Гаҳвораи дасти ин духтарчаи деҳотии чашмсиёҳу зебо, ки аксаран бо ҳамон як либос ва дар зери ҳамон як дарахти чормағз гоҳ танҳову гоҳе бо дугонаҳои ҳамсояаш рӯзашро ба шом мебурд, аз гаҳворае, ки барои мисол худаш онҷо хобида буд, фарқ дошт. Тафовути асосии ин гаҳвора ҳамин буд, ки духтарак дар он ҳар нимарӯз ва шаб гӯё падарашро, ки аз кор монда шудааст, мехобонду алла мегуфт. Ҷойи хоби лӯхтаки худаш низ ҳамин гаҳвора буд. Бо вуҷуди аллаҳои пурҳасрату ширингуфтаҳои беҳисоб он «тифл»-и дар гаҳвораи на монанд ба кӯдакони деҳа ҳеҷ калон намешуд…
Бо ёди ту, эй падар, бубастам латта,
Бар шохи дарахти қоматат сурху кабуд…
Чанд сол пеш, падараш ҳамин гаҳвораро аз Русия фиристонида буд (ба ҳар сурат ба дугонаҳояш ҳамин тавр гуфта буд) ва ӯ бо лаҳни кӯдакӣ аламҳои дурӣ аз падарашро ҳам дар қолаби алла мегунҷонад ва дилашро сари он гаҳвора холӣ мекунад. Ғайри ӯ дигар ҳама медонист, ки он гаҳвораро модараш бо чанд рубли фиристонидаи падараш аз бозори маркази ноҳия харида буд. Вале як дурӯғе, ки «падарат бароят гаҳвора фиристодааст», тавонист муҳаббати ин духтари чашм ба раҳ интизорро бештар кунад ё баҳонае шавад, то лоақал нисбат ба падараш он муҳаббат кам нагардад…
Бо он сари зери бори ғам садпора,
Таҳрир шуда аллаҳо сари гаҳвора…
Манзараи таги чормағзи мӯйсафеди Мир баъзан ба ин ҳадд ҳузнангез буд, ки ногуфтанӣ. Як селаи духтаракони аз панҷ- шаш сола боло, бо гаҳвораҳои бозории чӯби бед ва дастсоз аз тахтаҳои бекори кунҷу канори ҳавлиҳо машғули бозиҳое мешаванд, ки аз бозиҳои зиндагии воқеии худашону қисмати волидонашон фарқ дорад. Ба ҳар сурат дар бозиҳои онҳо пайдо кардани падару модар барои лӯхтаку зочаҳои чаканпӯши дасташону даруни гаҳвораҳояшон осонтар аст. Ба ҳар сурат дар бозии онҳо падари касе дар муҳоҷират ва дур аз хона нест, падари касе маҳбасӣ нест, падари касеро иҷборан ба майдонҳои ҷанги таҳмилӣ намебаранд….
Куҷо бурдӣ?
Биёвар боз пас бар пуштаҳои деҳаам акнун,
«Самолёти ҳавоӣ» давраҳои беғамиамро…
Ҳама чизи ногувор, тарсдор, хавфнок, нохуб ва нохостанӣ, мисли ба замин фурудойии нерӯҳои сиёҳу деву дад ба вақти шом, баъди анҷоми бозиҳои таги чормағз ва бо фарорасии шому шаб дармерасид. Касе аз банди филмҳои туркӣ, касе аз банди гову мол, касе аз банди кадом ташвишу тараддуди дигари рӯзгораш раҳида ё худро раҳо карда, суроғи духтари худаш ба ин ҳавлӣ меомад ва ё аз сари шиғ рӯ сӯйи ҳамон дарахти чормағз номи духтарашро гирифта, фарёд мезад ва ӯро ба хона мехонд…
Хумори бозиҳои кӯдакиам монд дар деҳа —
Лаби рӯде, сари шиғеву рӯйи боми лойине…
Волидони ин духтаракон ҳам шояд чанд сомонӣ барои боғчаи кӯдакон дошта бошанд, аммо ку дар деҳаҳо дигар боғчаи кудакон? Гӯё рӯзгори нав ва арзишҳову қоидаҳои дигар худаш кӯдакони шаҳру деҳро ҷудо карда бошад. Ва ҳам мушоҳида мешавад, ки ҳар қадар муассисоти томактабӣ ва мактабӣ бештару зиёдтару қимматтар шуд, ҳамон қадар меҳру муҳаббат кам шуду кордкашӣ бештар ва ҷинояти наврасон афзун! Ва рост буд, ки зиндагии воқейӣ, ки ҳар шом баъди анҷоми бозиҳои тифлонаи ин як селаи духтар шуруъ мешуд, пурдаҳшату пурҳарос буд…Чашмони гурусна ва нигоҳҳои гургонаи шиносу ношиносҳо, роҳҳои пури мошин ва каллаҳои холӣ аз мағзи аксар мошиндорон, обҳои пурталотум равону девораҳои шикаста ва купрукҳои ларзони якҷонибаи вайрона — ҳамон чизҳое буданд, ки дар бозиҳои кӯдаконаи ин гурӯҳи дугона аслан набуд. Ва ин насли волидони аксаран дар чорроҳаҳои қисмат раҳгумзадаву ҳайрон ҳар шом гулдухтарони худро аз ҳоли роҳати дунёи беолоишу содаву зебои тифлӣ, ки сарҳадаш таги ҳамон чормағзи пир ва сершоху навда то хати торики сояи он чормағз буд, ба ин канораи пуртазод, дунёи пур аз «ҳақиқат»- ҳои дуруғ ва шириниҳои дар асл талх, ба ин сӯйи он чормағз мекашиданд…
Канори чашма аз чӣ руста гулҳову шуда хушбӯ?
Зи сад омоли духтарҳои зебосурати деҳа…
Барои падари ин духтараки зебо, ки ширинии алфози фарзандашро аз гӯшиву бо ноз хиромиданҳои тифлонаашро фақат чанд бор аз дурбини тилфон дида буд, амнтарин ҷойи ин деҳа ва тамоми дунё — таги ҳамин чормағз аст. Ин баъди салом аввалин ҷумлаи саволии падар аст, ки «духтарам таги дарахти чормағз аст?». Ва дигар ҳама бори шонаҳои худаш ва ҳама ташвишу тараддуди сохтаву сунъии муҳоҷират ва гумшуданҳои дуру дароз пеши ҳамин ҷавоби мусбати ҳамсараш ҳеҷ чиз мешуд. Хурсанд мешуд, ки як духтари ӯ нерӯ ва тавоноии гирди худ ва гирди он чормағз ҷамъ овардани даҳҳо духтараки ҳамсояаашонро аз гирду гӯшаҳои ин деҳаи ташнаи аз ёди обҳову боронҳо фаромӯшшуда дорад. Ҳамин гуна ҳам буд, ки инҷо сабзаву ниҳол ташнаи об, кӯчаҳо ташнаи нур, боғу роғу кӯҳу дашт ташнаи таваҷҷӯҳ ва тифлакон ташнаи дидори падаранд…
Чу борони хумору хотироти тифлии рафта,
Ба рӯйи пуштаи беҳосилат мерезам, эй деҳа.
Ҳамин субҳ ӯ ягона либоси навтару зеботарашро пӯшид. Ба модараш нагуфт, ки попӯшиҳое, ки хеле боз напӯшида буд, акнун ба ангуштони пояш фишор меоранд. Танг шудаанд. Медонист, ки агар мегуфт, аввал модараш зиқ мешуд ва баъд худаш. Хеле вақт буд, ки ин либосҳояшро напӯшида буд. Яъне, хеле вақт аст, ки на кадом хешашон туй кардаву на ӯ куҷое ҳамроҳи модараш ба меҳмонӣ рафтааст. Модар шунид, ки чанд дугонаи духтараш барои пӯшидани либосҳои навашон меравад. Ҳама аллакай медонист, ки падари ин дугонаашон имрӯз аз Русия меояд. Онҳо интизори сақич чош додан ба сари меҳмон буданд ва фикр мекарданд, ки ин анъанаи хеле қадимӣ асту ҳатмӣ. Фақат насли калонтар медонист, ки ҳоло чизи арзоне, ки мешавад ба сари меҳмон чошид, дар ин деҳа ва ҳам деҳаҳои зиёди дигар — ҳамин сақич аст. Ва боз модар ба духтарашу дугонаҳои ӯ чанд чизи дигар ваъда кард. Дурӯғ мегуфт, албатта. Ва ба дилаш мегуфт,ки ин дурӯғ ҳам пайи ҳамон дурӯғҳои чанд соли охираш, ки ӯ аз номи худашу шавҳараш барои духтарчаи чашмбароҳаш фикр карда буду сохтаву бофта буд…
Хоки сари кӯчаҳои ту, деҳаи ман,
Дар почаи шими мардумат рафт ба дур…
Имрӯз ғайриинтизор деҳа пур аз меҳмон, гирду гӯша пур аз сигнали мошину исту ҳаракати воситаҳои нақлиёт буд. Ва ҳар вақте овози мошин баландтар мегашт, як селаи духтар ба дав бо гаҳворачаҳои гулкорӣ таги чормағзи ҳавлиро холӣ кардаву дами дарвозаро пур мекарданд. Ҳар кас мехост дигареро дар ин набарду ин дав мағлуб кардаву сарашро аз дарвоза берун барорад ва меҳмони дар андешаҳои як тифли имрӯзӣ чандсумкадорро аз Русия аввалин шуда бубинад. Касе он вақт аз ин духтараки интизори падар намепурсид, ки оё симои ӯро мешиносӣ, чӣ шаклу рангу чеҳра дорад падарат, медонӣ? Ту қомату қадди падаратро ёд дорӣ? Охир, ту баъди сари ақл омаданат ӯро аз наздик надидаӣ…
Ин ба гумони ғолиб ҳамон андешаҳое буд, ки зани соҳибхона ва чанд кампири дигари хешу ҳамсояро, ки интизори меҳмони дур буданду ин манзараро бо ширкати як села духтарак тамошо доштанд, ба риққат овардаву гирён карда буд…
Ба ҷуз девор дар пуштам набуда пуштигире зӯр,
Ба ҷуз девори пушти суратат дар хонаҳои хоб…
Як долон занакро ин карат садои тормози мошин ва сигнали баланди он, ки дар як нафас бо садои доду войи кӯдакон печидаву ба ҳаво хеста буд, ба худ овард. Ҳама сӯйи дари ҳавлӣ давид. Ҷавони ронанда аз тарс дасту по хӯрда буду гиря мекард. Вале садояш пасттар аз садои тифлони тарсхӯрдаи гаҳворабадаст ва ин модари бечораи қариб аз по афтида буд. Бори дӯши модар, ки акнун бо ин ғами гарону гӯё балои аз роҳ бархеста бештар шуда буд, китфони ду зани паҳлавонҷуссаи ҳамсояро хам мекард. Духтараш, ки чанд сония пештар миёни раҳ нолиш дошт, акнун рӯйи дастони ҳамсоя буд. Гаҳвораи шикастаи духтараш рӯйи хоки сари кӯча ба чашми модар мисли бахти нагун ва қалби шикастаи худаш менамуд…
Мошинеро, ки ин тифлакон интизор буданд, акнун омад. Дидани шавҳар агар чанд сония пештар орзӯяш буд, акнун дигар факат эҳсоси тарсро дар дили ӯ бештар мекард…
Ҳамон таксие, ки меҳмонро овард, бо тамоми суръат сӯйи беморхонаи марказии ноҳия ҳаракат мекард. Ҳеҷ ҳодисаву воқеаи даҳшатбор дар мулки ғарибӣ падарро ин гуна натарсонида буд. На оби чашмаш ист мекард ва на забонаш барои кадом ҳарфи тасаллӣ ба ҳамсараш кушода мешуд. Ӯ тамоми роҳ сенарияи дигари дидор бо ҳамсару духтарашро дар сараш мечархонд, тамоми роҳ сад намунаи нигоҳу бехабар расидан ба дидори духтарашро фикр мекард, ӯ хаёлан раҳораҳ сад бор пушти он чормағз пинҳон шудаву сад бори дигар чун ношиносе аз поини ҳавлӣ ворид шуда буд…
Зи толеи нагуни мо, зи қаҳри бахти баргашта,
Наоранд тоб ин шахҳо, бароранд пой пиряхҳо…
Як соати нишастан пушти дари шӯъбаи ҷарроҳӣ бо он фишору хаёлу хотираи нохуби баргаштанаш ба назараш вазнинтару сахттару гаронтар аз чанд соли шиштанаш дар маҳбаси русӣ буд. Ӯ баъди он, ки духтури ҷарроҳ амалиётро анҷом додаву берун омад ва дили ин зану шавҳари азияткашидаро ба идомаи неки зиндагӣ пур кард, аз дил гузаронд, ки ӯ акнун ҳамин рӯз сазои ҳамон амали нодурусташро дид…
Духтабанози оча,
Зиндагисози оча,
Олами рози оча.
Алла, ҷонум, аллае…
Овозакот ширине,
Ҳам нозакот ширине,
Ҳай розакот ширине,
Алла, ҷонум, аллае…
Мардуми деҳа ин воқеаро ҳар гуна маънидоду тафсир мекард. Касе мегуфт, ки ин мард худаш бепайи қадам буд, касе гаҳворабозии духтараконро фоли бад медонист, касе ҳатто мегуфт, ки таги чормағзи бобои Мир аҷинаву дев дошт. Фақат инҷо ҳамсарашу онҷо чанд ҳамраҳи дигараш медонистанд, ки ӯ барои як бор мастона сари чамбари мошини бегона нишастану инсонро пахш кардану фирор карданаш дар он мулки ғарибӣ, акнун маротибаи дуюм ҷазо медид…
Кай дер шуда барои подоши амал?
Ҳар неку баде зи ёди қисмат наравад…

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: гаҳвора, деҳа, духтарак, меҳмон, мошин, муҳоҷир, некӣ ва бадӣ, падар, садама, чормағз, ҷазо, ҷарроҳӣ |










Добавить комментарий