Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: 61 алами бемодарӣ, Аз қалъаи дил то Қалъаи Сангин, Субҳон Ҷалилов, Файзобод, гӯристон, дар сӯгвории модар, дар сӯги оча, дар хумори модар, мазори модар, модар, оча, ровии радио | Leave a comment »
Рубоёту дубайтӣ дар сӯги модар
Шаб. Роҳ. Чароғ ва Маҷнунбед…
Шаб. Роҳ. Чароғ. Намедонам кадомин шаб ва аз охир чандумин шаб, мисли он, ки номаълум аст кадом роҳ ва чароғи кӣ?
Ва мешинӣ то нафас рост кунӣ рӯйи хараке, ки то ту ҳазор кас барои ин кор ва барои ин ният фурсат наёфт…
Ва дар андешаи сабзаҳо хоҳӣ буд, ки бе ту ҳам сад кафи по дусад нақше ба рӯяшон гузошта…
Кӯки сару гардани ба замин дӯхтаро кандаву ҳамон суйе менигарӣ, ки аз он ҷо сели рӯшанӣ пеши поят мерехт. Шишачароғҳо яке рушану дигар торик, яке гарму дигар сард, яке бедору дигар хоб..Айнан мисли зану марде, ки яке аз дигаре каҳр кардаву он дигарро ғурури ноҷову нолозиме намегузорад як қадам сӯйи шикасти сукут гузорад…
Ва ин кадомин роҳ аст чунин холӣ ва сокит? Ҳоло, ки ҳатто роҳҳои хатову сарбаста пур-пури инсоне аст, ки қиссаҳои хаёливу воқеъии сафаракиҳои ҳамин гуна роҳу пайраҳаҳоро аз тифлӣ то имрӯз мехонду анҷомашро ҳам медонад…Барои нақли онҳо пеши устодаш ҳатто баҳои панҷ ҳам мегирифт…
Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Маҷнунбед, Роҳ, Субҳон Ҷалилов, Чароғ, Шаб, бед, боғ, гӯристон, дарахт, хоб | Leave a comment »
Пушти ин дарвоза…
Пушти ин дарвоза — ҳазорон санги сафеду сияҳ, мисли дилҳои мардумони ин суйи дарвоза, ки барояшон воқеъиятҳои он сӯйи дарвоза ҳеҷ дарсеву ибрате нашуда…
Пушти ин дарвоза — ҳазорон кору нақшаи як рӯз ба таъхирмонда, ки акнун то қиёмат ба таъхирафтида аст…
Пушти ин дарвоза — садҳо нафсу ғурури дар ин сӯ шикастнопазир, ки акнун баробар бо хоки замин шуда…
Пушти ин дарвоза — саду як ҳарфи дар лабҳо хушкида, ки дар ин суйи дарвоза ё аз нотавонбинӣ гуфта нашуд ё аз фориғболӣ барои гуфтанашон фурсат нарасид…
Пушти ин дарвоза — ҷое, ки ҳазорон ноз, ниёз, алам, ашк, рашк, ғуруру фурӯтанӣ, зебоӣ, ғусса, дарди ҷонкоҳу доруву дармони дар ҷисм ҳалнашуда, ҳазор чашми ба роҳ интизор, ҳазорон чеҳраи маҳтобиву садҳо асрори кушодаву нокушода, ки дар паҳнои кушоди ин сӯйи дарвоза намеғунҷиданд, дар канори ҳам ва дар сояи арчаву чаноранд…
Ва чӣ қадар ҳарфу сухане,, гуфтание, розе, аламе дар дилу забону лаби мардуми шиносу ношиноси ин суйи дарвоза монда, ки касе аз ғурур, касе аз рашк, касе аз дурӣ ва зиндаҷудоӣ, касе аз қаҳри ноҷо, касе аз вақти маҳдуд натавониста, ки замони инҷо будани акнун сокинони он сӯйи дарвоза рӯ ба рӯяшон бигӯяд ва ҳоло бо ҳарфи «дидор дар киёмат»- пушти ин дарвоза ҳайрон аст…
Кош дар анҷом додани ҳама фарзияҳову кору тасмиму нақшаҳои неку шоиставу савоб ва гуфтаниҳои барои ҳамдигар ҳатмӣ дар ин сӯйи дарвоза ДЕР НАКУНЕМ…

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Пушти ин дарвоза..., гӯристон, дарвоза, зиндаҳо ва мурдаҳо, модар, одамият, оромгоҳ, оча, фалсафаи зиндагӣ | Leave a comment »









