Қиссаи роҳу роҳкиро аз Дюшанбе то Душанбе

          Инсонҳо дар ҳар куҷои дунё, аз ҷумла дар Душанбе ҳам, ки аз аввал бо чанд маҳалла макони баргузории бозоре дар рӯзҳои ҳамномаш будааст, баъди пиёдагардӣ ҳатман воситае барои ҳаракат доштаанд, ром кардаанд, парваридаанд ва сохтаанд…То омадани нахустин савораҳо мардум хеле роҳи кӯчаҳо ва раҳу пайроҳи зиндагиро пиёда тай карда буд. Баъди саворашуданҳо бошад, ҳам роҳҳои барои гашти аспу ароба мувофиқтар пайдо шуданд ва ҳам ҷону тани мардумон аз он, ки дигар пиёда набуданд, каме роҳат кард.  Яъне, чизе монанд ба омнибусҳои фаронсавӣ дар солҳои 1820-ум, иборат аз аспу ароба, ки ҳаракати мардумро як кам сабуктару роҳаттар мекард.  

Роҳсозиҳо дар масири Термиз — Дюшанбе-Дюшанбе Курғонтеппа ва роҳҳои дигар низ тахминан охири солҳои бистум шурӯъ шудаанд. Пайдоиши аввалин автобуси мусофирбар дар Душанбе ба соли 1929 рост меояд. Автобус, чи кӣ онҳо аслан боркашҳои амрикоии ФОРД буданд, ки курсиҳои сахту нороҳате доштанд ва барои панаҳ бурдан аз нури офтобу барфу борон болояш бо тент пушида шуда буд. Вале он ҳамон вақт як қадам суйи пеш буд. Ба ҳар сурат аз пиёдагардӣ ва аспу ароба беҳтар буд. Нахустин хайтсайре ҳам, ки  мардум аз он истифода мекард, Вокзал-Марказ буд, ки ҳамагӣ 2,5 км тӯл дошт. Ҳамин масир ба қавле дигар роҳкушои нақлиёти ҷамъиятии шаҳри навободе бо номи Душанбе шуд. Баъди як муддат ба пойтахти мо аз Маскав автобусҳои инглисии тамғаи «Лейланд» ва намунаи шуравии АМО-3 оварданд. Соли 1934 дар масири Вокзал -Хиёбони Путовский ду автобуси тамғаи ГАЗ-03-30 ҳаракат мекард, ки ҳар кадоме 16 ҷойи нишаст дошт. Соли 1936 пойтахт аллакай соҳиби 6 ҳамин гуна автобус буд. Ёдрас мешавем, ки аз руйи натиҷаи ба рӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 1939 аҳолии Душанбе ҳамаги 83 ҳазор кас будааст.

То соли 1938 аз он, ки роҳҳо ҳам он қадар хуб набудаанд, тамоми ин автобусҳо коношоям мешаванд ва зарурати ба таври таҷрибавӣ дар кучаҳои Душанбе ба ҳаракат даровардани автобусҳои нави тамғаи ЗИС-8 ба миён меояд. Баъди ду соли дигар ба пойтахт 5 автобуси тамғаи ЗИС-16 ворид карда мешавад. Вале аксарияти он автобусҳо ба низомиён дода шудаанд ва дар хизмати госпиталҳое қарор доштанд, ки он вақт дар Сталинобод фаъолият мекарданд.

Намунаи навтари автобусҳо ки акнун ЗИС – 154 ном доштанду бо сузишвории дизелӣ ҳаракат мекарданд, соли 1948 ба Душанбе омадаанд. Даҳто автобуси  ЗИС-155 бошад, соли 1952 ба пойтахт омадааст. Ҳамин гуна баъди ин солҳо пайи ҳам ба кишвари мо, махсусан ба пойтахти он, автобусҳои навтари намунаҳои ЗиЛ, Лаз, ПАЗ ва баъдтар Икарус ворид карда шуд.

Пайдоиши авалин роҳу нақлиёти мусофирбарӣ, аспу ароба ва баъдтар автобусҳо агар аз як сӯ падидаи ҷолиб буд, вале аз сӯйи дигар чандин камбудӣ дошт:

  • Набудани роҳҳо барои аспу ароба;
  • Ифлосии бештар дар куҷаву ҷоддаҳо;
  • Тарси аспҳо ва ҳолатҳои ногувор дар кучаҳо;
  • Мушкили пайдо сохтани устои хуби аробасоз;
  • Монда шудани аспҳо ва ғизои бебаркаше, ки барои нигоҳдории онҳо зарур мешуд;
  • Кам будани аввалин автобусҳо барои мусофиркашонӣ;
  • Қиммат будани роҳкиро ва барои ҳама дастрас набудани истифодаи автобус;

Душанбе дар солҳои 70, 80 ва 90-уми асри рафта инфрасохтори нақлиётии як андоза  рушдкардае нисбат ба манотиқи дигари кишвар дошт. Дар кучаҳои Сталинобод ва Душанбеи нав акнун автобусу тролейбус ва микроавтобусҳои хурди зиёде ҳаракат мекарданд. Таксиҳои мисли имруз ранги зарддоштае, ки аксаран аз мошинҳои шуравии ВОЛГА ГАЗ-24 иборат буданд, ба мардуми шаҳрнишин ва меҳмонони пойтахт хизмат мерасониданд. Насли калонсол ҳоло ҳам ёд доранд, ки чӣ гуна як пораи қоғаз, ки билети роҳ ном дошт, аз як кунҷи автобус ё тролейбус даст ба дасти мардум меомад то назди таҷҳизоте, ки онро сурох мекард ва боз гашта пас мерафт. Он чанд сурох ба ин маънӣ буд, ки шумо ҳаққи истифодаи нақлиёти мусофирбар ё ҳамон роҳкиро пардохт кардед.

Аввали солҳои 90-уми асри рафта барои системаи нақлиётии кишвар ва махсусан пойтахт солҳои душвор буд. Агар кӯҳнаву фарсуда шудани нақлиёти мусофирбар як мушкил буд, набудани қисмҳои эҳтиётӣ, ворид нашудани онҳо аз кишварҳои дигари шуравии собиқ, ки акнун дигар соҳибистиқлол буданд, мушкилии дигар ҳисоб мешуд. Ҳолатҳои дигаре ҳам ҷой дошт, ки боиси вайрону валангору ғорат шудани паркҳои нақлиётӣ мешуд. Маҳз дар ҳамин давра мушкили ҷамъоварии маблағи роҳ ё роҳкиро доғтар шуд. Ҳолатҳое ҳам буданд, ки касе ба нақлиёти ҷамъиятӣ бо зурӣ — бепул савор мешуд ё касе вақти вуруд ким кадом ҳуҷҷати номаълумро нишон медод.

Қадами дигар бошад, ба миён омадани коргоҳу ширкатҳои нави нақлиётӣ, намунаи дигар нақлиёти мусофирбар, хатсайрҳои нав ва мисли ин буд. Як вақт дар пойтахт садҳо мошинро аз тамғаҳои Газ, Уаз, Ераз, Раф ва мисли инҳоро дидан мумкин буд, ки  дар қатори чанд автобусу тролейбуси мавҷуда ба мусофиркашонӣ машғул буданд.  Баъзеи онҳо ҳатто бо муҳаррикҳои дизелии худсохт фаъолият мекарданд ва муҳитро бештар олуда месохтанд…

            Ин ҳама ба ёд овардани таърихчаи роҳу нақлиёти мусофирбарӣ барои он буд, ки имкону далели бештаре барои муқоиса ва таҳлил дошта бошем. То надонем, ки дар гузашта чӣ буду чӣ набуд ва авзоъ чӣ гуна буд, тасаввур кардани дастовардҳои имрӯз душвортар ва ҳатто номумкин мешуд.

Лоиҳаи СИТИ КОРТ ки роҳро барои болобурди фарҳанги истифодаи нақлиёти мусофиркашонӣ ҳамвортар кард ва даҳҳо мушкили дар ин масир хобидаро бартараф сохт, 5 сола мешавад. Шумо ҳоло хоҳед фаҳмид, ки панҷ соли талошҳо барои оббодкорӣ, панҷ соли созандагиҳо дар самти роҳу нақлиёт дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол бо чӣ заҳматҳо печидаву ҳамроҳ буд ва натиҷаи ҳамаи ин имрӯз чӣ аст?

          Рӯзҳои аввали ба роҳ мондани ҳамин навгонӣ, мисли он ҳолатҳое, ки дар вақти татбиқи навовариҳои дигар низ ба миён меояд, барои гуруҳи калони мардум дарки ин намуди хизматрасонӣ як каме мушкилтар буд. Истифода аз имкониятҳои ВАО дар самти муаррифии бештари ин лоиҳа ва кортҳои нақлиётӣ, суҳбатҳо ва корҳои дигари фаҳмондадиҳӣ вазъро дар ин самт дигар ва беҳтар сохтанд. Барои дарки пурраи ин навгонӣ ва барои дидани даромади буҷаи оила ва мушаххас кардани ҳаҷми сарфаи воқеъӣ аз истифодаи кортҳо як муддат вақт лозим буд. 

          Истифодаи кортҳои нақлиётӣ аввалтар аз ҳама ҳамон муносибати кондуктор ё пулчинакҳоро, ки баъзан дағал буду ба талабот ва меъёрҳои қабулшуда ҷавобгӯ набуд, аз миён бурд. Ба ҳар сурат ин низом дигар ҷой барои ҳамин гуна бархурдҳои ногувор, ки метавонист ба ҳолати руҳии мардум ва мусофирон таъсири бад расонад, нагузошт.  Шаффофият дар гардиши маблағҳо аз роҳкирои мусофирон — яке аз мақсадҳои дигари ин лоиҳа буд, ки албатта бароварда шуд. Системае, ки онро пурра мутахассисони тоҷик фикр кардаанд, имкон дорад, ки  шабонарӯзӣ истифодаро аз нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ, шумораи нақлиёте ки пайи хизмат аст ва ҳамчунин пулеро, ки ворид мешавад,  ҳисоб ва назорат кунад. Маоши муқарраршуда барои ронандагон акнун имкон фароҳам овард, ки онҳо дар андешаи аз меъёр бештар пур кардани автобус ва тролейбус нашуда, тибқи реҷаи муқарраршуда ва дар вақти таъиншуда ба истгоҳ бирасанд ва боз ҳаракатро давом бидиҳанд.

          Ба даст овардани корти нақлиётӣ барои ҳама гуруҳи мусофирон хеле осон аст. Чанд қоидаи муҳими истифода аз он ҳам мавҷуд аст, ки дар ин чанд сол мусофирон хуб омухтаанд.  Дар тули 60 рӯз агар шумо корти худро пур накардаву истифода накардед, баста мешавад. Бо дубора ворид сохтани маблағ ва ё ворид кардани он ба ҷойи қабули корти терминали Express Pay онро дубора ба ҳолати корӣ овардан мумкин аст. Ин тартиб ҳам бемақсад нест — он барои дар система дидан ва ба ҳисобгирии  кортҳои фаъол ва ғайрифаъол аст.

     Ҳамин тариқ аз кортҳои ИМТИЁЗНОК гуруҳи имтиёздоштаи мусофирон, мисли маъюбон, иштирокдорони ҷанг, кормандони мақомоти қудратӣ ва мисли инҳо, аз корти ЭҲТИРОМ нафароне, ки аз 75 сола боло ва аз корти ДОНИШҶӮ муҳассилини муассисоти олии кишвар бо тахфифи 30% истифода мекунанд.  Кортҳои кӯдакона бошанд, дар баробари он, ки ҳаққи роҳ ба воситаи онҳо 50% арзонтар аст, имкон медиҳад, ки шумо дар мавриди нуқтае, ки фарзандатон аз онҷо ба автобус ё тролейбус нишастааст, тариқи СМС паём маълумот дошта бошед. Барои ин ҳангоми гирифтани корт рақами телефони худатонро бояд гузоред.  Паҳлуи дигари бартари ва афзалиятҳои корти нақлиётӣ дар пойтахт мавҷудияти таруфаҳои гуногун аст. Таруфаҳои “Хуш омадед”, “Тахфифӣ”, “Донишҷў” ва “Наврас” барои меҳмонон,  сокинон, муҳассисилин ва наврасон хеле қулай ва мувофиқ аст. Таруфаҳои нимсолаву солона, барои дорандагони кортҳои нақлиётӣ, ки баъдтар ҷиҳати боз ҳам беҳтар шудани натиҷаи корӣ ва дастгирии мусофирон татбиқ карда шуданд, имкон доданд, ки мардум миллионҳо сомониро аз буҷаи оилаи худ сарфа кунад.

           Таҳрик барои ободкориҳо дар самти нақлиёти пойтахтро аввалтар аз ҳама созандагиҳои роҳбарияти сиёсии кишвар ба миён овардааст. Дар ҳамин замина қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 31 июли соли 2017, таҳти №419 — роҳро барои таҳия ва амалӣ сохтани Лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» ҳамвор кард. Акнун дар ин замина лоиҳаи «CityCard» сар аз семоҳаи аввали соли 2018 зина ба зина бо гузаштани тамоми монеа ва мушкилоте, ки метавонист ба миён ояд, ба татбиқ шудан шуруъ кард.

Пеши муаллифони ин лоиҳа чанд ҳадафи муҳим ва зарурие меистод ва тамоми кӯшиш ва имконият барои расидан ба он ҳадафҳо сафарбар шуд. Ин ҳам бошад:

  • Боло бурдани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ;
  • Соддагардонии раванди пардохти роҳкиро;
  • Аз миён бурдани мушкили пардохти нақдӣ ва бақия;
  • Дастрасӣ ба иттилои дақиқ вобаста ба шумораи мусофирону ҳаҷми мусофиркашонӣ;
  • Рушди пардохти электронӣ;
  • Заминагузорӣ ҷиҳати татбиқи иқтисодиёти рақамӣ;
  • Бештар сохтани даромаднокии коргоҳҳо;
  • Дақиқият, маълумоти дуруст ва назорат дар гардиши молиявии коргоҳҳо;
  • Коҳиш додани ҳаҷми маблагҳое, ки дар иқтисодиёти соягӣ гардиш мехӯранд;
  • Болобурди маърифати истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт;

          Лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» — СИТИ КОРТ ё корти шаҳрӣ —  намунаи олии ҳамкорӣ  дар асоси механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гуруҳ» аст, ки натиҷаҳои онро дар тули ин панҷ сол мардум низ  шоҳид буданд.

          Вале бояд иқрор шуд, ки татбиқи ин система, ба роҳ мондани низоми дурусти кор, назорати тамоми равандҳое, ки дар ин самт пушти ҳам бояд амалӣ мешуданд ва муҳимтар аз ҳама — сифатан хуб анҷом додани татбиқи ин лоиҳа албатта кӯшишу талош, заҳмати шабонарӯзӣ ва қабули қарорҳои фаврии дурустро талаб мекард. Дар аввали роҳ мушкили асосӣ – одат кунонидани мардум ё худ ҳамон мусофирон буд, ки тӯли чандин сол бо усули классикии пардохти роҳкиро одат карда буданд ва ба ин навгонӣ рӯзҳои аввал мутобиқ шуданашон мушкилтар буд. Аз ҷониби лоиҳаи СИТИ КОРТ ҳатто як муддат барои мардум ҳамин гуна кортҳои нақлиётиро ройгон ҳам тақсим карданд, то раванди татбиқи кортҳои нақлиётӣ вусъати бештар касб кунад. Чун интихоб дуруст буд, низоми корӣ мушаххасан ва комилан дуруст ба роҳ монда шуда буд, ин лоиҳа натиҷаи хубро ба бор овард ва чандин мушкиле, ки миёни ронандагону кондуктору мусофир ба миён меомад, дар моҳҳои аввали амалӣ шудани ин лоиҳа аз миён рафтанд.

Бартарии дигари СИТИ КОРТ боз ҳамин аст, ки мардум метавонад онро ҳамчун корти бонкӣ ҳам истифода барад, ба ҳамёни электронии худ пайваст кунанд ва бо ҳамин корт ҳам дар Душанбе ва ҳам дар Хуҷанд аз нақлиёти мусофирбар истифода кунанд.

Ин система имкон дорад, тамоми раванди кориро назорат ва сабт кунад, чанд намуд иттилоъро дар шакли ҳисобот тайёр кунад, вобаста ба ҳар коргоҳи нақлиётӣ дар алоҳидагӣ маълумотро ҳифз кунад ва муҳимтар аз ҳама имкон медиҳад, ки ба ҳамин маълумот ба ғайр аз муаллифони лоиҳа ва мутахасисоне, ки онро коркард кардаанд, соҳибони ширкату коргоҳҳои нақлиётӣ ҳам дастрасӣ дошта бошанд. Яъне, онҳо дар ҳоли зарурат метавонад ҳисоботро вобаста ба ҳар валидатор, ҳар ронанда ва намудҳои алоҳидаи кортҳо дар ихтиёр дошта бошанд. Паҳлӯи дигари муҳим ва афзалияти ин лоиҳа ва чунин тарзи пардохти роҳкиро ҳамин аст, ки пуле, ки мусофир тариқи корти нақлиётӣ барои сафараш харҷ мекунад, рост ба суратҳисоби ширкат ё коргоҳи нақлиётӣ ворид мешавад. Ин албатта натиҷаи хуб ва замина барои устувориву рақобатпазирии коргоҳи нақлиётӣ аст.

          Қадами дуюм дар самти татбиқи лоиҳаи мазкур – дуюмин калонтарин шаҳри кишвари мо – Хуҷанд буд. Мардум онҷо ҳам ин навгониро хеле хуб қабул карданд. Зеро афзалият, бартарӣ, қулай будан, осонӣ дар корро дарҳол ҳис карданд. Тахминан бо ҳамон схема ва тартибе, ки ин кор дар пойтахт сурат гирифт, дар Хуҷанд ҳам ширкату коргоҳҳои нақлиётӣ ҷиҳати амалисозии лоиҳаи мазкур ва ба сатҳи сифатан нав баровардани коргоҳ ва хизматрасониҳои нақлиётии худ талош карданд. 

          Баъди ба роҳ мондани ин система, ки аз руйҳои аввал натиҷаи мусбати онро интизор шудан мумкин буд, чанд қадами устувори дигар барои беҳтар сохтани кор гузошта шуд, ки як-як онҳоро муаррифӣ мекунем:

  • Ташкили гурӯҳи назоратӣ-тафтишотӣ, бо мақсади назорати пардохти электронии роҳкиро;
  • Танзим ва назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофирбар ва реҷаи кории онҳо;
  • Насби қариб 800 адад валидатор барои кори бе монеаи кортҳои нақлиётӣ;
  • Насби қариб 500 адад терминали «Express Рay», ки аз он ҳудуди 100 тоаш бо мақсади харидорӣ ва пур кардани кортҳои нақлиётӣ ва ҳудуди 300 тои он барои пур кардани ҳисоби корт аст;
  • Имкони истифода аз ҳамёни мобилии «Душанбе Сити» (DC Wallet) ҷиҳати истифодаи осон аз тавозуни корт;
  • Истифода аз ҳамёни электронии DC NEXT, ки имкониятҳои васеътаре дорад;
  • Дар ҳамкорӣ бо ҶДММ ТАҚХ “Душанбесити” ҷори кардани кортҳои дутавозуна — (тавозуни нақлиётӣ ва бонкӣ), ки ҳам барои пардохти роҳкиро ва ҳам хизматрасониҳои коммуналӣ ва мисли ин мувофиқанд;
  • Бо ташаббуси шаҳрдории Душанбе ташкилу пешниҳоди таруфаҳои нави “Нимсола” ва “Солона” бо категорияҳои “Хонанда”, “Донишҷў” ва “Шаҳрванд”;
  • Имконияти сафарҳои ройгон дар нақлиёти ҷамъиятӣ барои доираи махсуси сокинони Душанбе бо роҳи ворид кардани тағироти зарурӣ ба қонунҳои соҳавӣ;
  • Механизми нави пардохти музди меҳнати ронандагон аз рӯйи даромад ва сохтани модул дар монитроринги низоми электронӣ;
  • Ташкилу баргузории бозии “Сафари бурднок” барои ҳама мусофирон дар соли 2021 бо ҷоизаи асосӣ – АВТОМОБИЛ;

Натиҷаи ҳамаи ин талошҳо албатта дилхоҳ буд. Он дар баробари соддатару осонтар шудани ҳаракат дар воситаҳои нақлиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, тартибу низоми ҷиддӣ дар самти мусофиркашонӣ, риояи талаботи шаҳрнишинӣ ва истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ ҳамчунин даромади коргоҳу ширкатҳои нақлиётиро низ ба маротиб бештар кард. Барои мисол, даромади корхонаҳои нақлиётӣ дар чор моҳи соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи солҳои 2019, 2020 ва 2021 то 2,3 маротиба зиёд гардидааст.

Чанд нуктае, ки мардум дар ҷараёни суҳбати сарироҳӣ  дар кӯчаҳои Душанбе ва дохили автобусту тролейбусҳо вобаста ба корти нақлиётӣ ба мо гуфтанд, арзандаи таваҷҷӯҳ аст. Мардум аз мушкили гузаронидани пул ба он кортҳо, ки тариқи терминалҳо имконпазир аст ва ҳам вобаста ба фуру бурда шудани кортҳо аз ҷониби он таҷҳизот, ки пайваста сурат мегирад гуфтанд ва умедвор буданд, ки он мушкил роҳи ҳали худро меёбад. ДАр як вақт ба истгоҳ омодани якчанд автобусу тролейбуси як хайтсайр, ҷавонтар будани ронандаҳои нақлиёти мусоифркаш, суръати воситаи нақлиётро баландтар аз меъёр кардани ронандаҳо ҳам аз шумори  нигарониҳои мардум буд. Як зан дар мавриди корти “Эҳтиром” барои сафари ройгони мардуми аз 75 сола боло гуфт (ки шумораи онҳо нисбат ба гурӯҳи дигари нафақагирон камтар аст) ва пешниҳод кард, ки сину соли имтиёзӣ дар ин таруфа аз 75 то 60 ё камтар аз ин поин бурда шавад, то мардум лоақал баъди нафақа тавонад, ки аз нақлиёти шаҳрӣ ройгон истифода кунад.

Панҷ сол аз замони аввалин кӯшишҳо барои ҷори кардани ин тартиби нави пардохти ҳаққи роҳ дар Душанбе сипарӣ мешавад. Ин лоиҳа аввалин лоиҳаи инноватсионӣ дар соҳаи нақлиёт на фақат дар пойтахт, балки дар тамоми Тоҷикистон аст, ки аллакай натиҷаҳои дилхоҳ додааст. Ҳамчунин ин лоиҳа намунаи олии ҳамкорӣ ва шарикии натиҷадори сектори хусусӣ ва мақомоти давлатӣ аст. Пушти он садҳо корманди содиқ ба кору таҷрибадор, садҳо сокини вафодору дилсӯз, садҳо мутахассиси варзида ва гурӯҳи бузурги корӣ аз ҳисоби ҷавонони донишманд ва ватандӯст истодаанд, ки мо барои ҳамаи онҳо сиҳативу барору баракатро орзу мекунем.

Душанбе – пойхтахти як давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва дунявиву ягона аст, ки имрӯзҳо шуҳраи дунё шудаву дар маркази таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Миллионҳо кас аз хориҷи кишвар ҳамасола ба Тоҷикистон меоянд ва ҳатман меҳмони Душанбе мешаванд. Душанбе акнун шаҳри сулҳу субот, маркази муттаҳидкунандаи точикони тамоми дунё, шаҳри муосир ва замонавӣ бо инфрасохтори рушёфта аст. Ҳар сокини ин шаҳр ва меҳмони он бояд худро инҷо хеле роҳат эҳсос   кунад. Татбиқи лоиҳаи СИТИ КОРТ акнун имкон медиҳад, ки Душанбе ҳам дар қатори бузургтарин пойтахтҳои дунё аз нигоҳи истифодаи нақлиёти шаҳрӣ ва пардохти роҳкиро мутобиқ, пешрафта ва замонавӣ бошад!

==========================================================

PS:
АЗ ТАЪРИХИ НАҚЛИЁТ ПОЙТАХТ

  1. Тоҷикистон дар чандин лоиҳа, як резолютсияи СММ ва барномаҳои нақлиётии сатҳи минтақа ва ҷаҳон ширкати фаъолона дорад.
  2. Тӯли кишвари мо аз ғарб ба шарқ – 700 км ва аз шимол ба ҷануб – 350 км аст.
  3. Роҳҳои мошингарди кишвари мо ҳудуди 31 ҳазор км аст.
  4. Аввалин автобус дар кӯчаҳои Душанбе соли 1929 ба ҳаракат омадааст.
  5. Соли 1929 дар Сталинобод ҳаракати автобус аз рӯйи хатсайри  Вокзал-Маркази шаҳр сурат гирифтааст, ки 2,5 км тул дошт.
  6. Аввалин автобусҳои мусофирбари Душанбе «Лейланд»– и инглисӣ ва АМО-3-и шӯравӣ буданд.
  7. Автобусҳои шӯравии ГАЗ-03-30, ки соли 1934 дар Душанбе ҳаракат мекарданд, ҳамагӣ 16 ҷойи нишаст доштанд.
  8. Соли 1971 автобусҳои маҷории Икарус-180 дар кӯчаҳои Душанбе пайдо шуд, ки мардум онҳоро “гармошка” мегуфтанд.
  9. Автобусҳои «Икарус-260» охири солҳои 70-ум  дар Душанбе пайдо шудаанд, ки курсиҳои мулоим ва гашти роҳаттар доштанд.
  10. Соли 1939 дар фурудгоҳи Душанбе ба мусофирон автобуси тамғаи ЗиС-8 хизматрасонӣ мекард. Ин автобус мусофиронро аз толори интизорӣ то дари тайёра мерасонад.

Акс аз Halva. tj

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти