Ризқе зи Худо агар ба шасти падар аст,
Ду тангаи меҳнатии дасти падар аст.
Ҳам боиси ифтихору ҳам Бурҷи Халиф
Ин бахти баланду боми пасти падар аст.
Ман садқа шавум фалсафаи жарфи туро,
Як-як сухани тозаву гулҳарфи туро
Дар хамгаҳи рухсораи гарми ту, падар
Ман садқа шавум ришои чун барфи туро.
*******
Бе ту таги бори зиндагӣ шонаи мо,
Барчошу парешу гум бувад донаи мо.
Бо пайкари устувор бошӣ ту, падар,
Як кӯҳи баланд бар дари хонаи мо.
*******
Гоҳо сари кӯча дар бари мардонӣ,
Гоҳе падарам, ба кӯча саргардонӣ
Бо решаву шоху навдаи пурсоя,
Дар ҳавлии мо чанори раҳгардонӣ.
*******
Рӯзе, ки зи дасти зиндагӣ хаста будам,
Аз банди ҷафои умр нораста будам.
Андарзи туро, падар, чу тумори барор,
Дар шохи чанори хотирам баста будам.
*******
Як даргаҳи илму фан бувад хонаи ту,
Симу зари ту, ба ҳадди дурдонаи ту.
Сад тавба намудаву зи бад дур шудем,
Бо химчаи як нигоҳи мардонаи ту.
*******
Дар мехи сутун ду куртаи одии ту,
Дар пеши рухам сарвати ту, шодии ту
Дар бандали дасту гардану пайкари кор
Монда пайи панҷаҳои пӯлодии ту …
*******

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Падар, Файзобод, ота, падарам, сутуни хона, қиблагоҳ |












Добавить комментарий