Як шаби бе саҳар (ҳикоя)

Фақат ҳамин зан буд, ки камтарин ҳиссаи моҳиро дар сатилчае ба он мағоза меовард. Ӯ баъди он, ки як мошини бузурги пур аз моҳиро дар пушти ҳамон мағоза дид, дарк кард, ки маъмури онҷо, ки зоҳиран як ҷавони хушахлоқу хушлибос ва худотарсе буд, сирф аз дилсӯзӣ барои ӯ гузашт мекунад. Ё шояд ӯ дарк карда буд, ки рӯзгори ин оила ба пули он чанд дона моҳича вобаста аст. Аммо акнун чанде аст, ки як зани ғайритоҷик ба ҳайси маъмур онҷо кор мекунад ва ӯ на фақат моҳичаҳои овардаи ин занро намехарад, балки ҳатто бо тамасхур ба ӯ назар мекунаду ҳайронии таҳқиромезеро ба намоиш мегузорад. » А где сертификат качество?», «Они не ядовитые?»… Бозори дигар бояд ҷуставу пайдо кунад. Ё боз ба дари ҳамон ресторани шабона биравад? Ҳамон ҷое, ки на дар чеҳраи ошпазу муҳофизаш нур буду на дар дили маъмураш раҳм…

Моҳигир дар гузашта устои хуби радио ва телевизор буд. Ҷойи кори хуб дошту обу руйи зиёд ҳам. Гардиши айём ва сохти нав мисли ӯ намояндагони чандин касбу кори як вақт серхаридорро ба кӯча андохт. Ҳоло устои радиои ва телевизор он қадар касби даркориву бозоргир нест. Ӯ, ки баъди хатми омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ техникуми индустриалиро тамом карда буд, баъзан аз пушти тирезаи дукончаҳо ба кору бори устоҳои навбаромади телефону компютерҳои дастӣ зеҳн мемонд. Ӯ шояд дар як ҳафта ҳамин корро омӯзад, вале ким-кадом қуввае ӯро аз анҷоми ҳамин таваккал бозмедорад. Шуғли ҳозирааш беҳтар аст. Шабҳои салқин, ҳавои тоза, лаби дарёчаи наздикии хонааш, оромӣ, имкони андешидан, бо худ сӯҳбат кардан, нақша кашидан…

Ҳамсояҳо медонанд, ки ин ду духтарча аксар вақт дар он ним план хонаи валангору бетаъмир танҳоянд. Аз ин рӯ баъзан вақти мактабравии онҳоро ба ёдашон меоранд то саргарми бозиҳои кӯдакона онро фаромӯш насозанд. То замоне, ки бобою бибиашон дар пушти ин тахтае зиндагӣ мекарданд, ки акнун хонаи онҳову хонаи амакашонро ҷудо мекунад, аҳволашон беҳтар буд. Аммо акнун додарону хоҳарон ҳамин як гӯшаи хонаи падариро аз дасти акаи калонашон гирифтанӣ ҳастанд. Агар писари калонии хонавода имкони кӯчида рафтану мустақилона ҳавлӣ хариданро надорад, пас зану фарзанди ӯ ҳатман бояд хору зор шаванд? Кӣ ин қоидаро фикр кардааст, ки хонаи падариро пурра бояд фарзанди хурдӣ соҳиб шавад?

Чанд сол аст, ки моҳигирӣ ӯро аз гуруснагӣ ва ҳиҷолат пеши ҳамсару духтаронаш наҷот медиҳад. Духтаронаш ба назар дугоник намоянд ҳам, як сол миёнашон фарқ аст. Вале ба назари ӯ менамуд, ки онҳо баробар роҳгардону гапзану калонак шуданд. Духтарчаҳо қариб намебинанд, ки падарашон ба чӣ кор машғул асту модарашон ҳар субҳ барвақт куҷо меравад? «Ягон руз шуморо ҳам ба ҷойи корам мебарам» — гуфтани падар ҳоло дар нӯли зоғ аст. Он рӯз ё он шаб ҳоло фаро нарасидааст.

Имшаб шикори моҳӣ хуб буд. Ним сатил моҳӣ гирифт. Шояд акнун орзӯяш амалӣ шавад. Ҳамон як орзуи дуқӯшааш ҳамин буд, ки як бор барои худашу оилааш шикамсерӣ моҳӣ бирён кунад. То имрӯз фақат ҳама корашон ба ҳисобу китоб аст. Тахмин мекард, ки худашрову шикамашро фиреб додани ӯро ҳамсару духтаронаш кайҳо дарк карда буданд. Вале барои ӯ будани ғизои ҳаррӯзаи хоксорона дар рӯйи дастурхон, сари вақт пардохт кардани пули обу барқу андози замин ва пайдо кардани пули мактабу роҳкирои духтарони мактабхонаш аз ҳама чизи дигар муҳимтар буд…

Баъзан бо гаштугузори зиёди бенатиҷае дар ба дари ресторану бозор ва миёни хонаҳои истиқоматӣ ҳамсари моҳигир фикр мекард, ки нодорӣ ва пули кам мардумро аз ғизоҳои бомазза ва серколория, мисли моҳӣ, маҳрум сохтааст. Гумон мекард, ки даҳони мардум бемазза шудааст. Шояд як сабаби ин қадар алфози баду нороҳаткунандаи аз ҳамон даҳонҳо буруноянда ҳам ҳамин чиз бошад!? Ва ҳам фикр мекард, ки ҳамин кор ӯро дурӯғгӯ кардааст. » Моҳии дарёӣ, қариб бе сук, бисёр бомазза, ширин…» Шояд касе ҳам дарк карда бошад, ки ин зан бо мушкилоти рӯ ба рӯяш ин қадр гирифтору саргум аст, ки моҳиеро, ки дар ба дари хонаҳо мефурӯшад, худаш ба серӣ нахӯрдааст.

Пештар аз ид моҳигир талош кард, бештар кор кунад то пули дастурхони идонаро пайдо кунад. Ҳисоб карданд, ки ду шаб пас метавонанд ба бозор барои хариди майда-чуйдаҳои ид бираванд. Ҳоло ду шаби моҳигирӣ нагузашта буд, ки як мошин меваву мағзу чағзро зане ба дари ҳавличаи онҳо овард. Дуруғ будааст, ки зан метавонад берашк бошад. Ҳамон ҳолати ним рашку ним ҳайронии ӯ то замоне идома ёфт, ки зан баъди он, ки ронандаи такси ҳама чиро аз мошин поин овард, худро шинос кард. Моҳигир ин қиссаро дар хона нақл накарда буд ва ҳам ӯ ҳамон вақт дигар хел рафтор карда наметавонист ва бе он, ки дар бораи худашу телефони Nokia ва чанд сомонии дар киссаш буда фикр кунад, худро он шом барои наҷоти он кӯдак миёни дарё андохта буд.

Баъзан шабҳо ба маҳфили ин марди моҳигир як ду каси дигар ҳам ҳамроҳ мешуданд. Аз чанд каси ношиносе, ки ба моҳигирии шабона шавқ доштанд, ду кас муаллим, як кас нафақагир ва як каси дигар кадом нависандае буд. » Лаби дарёҳо ҷойи онҳое шудааст, ки моҳиро аз мағозаҳо харида наметавонанд». Ҳатто ҳамин гуна фикр ҳам як вақт аз дилаш гузашта буд…

Шабҳо хосияти аҷибе дорад. Шояд фақат барои ӯ, ки як поси шаб меомаду ҳамсараш мунтазираш буд, ҳамин гуна менамуд. Бӯйи ҳамон чор дона моҳии бирён ҳавлиро пахш мекард. Шабҳое, ки моҳиҳои шикоршуда бузургтару калонтар мешуданд, сӯҳбатҳо ҳам дарозтар мешуд. Ва на фақат сӯҳбатҳо, балки аламҳову ғузнаҳо ҳам ба қади моҳӣ дарозтар мешуданд. Вале анҷоми ҳама сӯҳбатҳо шукрона буд. Зан шукр мекард, ки марди хона ҳунари моҳигирӣ дораду ризқашро аз дарё меёбад, мард бошад шукр мегуфт, ки ду духтари нозанин дорад ва ҳамсараш мисли додаронашу монанди келинҳои дигари модараш бахилу бадрафтору ҷодугару бадхоҳ нест…

Хеле вақт аст моҳигир ба қавли мардум «як табақ нон» карданӣ буд. Мардумон аслан баъди кадом мушкилу ҳодисаву воқеъа ба хотири хушнудии арвоҳҳо ношу ош омода мекунанд ва онро ё ба хонаи чанд ҳамсоя тақсим мекунанд ва ё мардҳоро ба хона даъват мекунанд то нӯши ҷон кардаву дуо кунанд. Ҳодисаи худ аз худ оташ гирифтани болохонаашон, ки пур аз қогазу молу ашёи кӯҳна аст, онҳоро барои зудтар анҷом додани ин тасмимашон таҳрик додаву ҳатто маҷбур мекард. Хайрият мардуме, ки баъди намози пешин аз масҷид берун мешуданд, оташро дидаву онро зуд хомӯш карданд. Ба болои ин ба ҳавлии онҳо ҳар рӯз як кас барои санҷишу ченкуниву ҷамъоварии пули андозу барқу ким кадом мақсадҳои дигар меомад. Ба дилаш мегузашт, ки шояд касе қасдан ҳамин гуна онҳоро азият медиҳад, вале боз худро тасалло медод, ки фарзандони падар ва ҳамсарони онҳо шояд ба ин корҳо қодир набошанд. Ба ҳар сурат ба ҷуз як роҳрави танг ва ду хоначаи хурдакак қисмати бештари ҳавлии падарашонро онҳо гирифтанд. Замину боғу мошинашро ҳам. Иловатан ӯ аз ягон каси онҳо қарздор нест ва ҳатто ба хонаашон барои кадом ҳоҷат ҳам намеравад. Девори миёни хонаашон ҳам тахтаву шиферӣ ки ҳаст, онҳо ҳатто баланд сӯҳбат ҳам намекунанд, ки мабодо «ҳамсояҳо» — и худро нороҳат накунанд. Агар ҳамон чанд харидоре, ки ба ҳавличаи онҳо таваҷҷӯҳ карда буданду як-ду бор омаданд, якбора нопадид намегаштанд, ҳоло онҳо ким — кай хонаашонро фурӯхта, ба ҷойи дигари роҳаттаре кӯч мебастанд. Ӯро ба ҷуз ҳамон дарё дигар ягон чиз дар гирду гӯшаи ҳавлии падарӣ нигоҳ намедошт…

Ҳаво абрӣ буд. Вале ин наметавонист сабаби ба лаби дарё нарафтанаш гардад. Имрӯз бештар аз ҳарвақта хоҳиши рафтану шикори моҳӣ дошт. Чанд чизи муҳим ва зарур дар моҳигирии шабона ба ҷуз шасту тури моҳигирӣ дар дохили ҳамон сумкаи куҳнааш буд — радиочаи батареядор, фонарик, қуттии кирму хӯроки дигари моҳиҳо, чанд газетаи кӯҳна, як китоби Фозил Искандар «Рассказ о море», корди киссагӣ ва боз чанд олоту муҳимоти зарури дигар. Аз оби лойолуд ва ҳавои абрӣ тахмин мекард, ки шикораш бобарор мешавад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Бори аввал буд, ки як сатили то гӯшаҳояш пури моҳиро ба дав хона оварду дар ошхонаи берунии хурдакакаш ҷой кард ва зуд ба лаби дарё баргашт. Таҷрибаи чандсолааш дар ин гуна ҳолат кӯмакаш мекард. Ҳаво торик шуда буд, кам-кам борон меомад. Ҳамон абрҳои бадқаҳру сиёҳе, ки шом қуллаи кӯҳҳоро ба асорат гирифта буданд, акнун майли фазои шаҳр доштанд…

Бо қаноатмандӣ аз шикори имрӯзааш фикр мекард, ки чаро ҳамраҳони дигараш наомаданд? Шояд онҳо дар шаҳр нестанд? Ё шояд ҳамон ду суробе, ки аз дур намудоранду сӯяш меоянд, рафиқони моҳигираш бошанд? Вале чаро бе шасту сатилу борхалта?

Оби дарё хеле баланд шуда буд. Ӯ аз шавқи зиёд ва барори шикораш на ба соат нигоҳ мекард ва на ба атроф. Ба ҷуз чанд занг аз рақамҳое, ки номаълум буд ва касе сӯҳбат накард, дигар имшаб аз хона ҳам барояш занг назаданд. Баъзан вақт хомӯш шудани чароғи хонаҳои мардум дар биноҳои баландошёнаи рӯ ба рӯйи дарё барояш сигнали рафтан буд. Ним сатил моҳии дигарро аз тур озод кард. Акнун дар тараддуди ҷамъу гири олоту ашёи моҳигириаш буд. Ҳамеша одат дошт, ки баъди анҷоми моҳидорӣ дасту рӯяшро дар оби дарё мешӯст, як лаҳза ба шарфаи об гӯш меандохту аз насими роҳатбахши об, ки аз ҷигари пиряхҳои чандсола меомад, ҳаловат мебурд ва баъд сӯйи хона раҳсипор мегашт…

Ягон вақт ҳавличаи моҳигир ин қадар ваҳм надошт, ки имшаб. Хомӯш будани телефонаш шубҳаро дар дили бе ин ҳам ларзону ғамдидаи ҳамсари моҳигир бештар кард. Ин гуна нашуда буд, ки моҳигир бе огоҳӣ ё бе ягон сабабе шаб ба хона наояд. Шодии як сатили лабрези моҳӣ дар дили ҳамсари моҳигир акнун ба тадриҷ ба ваҳм ва сиёҳӣ табдил меёфт. Духтаронаш дигар бештар аз ин интизори падар шуда натавонистанд. Хоб бар онҳо ғалаба кард. Зан бошад гоҳ ғаноб мерафт, гоҳ бо тарс бедор мешуд. Як дил кард, ки то канори об биравад, вале ба куҷо бояд мерафт? Бо кӣ бояд мерафт? Ё дари ҳавлии ҳеварашро кӯбаду ҳамон қаҳру ногапии мадидро бишиканад?

Субҳ вақти намози бомдод ҳам роҳҳои кӯча серодам асту ҳам роҳрави канори дарё. Касе масҷид меравад, касе ҳавои тоза нафас мекашад ва касе бо либоси варзишӣ медавад. Фақат як кас ин субҳ бо гиря роҳ меравад, балки медавад. Гӯё мехоҳад пар барораду парвоз кунад ва ҳамон ягона моҳигири вафодорро, ҳамон ошиқу шукргузори дарёро, ноновари хонаро аз тамоми соҳил биҷӯянд.

Манзараи охирин нишемангоҳу қароргоҳи моҳигир муқаррарӣ набуд- борхалтаи ҷамъугиршуда, ним сатил моҳӣ, шасту тури моҳигирӣ, ҳар ду пойи мӯзаҳои резинӣ, кӯлоҳи гирди офтобпаноҳ ва як соҳили холӣ аз пайкар ё ҷуссаи аламдидаву ҷароҳатдори моҳигир…

Абрҳо баъди борони шаб акнун пароканда мешуданд ва офтоб аз шонаи кӯҳи Маровез қад кашида, реги соҳили дарёро, ки барои касе ҷойи истироҳат ва барои каси дигаре макони дарёфти ризқи ҳамонрӯза аст, метафсонд…

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти