Дар суроғи бахт (ҳикоя)

Барои ҳамсару фарзандони ӯ шояд хеле душвор буд мушаххас кардани он, ки нони кӣ болаззаттар буд, дастурхони кӣ пуртар буд ва дар кадом фосилаи вақт аҳволи онҳо беҳтар буд — вақте ки марди хонаву падари онҳо усто буд, дар муҳоҷират буд, посбон буд, дар кӯчаҳо косаву табақ ва ашёи рузгор мефурӯхт ва ё ҳоло, ки ронандаи такси аст!? Аз ҳамкасбони имрӯзаи ӯ тақдиру қисмати бисёриҳо ҳамин гуна буд. Яъне, дар суроғи худу бахти худ ва рӯзгори беҳтар хеле кӯчаву пасткӯчаҳои зиндагиро давр задаву саргардон ҳам шудаанд. Шояд акнун зиндагии онҳо беҳтар мешавад. Фақат ҳамсару фарзандонаш акнун бояд ба муҳити нав одат кунанд. Ошёнаи дуюм, бинои панҷошёнаи бетонӣ…. Шаҳр имконияти васеътар дорад ва аз ҳама муҳим — пул инҷо зиёдтар аст…

— Ҳама ронандаҳои такси ҳамин гуна дер ба хона меоянд?
— Баъзеҳо тамоман намеоянд, занак! Баъзеҳое, ки мисли ман ҳам аз бонк қарздоранд, ҳам аз шиносу ҳам аз бегонаҳо. Кор бояд кард. Дар пирӣ баъд дам мегирем, насиб бошад. Ҳозир бошад хоб кун, занак…

Дидорҳо ба тадриҷ камтарак ва сӯҳбатҳо кӯтоҳтар мешуданд. Махсусан сӯҳбатҳои пештар аз хоб. Гӯё дар вақту соати рӯз ва шаб тағйироте рух дода буд, гӯё ҳолатҳо, хостаҳо ва шавқмандиҳо фаромӯш шуда буданд ё ҷойи худро бо чизе иваз карда буданд… Дар деҳа вақте баъди намози хуфтан ва баргаштан аз масҷид дарвозаро занҷир мекарданд, фақат дар бомдод онро мекушоданд. Инҷо ҳама чӣ дигаргуна аст. Ҳатто миёни дару дарвозаҳои шаҳр ва деҳа тафовут мавҷуд аст. Зангҳои нимишабӣ акнун барои ҳамсар ва фарзандони ӯ падидаи комилан нав буданд…

— Куҷодаӣ?
— Хонада, ака.
— Адресу рақами телефона партофтам вотсапда. Гир, срочно меҳмонҳои мара биёр.
— Хуб, ака…

Фақат дар шаҳр ӯ эҳсос карда буд, ки мардум ду гурӯҳанд ва аз он ду — як гурӯҳаш фақат баъди ғурӯби офтоб фаъол асту гӯё зиндагии пур аз шӯру шарре дар сояҳо, салқиниҳо ва ҳавои сурудҳои гушкаркунандаву дар ҳошияи торикиҳои шубҳаовар доранд…

Кам-кам бо мардумони шабгарди ҳамаҷогард ва духтарони пайваста ивазшавандаи канори онҳо шинос мешуд. Ҳайрониҳояш баъди як муддате, ки ҳам духтарони беҳаёйи масту махмуру сигорӣ ва ҳам мардони оиладори фосиқу хиёнаткорро диду шинохт, пир шуд. Ҳаёти наваш гӯё гирдобе буд, ки ӯро ба оҳистагӣ ва ноаён ба коми худ фурӯ мебурд.

Дар хонааш қариб ҳама чӣ буд, агар камии муҳаббату самимиятро ба назар нагирем. Ҷанҷолҳои қаблиашон агар сари мавзӯйи ғизову нону гӯшт буд, онҳо акнун аз меҳру муҳаббати коҳида аз ҳам гила доштанду аз таваҷҷӯҳи камгашта….

— Ҷон, кордаӣ? Биё, мора гир. Дар 31-ум километрем.
— Лаби роҳ баромадан гиред, ман даҳ дақиқа пас мерасам…

Ӯ дигар бо меҳрубонӣ ба ҳамсараш фаҳмонида наметавонист, ки онҳо (агарчӣ ҶОН гуфта муроҷиат кунанд ҳам) фақат мизоҷи доимии ӯ ҳастанд. Ҳамсараш ҳам аз зангҳову баъзе навиштаву суратҳо дар вотсапи шавҳараш эҳсос мекард, ки онҳо дигар фақат мизоҷи доимӣ нестанд ва ҳаддҳое, ки як вақт рафиқи ҳаётии ӯ онро убур намекард, кайҳо дар қафо мондаанд.

— Чӣ намерасад ба ту, ки ба рашк кардан гузаштӣ? Дастурхонат ҳамеша пур ва кушода аст. Ҳама чӣ дорӣ, пули иҷораро дар вақташ медиҳам, худат ҳам пул дорӣ, куҷо меравӣ ва чӣ кор мекунӣ намепурсам, дугонаҳои наву кӯҳнаатро аз хона пеш накардаам…Боз чӣ мехоҳӣ?
— Наметарсӣ аз кори ҳаром? Фикр кардӣ ман намедонам, ки фақат корат аз инҷо ба онҷо бурдани як гурӯҳ занону духтарон ва мардони фосиқу беҷогард аст. Бо онҳо чӣ кор мекунӣ, ман фақат тахмин мекунам…
— Ман хари ҷӯгиро об дода, пулашро мегирам. Медонӣ, онҳо ба ман бештар аз счётчик пул медиҳанд, чойпулии маро медонӣ чанд сӯм аст?…
— Чойпулиатро намедонам. Фақат медонам, ки ману фарзандонат як ҳафта аст шуморо зора дорем, ки дар зодрӯзи Ёсуман, ки бист рӯз пас асту ӯ ҳар рӯзашро ҳисоб дорад, як торт биёред, ки ӯ ба дугонаҳояш ваъда кардааст. Лоақал барои оромии дилашу шодии духтарат «майлаш, меорам» ҳам намегуйӣ…
— То бист рӯзи дигар кӣ мурдаву кӣ зинда. Ту, зани бефаҳм, магар медонӣ кӣ пас аз чанд дақиқа бо ту чӣ ҳодиса рух медиҳад???…

Ӯ шояд аз камшумор ронандаҳои такси буд, ки ҳар рӯз ба нуқтаи шустушӯйи мошин мерафт ва салонро ҳамеша тозаву хушбӯй нигоҳ медошт. Тамоми кӯчаву пасткӯчаҳо, хобгоҳу биноҳои наверо, ки онҷо аксаран ҳамсарони дуюму сеюми пулдорон мезистанд, медонист. Иловатан ӯ харидро аз мағозаву бозор ёд гирифта буд. Ин гуна мизоҷи нозуку хосса ҳам дошт, ки намехост ӯро дар бозору нуқтаҳои савдо бинанду шиносанд, бинобар ин харидро ба ин ронандаи такси супориш медод. Ӯ ҳам акнун медонист, ки мизоҷ ҳар дона меваву шириниву шаробу кабобро алоҳида ҳисоб карда, барои онҳо чек талаб намекунад. Ҳам пули онҳоро барзиёд мегирифт ва ҳам ҳеҷ вақт ҳамон маблағи сарфкардаашро намегуфт, балки болоӣ пули ним маоши барои мисол, омӯзгори ҷавонро ба болои он мегузошт.

Қобилияти дигари хубаш — ба ёд гирифтани ҳама нишонӣ, бинову хонаҳо ва симои духтарону занҳое буд, ки мардҳои мизоҷаш ба хонаи онҳо тез-тез мерафтанд. Ҳар вақте ки кадоме аз онҳо занг мезад, ӯ аллакай медонист, ки ба куҷо бояд равад ва тахминан он мизоҷ харидории чиро фармоиш медиҳад.

Ӯву ҳамсарашу фарзандонаш ба оромӣ шаҳрӣ мешуданд. Фурсати ками шавҳар (бо иловаи бемеҳриву бепарвоии ӯ) сабаб шуда буд, ки ҳамсари ӯ тамоми ташвишҳои дигари ба фарзандон вобастаро ба танҳоӣ пушти сар кунад. Кам шудани зангҳои телефонӣ ва рашкҳои асосноку беасоси зан ӯро ҳатто то ҷое хурсанду аз худ қаноатманд мекард. Ҳайрон намешуд, ки ҳамсараш — он зани то чанд моҳ пештар одиву сода акнун пеши чашмаш зеботару хушбӯтар ва шаҳриву замонавӣ мешавад…

Кори ронандагӣ ва мусофиркашиаш бо фарорасии тобистон ҳам беҳтар мешуд ва ҳам фосиларо миёни ӯ ва хонаву пайвандонаш аз буда кӯтоҳтар мекард. Дер омадан чӣ ки, дигар наомадан ҳам боиси нороҳатӣ ва ташвиши хонавода, махсусан ҳамсараш, намешуд… Аз дуоҳо ӯ фақат як дуоро медонист, ки «Худованд, мошинам вайрон нашавад…» Тасаввур кардани ҳамон ҳолате, ки ӯ бемошину як марди одӣ аст, чанд карат даҳшатбортар аз рӯзгори пурмашаққати гузаштааш буд. Шояд ба ёд ҳам намеовард, ки як замон ҳатто пули дарздӯзии ҳамсарашро мегирифт, то барои хонаводааш ғизо бихарад. Зан на ин ҳолатҳоро ба ёдаш меовард ва на дигар хавотир буд, ки чаро дар ҳамсараш нишонаҳои шаробнӯшӣ эҳсос нашавад ҳам гоҳ-гоҳ махмуру хумориву ғайриодӣ аст. Муҳим ҳоло ин буд, ки ӯ барои ба кор баромаданаш зид нест…

Падидаи дигар, ки ӯ ҳатман дар доираи он баҳонаву сабабҳои қаблан фикркарда дошт, эроду шикояти наздикону пайвандон, акаву додар ва ҳатто волидонаш буд. Хоҳаронаш чанд карат гила карданд, ки аз рӯзе, ки шаҳр рафтааст, дар ягон туйю маъракаву маргу худоӣ ширкат накардааст. Масалан, охирин бор хоҳараш гуфта буд, ки «наход ҳамсари таксист ба таксии бегона пул дода, то хонаи модараш равад?» Онҳо, ки қоидаҳои шаҳрро намедонистанд, ҳар чиз мегуфтанду гиллагузорӣ мекарданд. Аммо ӯ бояд кор кунад, пули бонку пули иҷораи мошин, пули ғизову ташвишҳои рӯзгорро пайдо кунад…

Дар ҳашт моҳе, ки ронандаи такси аст, бо ҳамин мизоҷи шикамкалону гапкалон ҳафтае як ду карат вомехӯрад. Дар вохӯрии аввал маслиҳат карданд, ки ӯ пули бештар медиҳад ва ронанда ҳам дигар саволи иловагиву гапу хабари зиёдатӣ нокарда, ҳар куҷо супориш шуд, меравад, ҳар вақти шабу рӯз касеро ба ҳар нишоние, ки гуфт, меораду мебарад. Як-ду карат вақте ки ӯро ба бозор мефиристод, ҳатто пул дод, ки ӯ барои хонаи худаш ҳам чизе аз бозор бихарад. Душвории ин гуна супориш он буд, ки ӯ аз бозор бояд беҳтарин мева, аз мағозаҳои машҳур беҳтарин шаробу ширинӣ ва ҳатман ким- кадом намуди сигори дӯстдоштаи занҳоро харид мекард. Дар қиёс бо мизоҷони дигараш, ки харидро худашон анҷом медоданд, нозу бозори ин гурӯҳи мизоҷон ва дӯстдоштаҳои онҳо бештар ҳам ки буд, пули иловагие, ки медоданд, ҳама чиро ҷуброн мекард…

— Варзоб? Ҳавлӣ? Доми чанор?
— Не, додар. Як ҷойи нав меравем. Ҳай кун рост. Баъди бозори масолеҳи сохтмонӣ як мағозаи қаннодӣ аст. Манъ мекунӣ, як-ду чиз аз онҷо мегирем ва меравем…

Хоб чашмонашро пур карда буд. Чор рӯз аст хона нарафтааст ва дар роҳҳои миёни шаҳру бӯстонсароҳои берунишаҳрӣ равуо дорад. Рафтан чӣ кӣ, ба онҳо ҳатто занг назадааст. Ғайри зану ду фарзанди хурдсолаш дар ин чанд рӯз гӯё ҳамаро дид. Чӣ касу нокасҳое, ки дар мошинаш шишт, чӣ гапу хабарҳое, ки шунид…

Баъзан ӯ ба ҳамин гурӯҳи мардум ҳавас мехӯрд. Чӣ қадар пул меёфта бошанд инҳо, хонаву дарашон чӣ гуна бошад, магар ҳамсарони онҳо рашк намекарда бошанд, уболу савоб ва ҷавобу саволе, ки ҳамеша наздиконаш ба ӯ ёдрас мекунанд, дар миёни ин гурӯҳи мардум ва дӯстдоштаву ошноҳои онҳо ҳам бошад? Вале ӯ ҳис накардааст, ки масалан, ҳамин марди пирсоли шикамкалону мизоҷи доимии ӯ ягон вақт касал бошад ё бепул бошад ё иштиҳо надошта бошад, ё хаставу хавотир бошад. Ҳамеша аз ҳама чӣ розӣ ва ҳамеша масту махмур аст. Ҳамин ҳоло ҳам. «Ин торти бадвоҳимаро дар ин нисфи шаб чӣ кор мекунад, ман ҳайрон»…

— Раис, ҳамин паричеҳраҳои нав ба навро чӣ хел меёбед? Мо ҳеҷ натавонистем да…
— Ин сир дорад, додар. Лекин ту ҳам бало, худат нағз медонӣ ку онҳоро аз куҷо ёфта, бо нархи гарон ба мизоҷон барӣ. Дар канору дар хизмати ҳамин акаат, ки бошӣ, ягон вақт давомашро мефаҳмӣ худат…

Марди мусофираш маротибаи дуюм буда, ки инҷо меомадааст. Ӯ гоҳ роҳро гум кардаву гоҳ пайдо карда, мошинро бо амру роҳнишондиҳии мизоҷ то таги бино овард. Мусофири «ошиқ» раҳораҳ паёмҳои овозии ошиқона мефиристод ва дӯстдоштаи навашро огоҳ мекард, ки наздик омад ва мабодо хобаш набарад. Ӯ бар хилофи ҳолатҳои гузашта, аз ронанда даъват накард, ки борхалтаҳоро то ошёнаи даркорӣ барад. Ронанда ҳам дигар напурсид, ки кадом ошёна аст. Ба тирезаи хонаҳо ҳайрону ғайримаъмулӣ назар медӯхт. Чароғи хонаҳо хомӯшанд. Кӣ бедор аст дар соати дуйи шаб? Мизоҷ аз мошин поин гашту ду халта дар дасти рост ва банди миёни торт ба дасти чап ба даромадгоҳи наздиктарин ворид шуд…

Аз таги бинои истиқоматӣ дуртар рафт. Мошинро пушти бино гузошту баргашт ва сигореро дар торикии роҳравҳо ва дарахтони ошно рӯ ба рӯйи тирезаҳои ҳанӯз торик фурӯзон кард.

Як тиреза аз ошёнаи дуюм рӯшан гашт. Чароғи меҳмонхона аст он. Пушти туре, ки он хонаву тиреза ва ин дунёи пур аз тазодро аз ҳам ҷудо мекард, суроби мизоҷаш, ки ҳамин чанд дақиқа пештар ӯро ба инҷо оварда буд, пайдо шуд. Бо чашмони пурхоб ҳам медид, ки он зан — соҳибхонаи меҳмондор ва акнун дӯстдоштаи нави ин мизоҷи доимиаш, галстуки ӯро аз он гардани ғафс озод мекунад. Рӯшании он тиреза умри ҳамон як шуъларо аз фурӯзина барои даргирондани сигор дошт…

Ду паллаи тарозуи хаёлаш пур аз бори амалу беамалӣ буд. Шояд бори аввал буд ба гуноҳу хатоаш хомӯш иқрор мешуд. Муҳимтар аз ин онҳоро дарк мекард. Кадом нерӯе дар ҳоли суръати баланди мошинаш гоҳо ӯро ба қафо мекашид ва барои анҷоми ҷинояте, ки мислашро дар филмҳо дида буд, таҳрик медод. Гоҳо бо ба ёд овардани ҳушдори азизонаш, ки акнун дарк кард, ки чаро он замон пӯшидаву бо ишора бо ӯ сӯҳбат мекардаанд, оби дидааш рӯяшро мешӯст…

Бӯйи бензин фазои салони барои дигарон тозаву озодаи мошинашро пур кард. Ин як ишора аз тамомшавии сӯзишворӣ аст. Яъне, ӯ маҷбур аст ҳамин ҷо ист кунад ва ҳам меистад. Як вақт ин қадар орзӯ мекард, ки дар ҳамин гуна субҳи содиқ, мисли ҳама пайвандонаш дар деҳа роҳии масҷид бошаду рӯйи ҷойнамоз. Аз замони ба шаҳр омадану ронандаи такси шуданаш то имрӯз ҳамин лаҳзаро ҳеҷ гоҳ бо бедориву оромӣ ва хотири ҷамъ дарёфт накарда буд…

Овози радио аз дари кушодаи мошин ба атроф паҳн мешуд. Мисле, ки муҳаррири мусиқӣ ҳам гӯё ҳолати ӯро пешакӣ медонист. Мисраҳое, ки бо оҳанги ҳазин суруда мешуданд, бори ғами сад ошиқи нокому ишқи расвогашта ва муҳаббати ҳайфшударо доштанд…

Сигорҳое, ки лаби он дарёи пуртуғён дар миёни лабони хушкидааш тез-тез фурӯзон мегаштанд, миёни ангуштони дасташ аз карахтӣ ва бетаваҷҷӯҳӣ сӯхтаву хокистар мешуданд …

Добавить комментарий

Больше на Бо Субҳон

Оформите подписку, чтобы продолжить чтение и получить доступ к полному архиву.

Читать дальше

Это ваш новый сайт? Войдите в систему, чтобы активировать функции администратора и закрыть это сообщение
Войти