Ҳоло, ки як навореро дидам, ин мавзӯъ ба ёдам расид ва аввалтар аз ҳама нишони сомонаеро, ки онҷо навишта шуда буд, санҷидам. Маълум шуд, ки он сомонаи расмии нафаре ки дар он навор буд, яъне соҳиби он канали ютубӣ нест. Ва ҳам барои худ баргашта маълум кардам, ки ҳоло на фақат мардуми одӣ, балки баъзе чеҳраҳои воҳимаи ютубу инстаграму фейсбук ва ҳатто ҳамонҳое, ки моро маҷбур мекунанд, ки онҳоро чун як одами фарҳангиву босаводу блогери муваффақ қабул кунем, сайтро аз почта ва саҳифаи иҷтимоиро аз сомонаи расмӣ фарқ намекунанд…
Як вақт ба радио як сарояндаи он замон машҳур омад ва дар бораи пахши сурудҳояш сӯҳбат кард. Ман ҳам гуфтам, ки айби шумо аст, ки таронаҳои худро баъди сабташон, бо сифати хубтар ба радио намеоред. Ва ҳам ишора кардам, ки барои мисол, ман ҳеҷ вақт аз пушти кадом таронаи нав ва аз пушти кадом сароянда намегардам, ки суруду таронаашро барои мо пешниҳод кунад. Суруди нав – ин ҳанӯз таронаи пурмазмун, матни дорои маънии баланд ва оҳанги фавқулода нест. Нав метавонад, ки як чизи бемаъниву камарзише бошад, ки баъди як ҳафта дигар касе онро на гӯш кунад ва на дархост намояд. Ва ба он сароянда гуфтам, ки агар фурсаташ маҳдуд аст, метавонад таронаҳои худро ба воситаи почта (ки он вақт хеле серистифода буд) ба мо равон кунад. Ғайриинтизори ман ӯ гуфт, ки беҳтараш худаш меорад, зеро “ин почтае, ки мо ҳоло дорем, сурудҳои маро чум дар ду моҳ то радио меоранд….?!”. Ман албатта бо назардошти он ки, “изои муъмин ҳаром аст”, ӯро ислоҳ накардам ва ҳам медонам, ки ин ҳам варианти аз ҳама дуруст нест…
Воқеан ҳам, дур будан аз китобу саводу илму донишҳои дигар ҳоло сари ҳар қадам ҷеҳраи аслии як шахси шуҳратталабро мекушояд, баъди ҳар сухану навору суҳбат мардум (агар боҳушу доно аст) аз сатҳи саводу дониши як ё якчанд касе, ки наворашро диданд, огоҳии бештар пайдо мекунанд. (Барои мисол, ман бо дидани сӯҳбатҳои видеоии зиёд ба хулоса меоям, ки бисёрии онҳое, ки дар наворҳои худ аз иқтисоду сиёсату иҷтимоъ сӯҳбат мекунанд, оддитарин мафҳумҳои иқтисодиву сиёсиву иҷтимоиро намедонанд, аз ин самтҳо бӯ набурдаанд, як зарра дониш аз он илму шохаҳову самтҳо надоранд. Вале намедонанд, ки ин гуна камбудӣ доранд, намедонанд, ки намедонанд…)
Ҳоло дастоварди илму техникаи муосир бештар дар хидмати мардум қарор мегирад ва табиист, ки барои осонии кор ва пешравиҳо дар фаъолият қариб ҳама ба он рӯй овардааст. Имрӯз аксаран барои равон кардани кадом маълумоту иттилоъ аз ватсапу телеграму вайберу имо истифода мекунанд. Почтаву сомонаро надоранд ва намедонанд, ки чӣ аст. Дар ҳоле, ки истифодаи почта, сомонаи расмӣ, телефони ҳамешафаъол ва мисли ин — барои як ширкате ки худ ва мизоҷони худро эҳтиром мекунад, ҳатмӣ аст. Як вақт як ду ҳунарманди мо ба сомонасозӣ рӯ оварданд ва чизе барои худашон фармоиш доданду сохтанд, аммо ё идора кардани он душвор буд ё саводу фаҳмиши техникӣ надоштанашон мушкилӣ овард ва ё фикр карданд, ки барои онҳо нигоҳ доштани як штати кории дигар ба ҳайси масъули сомонаи расмии онҳо зиёдатӣ аст, ки дигар ба он сӯ нарафтанд. Ҳоло мебинам, ки як ду адиби мо сомонаҳои худро доранд ва як ду зиёӣ ва журналист блоги худро, ки аксаран дар платформаҳои бепул сохта шудааст, гардон мекунанд. Вале мавзӯи мавриди таваҷҷӯҳ ва ҲАЙРОНИИ ман дигар чӣ аст. Аксарият вақти ҷӯстани касе “сайти фалонӣ чӣ аст” гуфта мепурсад, ё агар хоҳад, ки чизе барояш бинависӣ, мегӯяд, ки “сайти манда навис…” Почта (почтаи электронӣ) агар гӯйӣ, ба назари аксарият ҳоло ҳамон почта ё тавре кампиракон мегӯянд, ҳамон “пушида”-и замони шуравӣ меояд. Ҳарчанд ин хуб нест, ки миёни онҳо фарқ гузошта наметавонем, дар бораи онҳо маълумот надорем. Барои мардуми одӣ (ки ҳар рӯз дар эфиру дар ютуб нест) ин шояд фоҷиа набошад. Аммо…Вақте дигарон, ки акнун мушоҳида мешавад ҳаёти худро ба интернету ютуб умрбод пайвасту ҷомеаро тариқи “навору маслиҳату насиҳат”-у ….ислоҳ карданианд ин хатои дағалро содир мекунанд, мояи нигаронӣ аст.
Ман бо шахсе, ки савол медиҳад “ҳами шера худут бровардагиӣ?” ё мепурсад, ки «ҳами гапа ай дили худут бровардӣ»…ростӣ намехоҳам сӯҳбатро давом диҳам. Барои он, ки шумо аллакай ҳис кардед, ки ҳамин саволҳо (ва ҳатто талаффузи калимаҳо) нишони саводи кам, донишу таҷрибаву дарку фаҳмиши маҳдуд ва мутолиа надоштан аст. Эҷодкорон ку шеъру рубоётро НАМЕБАРОРАНД. Як синономи мувофиқро ёфта натавонистан, бисёр чиро барои ҳамсӯҳбат бармало мекунад.
Монанди ҳамин ҳоло наворҳои зиёдеро мисли клипи сарояндагон ва наворҳо дар ютуб мебинем, ки дар онҷо номи сомонаҳо навишта шудааст ва рамзи кишвари мо дар интернет — TJ гузошта шудааст. Вайте ки шумо ба он “сомона” ворид мешавед, ягон чӣ нест, яъне, сомонаи расмӣ ва ба қайдгирифташуда нест он. Маълум мешавад, ки баъзеҳо намедонанд, ки чаро номи худашонро дар он навор навиштаву дар идомааш нуқта тидҷей (.TJ) менависанд! Дар ҳоле, ки ин тартиби сомона аст ва он сомона бо дар давоми номатон (ё ягон номи дигар) навиштани нуқтаву тидҷей худ аз худ пайдо намешавад. Ба қайдгирии сомона, домену хостингу кору бори дигари ба коркарду пуркуниву идоракунии сомонаи расмӣ вобаста каму ғам нест. Ин хароҷоти молиявии дигар ҳам дорад. Албатта шумо метавонед ин корро анҷом бидиҳед, вале то вақте ки расман ин корро накардаед, дар наворҳо дар пушти номи худатону номи каналатон .TJ (нуқта тидҷей) нанависед. Хоҳиши дигарам аз блогеру чеҳраҳои дигари машҳури интернетӣ ин аст, ки камтар вақтатонро ҷудо карда, аввалтар аз ҳама дар мавриди худи ИНТЕРНЕТ, баъд дар бораи ПОЧТА (почтаи электронӣ), саҳифаҳои иҷтимоӣ, мессендҷерҳо, сомонаи расмӣ (сайт), блог, домену хостинг, баъзе дастовардҳои соҳаи IT технология, TV –и интерактивӣ, ишораи www, мавҷҳо, масалан FM, AM, SW, USB\SD ва мисли инҳо маълумот пайдо кардаву ба қадре, ки барои кору бори ҳаррӯзаатон зарур аст, аз худ кунед. Зеро бо ин воҳимаву дағдағае, ки доред, бо назардошти дастрас будани тамоми намуди маълумот барои омӯзиши мустақилона ва боз бо назардошти чанд омили дигаре, ки дар ин самт муҳим аст, шумо акнун ҳақ надоред, ки чалласавод бошед ва мардумро ба гумроҳӣ баред. Аз сӯйи дигар, ҳоло замоне аст, ки надонистан дигар АЙБ аст…
PS: ман махсус намунаи ин гуна навиштаҳоро наовардам. Зеро медонам, ки бисёриҳо ин чиро дар наворҳои ютубӣ дидаанд ва агар ҳоло шумо ҳам, ки аҳамият бидиҳед, намунаи онро мушоҳида хоҳед кард.

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Интернет, блогерҳои тоҷик, сайт, сомона, TJ |












Добавить комментарий