Ӯ вақте ба деҳа баргашт, ки кам касон қиссаи зиндагиашро ёд доштанд. Ҳамон касони кам ҳам ба ин назар буданд, ки ӯ наомадааст, балки ӯро шояд овардаанд. Кӣ? Касоне, ки бурда будандаш! Ба ҳар сурат, ба ин фарзия он вақт ва ҳоло ҳам мардум, ки қиссаи пушти кӯҳи Қоф бурда шудани боз ким-касони дигарро аз ҳамин деҳ аз даҳони мардумони калонсол шунида буданд, бештар бовар мекарданд. Ин пиракии ришу салладор аз он ҷавоне, ки чандин сол пеш асроромез аз ин деҳа ғайб зада буд, фарқ дошт. Ӯ акнун баракси худаш буд — баракси сирату сурату нигоҳҳояш, баракси худаш дар чанд соли пештар, баракси он ҷавони содаву зудбовари тракторчӣ
Хабари «Мираҳмади тракторчӣ пайдо шудааст…» деҳаро пур кард. Он чизе, ки наздиконаш рӯзи аввали пайдошавиаш тахмин зада буданду интизораш буданд, пеш наомад. Мӯйсафед камгапу беозор, зудранҷу камҳавсала, оромтабиату бепарво ва одамгурез шуда буд. Ба ҳавлиаш фақат ҳамон рӯзи омаданаш андешаманд ва ғарқи фикр зеҳн монд. Гӯё чизеро мекофт, ки кору бор ва зиндагии қаблиашро ба ёдаш орад. Ҳама аз пушташ гоҳ анҷомхона мерафт, гоҳ ошхона ва гоҳ болохона. Айнан мисли чанд даҳсола пеш, ки ҳама дар деҳа чанд ҳафта пушти ҳам банду занҷир ба даст ҳар шаб дар талоши кулук кардани Мираҳмад буданд, акнун мардуми имрӯзи деҳ, ки қиссаи талхи ин ҳамдеҳаашонро шунида буданд, аз пушти ӯ мегаштанд. Касе механдид, касе тавба мекард, касе хавотир буд. Аввалиҳо аксаран ҷавонону наврасон, дуюмиҳо ҳамсолони ӯ ва сеюмиҳо ҳамонҳое буданд, ки қиссаҳои ҳамлаи мардумони бемору аз ақл бегонаро ба раҳгузарон ёд доштанду шунида буданд. Кам набуд мардуме ҳам, ки аслан парво надошт…
Дар зеҳни ӯ чӣ мегузашт, худаш медонисту Худо. Мисли он, ки дилаш аз мардум ва одамони худиву бегона монда буд. Касонеро, ки ӯ вақти ҳолу ҳавои гапзанӣ доштанаш мепурсид, қариб касе намешинохт. Ва ҳатто аксарият бовар намекард, ки пои касоне бо исми Ивану Степану Валентин кадом вақте рӯйи сабзаҳои Маровез расида бошад ва соҳибони он аввалин хонаҳои кулӯхдевор ва баъдтар чӯбин онҳо бошанд. Суроғкуниҳояш, ки бо тамасхур рӯ ба рӯ мешуд, ӯро хиҷолатзада мекард. Дар танҳоиҳо ва роҳгардиҳои шабонааш чизе дуру дароз ва печида мегуфт ва ин номҳоро низ ба нақлҳои подарҳавояш изофа мекард, аммо дигар аз касе онҳоро намепурсид ва суроғ намекард…
Бачаҳои деҳа чанд карат ноаён ба он гӯё қароргоҳи дур аз деҳааш рафта буданд. Ин корро асосан онҳо аз дилсӯзӣ карда буданд. Ҳар навбатдори подаи деҳа, ки муйсафедро бештар аз кунҷкобӣ ва баъд аз дилсӯзӣ бо дурбин зери назар дошт, шом дар масҷид қисса мекард, ки Мираҳмад аз субҳи содиқ то бегоҳ дар рӯйи он баландӣ гоҳ хобу гоҳ бедор гӯё нақши посбони боқимондаи мазори канори он баландиро иҷро мекунад. Чӣ мехӯрд? Чӣ менӯшид? Аз чӣ фикр мекарду бо чӣ хайёле рӯзҳоро ба шом мебурд, боз ҳам касе ҷуз худашу Худо намедонист. Онҳое, ки омаданашон то пеши мӯйсафед ошкор ва бо роҳи асосии болои деҳа буд, ба чизе муваффақ намешуданд. Зеро пайдо шудани сурати одамон дар чигинараҳ ӯро то тепаву баландиҳои дуртар ба қавле мегурезонд. Қиссаи поранонҳои локии миёнашро ҳамонҳое то деҳаву то масҷид оварданд, ки пинҳонӣ ғофилгираш карда буданд. Ва оромиву қарорро ҳам ба дили мардумони деҳ ҳамонҳо оварданд. «Мираҳмад ба ягон кас кор надорад, ба ӯ кордор нашавед, мӯйсафед сода нест, инҷо чӣ гапе ҳаст, ки мо намедонем…» Амалу ҳаракат ва нигоҳу назару бархӯрди як мӯйсафед сад касро, ки миёнашон ҳам тракторчӣ буду ҳам раис, маҷбур карда буд, ки фикрӣ шаванд ва дар ҳоли ба миён омадани ин мавзӯъ кадом тахмину назару нигоҳи худро баён созанд …
Мардуми деҳа акнун аз ӯ, ки дар нигоҳи аввал боиси тарси ҳар бегона ва ноошно мешуд, ҳарос надошт. Барои подабони деҳа будани Мираҳмад дар теппаи болои деҳа як андоза рамзи оромӣ ва тинҷӣ дар деҳа буд. Зеро рӯзҳои азову мотам дар деҳа ӯ қароргоҳи доимии худро бо як ҷой дар пушти дари мурдадор иваз мекард. Барои ҳар сокини деҳа, ки он рӯзҳо иртиш тақсим мекард, муйсафеди Мираҳмад бо як-ду сӯми иловагӣ ва як лаби матоъи дигар авлавият ва имтиёз дошт. Ҳарчанд, барои ӯ он матоъ ва ҳатто пул ҳам дигар он арзишеро надошт, ки барои дигарон дошт ва дорад…
Баъди аср, ки подабонҳо ҳам дар тараддуди хамбонидани гову моли мардум мешуданд, мӯйсафед ҳам аз пайи ҷамъу гири пайтоваву маҳсӣ ва локиаш мешуд. Инак, чанд соли дигар аст, ки таёқаш дар пушт ва дар оринҷи ҳарду дастонаш гиреҳ бо ҳамон як роҳ ва ҳатто ҳамон як суръати роҳравӣ аз ин сӯ пештар аз подабон рӯ болову аз он сар пеш аз пода ба деҳа сарнишеб мешавад. Ин роҳ аз канори МТС мегузарад. Он ҷое, ки бӯйи равғану автолу керосин ҳоло ҳам аз чӯбу сангу дару девораш нарафтааст. Мираҳмад ҳамон рӯзҳое, ки касе дар пушти деворҳои он ҷо набуд, бо баромадан ба рӯйи санги бехи девор нигоҳашро ба даруни он ба қавле «гӯристони техникаи кишоварзӣ» мерехт. Дар як лаҳза нигоҳаш давру бари маконеро, ки дар миёни мардум бо номи «селхозтехника» маъруф буд, гӯё мепалмосид. Аз он ҷо чиро мекофт ва чаро наметавонист аз канори ин раҳ бефарқ бигузарад, кам касон тахмин мекарданд. Аксарият ин асрори пӯшидаро намедонистанд, мисли он, ки касе мушаххас намефаҳмид, ки интихоби ин пиракӣ чаро маҳз ҳамон як теппаи рӯ ба рӯйи мазори кӯҳна аст? Теппае, ки як замонҳо мардуми раҳгузар маҳз баъди расидан ба ин теппа аз аспу хар пиёда мешудаву орому бо тамкин аз канори он гӯристон рад мешуданд…
Мираҳмад ҷавону тануманду дидадарову чолоке буд, ки баъди таҷрибаи кору заҳмати лойгариву деворзанӣ дар шаҳри Қӯқанду деҳоти гирду гӯшаи вилояти Фарғона ва ҳам хатми курси омузиши трактори тасмачарх ба деҳа баргашта, соҳиби трактор ва обу рӯ буд. Он вақт шояд маротибаи аввал буд, ки ба биргаду агрономи колхоз ва ким-кадом инженери ҳамон МТС ҷавоби рад дода буд. На фақат ҷавоби холӣ, балки онро бо далелҳое мӯътамад аз хотираи худу қиссаҳои бобои Таваралӣ ва Тӯрахону Чақал устувору эътимодбахш карда буд. Ва Мираҳмад шояд бо ин амалаш нахустин тракторчие буд, ки супоришро иҷро намекард ва гӯё садди роҳи сохтмони кадом иншооти зарурӣ мешуд. Баъди он ки се-чор тан аз мансабдорони раддаи аввали Райком, ки намояндагони «халқи кабир» буданду ному насабашонро то ҳоло ба ёд дорад, дар пушти дарвозааш пайдо шуданд, ба худ андешид, ки масъала ҷиддитар аз оне аст, ки меандешад…
Ҳамонеаш, ки дар кабина бари ӯ ҷой гирифт, шояд аз рӯйи вазифа калонтар буд. Дуйи дигар дар гӯшаҳои кабинаи трактор то ҳамон ҷое омаданд, ки ӯ ва бобокалонашу падараш як замон аспу харро аз нухтааш дошта, пиёда мегузаштанд. Аз куҷое садои бобокалонаш ба гӯшаш меомад, ки «Таборак» қироъат дорад. Пеши чашмаш ҳама сокинони деҳа ва мардуми атроф падид омаданд, ки бо дастурхони пури кулчаву нон ба ҳамин мавзеъ меомаданду доштаҳои даруни дастурхони худро бо дигарон иваз мекарданд. Чизеро онҷо мехӯрданд ва чизеро бо худ мебурданд. Медид, ки касеро занҷирбанд ба инҷо меораду касе аз ин сӯ бори шонаҳои наздикон шудаву рӯ ҷониби ҳамон мавзеъ ба зӯр ҳаракат дорад. Медид, ки хешу табори ким-кай вафот кардааш, канори роҳи трактораш дастафшонӣ доранд. «Куҷо рафтанианд вақти намози аср онҳо? Намебинанд, ки ӯ дар трактораш ҷой надорад?» Фикр мекард, аз бӯйи бади шароб ва сигори «махорка» ва «самокрутка», ки аз либосу даҳони ҳамраҳонаш меомад, сарчархак шудааст…
Хабари шуми чаппа шудани трактор дар роҳи рости мазори деҳа ҳамон замон тамоми атрофро пур кард. Тракторчиҳои дигар, ки акнун бояд аз дирӯз барои саркашияшон ҷойи кор ва машғулияти дигар меёфтанд, бо дидани манзараи трактори подарҳаво ва ҷисми хунолудаи як тракторчиву чанд фармондеҳ ангушти тааҷҷуб мегазиданд. Мардум, ки аслан ба гӯристони ғайримусулмонҳо, ки дуртар аз маҳалли аҳолинишин буд, кам мерафт ё тамоман намерафт, дигар бо чашм надид, ки баъди ин ҳодиса онҷо чанд гӯри нав пайдо шуда буд? Фикру зикри онҳо банди сиҳатӣ ва шифоёбии Мираҳмад буд. Ҳамон тракторчии акнун шабгарди кӯҳгарду ғоргард, ки баъди шифои захмҳои ҷисмаш ҳам бар асари захмҳои рӯҳ дар хобу бедорӣ ҳазён мегуфту мушавваш буду парешон…
Мӯйсафед ҳамроҳи мардум намози бомдодро дар масҷиди кӯҳнаи деҳа хонду бар хилофи онҳо, ки сӯйи хонаву оғилашон мерафтанд, ҷониби кӯҳпораҳои атрофи деҳа бо роҳи пурчанги барояш ошно рӯболо шуд. Бо ин раҳи кӯҳна, ки болотари он, рӯйи теппа муйсафеди Мираҳмад акнун қароргоҳ ё дидбонгоҳи ҳамешагии худро интихоб кардаасту рӯ ба рӯяш мазори нимавайрони деҳа ҷойгир аст, инак чандин сари сол аст, ки ягон трактор нагузаштааст…

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Мираҳмад, девона, мӯйсафед, подабон, қисса |












Добавить комментарий