Тазод (10)

Дар миёни ҳама гуна масоили печида ва мубрам, ки дар зиндагии худу наздикону дигарон вомехурам,  чанд чизе ҳаст, ки дарку таҳаммулаш душвортар аст. Шояд ба назари ман ҳамин гуна метобад. Маро ҳамон гунае, ки бехонагии касе нороҳат мекунад, ба ҳамон ҳад (ва шояд бештар аз он!) девори миёни ҳавлии падарии ду фарзанди ҳамхун ҳам нигарон месозад. Тасаввур кунед, бобову бобокалонҳои мо ва аксаран падарону амакҳои мо бо ҳама бесаводиву камсаводии худ (шояд аз нигоҳи муосирон!) тавонистанд то охири умр дар ҳавлиҳое зиндагӣ кунанд, ки ҳатто перомунаш девор надошт. Аз як дег хурок хӯрданд, нону фатирашонро дар як танӯр бастанд….Вале имрӯзиён, ки даъвои босаводиву ҷаҳондидагӣ мекунанд, арзиши мошинашон шояд дар маҷмӯъ баробари тамоми дороӣ ва доштаҳои бобову бобокалонҳояшон бошад, имрӯз наметавонанд, ки дар ҳамон ҳавлӣ ҷо бигиранд….
Саду як баҳонаи дигари омода ҳам доранд: кӯдакон рост намегиранд, занҳоямон қаҳрӣ буданд, дар хонаи онҳо ягон кас кор кардан намехоҳад, бародарам шароб менӯшад, ман ҳиссаи худамро аз ҳавлии падарам гирифтам, сад сол ҳам ки якҷоя бошем, бояд ҳар кас хонаи дари худро дошта бошад, дар вақташ онҳо моро ғаму азоб дода буданд, фарзандҳо калон шуданд, талаботашон дигар шуд……ва боз саду як баҳонаву далелу дурусту нодурусти дигар…

Хавфи ҳамин одату тасмиму амал ба назари инҷониб ҳамин аст, ки аксарити кулли ҳамин гурӯҳи фарзандон дигар дар идома имкону донишу фаҳми зиндагии муштарак, ҳамсоядорӣ, кӯмаки ҳамдигарӣ ва зиндагонии хушу шоистаро надоранд. Онҳо ҳам ба ҳамин гуна бадбинӣ, ҷанҷолкобӣ, дағалӣ бо ҳамсоя, қаҳригиву бадкунии ҳамдигарӣ одат мекунанд. Шумо ҳам тасаввур кардед, ки то пайдо шудани девор миёни ҳавлии падарии ду бародар онҳо ва ҳамсарони онҳо (боз ҳам агар бесаводу кутоҳандеш бошанд!) чӣ қадар дар шоҳидии фарзандон он ҷонибро сиёҳ карданду туҳмату дашном додаанду таҳқир карданд. Ин ҳатман ба зеҳну руҳия ва равони он фарзандон бетаъсир намемонад.

Мушоҳида мекунам, ки мо фарзандонро аксаран ба тарзи зиндагии муосир, ба дарки мушкили ҳамсоя, ба қадру манзалати ҳамсоя аз нигоҳи Ислом, ба савобу уболи ҳамсоядорӣ ва мисли инҳо ошно намекунем, насиҳат намекунем ва ин чизҳоро барояшон намеомӯзонем. Шояд барои он аст, ки худамон аксаран ҳамин чиро намедонем, ба худамон ҳам дар вақташ ҳамин чиро наомӯхтаанд, нагуфтаанд, худамон фарзандонро дар шароите бузург кардем, ки ҳар рӯз бо ҳамсояҳо ҷангу ҷанҷол доштему бадбинӣ…. Акнун, ки мардумони манотиқи мухталиф дар маҳаллаҳои навбунёду навобод ҳамсоя мешаванд, ин мавзуъ печидатар ва мушкилтар мегардад.

Сабаби дигари ҷанҷолу мушкили печидаи ҳамсояҳо бо айби заминсозону меъморони шаҳру навоҳӣ ва деҳот аст, ки тақсимоти заминҳои наздиҳавлигиро аксаран хеле бесаводонаву нодурусту бе фикр анҷом медиҳанд. Ҷинояти дигарро (инро дигар хел гуфта натавонистам!) ҳамонҳое содир мекунанд, ки барои иҷозати сохтмон масъуланд ва дар ҳуҷҷатҳои зарурии нақшаи хонаҳои мардум (агар он бошад!) имзо мегузоранд. Аксарияти кулли онҳо на ҳамон ҷойи сохтмонро мебинанд, на фикри ҳамсояро ба инобат мегиранд, на нақшаи сохтмонро таҳлил кардаву масофаро миёни хонаҳо ба назар мегиранд ва на ба масъалаҳои хоку замину заминларзаву селроҳаву обҳои зеризаминӣ таваҷҷӯҳ мекунанд. Ба ягон чи қариб, ки аҳамаият намедиҳанд. Баъди ана ҳамин фориғболӣ миёни ҳамсояҳо ҷангу нофаҳмӣ, бадбинӣ, барқасдкорӣ ва ғайра сар мешавад: обат бояд ба ҳавлии ман нагузарад, барфу борон бояд дар хонаи худат резад, ин деворро ту бояд созӣ ё ин деворро ман сохтам ва ту ба он тамоман нарас, тирезаҳои хонаи ту бояд ҷониби ҳавлии ман кушода нашаванд, ман намехоҳам, ки оби борону барф аз ҳавлии ҳамсоя тариқи ҳавлии ман барояд, ҷӯйбор бояд аз пеши дари ту (ё пеши дари ман!) бошад, роҳи гузар бояд аз ин ё онҷо бошад, чаро роҳи мошингузарро ҳамсояи дигар ба ҳавлии худ илова кардааст, роҳи кучаи мо  сарбаста аст …Ин дар ҳоле аст, ки дар нақшаи ҳамон маҳал комилан (!) ҳама чиз бояд бошад, ишора шавад, гузошта шавад, маълум бошад, мушаххас бошад ва ягон хел нофаҳмиву баҳсҳо бояд набошад. Ба балои ҳамаи ин мардуми деҳоти навбунёд (ва куҳнабунёд ҳам!) аксаран на партовгоҳ доранд, на майдони холӣ барои машқу тамрин ва на ҷойи бунгоҳу инфрасохтори дигари зарурӣ. Бо айби ким кадом нафари бемасъулият ҳамсояҳо (агар ҷавону бетаҷрибаву камсаводанд!) баъзан то охири умр бо ҳам ҷангу ҷанҷол мекунанд, партовҳои мухталифро ба лаби дарёву ким кадом ҷойи дигари номуайян мепартоянд, бо ҳам занозанӣ мекунанд ва ҳатто ҷиноятҳои вазнинро содир месозанд.

Маро ҳамеша ҳамин чиз ҳайрон мекунад, ки вақти тақсимоти замин чаро ҳамин нуктаҳоеро, ки мо бе доштани маълумоти сохтмонӣ ҳам дар борааш медонем, масъулон ба назар нагирифтаанд, чаро идораҳои масъули замину пешгирӣ аз сухтору меъмориву дигару дигар тарҳу нақшаи хонаву ҳавлиҳоро надида барояшон иҷозати сохтмон додааст, ё чаро назорат нашудааст, ки мардум бо иҷозат ва аз рӯйи нақша сохтмон карда истодааст?

Дар ҳамин ҷо ман мехостам, каме дар мавриди тартиби нисбатан дурусти сохтмони ҳавливу хонаҳо бинависам. Шояд барои касе шавқовар бошаду ба манфиат:

  • Аввалтар аз ҳама вақте ки шумо “замин харидед” (мардум аксаран ҳамин гуна байён мекунанд ку!) аввалтар аз ҳама ба ҳуҷҷатҳои он аҳамият диҳед. Аз нафароне, ки медонанд замину ҳавлӣ бояд чӣ гуна ҳуҷҷат дошта бошад, ҳатман пурсед, ки он ҳуҷҷатҳоро кӣ медиҳад, қарор чӣ шаклу намуд дорад, кӣ содир мекунад онро, сертификат чӣ аст, кӣ медиҳад онро, барои чанд муддат аст? Бинед, ки он замин обӣ аст ё лалмӣ, ба кадом гурӯҳи заминҳо ворид мешавад, чанд вақт аст муҳлати сохтмон, пештар аз шумо ба кӣ тааллуқ дошт, оё он мавриди баҳсу ҷанҷол нест, шумо онҷо чӣ сохта метавонед?
  • Баъдтар бо ширкати заминсозу меъмор ва ҳатман ҳамсояҳои дигар, албатта бо назардошти ҳуҷҷатҳои расмӣ, ки дар парвандаи замин омадааст, сарҳади ҳавлиро барои худатону ҳамсояҳо мушаххас кунед, роҳи мошину одамрав, партовгоҳ, обпартои техникӣ, роҳҳои обгузар ва мисли инро баррасӣ кунеду мушаххас созед. Агар дар ҳамин сӯҳбат занҳо ва фарзандони калонсоли шумо ҳам бошанд, боз ҳам хубтар мешавад.
  • Баъд бо ҳамсояҳо ва тавсияи заминсозу меъмор дар бораи деворҳои гирди ҳавлӣ фикр кунед. Шарм надошта пурсед, ки кадом девор аз кӣ дониста мешавад, кӣ бояд деворро созад ё агар дастаҷамъона сохтаниед, кӣ чӣ гуна ӯҳдадорӣ бояд дошта бошад ва дар идома ҳамин девори муштарак бо кадом мақсад кор фармуда мешавад ва бо кадом мақсад не?
  • Баъд нақшаҳои ҳавлии худро ба ҳамдигар нишон диҳед, ки шумо дар он ҳавлӣ аз кадом кунҷ ва чӣ гуна чӣ иншоот сохтаниед? Масъуле ки ҳамроҳи шумо аст, бояд аз нигоҳи меъморӣ, талабот барои хонасозӣ ва мисли ин фаҳмонад, ки шумо ҳамин корро анҷом дода метавонед ё не?
  • Ҳатман ҷойи ҷойгиршавии оғилу халоҷову ошхонаву каҳдони худро нишон диҳед. Ҳамин иншоот аксаран мавриди баҳсанд ва ҳам аз нигоҳи тиббиву санитарӣ шумо барои мисол дар пушти деворе, ки ҳамсояатон халоҷо сохтааст, бояд ошхонаву анбори маҳсулоти хурокаро насозед. Барои ин масофаи муайян, шарту талаботи махсусе ҳаст, ки бояд риоя шавад.
  • Ҷойи обпарто, обрав, селпаро, навшораву роҳи берун рафтани оби барфу боронро дар рӯзҳои аввали сохтмон мушаххас кунед.
  • Масофа аз хонаи шумо (иншооти шумо!) то хонаи хамсоя бо назардошти талаботи зиддисухторӣ лоақал 5 метр (ва бештар аз ин!) бояд дур бошад.
  • Оғилу мурғхонаву ҷойҳои дигари ба ин монанд бояд дар паҳлуи хонаи асосии ҳамсоя набошад, ки дар идома он ҳатман сабаби ҷангу ҷанҷол мешавад.
  • Масофа аз халоҷову обхонаи шумо то чоҳе, ки шумо ва ё ҳамсоя дорад, бояд 8-9 метр бошад. Ин барои он аст, ки оби нӯшокии шумо ва ҳамсоятон тоза бошад ва бо ифлосии халоҷо омехта нашавад!
  • Шумо ҳатман дар бораи талабот вобаста ба баландии хонаву, чуқурӣ барои таҳкурсӣ, баландии таҳхона (подвал), барҷастагии бомпӯш, ки ба ҳавлии ҳавлии ҳамсоя наздик мешавад ва мисли ин маълумот дошта бошед. Маълумоти шумо бояд ҳам аз нуктаи назари талаботи сохтмонӣ бошад ва ҳам аз нуктаи назари андозу пардохтҳои дигаре, ки шумо дар идома барои ҳавливу болохонаву таҳхона (ва шояд истифодаи он бо мақсадҳои тиҷоратӣ) хоҳед дошт.
  • Агар дар ҳамсоягии шумо иншооти дигаре ҳаст, ки масофа то он то 1 метр аст, кушиш бояд кард, ки оби борону сел ва барф аз боми онҳо ба бехи он иншооти ҳамсоя нарезад. (Аксаран ҳамсояҳо ки ҳавлиро бо таҳкурсиҳои тайёр мехаранд, дигар онро намекананд ва боиси баҳсу ҷанҷоли ҳамдигарӣ мешаванд)
  •  Пештар аз оғози корҳои сохтмонӣ, агар хоҳед, ки гапу хабар камтар бошаду шумо барои ҳамсояҳо намунаи ибрат бошед, ҳисобкунаки барқӣ харида онро ба қайд бигиред ва дар як кунҷи ҳавлиатон насб кунед. Кӯшиш кунед, ки дар тамоми раванди корҳои сохтмонӣ шумо барқро қонунӣ истифода баред. Он вақт на нозири барқ эрод мегирад ва на раиси маҳаллаву ҳамсояҳои дигар.
  • Бубинед, ки ҳавлии шумо (ё ҳамон ҷойе, ки шумо харидаед!) дар таги симҳои барқии баландшиддат, дар лаби ҷариву ғор, дар баландие, ки аз рӯйи талаботи сохтмонӣ онҷо сохтани иншоот тавсия дода нашудааст, дар роҳи селгузар, замини шивару хатарнок ва мисли ин набошад. (Гап байни худамон, ин нуктаро таври ки ман мушоҳида мекунам, ҳоло ба мардуми бечораи оддӣ на заминсоз мегӯяд на меъмору на намояндаи мақомоти дигаре)
  •  Пештар аз оғози сохтмон ҳатман пурсед, ки шумо бо хишти лойии хом хонаву иншоот сохта метавонед ё не? То ҷойе, ки ман огоҳам ба қарибӣ дар хонасозӣ истифодаи хиштҳои лойиро, ки бе риояи талаботи сохтмонӣ рехта мешаванд, дар ҳама ҷойи кишвари мо манъ карданд.
  • Ҳатман кӯшиш кунед, ки дар ҳавлӣ ва хонаи шумо айнан ҳамон иншооте бошад, ки дар нақша ҳаст ва иҷозати онро доред. Худсарона сохтану ҳавлии дар ҳуҷҷат яклухтро ба чанд кас тақсим кардану аз ҳисоби заминҳои атроф ба ҳавлӣ илова кардану роҳҳои мошину одамравро забт кардану танг кардан ғайриқонунӣ аст ва оқибати хуб надорад.

Риояи ҳамаи ҳамин талабот (ҳарчанд ба назар мушкил ва ҳатто қариб, ки иҷронашаванда метобад!) имконпазир аст ва дар идома метавонад ба ҳама гуна баҳсу ҷанҷолҳо нуқта гузорад. Мардум ҳатман бояд дарк кунад, ки ӯ мисли он, ки дар қиссаву афсонаҳо ҳаст, 300 ва 600 сол умр намебинад ва ҷангу баҳсҳо бо ҳамсояҳо сифати зиндагиашро коҳиш медиҳад, боиси хароби рӯҳӣ ва равонии ӯ ва фарзандонаш мешавад ва метавонад ҳатто умрашро кӯтоҳтар кунад. Гузаштагони мо ҳам беҳуда нагуфтаанд, ки “хона не, ҳамсояи хуб бихар” , “ҳамсояи наздик —  беҳтар аз хеши дур” ё “ҳаққи ҳамсояи ба ҳаққи Худо баробар аст”…

Дар дини Ислом ҳам дар мавриди дараҷаи ҳамсоядории шоиста, савоб барои кӯмак ва дастгирии ҳамсояҳо ва мисли ин зиёд оварда шудааст. Мушкил ҳамин аст, ки аксаран дар ҳоли шунидану шояд хондани ҳамин чиз ҳам онро риоя намекунанд, ки ҳамин далел байёнгари фаҳмишу дониши сар-сарӣ, амиқан дарк накардани маънии хондаҳо ва шунидаҳо ва як набудани дилу забон аст. Чанд намунаи он:

  • Дар ҳадиси шариф, ки аз ҳазрати Оиша (р) ривоят шудааст, Паёмбар (с) мефармояд: «Ҳамвора Ҷабраил (а) маро дар бораи ҳамсоя ва ҳақҳои он таъкид ва тавсия мекард, то ҳадде ки ман фикр мекардам, шояд онро ворис қарор медиҳад, яъне ҳамсояро ба ҳамсоя ворис мегардонад».
  • Расулуллоҳ (с) фармуданд, «ҳар кас орзу дошта бошад, ки муҳаббати Аллоҳ ва Паёмбари ӯро дарёбад, насибаш гардад  ва  ё ин ки Аллоҳ ва Пайғамбар (с) ба ӯ муҳаббат намоянд, ба ин се амр аҳамияти хоса диҳад: аввал он ки дар вақти сухан гуфтан рост бигӯяд. Дуввум, амонате ба ӯ супорида шавад, онро хиёнат накунад. Саввум, бо ҳамсояҳои худ ба хубӣ рафтор намояд», яъне дар муносибат бо ҳамсояи худ содиқ бошад». Дар бархе аз ривоятҳои дигар дар бораи ҳамсоядорӣ иҷрои ҳуқуқҳои он аз ҷумлаи комил будани имон маҳсуб мешавад ва ҳатто таъкид мегардад, ки шахсе агар риояи ҳаққи ҳамсоягӣ надошта бошад, дар имон ва мусалмонии ӯ халале дида мешавад. Тавре Абу Ҳурайра (р) мефармояд, Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Ба Худо қасам, имон надорад, ба Худо қасам, имон надорад, ба Худо қасам, имон надорад». Саҳобаи киром, ки дар гирди ӯ нишаста буданд, пурсиданд, ки эй Расули Худо (с), кӣ имон надорад? Расулуллоҳ (с) дар посухи онҳо гуфт: касе, ки ҳамсояи ӯ аз бадиҳо ва хиёнатҳои ӯ дар амон набошад».
  • Ҳазрати Анас (р) дар ривояте мегӯяд, ки Расулуллоҳ (с) фармуда: «Ба биҳишт дохил намешавад касе, ки ҳамсояаш аз ӯ дар амон набошад». Яъне касе, ки дар муносибати ҳамсоядорӣ баробарӣ ва бародариро вайрон менамояд, дохили ҷаннат намешавад.
  • Аз Муовия (р) ривоят аст, ки Расули акрам (с) фармуданд: «Ҳаққи ҳамсоя бар ту ин аст, ки агар бемор шавад, ӯро зиёрат намо ва агар вафот кунад, дар маросими дафни ӯ иштирок бикун ва агар аз ту қарз бихоҳад, то қадри имкон дасташро бигир ва агар кори баде анҷом диҳад, ӯро насиҳат бикун. Инчунин агар ӯро неъмате расад, табрику таҳнияташ бигӯ ва агар мусибате расад, таъзият ва тасаллӣ бидеҳ ва сохтмони хонаатро чандон боло набар, ки ба хонаи онҳо ҳаво нарасад ва ҳар гоҳ дар хонаат ғизои хубу болаззате пухтӣ, кӯшиш кун, то бӯи он ба хонаи ҳамсоя нарасад, то аз он азият ва иштиҳои таоме, ки дар хонаи онҳо нест, иштиҳо пайдо гардад, дар ҳоле ки қодири дастрасӣ ба онро надоранд. Ё худ ҳангоми пухтани чунин як ғизои зебову болаззат дар зарфе ба ҳамсоя ҳам бидеҳ».

Кори муҳимро инҷо волидону баробарону хоҳарони калонӣ бояд анҷом диҳанд. Яъне, онҳо аввалтар аз ҳама кӯшиш кунанд, ки фарзандони падару фарзанди худашон босавобу бомаърифат, китобхон, масъулиятшинос ва инсондӯст шаванд. Он вақт ҳатман бо ҷудо шудану ба макони нав рафтан намунаи ибрат мешаванд ва дастгири ҳамсояҳо мегарданд. Вагарна мушоҳида мешавад, ки фарзандон аз оилаҳои нокомил, аз китобу мактабу маорифу инсондӯстӣ дур, моил ба ҷинояту қоидавайронкунӣ (дар ҳоле, ки ҳатто ба фарзанди падари худ раҳму шафқат ва меҳрубонӣ надорад!) зиндагии на фақат ҳамсояҳои наздиктарин, балки тамоми деҳаву маҳаллаҳои куҳна ва ҳам навбунёдро бесифату мушкилу пурдарду печида ва камнур мекунанд…

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти