Хона (ҳикоя)

Ҳамон офтобе, ки ҳар саҳар нурашро аз роҳи тирезаҳои плостикии шишадору пардадори соҳибони манзили рӯ ба машриқ ба рӯйи онҳову рӯйи рахти хоби сафеду мулоими онҳо мерехт, аз пушт ҳамон чодари арӯсии модари ин ҷавонро, ки дар шаҳр акнун ҳам нақши шишаро иҷро мекунаду ҳам вазифаи пардаро, гӯё фақат ламс мекард. Нури офтоб аз як-ду роғи ин чодар-тиреза ворид шудаву гӯё аз оғози боз як рӯзи нав барои соҳибхона, ки мисли дигарон рахти хоби сафеду мулоим надошт, хабар медод.

Читать далее →

Тазод (10)

Дар миёни ҳама гуна масоили печида ва мубрам, ки дар зиндагии худу наздикону дигарон вомехурам,  чанд чизе ҳаст, ки дарку таҳаммулаш душвортар аст. Шояд ба назари ман ҳамин гуна метобад. Маро ҳамон гунае, ки бехонагии касе нороҳат мекунад, ба ҳамон ҳад (ва шояд бештар аз он!) девори миёни ҳавлии падарии ду фарзанди ҳамхун ҳам нигарон месозад. Тасаввур кунед, бобову бобокалонҳои мо ва аксаран падарону амакҳои мо бо ҳама бесаводиву камсаводии худ (шояд аз нигоҳи муосирон!) тавонистанд то охири умр дар ҳавлиҳое зиндагӣ кунанд, ки ҳатто перомунаш девор надошт. Аз як дег хурок хӯрданд, нону фатирашонро дар як танӯр бастанд….Вале имрӯзиён, ки даъвои босаводиву ҷаҳондидагӣ мекунанд, арзиши мошинашон шояд дар маҷмӯъ баробари тамоми дороӣ ва доштаҳои бобову бобокалонҳояшон бошад, имрӯз наметавонанд, ки дар ҳамон ҳавлӣ ҷо бигиранд….
Саду як баҳонаи дигари омода ҳам доранд: кӯдакон рост намегиранд, занҳоямон қаҳрӣ буданд, дар хонаи онҳо ягон кас кор кардан намехоҳад, бародарам шароб менӯшад, ман ҳиссаи худамро аз ҳавлии падарам гирифтам, сад сол ҳам ки якҷоя бошем, бояд ҳар кас хонаи дари худро дошта бошад, дар вақташ онҳо моро ғаму азоб дода буданд, фарзандҳо калон шуданд, талаботашон дигар шуд……ва боз саду як баҳонаву далелу дурусту нодурусти дигар…

Читать далее →

Тазод (3)

Ҳамааш аз як хабар сар шуд, ки Тоҷикистон дар соле, ки рафт, ба хориҷи кишвар 1,5 миллион тонна семент содир кардааст. Ин хабар ҳамон фикри куҳнаро боз ба  сарам овард, ки «чаро  сементи кофӣ дошта бошем, арматураву обу сангу хоку қуму шағал аз худамон бошаду нархи хонаҳо дар сохтмонҳои наве, ки дар авҷ аст, паст намешавад?!»  Баъд ман мисли он ки ҳамеша дар барномаи саҳарии “Субҳи Ватан” ҳаст, хостам аз мардум назару андешаи онҳоро пурсам. Ва пурсидам. Пурсиш ин гуна буд, ки “Ба назари шумо кадом омил ё сабабҳои субъектививу объективӣ ба гаронии нархи манзилҳои истиқоматӣ оварда расонидааст? Чаро нархи хонаҳо дар баландошёнаҳои навсохт поин намеравад?” Мардум (шунавандаҳои радио) ба ин савол чӣ гуна ҷавоб гуфтанд, мо поинтар хоҳем гуфт…Аммо… Читать далее →

21 феврали соли 2011

     Дируз хамсарам дар мавриди ким – кадом зане гуфт, ки бо у дар дармонгохи дахонпизишкии кудакона сухбат кардааст. Он зан ба хамсари ман гуфтааст, ки «мо барои тахсили ду кудакамон, ки яке 5 солаву дигаре чанд сол аз у калонтар аст, солона 22,5 хазор доллар пардохт мекунем…»

У бовар кардааст…(Шояд рост бошад, аммо ман бовар накардам!) Мегуфт, ки «вазифаи баланд ва пули бисёр доштан хуб аст, мошинаи киммати чомашуи мехари, хавли мехари, чанд хона мехариву ба ичора медихи, либосу пушоку зиёд мехари». Баъди он, ки орзухояшро шунидам, гуфтам, ки «бо ин орзу ва ниятхое, ки ту дори, хаёлам вакти мансабдор буданам хам ман аз порагири мемирам, ки баъд барои хамаи он пул расад!!!»

Ин навбат дар мавриди сарояндахои «депутатзеб», киссаи момаи Иззатмо, радиохо барои ба ёд овардани замони гузашта, «чаррохии плостики» дар телевизионхо, сохтмон ва пешпардохт, манъкуниву   ичозатдихихо, гуногунрангии зоологи ва рузи Забони Модари навиштам. Читать далее →

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти