку таҳаммулаш душвортар аст. Шояд ба назари ман ҳамин гуна метобад. Маро ҳамон гунае, ки бехонагии касе нороҳат мекунад, ба ҳамон ҳад (ва шояд бештар аз он!) девори миёни ҳавлии падарии ду фарзанди ҳамхун ҳам нигарон месозад. Тасаввур кунед, бобову бобокалонҳои мо ва аксаран падарону амакҳои мо бо ҳама бесаводиву камсаводии худ (шояд аз нигоҳи муосирон!) тавонистанд то охири умр дар ҳавлиҳое зиндагӣ кунанд, ки ҳатто перомунаш девор надошт. Аз як дег хурок хӯрданд, нону фатирашонро дар як танӯр бастанд….Вале имрӯзиён, ки даъвои босаводиву ҷаҳондидагӣ мекунанд, арзиши мошинашон шояд дар маҷмӯъ баробари тамоми дороӣ ва доштаҳои бобову бобокалонҳояшон бошад, имрӯз наметавонанд, ки дар ҳамон ҳавлӣ ҷо бигиранд….
Саду як баҳонаи дигари омода ҳам доранд: кӯдакон рост намегиранд, занҳоямон қаҳрӣ буданд, дар хонаи онҳо ягон кас кор кардан намехоҳад, бародарам шароб менӯшад, ман ҳиссаи худамро аз ҳавлии падарам гирифтам, сад сол ҳам ки якҷоя бошем, бояд ҳар кас хонаи дари худро дошта бошад, дар вақташ онҳо моро ғаму азоб дода буданд, фарзандҳо калон шуданд, талаботашон дигар шуд……ва боз саду як баҳонаву далелу дурусту нодурусти дигар…
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: замин, лоиҳаи хона, меҳморон, сохтмон, тақсимоти замин, қишлоқ, ҳавлӣ, ҷанҷоли ҳамсояҳо | Leave a comment »










