Деҳае бо дари нимроғ…

Касе аз имрузиён дақиқан намедонист, ки деҳа чун нигину мӯҳраи чашмӣ аз кай дар гардани ин кӯҳи устувору сангӣ овезон аст. Баъзан ба назар мерасид, ки ин деҳа аз ёди мардумони водиҳо ва таҳдаштҳо рафтааст. Мардумони ин деҳа сарватдор ҳам ки набуданд, меҳмондор буданд ва ҳам одамшинос низ. Зеро роҳи гузари корвонҳо хоҳу нохоҳ аз дили ин деҳа мегузашт ва онҳо на ҳамеша аз тоҷирону хайрхоҳону сафаракиҳои безарар иборат буд. Чӣ касеву хасе тӯли мавҷудияти ин деҳа омаду рафт, омаду нарафт ва омаду гирифту бурд ҳам вақтрову ҳам доштаҳоро ва ҳам ҳатто обурӯрову ғурурро аз баъзеҳо. Чӣ ошноҳое, ки дар ин радду бадалҳо бегона шуд ва чӣ бегонаҳо, ки бегонатар гаштанд…

Читать далее →

Дар канори худ (ҳикоя)

Ба ёд оварда наметавонад, ки аз кай будани он чиро дар канораш эҳсос кард, вале медонист, ки ҳисси тарс ва ваҳм, ки як сабабаш бегонагии онҳо аст, тахминан аз ҳамон вақт ӯро фаро гирифтааст. Он ҳис ҳамон вақте ки он чиро мушоҳида мекард, зиёдтару бештар мешуд. Намедонист, ки чӣ аст он, вале тахмин мекард он чизе нимаву нокомилу нопурраву шикаставу буридаву ду булак аст…

Он чиз гӯё зеҳну ҳуш дошт, ки баробари ӯ ҳама чиро такрор мекард. Як сабаб ва баҳонаи тарси бештараш низ ҳамин чиз буд. Дигарон аз чизҳое метарсанд, ки аз фармон ва иродаву идораи онҳо берун аст, аммо он чиз, ки мояи нигаронии ӯ аст, мисле ки ҳоло аз иродаву фармони ӯ берун нест. Тахминан мисли ду кӯдаки синфи ибтидоӣ, ки бо такрори ҳарфу амалу ҳаракат гӯё ҳамдигарро мазоҳ мекунанд. Намедонист, ки он чӣ фосила аз ӯ дур аст ва ҳам намефаҳмид, ки то кадом андоза ҳамон чиз ба ӯ наздик аст!? Ҳамин сардаргумӣ ва номуайянӣ дар қабули қарори ниҳоӣ ва хулосаи охир барояш монеъа эҷод мекард…

Читать далее →

Падар. Об ва нон.

Пештар аз бомдод ҷисми ҳам хаставу ҳам ба зарби дору ба хоб моилгаштаро аз рахти роҳату гарм бо роҳи гузари шамоли Файзобод то таҳоратҷо кашидан корест на саҳл. Муҳимтарин фарз баъди он аст. Пас аз адои намоз ва вақти дуо хаёлан пеши назараш шояд ҳамаро ва маро ҳам биёрад. Худо медонад дар ҳаққи фарзандони раҳдураш, ки ҳатто рӯйи гарми модарашонро пеш аз тарки дунёву реҳлаташ надиданд, чӣ дуо мекунад!? Муҳоҷирбачаҳоро мешавад аз рӯйи дараҷаи хушбахтӣ ва саодаташон ба ду гурӯҳ тақсим кард — онҳое, ки дар маросими видоъ бо волидону наздиконашон ҳузур доштанд ва онҳое, ки ба он маросим наомаданд ва ё бо кадом сабабе натавонистанд, ки биёянд…

Читать далее →

Шустушӯ (ҳикоя)

Ҳамин андешаву фикр агар сӣ сол пештар ба сараш меомад, шояд он касе набуд, ки имрӯз аст. Ҳароина беҳтар аз ҳамин рӯзаш рӯз медошту хубтар аз ин шабҳояш шаб. Он замон ҷуръати бештарашу саҳнасозиҳояш аз ҳар ҷуръа май аз буфети ягонаи маркази колхоз то хонааш мисоли як филми фоҷиавӣ буд, ки гӯё сенарияи он пеши чашми мардум — раҳораҳ эҷод мешуд. Чӣ гапҳое дар мастиву ҳушёриаш мегуфтанд ва чӣ насиҳатҳое аз касу нокасҳо мешунид…Он сӯйи даҳлези гӯшҳояш гӯё ғори бетаге буд, ки ҳама насиҳату маслиҳату ҳатто таҳдидҳоро аз худиву бегона ва худиҳои кайҳо бегонашуда бенишон ва бенатиҷа фурӯ мебурд. Магар он вақт мисли имрӯз дар ҳошияи боғчаи гӯё бесоҳибашу мизу курсиҳои аз кундаи дарахт ва бо дастони ҳунарманд сохтааш талх мегирист? Албатта мегирист, аммо мардуми ҳушёр намефаҳмид ӯ чаро мегиряд?! Ва он гиряи мастона мушаххасан мисли имрӯз гиря барои худашу ба ҳоли худаш набуд…

Читать далее →

Ошиқи Маҳтоб (ҳикоя)

Нахустин дидораш бо вай баъди ба худ омадан аз пушти панҷараи хонаи иҷорааш буд. Аввал фикр кард, ки ситорае канда шудаву дар шохи дарахти булути пушти бино дармондааст. Баъди он, ки аз воқеъият дур будани тахминашро дарк кард, ба дил гузаронд, ки шояд чашми чароғи канори роҳ аст, ки рост ба ҳуҷраи хоби ӯ нигоҳ мекунад. Ва ҳатто тахмини сеюму чорумаш ҳам, ки бӯйи доруву даво ва ҳуҷраи беморхона мекард, росту дуруст набуд. Ба чашми ин марди танҳо, ки ба чашми кӯдакони ҳамсоя ва волидони онҳо бештар аз як девона набуд, ҳар чиз метофт. «Ошиқи маҳтоб» дар ишқу вафодорӣ на дар ин гузар ва на дар тамоми қиссаҳои ошиқона монанду ҳамто надошт…

Авҷи девонагиҳои рӯзонаашро аввалҳо на духтури шиносаш мефаҳмид ва на муллои маҳал. Ва ӯ ҳам на ақли иншо кардан дошт ва на забони байён. Тахмин кардан мумкин буд, ки чизеро пайваста суроғ мекунад ва ё касеро меҷӯяд. Дар осмон пайдо шудани тайёраро он қадар хуш надошт, ки ҳатто дастонашро ба гӯшаш сарпӯш сохта чашмонашро сахт мепӯшид ва рӯйи замин нишаста, гӯё интизори кадом ҳодисаи ногувор мешуд. Ва шодӣ мекард аз он ки ҳам тайёра дур мерафт ва ҳам чизе аз осмон намеафтид…

Читать далее →

Сари «Дастархони сурх»

(Дар ҳошияи намоиши мусаввараҳои рассом — Далер Миҳтоҷев бо номи «Дастархони сурх»)

Он руз баъди аср борон борид. Сафи мардуме, ки куҷое медавиданд, акнун аз ҳисоби онҳое, ки аз ин борон мегурехтанд, меафзуд. Мисли сафи онҳое, ки ин гуна борони нарму гармро дар ҳавои дамгири чанд рӯзи ахир орзу доштанд. Ҳеҷ баҳори дигар ба сару рӯйи онҳо ин гуна борони ранга нарехта буд. Даргурез аз ин борон мардум таги нигасу боми ошнову бегонаро, ки дар ҳавои софу офтобӣ шояд назараш намегирифт, ба хотири панаҳ кардани сараш ихтиёру интихоб мекард. Қиссаи сарҳо ва сарпӯшҳо воқеъан ҳам зери ин борони ранга ҷолиб аст…

Мо аксаран аз сар дида сарпӯшро беҳтар ҳифз мекунем. Гӯё хираду ақлу фаросат даруни тоқӣ ва кӯлоҳу шляпа аст, ки онро ё бо чизи обногузар мепечем ва ё бадтар аз ин — чорқат карда, ба киссаи даруни костюм ё ҷома мезанем. Ва баъд чӣ рангу обу лойе, ки ба сар мерезаду бо ҷӯякҳои рӯю гардан ба қади танаву пасту баландиҳои бадан сарнишеб метаровад…

Читать далее →

Дар ҳошияи Рӯзи РАДИО

Рӯзи радио барои тоҷикону тоҷикистониён аслан санаи дигар аст, вале анъанаи таҷлили он дар рӯзи 7- уми май аз замони шӯравӣ санаи асосии таъсиси радио ва радиошунавониро дар кишвари мо андаке беранг сохтаву ҳам як андоза онро ба фаромӯшӣ бурда буд. Рӯзи радиоро васеъ ва якҷо бо кормандони соҳаи алоқа таҷлил мекарданд…

Ҳар гунае, ки бошад, РАДИО барои ман бештар аз радио аст, зеро ман бисту чанд соли ҳаётамро дар роҳравҳои ин даргоҳ ва дар студияҳои радиоӣ сипарӣ кардаам. Тахминан тамоми солҳои ҷавониро, авҷи нерӯ ва тавоноиҳои ҷисмӣ ва зеҳниро….Ҷозиба, муҳаббат, одаткунӣ ва ҳатто вобастагии шадиду фарқкунандае дорад радио.

— воситаи хеле осону қулайи дарёфти иттилоъ аст;

— фаврият инҷо бештар таъмин аст ва афзалияти асосии радио нисбат ба ВАО-и дигар аст;

— мактаби бузурги таҷриба аст, ки баъди гузаштани он дар самту соҳаҳои дигар ҳам, ки фаъолият кунед, ба қавли мардум азоб намекашед;

Читать далее →
Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти