Пешниҳод (16)

Ин субҳ барои пардохти чанд хизматрасонӣ ба як идораи бонкӣ рафтам. Мисли ҳамеша онҷо мардум зиёд аст. Навбатпойии пушти банкомат ҳам мисли ҳамеша аст. Новобаста ба он, ки чандин сол аст, мардум корти бонкӣ дораду саду як хизматрасонии замонавиро таҷриба мекунад, вале ҳанӯзам мо вақти пулгирии як каси дигар каме дуртар рафтанро наомӯхтаем — ҳатман бояд ҳамакаса болои сари ӯ истем, ба рамзи корти вай, миқдори пуле, ки вай мегирад зеҳн монем ва ба диламон сад гапро гузаронем…
Хуб аст, ки ҳар кас дар идораву филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ барои ин ё он самти фаъолият муваззаф аст ва шумо бо таваҷҷӯҳ ба навиштаҳои канор ва болои сари кормандон ба ҳамон ҷой меояд ва агар зарур аст, навбат мегирад. Равзане, ки ман кор доштам, хушбахтона озод буд ва ман дархостамро гуфтаму ба марди миёнсоли канорам, ки дар равзанаи ҳамсоя кор дошт, хира шудам. Мард корманди одӣ буд, мисли мардумони одии дигар, аз ҷумла мисли падари ман бо дастони кориву заҳматдида ва қиёфаи офтобхурда.
Мардумони одиро аз рӯйи чанд нишонаи дигар ҳам шинохтан мумкин аст — пулҳои ками даруни шаҳодатномаҳои корӣ ё шиноснома, берун кардани кадом ҳамён ё чизи ба он монанд аз дарунтарин киссаи палто ё пиджак, кадом варақчаҳо бо рақами телефони касе, дастрӯмол ва ким кадом доруву ҳабб байёнгари гуфтаҳои боло аст. Вале ин ба ҳеҷ вақҳ ба маънии он нест, ки ӯ аз касе дар шаҳрвандиву мардиву инсонӣ ва ҳама чизи дигар камтар бошад. Не, албатта!

Читать далее →

Хонаҳо…

Хонаҳо…

Чӣ қадар асрорро онҳо дар чаҳор девору сақфу фаршашон ниҳон доранд. Чӣ қадар ҳаводис ва руйдод миёни он чаҳор девор ба вуқуъ пайвастааст…

Чӣ қадар аз мардумон ба коргоҳ фақат барои он мераванд, ки омаданашон ҳисоб дорад ва ҳар рӯз дар интизори ақрабакҳои хурду бузурги рӯйи рақами 5 ва 12-и соатанд, то ба сӯйи ҳамин чордеворҳо шитоб кунанд…

Чӣ қадар аз мардумони раҳгузар дар ин дунёву дар ин шаҳр то расидан ба ҳеҷ куҷо аз канори ин гуна деворҳо ва тирезаҳои рӯшанидор бо он ягона орзу ва хоҳишашон бо ҳавас ва бо фарёди бесадо гузаштаанд ва боз мегузаранд…

Чӣ қадар парвозҳо ба фазои орзуҳои ҷавонӣ бо баста шудани дари ин гуна хонаҳову панҷаракорӣ гаштани равзанаҳо бе идома монд…

Чӣ қадар дилро тақ-тақи дари соҳиби хона ва пайдо шуданаш дар погаҳи дари соҳибхонаи муваққатии дар интизори рузи маош, пурандӯҳ кардааст…

Читать далее →

Аз он дурӣ…

Аз он дурӣ то воқеияти имрӯз фосила баробар ба як умри инсон аст.

Фақат аз он дурӣ шебу фарози роҳҳои дониставу надониста ва тасодуфан барои рафтан интихобшуда метобад.

Фақат аз ҳамин кунҷи биниш дурустӣ ва нодурустии ҳар қадами онеро дидан имкон дорад, ки ҳанӯз дар оғози роҳ гоҳ навмеду гоҳ ба умеди касеву чизе ва гоҳо масту мағрур аст.

Фақат аз ҳамон дурӣ пештар аз дигарон ба ҳоли касеву касоне ва хасоне хандидан мумкин аст, ки гуноҳу саҳву хатои тӯли таърихи мавҷудияти одам хандахариш шудаҳоро баргашта такрор мекунанд…

Фақат аз он дурӣ дидан мумкин аст, ки инсонҳо инҷо на барои кору амали нодурусту гуноҳолудаи анҷомдода, балки аксаран барои кору тасмим ва амалҳои росту дурусту хуби анҷом надодаашон хиҷолатзада мешаванду ҳатто муҷозот.

Читать далее →

Дар погаҳи як дар…

Кӣ ҳисоби мардумеро медонад, ки асрори вуруд ва бурунрафтро аз дару дарвозаҳои ин сарои дудар дарк кардааст?

Кӣ медонад чанд аст шумори мардумоне, ки пушти ин ё он дар дар хумору дар суроғи чизе ғанабашон бурда?

Кӣ эҳсос мекунад, ҳолати онеро, ки кадом даре қасдан ё сирф тасодуфан ба рӯяш баста ё шояд фақат пӯшида шуда?

Кӣ шабҳо мешунавад нидову оҳу дуои касонеро, ки аз миёни ҳазорҳо тавонгар дари ҳамон ягона тавонгартаринро пайдо кардаанду пушти он ба хатҳои каҷу килеби кафи дастони шахшулу равганнадидаи худ хира шуда, тавалло доранд?

Кӣ таҷриба кард, ки навиштаҳои чандзабонаи гилемчаҳои навиштадори погаҳи чандин дар баракси интизориҳояш буд ва фақат дар бозгашт аз он сӯйи ҳамон дарҳо ҳис кард, ки хуш наомада буд…!?

Читать далее →

Аввалин ҷоизаи байналмиллалии «Алиф.До.Ре.Ми»

Филми мустанади коргардони ҷавони тоҷик — Алиҷон Ҷалилов бо номи «Алиф.До.Ре.Ми» дар 10-умин Кинофестивали байналмиллалии нахустфилмҳо ва филмҳои донишҷӯён «Бастау» (Международный фестиваль студенческих и дебютных фильмов «Бастау»), ки аз 29 ноябр то 3-юми декабри соли 2022 миёни 60 филм аз 40 кишвари дунё баргузор шуда буд, сазовори Ҷоизаи таваҷҷӯҳи махсуси ҳакамон (Особое упоминание жюри) гашт. Маротибаи аввал ин филми мустанади 18 дақиқагӣ дар шаҳри Алма Ато дар фестивали минтақавии «MediaCAMP» намоиш дода шуда буд. Ҳамин мустанад дар моҳи октябри соли 2022 дар ҷашнвораи дигар — Lift-Off Global Network (Британияи Кабир) интихоб ва намоиш дода шуда буд. Филм дар доираи лоиҳаи «Формати хурд» -и Интернюс (2022) дар Тоҷикистон таҳия гашта, аз ҳайёти як муаллими мусиқӣ нақл мекунад. Ин мустанад санаи 25-уми ноябри соли 2022 дар Душанбе, дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров рӯнамоӣ шуд.
Филми мустанади «Алиф.До.Ре.Ми» дар жанри «мушоҳида» ва дар муддати се моҳ сабту таҳия шудааст. Дар сабту таҳия ва тадвини ин мустанад дар қатори коргардон-таҳиягар — Алиҷон Ҷалилов, ҳамчунин наворбардор- Наврӯз Саидов, садобардор — Эҳсон Субҳонзода, тадвингар — Комил Карим ва коргардони садо — Шаҳриниссо Яковлева саҳм гузоштаанд.
Қаҳрамони филм марди 74 солаест, ки ҳоло низ ба таълими мусиқӣ дар мактаб ва боғчаи бачаҳо машғул аст. Роҳи зиндагии ин парвардаи хонаи ятимон ноҳамвор ва зиндагии ӯ пур аз тазоду рӯйдоду ҳаводиси хушу нохуш буд. Дар синни 63 солагӣ бо ӯ ҳодисае рух медиҳад, ки зиндагии ояндаи ӯро тамоман дигар мекунад. Мусиқӣ ва навозиши асбобҳои мусиқӣ барои амалӣ шудани орзӯи ӯ кӯмак кардааст. Дар филм нишон дода шудааст, ки новобаста ба андешаҳои аксарияти мардум дар ҷомеаи суннатӣ нисбат ба суруду мусиқӣ он метавонад барои расидан ба орзӯҳо ва дарёфти роҳи наве дар зиндагии шахс кӯмак ва мусоидат кунад.
Бояд қайд намуд, ки ин кори аввали мустақилонаи коргардонии Алиҷон Ҷалилов — хатмкардаи «Мактаби Филмҳои Мустанад» аст. Ин мактаб дар шаҳри Душанбе аз моҳи феврал то майи соли равон чандин ҷавонро, ки истеъдод ва ҳунари сохтани филмҳои мустанадро доштанд, ба таълим фаро гирифта буд. Устодони варзидаи синамои тоҷик, мисли Гергий Дзалаев, Шаҳриниссо Яковлева, Файзулло Файз ва Комил Карим (аз Тоҷикистон) тариқи офлайн, Марина Разбежкина ва Елена Демидова (Росия), Аниса Собирӣ (Британияи Кабир) ва Катя Суворова (Қазоқистон) тариқи онлайн ба шогирдони ин мактаб дарс гуфтанд.

Тафовут ва моҳи кӯча

Тафовут ва мағзу моҳияти фарқи як кас аз каси дигар ва як чиз аз чизи дигар хеле ҷолиб аст. Соддатарин ҷумлаи ин мавзӯъ ҳамин аст, ки ҳамфикрҳо, ҳамсангарҳо, ҳамномҳо ва…. ҳатто тамоми инсонҳо ҳам метавонанд ба ҷуз ҳамин чиз умумият ва монандаи дигаре надошта бошанд. Ҳис кардаед дар шабе, ки ҳар шаб ва ҳамеша ба назар якхел аст, рангу чароғу рӯшноӣ якхела нест…!? Мисли тамоми инсонҳо, ки рисолати якхела доранду амалу рафтору гуфтори мухталиф… Ва ба қавле соҳибони он рӯшанойии сунъӣ худашон намедонанд, ки нуру рушании шамъу чароғи онҳову манбаи рушании дар дасту ихтиёри онҳо буда, аз дигаре фарқ дорад. Мисли аксарияти инсонҳо, ки рисолати якхела вале бадкориҳои мухталиф доранд…

Ва истисно МОҲ аст, ки дуру баланду дастнорас асту ҳамоно бо рӯшании рӯшантар фурӯтану содаву қарибтар аз соири чизҳое, ки рӯшанӣ доранду гӯё қарибанд. Мисли як гурӯҳи камтарини инсонҳо, ки мақоми баланду осмонӣ доранду табиати хоксорӣ.

Читать далее →

20 ҷумла барои Алиҷон

Шаби 3-юми декабри соли 2002 ҳам барфи аввал борида буд…Ё ҳамон шаб ҳам мисли дишаб сард буд, ё шояд ман либоси гарм надоштам…

Вале, гуворотарин эҳсосро доштам — тавлиди нахустфарзанд, падар шудан…

Гӯё ҳафт қабат ҷомаи нақшин ба тан дорам…Мисли ин, ки дина дар остонаи 20 солагиат аз Қазоқистон хабар расид, ки нахустин филми ҳуҷҷатии таҳиякардаат (аз ҳаёти як муаллими суруд ва мусиқӣ) дар ин фестивали байналмиллалӣ ҷоиза гирифт….Муборак аст!

Алиҷон, бачаҷони эҷодкору бананги ман! Ту шоҳиди ҳама шебу фарози роҳи зиндагии падарат будӣ. Шоҳиди ҳамон ҳолати мушкилу монеаҳое, ки ҳатман сари роҳи зиндагии ту ҳам пайдо мешаванд. Онҳо ҳамеша ҳастанд, мисли мавҷудияти баъзе инсонҳои бадният, ки ту аллакай қариб ҳама нишонаи онҳоро медонӣ. Ҳаёт муборизаву талош аст ва дар ин ҷода пирӯз ҳамон каси хастагинописандаст, ки ҳадафмандона ва андешаманд гом мебардорад. Ҷойи шак нест, ки Худову Расулу азизу авлиё ҳам дастгиру мададгори ҳамин гуна кас аст…

Читать далее →
Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти