Аз баъди ту дар гирист, девор гирист…

          Имрӯз, 19 апрел, рӯзи таваллуди Ҳофизи халқии Тоҷикистон шодравон – Дӯстмуроди Алӣ аст. Ман аз китоби Сафар Розиқов “Ашкборон” намунаи беҳтарини гуфтаҳои мардуми касбу кори мухталифро дар бораи шахсият, ҳунар ва истеъдоди Дӯстмуроди Алӣ ҷамъ овардам. Шумо ҳам акнун имкон доред, онро бихонед.

  • “Истеъдоди асилу фитрӣ, меҳнату заҳмати шабонарӯзӣ ба ӯ имкон дод, ки бо вуҷуди умри кӯтоҳи худ, мактаби овозхонии хешро созмон диҳад ва номашро дар дили мардум абадан ҷой диҳад….” (Холзода Бобишо Нарзулло, Раиси ноҳияи Файзобод)
  • “Дӯстмурод Алӣ ғайр аз ҳофизу оҳангсоз ва омӯзгори асил буданаш дар офаридани нақшҳои драммавӣ низ маҳорати беҳамто дошт. Қариб дар ҳамаи спектаклҳое, ки дар саҳнаи театри халқии ноҳия гузошта мешуд, иҷрои нақшҳои марказиро ба устод — Дӯстмурод Алӣ месупориданд. Ӯ ҳатто нақшҳои мазҳакавиро ҳам бо як маҳорати баланд иҷро мекард. Дӯстмурод Алӣ дар спектаклҳои “Уқоби қавибол” ва “Фузайл Махсум”, ки онҳоро коргардони ҳамон давра Исматулло Мирзоев ба саҳна гузошта буд, нақшҳои марказиро иҷро кардааст….” (Сафар Розиқов, омӯзгор, оҳангсоз, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон)

  • “Мо ҳамсинфҳо маҳфили “Бачаҳои оча” дорем. Соле се-чор маротиба ҷамъ меоем. Гарчанде шоири маҳбуби халқ, Устод Бозор Собир ва Дӯстмурод Алӣҳамсинфони мо набуданд, лекин аъзои фахрии маҳфили мо буданд. Ҳаракат мекардем, ки маҳфили мо бе онҳо нагузарад. Даъват кардани онҳоро Ҳунарманди ҳалқӣ – Қиёмиддин Чақалзода ба ӯҳда дошт..” (Ҳоҷӣ Маҳмадалӣ Салимов, собиқ муаллими калони кафедраи математикаи Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илм)
  • “Дӯстмурод Алӣ яке аз беҳтарин ахтарони дурахшони осмони ҳунари овозхонии миллати куҳанбунёди тоҷик буд, ҳаст ва мемонад. Ӯ андалеби хуштаронаи кӯҳистони тоҷик, ҷавонмарди саховатманд, поксиришт, хоксор, зебопараст буду ҳусни юсуфӣ дошт. Ӯ ҳамкурси бародарам Ҳалим Сангин буд ва ба хонаи мо зиёд меомад. Соли 1976 дастаи ҳунарии Қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод барои иштирок дар “Азназаргузаронӣ….” ба шаҳри Маскав сафарбар шуда буд ва ман барандаи барномаҳои консертияшон будам. Аз зебосароии Дӯстмурод Алӣ рӯзноманигорони Маскав ба ваҷд омада, ӯ ва гурӯҳи ҳунариро барои наворгирӣ ба Останкино даъват карданд. Боре ба аёдаташ ба беморхонаи шаҳрчаи табибон (Медгородок) рафта будам. Он вақт маризиаш хуруҷ карда буд ва гуфт: “Апаи Гулсара, то ин дам бадхоҳи касе набудам, лекин фикр мекунам, ки маро хокаи шиша хурондаанд. Тамоми баданам месӯзад…Халосӣ аз ин маризӣ дар гумон аст. Шунидам наворҳои дар ТВ гирифтаамон гум шудаанд. Ба Ҳалим фаҳмон – ҳоло ки роҳ меравам, маро дубора ба навор бигирад, вагарна баъди мурданам чизе ёфта наметавонанд….”“ (Гулсара Абдуллоева, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон)
  • “Маҳорати ӯро Худо ато карда буд. Овози ӯ такрорнашаванда аст. Дар зодгоҳ ӯро ифтихори Файзобод мегӯянд. Не! Ин барои Дӯстмурод кам аст. Ӯ ифтихори Тоҷикистон, балки ифтихори миллати тоҷик аст. Як гӯшаи санъати Тоҷикистон бо ӯ обод буд…” (Қиёмиддин Чақалзода, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон)
  • “Марде буд саховатманд, меҳмоннавоз, хоксор ва чеҳрахандон. Дар ҳар лаҳзаи вохӯрӣ ӯро шӯху дилнишин медидам. Ба ақидаи ман, барои ҳамин хислатҳои неки инсониаш халқ ӯро то абад дӯст хоҳад дошт. Мисли ӯ ҳунарманд шояд дар садсолаҳои наздик таваллуд нашавад…” (Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон)
  • “Дӯстмурод Алӣ  аз аввалин солҳои донишҷӯйӣ ба дастаи ҳунарии “Тоҷикконсерт” шомил карда шуда буд. Дӯстмурод дар ҳамаи барномаҳои консертиаш муваффақияти калон ба даст меовард. Новобаста аз ҷавониаш мухлисонаш хело зиёд буданд. Ӯро гаштаву баргашта, бо кафкӯбиҳои бардавом рӯйи саҳна даъват мекарданд. Дар мавсими пахтачинӣ ману Дӯстумроду Мастонабонуро аз чидани пахта озод карда, ба гурӯҳи таблиғотии консертии ҳамонвақта шомил карда буданд…Дар рафиқӣ ҷавонмарди ҳақиқӣ буд. Дӯстонашро ҳеҷ гоҳ дар нимароҳ намегузошт….” (Файзалӣ Ҳасан, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ)
  • “Вақте аввалин бор овози маҳину ширину диапозони баланддоштаи ӯро шунидам, мафтуни овози ширадораш гаштам. Овози ӯро бо забони мусиқӣ “тенори лирикӣ” мегӯянд. Бисёр бачаи шуху зебопараст буд. Бо қарсакҳои пурмавҷу давомдор ӯро такроран ба саҳна мехонданд. Бузургии Дӯстмурод дар он буд, ки ниҳоят хоксору бекина буд. Ин марди ҳунар барои санъати Тоҷикистон навовариҳои зиёде кардааст, ки солиёни дароз барои ин миллати куҳанбунёд хизмат хоҳад кард…” (Мастона Эргашева, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон)
  • “Соли 1970. Дар имтиҳони дохилшавӣ ба факултаи санъати Институти педогогии ба номи Қ. Ҷӯраев Дӯстмурод Алӣ   дар даст рубоби қашқарӣ вориди ҳуҷраи имтиҳон шуд. Аввал рез гирифта, баъд сурудро аз авҷ оғоз кард. Ҳама дар ҳайрат мондем. Омӯзгорони имтиҳонгиранда – Салимов, Халилов ва Рӯзиматов қарсак заданд. Хормейстери номдор Карим Ҳалим аз ҷой хеста гуфт, ки “Ин бача нобиға ва нотакрор аст…” Ӯро бо як овоз қабул карданд. Дӯстмурод Алӣ  бо як баромад 10-15 суруд мехонд. Такрор ба такрор ӯро ба саҳна даъват мекарданд….” (Ҳалим Сангин, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, ҳамкурси Дӯстмурод Алӣ)
  • “Қуввату таппиш, ларзишу нолиши садои Дӯстмурод Алӣ  беҳамтост. Ҳунари воло ва ҷозибаи овозаш ҳама гуна ноқисиҳои мутрибонро мепӯшонд. Баҳори соли 1989 устод мариз буданд. Баъди фориғ шудан аз дарсҳои Донишкадаи санъат ба аёдаташон мерафтем. Афсус, ки танҳо аз пушти тирезаи беморхона иҷозати дидан буду халос…Мо бо Сангалӣ Мирзо ва Сайвалӣ Тоҳиров рӯзи 16 –уми апреди соли 1989 дар ҳайати ансамбли “Ғунча” бояд дар Файзобод консерт баргузор мекардем. Вақте ки бо автобус ба Қасри Фарҳанги Файзобод расидем, атроф тамоман холӣ буд. Вориди толор шудем, ки як фаррошзанро бо дидаи гирён вохурдем. Ӯ гиряи баландро сар дод ва гуфт, ки навакак Дӯстмурод Алӣ  ҷон ба офаридгор таслим кард. Мо ҳамагӣ шах шудем. Мисле, ки хабари оғози ҷанги ядроиро шунида бошем…Эй Худованд, ки мулку салтанатҳо з-они туст! Биомурзаш ва аз мартабаи Фирдавс қасраш бидеҳ, ки бениҳоят хоксору хокӣ буд…” (Қурбоналӣ Абулло, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон)
  • “Ду рӯзи зиндагии Дӯстмурод Алиро ҳеҷ гоҳ фаромуӯш намекунам. Яке аз он рӯзҳо 15 июни соли 1978 аст. Он рӯз дар қатори чор нафар овозхон бо фармони Раёсати Олии Тоҷикистон ба Дӯстмурод Алӣ  ҳам унвони Ҳофизи Халқии Тоҷикистон доданд. Ин мукофот на танҳо аз Дустмурод, балки аз тамоми мардуми Файзобод буд. Ман мушоҳида мекардам, ки мардум дар кӯчаҳо якдигарро муборакбод мекарданд. Дӯстмурод Алӣ  дар саҳни ҳавлии хонаи фарҳанг самимияту хурсандии маро ҳис карда гуфт, ки “Таъсири навиштаҳои шумо ҳам ҳаст, акаи Ҷӯрабек” ва сидқан миннатдорӣ кард. Дигаре моҳи апрели соли 1989 буд, ки ҷисми беҷони ӯ миёни меҳмонхонаи калонаш иҳотаи занони навҳакаш ва хешу ақрабо мехобид. Дар берун бошад, “як рӯзи маҳшар буд”. Рузи видоъ бо Дӯстмурод Алӣ   чанд марсияи сурудаи Одина Ҳошим дилу ҷигари шунавандаҳоро об кард… Рӯям сиёҳ, агар дурӯғ гӯям, вақте ки Дӯстмуродро ба хок супорида, дар ҳаққаш дуои хайр карда, аз гӯристон мебаромадем, дар осмони рӯ ба рӯямон тиру камон пайдо шуд, ки ҳар тасмаи он рамзи оҳангҳои Дӯстмурод Алиро дошт, он рамзи оҳангҳое буд, ки дилҳоро тасхир карда, дардҳоро дармон бахшидааст….” (Ҷӯрабек Муъмин, Корманди шоистаи Тоҷикистон)
  • “Дӯстмурод Алӣ  бо лафзи ширину фалсафию пурмаънии шуарои машҳури олам бо халқи худ гуфтугӯ кардан мехост. Вале ҳазор афсус, ҳазор дареғ, ки умр вафо накард, қомати ин навниҳоли ғарқи гул аз боди самуми зиндагӣ ба чашми пурзаҳру пурхуни рӯзгор қатъ шуд, бишкаст ва орзӯҳои ин ҷавонмарди пурҳунар, пуристеъдод ва саропой шеъру оҳанг амалӣ нагардид ва дар баҳори 39 тарманг шуд. Аммо дуои бандаи шоири ошиқ мустаҷоб аст ва рӯҳи бузурги ӯ дар гардуни гардон дар Аршу малакут бо навои дилкашу форам ҳамоҳанги булбулони чамани рӯзгорон ҷовидон мемонад, он чуноне, ки дар рӯйи гӯраш боре дидам, ки чор дона ҷуфти сияҳгӯш рӯида. Ва ин аз ҷӯши фарёди ӯ ва хуни ҷигари ӯ буда…” (Усмон Шарифзода, Шоир, Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон)
  • “Дардноктарин хабар бароям – хабари марги ӯ буд, ки аламаш то ҳол гулӯгирам мекунад. Аз он ғамгин мешавам, ки марди Худо, бекина, сахӣ, зебопараст ва хоксор буд. Фосилаи байни бою камбағал барои ӯ вуҷуд надошт…” (Абубакр Гулонов, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, ҳамкори Дӯстмурод Алӣ)
  • “Ман баъди чанд рӯзи дафни Дӯстмурод Алӣ  барои фурӯхтани себ ба шаҳри Ташавани Туркманистон рафта будам. Дар идораи савдои ҳамон шаҳр бо чанд тан аз бачаҳои ғармӣ сӯҳбат доштем, ки ногоҳ ҳунарманди овозадори туркман Бобомурод Ҳамдамов дар наздамон пайдо шуд. Вақте фаҳмид, ки ман аз Тоҷикистон омадаам, аз саломатии Дӯстмурод пурсон шуд. Ман ба ӯ аз марги ҳунарманди нотакрори тоҷик хабар додам. Бобомурод “ҳай дареғ” гӯён бо ҳарду даст сари худро дошту ашки ғаму андӯҳ аз дидагонаш ҷорӣ шуд. Баъд маро ба оғӯш гирифта гуфт: “Эй бародар, Ту ҳоло намедонӣ, ки тоҷикон чӣ ганҷи пурқимматашонро гум кардаанд”. Ба хотири Дӯстмурод ин ҳофизи туркман ману шариконамро ба хонааш меҳмонӣ таклиф карда, зиёфат дод.” (Нусратулло Хоназаров, сокини деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод)
  • “Бе суруду оҳанги Дӯстмурод Алӣ зиндагӣ бароям маъное надошт. То даме, ки ҳастам, суруди оҳанги Дӯстмурод бо ман аст ва хотираи неки ин нобиғаи нотакрори санъати тоҷик дар дилу дидаи мост…” (Амриддини Кабир, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон)
  • “Ба ростӣ ин гуна овози пурраву фораму дилангезро дар ягон овозхоне аз ҳамдавронҳои ӯ то ин дам эҳсос накардаам. Ман мухлиси ашадии ду сарояндаи тоҷик — Дӯстмурод Алӣ   ва Бобоҷон Азиз ҳастам. Автомашинаи ман бе садои онҳо ба роҳ намебарояд. Ҳар вақте ки садои Дӯстмурод Алӣ   аз радио ва телевизион танинандоз мешуд, падарам ба касе имконияти гап задан намедод ва мо якҷоя то охир сурудҳои ӯро гӯш мекардем. Руҳи бекинаву халқпарварат шод бод, ҳофизи миллат!…” (Муҳаммад Мирзоев, Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, сокини ноҳияи Восеъ)
  • “Агар ман гӯям, ки мардуми ноҳияи Ҷиргатол (ҳоло Лахш) – чӣ тоҷику чӣ қирғиз сад фоиз мухлиси ашадии шодравон Дӯстмурод Алӣ  ҳастанд, муҳобот нахоҳад буд, чунки вақте хурд будам, ҳама орзӯ доштанд, ки дар тӯйҳои арусиву суннатиашон Дӯстмурод Алӣ  ҳунарнамоӣ кунад….” (Неъматулло Раҳматзода, подполковники милиса)
  • “Баҳори соли 1989 бемории тағоям хуруҷ кард. Рӯзи 11-уми апрели соли 1989 ӯро ба хонааш овардем. Он вақт ӯро нафаси “ҳукак”-и тоқа-тоқа гирифта буд. Ба наздаш ба ғайри фарзандону бародаронаш касеро намемонанданд. Рӯзи 13-уми апрел тахминан соатҳои 17 ҳукаки дурударозу беист ӯро фаро гирифт. Ҳамин вақт тағоям ёди чашмаи Маҳҷон карда ба зӯр гуфт: “Як коса оби чашмаи Маҳҷон бошад, бинӯшам…”. Ман суханони ӯро шунидам. Аз онҷо то чашмаи Маҳҷон тахминан 5 километр роҳ буд. Баъди чанд соат дар ду зарфи 5 литра оби чашмаро ба назди тағоям расонидам. Бародари калониаш Раҷабмурод обро ба коса рехта, ба тағоям нӯшонду пурсид, ки “Дӯстмуродҷон, маззаи обро ҳис кардӣ?”.. Дӯстмурод даҳонашро мазза дода, гуфт ки “ин оби чашмаи Маҳҷон аст…. Шукр, шояд ин охирин обе бошад, ки ман нӯшидам…” (Сафомиддин Усмонов)
  • Танбӯри ту сар ба синаат зор гирист,

Дар синаи ман ҳазору як тор гирист.

Ёди ту ба хайр бод, эй Дӯстмурод,

Аз баъди ту дар гирист, девор гирист.

Танбури туву машқи диловези ту ку?

Хушхонии гарми то дами рӯзи ту ку?

Ку дар хами Кабкрез кабке, ки нарехт,

Эй Дӯстмурод, кабки овози ту ку?

З-он пеш, ки чашм аз ҷаҳон пӯшидӣ,

Ин чашми маро кошки мепӯшидӣ.

Акнун ки бимирам, аз ҷаҳон ҷашми маро,

Дасти ту напӯшид, кӣ мепӯшад, кӣ?


(Бозор Собир, Шоири халқии Тоҷикистон)

Ёдат ба хайр ва маконат Ҷаннати ҷовидон бод, нобиғаи санъати тоҷик, соҳиби садои нотакрор, ҳунарманди асил, ҷавонмарди беҳамто, инсони хоксору заминиву самимӣ, ифтихори Файзобод ва тамоми кишвар,  Ҳофизи Халқии Тоҷикистон  — Дӯстмурод Алӣ.   

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти