Ҳоло фақат ба назари шумо метобад, ки бекорӣ як бало аст. Дар коргоҳҳо ҳолатҳое ҳаст, ки сад бор ҷиддитар, нохубтар ва бадтар аз ҳар балои дигар аст. Одати дуздӣ доштани кормандон аз тамоми балоҳо дида нохубтару нохостанӣ аст.
Мисли он, ки дар хона дузди худиро пайдо кардан душвор аст, дар коргоҳ ҳам, ки қариб ба як оила монанд аст, дар рӯйи ҷиноят дастгир кардани коргари дузд осон нест. Ҳарчанд, ки ин имконпазир аст. Ба ин маъно осон нест, ки роҳбари коргоҳ барои ин ё вақту фурсат надорад, ё онро зарур намешуморад ва ё бовар намекунад, ки касе аз ҷамъи кормандоне, ки худи ӯ ба кор қабул кардааст, ҳамин гуна “чапдаст” бошад. Ҳолатҳоро бузург будани коргоҳҳо, гардиши бештар доштани корхонаҳо, майдони васеъу анбору хоҷагиҳои ёрирасону идораву шуъбаву филиал ва корманди зиёд доштани идораву муассисот ва ширкатҳо печидатар ва мушкилтар мекунанд.
Чаро баъзе кормандон дузд мешаванд ва молу ашё ва пулу дороии коргоҳро кам-каму зиёд-зиёд мебаранд?
- Дуздӣ одати бади он корманд аст, бе ин ӯ дигар наметавонад;
- Дар коргоҳ барои корманд таҳрики дигар — мотиватсияи шоиста нест;
- Барои он, ки онҳо ҷойи кории худ, касби худ, вазифаи худ, коргоҳи худ ва ҳатто роҳбари худро дӯст намедоранд, эҳтиром намегузоранд, қадр намекунанд;
- Маош ва даромаде, ки корманд мегирад, барои рӯзгузаронии ӯ намерасад;
- Он корманд қаблан дар ҷойи пештараи кораш ҳам дуздӣ мекард ва ин аллакай барояш одат шудааст;
- Роҳбар ӯро танбеҳ додааст ва бо ҳамин роҳ корманд гӯё корхона ва роҳбари онро “ҷазо медиҳад” ва қасдашро гӯё ки мегирад;
- Роҳбар ба коргоҳ тамоман таваҷҷӯҳ надорад ва дигар ҳар кас дигар ҳар чизеро, ки таги чашм кард, дар фурсати муносиб мебарад, медуздад, мефурӯшад;
- Он корманд ба бозиҳои пулакӣ, қимор, ҷӯрабозиву нӯшонушӣ ва мисли ин рағбат дорад ва дуздиро аз коргоҳ манбаи иловагии даромад қарор додааст;
- Он корманд ҷавон асту дӯстдоштааш баднафсу пулпараст. Маоши он корманд барои гулу туҳфаву ресторану қазвахонаҳо намерасад ва ӯ ягона роҳи пули бедарди миён – роҳи дуздии молу ашёи коргоҳро пеш мегирад;
- Корманд аз бонк ё муассисоти дигаре чизе (мисли телефон, планшет, комп ё ашёи дигаре)-ро бо насия гирифтааст ва ҳар моҳ маҷбур аст сари вақт қисме аз он қарзро пӯшонад;
- Вобастагӣ аз касеву аз чизе (мисол, аз шароб, аз маводи муходира, аз шахси қарздор, аз бозиҳои пулакӣ, гараву шартгузорӣ ва ғ.) баъзе кормандро маҷбур месозад, ки аз корхона дуздӣ кунад;
- Назорати нокофӣ дар коргоҳ, ҳисобу китоби нодуруст, таваҷҷӯҳи кам ба молу ашёи коргоҳ, бепарвоӣ ва менеҷменти нодуруст боиси он мешавад, ки молу ашё, пул ва дороиҳои дигари он ширкату муассисаро баъзе кормандони беинсофу қаллоб бидузданд;
Чӣ гуна фаҳмидан мумкин аст, ки корманд ё кормандони алоҳида чизеро аз коргоҳ пайваста медузданд?
- Ревизия ва санҷиши молу ашё дар коргоҳ камбудӣ ва камомадро нишон медиҳад ва кормандон ҳамеша баҳонаҳои тайёр доранд ва касе мушаххас онро ба души худ намегирад;
- Шумо ҳис мекунед, ки идеяҳое, ки шумо доред, нақшаҳое, ки шумо амалӣ карданӣ ҳастед, дар коргоҳи рақибонатон амалӣ шуда истодаанд; Касе он ҳама иттилоъро аз коргоҳ берун мебарад. Айнан ҳамин гуна молу ашёи коргоҳ ҳам берун меравад;
- Касе аз кормандон гӯё барои коргоҳ кушиш мекунад, ки чизеро аз пули худаш, гӯё аз киссаи худаш бихарад; Ҳамкоронро ба зиёфат мебарад, ҳеҷ вакт аванс намепурсад, ба роҳбару ҳайати роҳбарӣ пайваста тӯҳфа меорад ва меҳрубонӣ мекунад;
- Корманд соҳиби мошин мешавад, пайваста мошини худро нав мекунад, хонаро соле якчанд бор таъмир мекунад, бо мизоҷони коргоҳ сӯҳбатҳои хосса, берун аз коргоҳ ва пинҳонӣ баргузор мекунад;
- Ба назди ин ё он корманди шумо шахсони ношинос зиёд меоянд, ӯ доим дар сумка ё папкаи худ варақу ҳуҷҷату қоғазҳои зиёде дорад, тариқи почта навис-нависи пинҳонӣ ва шубҳаовар мекунад;
- Вақте ки ба рухсатӣ меравад ва ё бемор ҳам ки шавад, намехоҳад, ки ҳама чизи коргоҳу утоқи кориашро расман ва дар шоҳидии як ду каси дигар ба корманди дигарашон супорад; Кӯшиш мекунад бо ҳар баҳона ин корро ба қафо партояд ва ё тамоман накунад;
- Ҳамон як ҳодиса, воқеъа ва рӯйдодро дар чанд мавриди нақл кардан бо чанд хеле намуду шакл нақл мекунад;
- Муҳимтарин қарорҳоро бе огоҳкунии роҳбарияти коргоҳ худаш қабул мекунад, аз номи коргоҳ дар музокирот ва гуфтушунидҳо пинҳонӣ ва бехабар ширкат мекунад ва бо рақибону шарикону мизоҷон созишномаҳои пинҳонӣ ва махфиро мебандаду ба имзо мерасонад;
- Он корманд хеле барвақт меояд ва ғайриинтизори роҳбарият тамоман дер аз коргоҳ мебарояд. Ӯ ҳатто рӯзҳои истироҳатӣ ҳам ба коргоҳ меояд. Ин дар ҳоле аст, ки касе ӯро барои ин кор ва ин реҷаи корӣ маҷбур накардааст; (инҷо ҳолати серкорӣ, кордӯстдории корманд ва масъулиятшинос будани ӯро бояд истисно кард!)
Вале бояд қайд кард, ки дар аксарияти дуздиҳои коргоҳи худи коргоҳ, роҳбарият, шахсони аз руйи мансаб болотари он коргоҳу ширкатҳо гунаҳкоранд. Чаро?
- Барои он, ки қитъаҳои кориро дуруст тақсим ва вобаста карда натавонистаанд;
- Назорати доимӣ ва пайвастаро аз болои корманд, шароити зисти ӯ, истироҳату фароғати ӯ, ҳама кунҷу канори коргоҳ ба роҳ монда натавонистаанд;
- Пештар аз ба кор гирфитан аз корманд ҳуҷҷатҳои заруриро талаб накардаанд, дар бораи ӯ маълумоти бештарро аз ҷойҳои пештараи кораш гирд наовардаанд;
- Баъди ошкор шудани дуздии як кас кормандони дигари ҳамон шӯъбаро ба ҷойҳои дигар, корҳои дигар ва ҳатто идораву филиалҳои дигар интиқол надодаанд. Як дузд рафт, вале усули дуздӣ, имкони дуздӣ, шарикони пештараи дуздӣ ва мисли инҳо боқӣ аст, мавҷуд аст… Ва дур нест, ки ҳолатҳо бо ширкати дигарон аз он занҷира идома ёбад;
- Кормандони дузд аввалтар аз ҳама ҳамон молу ашёеро медузданд, ки дар ҷойи нохуб ва номувофиқ гузошта шудааст, қулфу калид надорад, бе назорат мехобад, дар мувозинати коргоҳ нест, барои он як чанд идораву шахси алоҳида масъул аст;
Бо дуздони коргоҳӣ бо кадом роҳу усул бояд мубориза бурд?
- Бояд ҳатман, бегуфтугӯ, бе таъхир, бе дилсӯзӣ ва гузашткунӣ он кормандро, ки дуздиаш исбот шудааст, АЗ КОР РОНД;
- Пештар аз ба кор қабул кардан, санҷиши пурра баргузор кард, ҳолатҳоро дар миён гузошт, ҳамин гуна шарту шароитро дар шарномаи кориаш навишт, ишораҳоро аз ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ (мисли Кодекси маъмурӣ, кодекси ҷиноӣ ва мисли инҳо) дар шартномаи кориаш овард, бо ӯ рузи аввали кориаш сӯҳбат кард, фаҳмонд, огоҳ кард;
- Камераҳои назоратӣ, муҳофизон, кормандони идораи назорати тартибот ва идораи амнияти дохилии коргоҳро хеле фаъолу ҳушёр кард;
- Ҳисобу китоби комилан ҳама чизеро, ки дар коргоҳ ҳаст, хоҳ истифода мешаваду хоҳ не, бояд нигоҳ дошт ва пайваста мавҷудияти онҳоро бо руйхати тасдиқшуда муқоиса кард;
- Ҳар чизеро, ки корношоям аст ё аз мувозинат берун шудааст, бояд партофт. Ва мисли ин набояд дар утоқҳо, анборҳо ва ҳавлии идораву коргоҳ молу ашёи даркору нодаркорро нигоҳ дошт –куҳнаро бояд партофт ё фурухт ё ба касе дод, то бубаранд ва дуру дароз беназорат дар коргоҳ намонад;
- Бо коллективи корӣ бояд пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор кард, амалу ҳаракатҳои дурусту нодурусти кормандонро аз чанд нуқтаи назар-кодекси меҳнат, қоидаҳои дохилии коргоҳ, аз нигоҳи қонун, одамгарӣ ва дину ойин ба онҳо фаҳмонд;
- Барои дуздӣ дар коргоҳ имкон надиҳед – роҳбари меҳрубон бошед, назорат кунед, туҳфа карданро ба кормандон фаромӯш накунед, ба онҳо барои кори хубу шоиставу босифаташон изҳори сипос кунед, маошашонро бардоред, онҳоро бо ҳар роҳ ҳавасманд ва шавқманди корашон кунед;
- Роҳбари коргоҳ аввалтар аз ҳама худаш бояд шикастанафс, вафодор, боадолат, нексиришт ва дустдори коргоҳу ҷойи кораш бошад. Дар коргоҳе, ки шахсони аввалу калидӣ дузданд, аксарияти кормандон пайрави онҳо мешаванд ва онҷо дигар баракат намемонад;
Баъди ба даст афтонидани дузди дохили коргоҳ, бо ӯ чӣ кор бояд кард?
- Он корманди дузд ҳатман дар баёноташ, ки дар ҳуҷҷатҳои кориаш нигоҳ дошта мешавад, бояд дар бораи ин кирдораш пурра, бе дуруғ ва ошкор нависад; То ҳадди имкон тамоми ҳолату саҳнаҳои алоҳидаи ба он дуздиҳояш вобаста бударо ба ёд орад;
- Худи ҳолати дуздӣ (агар тасодуфан шоҳиди он шудед!), раванди пурсупоси корманд, навиштани байёнот, иқроршавии корманд ва назари шоҳидонро ба хотири иваз нашудани назари он корманди дузд, бояд ҳатман ба навор гирифт ва ҷое нигоҳ дошт;
- Баъдтар бояд фармони аз кор озодкунии ӯро содир кард;
- Ҳеҷ вақт набояд ӯро бахшиду гузашт карду ҷинояташро бе ҷазо монд, ҳатто агар ӯ наздиктарин нафари худатон ҳам бошад;
- Баъди ошкор шудани як ҳолати дуздӣ фавран тамоми утоқу коргоҳро бояд санҷиду руйхати молу ашёи коргоҳро тафтиш кард, масъулонро дар ҷараён гузошт ва ҳисоботи хаттии онҳоро талаб намуд;
- Агар ҳаҷми хисорот калон аст, дар мустақилона баргардонидани зарар ва молу ашё душворӣ мекашед ва боварӣ надоред, ки ин корро худатон метавонед анҷом бидиҳед, ҳатман ба мақомоти дахлдор муроҷиат кунед;
- Баъди мушаххас шудани як дузд ҳатман бояд кӯшиш кард, ки ҳаммаслакони ӯ, шарикони ӯро аз коргоҳ пайдо кард ва вобаста ба аъмолашон онҳоро ҳам ҷазо дод;
- Бояд ҳатман тамоми молу ашё ва муҳимоти дуздидаашро ба коргоҳ баргардонад. Агар онҳоро фурухтаасту шумо дертар огоҳ шудед, бигузор пули онҳоро бо нархи имрӯзаи бозории онҳо барқарор кунад;
- Муҳимтарин чиз дар самти дуздии кормандон — ин дуздии иттилоъ, далелу факту нақша аз коргоҳ аст, ки он ба коргоҳу ширкат хисороти бештаре меорад. Аз ин рӯ, дар коргоҳ пештар аз оғози кор бо корманд дар ҳамин мавзуъ созишнома бояд баст ва ошкор накардани асрори коргоҳ, надуздидани сирри корхона ва тиҷорату соҳибкориро бояд бо ӯ аз рӯзҳои аввал дар миён гузошт;
- Баъди аз кор пеш кардани он корманди дузд бо ҳар роҳ ва бо ҳар воситае, ки набошад, бояд ҷойи кори нав пайдо кардани он кормандро интизор шуду дар бораи дасти қалб доштани он корманд роҳбарияти он коргоҳи нав, шуъбаи кадрҳо ва ё муовинони роҳбарро огоҳ кард. Ин шояд варианти аз ҳама хуб набошад, вале барои пешгирии ҳолатҳои дуздии нав аз он корхона мусоидат мекунад;
Иловатан бо роҳу усулҳои дигар аз дуздии кормандон дар коргоҳ фаҳмидану онро пешгири кардан мумкин аст. Чанд намунаи онро шумо ҳам бихонед:
- Роҳбар, муовинони ӯ ва кормандони идораи муҳофиза ё амнияти дохилӣ пайваста бояд тамоми камераҳои назоратиро тамошо кунанд, сабтҳоро баргашта бинанд ва ҳар як амалу ҳаракати кормандони шубҳаоварро зери назорат бигиранд;
- Даромаду хароҷотро шахсан бояд назорат кард; Дурустии ҳуҷҷатҳои харид, чекҳо ва хизматрасониҳоро бояд баргашта санҷид;
- Касеро киро карда, барои харидории пинҳонии чизе аз коргоҳ ё гирифтани сирре ба коргоҳи худатон фиристед ва тамоми раванди “музокирот”-и шахси кирошударо бо кормандони дузду ва қаллобу фиребгар зери назорат бигиред;
- Агар дар хамон як ҷо баъди аз кор рондани корманди дузд ҳолатҳои дуздӣ такрор шудан бигиранд, пас системаи корӣ ва менеҷмент дар он коргоҳ нодуруст аст, аввалтар аз ҳама онро бояд иваз карду беҳтар намуд;
- Дар баъзе коргоҳҳо ҳатто аз кадом хокае кор мегирифтаанд, ки асосан онро пулис истифода мекардааст — хангоми дуздӣ аз ҳамёну ҷевонҳо он ба даст мешинаду рангаш дигар намеравад. Бо ин роҳ дуздро маълум кардан мумкин аст. Иловатан аз камераҳои пинҳонӣ, барномаҳои вижаи компютерӣ, насби сигнализатсияҳои махсус, санҷидани корманд ба воситаи полиграф ва мисли инҳо истифода мекардаанд;
Хулоса, ҳолатҳои дуздиҳои хурду бузург дар коргоҳ на фақат ба худи коргоҳ хисороти молиявӣ меорад, балки ба руҳияи ва равони кормандони дигар таъсири бад мерасонад, сифати кор ва обу рӯйи коргоҳро поин мебарад, маҳсулнокии корро паст мекунад, рақобатпазирии коргоҳу ширкатро заиф месозад, шумори мизоҷонро ба маротиб кам мекунад, даромадро коҳиш медиҳад ва ба коргоҳу ширкати шумо омадани муттахасисони босаводу донишманду ҳунармандро зери шубҳаву суол мебарад. Хулосаи дуюм ва муҳимтар аз хулосаи якуми мо ҳамин аст, ки корманди дуздро баъди исботи гуноҳаш фавран аз кор озод кунед. Ӯ шояд ислоҳ намешавад, ба ӯ ин ҳолат шояд дарс намешавад, ӯ ҳатман ин корашро боз такрор мекунад, пинҳон кардани ин ҳолат ва гузашт кардан аз гуноҳи ӯ дар аксарияти маврид натиҷаи дилхоҳ намедиҳад.
Дар қабули кормандон ба ҷуз санадҳои ҳуқуқӣ роҳбарону муовинон ва кормандони идораи кадрҳо иловатан боз баъзе илму дониш ва таҷрибаҳои равоншиносӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, ҷамъиятӣ ва ҳатто диннӣ бояд дошта бошанд. Шарт аст, ки корманд дар баробари диплом доштан, ҳунар доштан ва супоришҳоро иҷро кардан, боз одобу ахлоқи шоставу ҳамида ва рафтори мардонаву масъулиятшиносӣ, садоқат, вафо, дасту дили пок ва имони комил дошта бошад. Инҳо дар аксарияти маврид ҳатто авлотар, бартар ва пештар аз дипломдориву ҳунардорӣ аст….
PS: дар таҳияи маводи мазкур ба ҷуз хулосаву таҷрибаҳои инфиродӣ аз назару хулосаи роҳбарони ширкатҳои русӣ ва коршиносони дигар низ истифода кардам.

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: дуздҳои коргоҳӣ, коргоҳ |












Добавить комментарий