Маззаи дигари ангур (ҳикоя)

Ӯ фикр намекард, ки ин деҳа аз сатҳи баҳр 1400 метр баланд аст. Фақат медонист, ки аз шаҳр қариб 50 км дуртар аст ва мардумонаш ангурпарваранду чорводор. Ҳар сол даҳҳо карат ҳамсояи дар ба девораш дар шаҳр дар мавсими ҷамъоварии ангур ӯро ба ҳамин деҳа даъват мекард, то барои худаш ангури тойифии хушмазза биёрад. Имрӯз бошад, фикр надошт, ки дар ҳоли ҳавои тафсони шаҳр дар ин деҳа ва атрофи он борони майда мерезад…

Бордони мошини Мерседес пур аз ангур шуд. Амаки Сафар дасту дили кушод дорад. Аз ангурҳои навъи дигар ҳам, ки дар миёни қаторҳо якто-нимто ҳаст, чанд хӯшаи калон канда, ба мошин гузошт. Ронанда, ки аз саховатмандии он марди деҳқон — падари ҳамсояаш, ҳатто ҳиҷолат ҳам кашида буд, ба худ фикр кард, ки имсол ҳатман дар мавсими нармкуни бехи ниҳолҳои ангур худаш чанд мардикорро инҷо меорад ва пули онҳоро пардохт мекунад. Ӯ аз нақли ҳамсояааш дар бораи қариб тамоми раванди парваришу ҷамъоварии ангур маълумот дошт ва медонист. Амаки Сафар ҳатто пул ҳам нагирифт, ки ӯ худро андаке роҳаттар эҳсос кунад…

Роҳҳои хокии деҳа ба роҳи мумфарши аз шӯравӣ боқимонда пайваст шуданд. Духтари ронанда дар курсии пеши мошин ва ҳамсараш дар курсии пушт ғарқи рангу бори табиии боғу роғи мардум дар ду канори роҳ ҳаракат доштанд. Борон гарди роҳҳои хокиро аз чеҳраи баргу чарг шуста, гӯё ба онҳо ҷону нафаси тоза ато мекард. Фазои деҳа аз бӯйи борону бӯйи хоки руйи роҳҳо муаттар шуда буд ва он накҳат аз роғи тирезаҳои мошин ба салон ҳам ворид мегашт. Одатан борони майда, мисли ҳамин борон, дуру дароз мерезад. Мушоҳида мешавад, ки мардум ҳам аз таги долону пушти тирезаҳо ва баъзеҳо зери чормағзу дарахтони дигари сербаргу шох панаҳ бурда, резиши борони тирамоҳиро бо ҳавас тамошо доранд…

Шоҳроҳ аз ҳамин ҷо шояд дар фосилаи 9-10 деҳа дуртар ё поинтар ҷойгир аст. Миёни асру шом аст. Аз дур зани ҷавоне бо либосу пойафзоли хонапушӣ намудор мешавад, ки дар даст тифли хурдсоли парпеч ҳам дорад. Зан сӯйи мошин фақат як нигоҳи имдодталабона карду халос. Дастҳо, ки одатан дар ин ҳолат барои нигоҳ доштани мошин истифода мешаванд, банди чанд халтаи полиэтиленӣ буданд, ки ба гумони ғолиб онҳо пур аз либоси ҳамон тифли навзоданд. Ронанда наметавонист мошинро нигоҳ надорад, хоҳиши духтар ва ҳамсараш ҳам ҳамин буд…

Рост аст, ки ҷангу ҷанҷол ва нофаҳмиҳо дар ҳама хона ҳаст. Аммо дар ин хона шояд зиёдтар буд. Ба ҳар сурат келини ҷавон, ки ҳамагӣ 1 солу ду моҳ пештар ба ин хона омада буд, ҳамин гуна фикр мекард. Як сабаби инҷо мондани замину гову моли зиёд ва ба муҳоҷират рафтани шавҳари ин келини ҷавон ҳам ҳамин ҳайронӣ миёни муаммо ва мушкили ҳамсарашу хоҳаронашу модараш буд. Ҳар мавқеъеро, ки интихоб накунад, боиси мазаммати ҷониби дигари муноқиша мешавад. Ёфтани гунаҳкор дар ҷанҷолҳои хонаводагӣ хеле сахту душвор аст. Ва ҳам ба тадриҷ сухану тахмину шубҳаи атрофиёну наздикон дар бораи келини нав ба ин ҳад таъсиргузор буд, ки ҷавони дар Маскав таҳсилкардаро ба як шахси бадрашку бераҳм табдил дода буд. Аз нимрӯзӣ инҷо ҷангу ҷанҷол сар шуда буд. Телефони келинро хоҳарони шавҳар барои он шикастанд, ки ӯ вотсап кушодааст. Падари муҳоҷираш, ки ҳамин телефонро барояш тӯҳфа равон карда буд ва барои кушодани вотсап ҳам исрор варзида буд, акнун як муддат наметавонад бо ягона духтараш ва баъди вафоти ҳамсараш бо ягона розгуву розшунаваш сӯҳбат кунад…

Ҳамсари ронанда, дари қафои мошинро кушоду баъди аз дасти зани ҷавони роҳгузар ва зери борон тар гирифтани тифли парпеч фавран рӯйи ӯро кушод. Зани роҳгузар оромтар шуд, вақте ҳис кард, ки дар ин мошин ронанда бо ҳамсар ва духтараш қарор доранд. Вале он оромии пештар аз тӯфон ва пештар аз сели ашкҳои талх буд. Ронанда ва ҳамсараш мехостанд дар бораи ин зани роҳгузар бештар донанд, духтарашон завқ ва талош дошт, ки ҳамон тифли навзодро, ки духтарча буд, рӯйи дастони ӯ гузоранд. Баъди он, ки бо гиря кӯтоҳ қиссаи талхи зиндагиашро нақл кард, он зани ҷавон барои занг задан телефон пурсид. Ронанда рақамеро, ки ӯ дикта кард, чинда, телефонро сӯйи пушт дароз кард.

— Тағоӣ, ман рафтам хонаи очаам. Ман баргаштан намехоҳам. Холама гӯен, ҳамон духтари маъкули худашро ба бачааш диҳад… Майлаш, хайр…

Ронанда суръати мошинро паст кардаву ғарқи нақлҳои ин зани ҷавон ва ноумед шуд. Ба воситаи оинаи мошин медид, ки ҳамсараш чанд карат ашки чашмонашро пок мекард. Ғарқи фикр шуд: замоне, ки ҳамсари ӯ ҳамин гуна қаҳр кардаву хонаи очааш мерафт, кадом ронанда мошинро нигоҳ дошта бошад? Оё он ронанда ахлоқи шоиставу инсофу мардонагӣ дошт ё надошт? Дили он ронанда ҳам мисли дили ӯ дар ҳамин лаҳза реш-реш шуда буд ё баракс фикри ба домаш афтидани паррандаи захмиро дошт? Дар як чанд дақиқаи ҳамин фикрҳо аз сару рӯяш арақ шорид. Гӯё борон ба сару рӯйи ӯ ҳам меборид. То ҳол ҳамсараш фикр мекунад, ки натиҷаву оқибати ҳамин бадбиниҳо нисбат ба ӯ буд, ки духтари зебои 13 солаи онҳо, ки ҳоло ҳаваси ба даст гирифтани тифлаки ин зани роҳгузарро дорад, гунг аст, забони гӯё надорад…

Дар водиҳо ва роҳ ба сӯйи шаҳр борон набуд. Ронанда мошинро нигоҳ дошта, поин шуд ва ду борхалтаи он зани ҷавонро бардошта, ҳамроҳ бо ӯ ба канори дигари роҳ гузашт. Ҳамсараш ҳам хурсанд шуд, ки ронанда чанд сомониро сӯйи он зани ҷавон дароз кард то дар идомаи роҳ то деҳае, ки аз рӯйи нақли худаш баъди гузаштани модар бародараш бо оилаи худ мезист, роҳхарҷӣ кунад. Дар идомаи роҳ ҳар се ба чоҳи андешаҳои бесару нӯг ғуттавар буданд — он яке духтари зебое, ки асло гап назада буд ва ин ду- зану шавҳар, ки аз ҳодисаи чанд дақиқа пештар музтару андӯҳгин буданду орому хомӯш…

Ҳавои хона дамгир буд. Ӯ майли ғизохурӣ надошт. Ронандагӣ ҳам шахсро мондаву афгор мекунад. Ба духтараш бо забони ишора фаҳмонд, ки фардо ӯро худаш хоҳад бурд ба мактаби махсусе, ки онҷо мехонд. Тибқи тартиб духтараш ҳафтае ду рӯзро дар хона мегузаронд. Ба ишораи он, ки «ба дугонаҳоям ангур барам?», падар ҷавоби қонеъкунанда дод. Ангурҳо ҳам, ки чанд донаашро ба даҳон бурда буд, акнун ким-чӣ хел буданд, ширину бомазза набуданд…

Канори роҳи калон аслан ҷойи гашту гузор ва пиёдагардӣ нест. Садои мошинҳо ва сигнали баҷову беҷои ронандаҳо фикрҳоро парешон мекунад. Чанд карат занг задани шахси ношиносро ҳам ӯ бо ҳамин сабаб нафаҳмида буд. Баъди дидани рақами ношиносе ӯ аз ғалоғула ва овози зиёди мошинҳо ба як дукони сари роҳ панаҳ бурдаву баргашта ба он рақам занг зад. Дар ҳошияи дашному таҳдидҳои ким-кадом зане овозҳои дигари занона ҳам ба гӯшаш мерасиданд: «Ба ҳурмати Худо, нахо ман дурӯғ бугум!?. Ба ду чашмум дидум, ки касе дари қафои мошина кушод, келини ту парида савор шуд… Ҳаму мошини сиёҳшишара ман чанд карати дигарам дида будум дар раҳи қишлоқ. Ҳамааш маълум шуд, дӯстдошта доштааст…»

Ронанда, ки аз шом боз сараш пур аз фикру андешаи ҳодисаи ҳаминрӯза ва қиссаҳои рӯзгори талхи гузаштаи худаш буд, намехост, чизеро шарҳ бидиҳад ва идомаи таҳдиду хай-хайи он зан ва боз ким-кадом духтарони баддаҳонро гӯш кунад ва тугмачаи сурхи телефонашро баъди қатъи алоқа ҳам, боз чанд карат пахш кард. Касе аз як рақами русӣ ҳам баъди чанд карат кӯшиши зангзанӣ навишт, ки имрӯз-пагоҳ ба ватан меояд ва ӯро, ки «зиндагии ширинашро талх кард», пайдо кардаву мекушад…

Ӯ қадаммониашро сӯйи хона тезтар кард. Барои он не, ки аз таҳқиру таҳдидҳо тарсида буд, балки барои он, ки мехост ягона духтарашро бедор пайдо кардаву бо ӯ як каме бо забони ишора ва истифодаи китобҳои суратдор бозӣ ва сӯҳбат кунад. Ӯро ҳафтае фақат ду рӯз дар хона мебинад ва аз чеҳраи зебояшу «суҳбат»-ҳои ширинаш сер намешавад…

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти