То ҳамон лаҳзае, ки дар метро ду ҷойи бар ба бар ғайриинтизор гӯё барои онҳо холӣ монд, онҳо ба ин ҳад наздик набуданд. Ҳамон рӯз бори аввал канори ҳам нишастанд ва атри бари якдигарро шамиданд. Бо як дидан мушкил буд тасаввури он, ки хаёлбофии кадоме рангинтар аст, аз дур қариб имкон надошт тахмини он ки бо рӯйи курсӣ афтидани ду ҷисм андешаву хаёлоти соҳибони он — ин ду мусофири акнун ҳамсоя то куҷоҳо парвоз дорад?!
Ҳарду медонистанд, ки нафари мавриди таваҷҷӯҳашон аз кадом истгоҳ мешинад ва дар куҷо поин мешавад. Ин нигоҳпайванд бо сипарӣ шудани рӯзҳову соатҳо шоҳиди як гардиш дар табиат шуд. Онҳо якдигарро ҳам дар либосҳои ғафсу нороҳати зимистона дидаанду ҳам бо либоси фаслҳои дигар. Ва хаёлан шояд касе ҳам аз ин дуэт комилан дигаргуна ва зеботар дар тасвирҳову хаёлпардозиҳои дигарӣ падид меомад…
Мардумони дигар мутаваҷҷеҳ намешуданд, ки ин ду мусофири доимӣ гӯё ҳамин гуна хомӯш ва бесадо бо чизе мубориза мебаранд ва мехоҳанд барои ҳамдигар ким-чизеро исбот кунанд. Баъзан ин қадар ғарқи хаёл мешуданд, ки тирезаи паҳлӯи вагони метро, ки канораш гоҳе аз ин буду гоҳе аз он, мисли як мониторе, ки рузи туйи навхонадорон дар рестуроне беҳтарин хотираҳои гузаштаро нишон медиҳад, барои инъикоси хаёлии беҳтарин лаҳзаҳову хотираҳо хизмат мекард. Мард чанд карат ҳатто смартфони худро бо мақсади бардоштани як акси хотиравии ноогоҳ аз дӯсти ношиносаш омода карда буд, аммо ӯро ҳушёрии атрофиён бештар метарсонд. Ӯ ҷуръати барои як ошноӣ басанда дошта бошад ҳам, хомӯш буд, мисли муфаттише, ки чизеро интизор аст…
Кам касон мисли онҳо аз канори ҳам сафар кардан ҳаловат доштанд. Шояд зан баъди он, ки медид ин мард ҳамеша ба пирамарди скрипканавози овора дар вагонҳои метро пули зиёд медиҳад, дарк карда буд, ки марди канораш дар фосилаи ҳамон оҳанг худро дар миёнаҷойи кадом туйхона дар ҳамон ду курсиии асосии он нуқта тасаввур мекард. Ва он пирамарди скрипканавоз ҳам , мисли ҳофизони туйгард, бо дидани ин ҷуфт гӯё чизеро медониста бошад, фавран дилхоҳ мусиқӣ ва навозишро бо ҳамон марши Менделсон, албатта бар ивази чанд пуле аз киссаи он мард, иваз мекард…
Мисли он, ки дар зиндагии ҳаррӯза аст, ин муносибати хамӯш ва бесадо дар вагони метро рашку тоб низ дошт. Як курсӣ баъзан ё аз ҷониби касе банд мешуд ё касе ба он вагон ворид мешуд, ки ҳаққи бештари нишастан дошт. Он замон махсусан барои мард дигар тасвирҳо аз тирезаи вагон маънӣ надоштанд, дурусттараш ҳамон маъниро, ки дар ҳамнишинии бар ба бар доштанд, ин вақт надоштанд. Ҳамин эҳсос аст шояд, ки мардумон рашк номаш мебаранд. Он ба дигар протсесҳои маъмулии ошнойӣ ва ошиқиҳо кор надоштааст, балки барои дарки он мисли ҳамин ҳолат ҳатто донистани номи онҷониб ҳам шарт набудааст…
Онҳо канори ҳам ҳаракат мекунанд. Ҳаракат чӣ, ки меосоянд. Ҳатто бе он, ки номи якдигарро донанд ва дар бораи ҳам маълумот дошта бошанд. Рӯзҳои аввал мард аз сари эҳсос ва кунҷкобӣ назарро аз болои боло, аз ҳамон шаршараи мӯйи ин зеботарин мусофир то чашму рухсору лабу гарданаш тарсида-тарсида мелағжонд ва бо роҳи китфу гардиши оринҷаш ба панҷаҳо ва ғиҷили ангуштонаш мерасонд. Мисле ки бо нигоҳ ва бо чашми дил ҳамон ангуштари никоҳиро мекофт, ҳамонеро, ки бо ин ҳисси дӯстдорӣ ва дилбастагӣ барояш шояд дигар он қадар аҳамият надошт…
Он зани мусофирро, ки баъзан ҳайрон мешуд бо ӯ ва ҷисму равонаш чӣ мегузарад, хомӯшиҳои пур аз ҳарфу сухани он мард ва худаш ҳайратзада мекард. Инро намешавад беҷуръатӣ гуфт, чун он дигар хоси сину соли онҳо нест ва гузашта аз ин, гоҳ-гоҳе медид, ки чӣ қадар ҷуръат, хоҳиш ва муҳаббат дар косаи он ду чашм ҷо дорад.
Тасаввурнокарданӣ аст, ки як рӯз агар аз ин дуэт, аз ин асари хурди ошиқона, аз ин оҳанги ҷаззоб бо ҳамагӣ ду ҳарфи мусиқӣ ва аз ин ҳамсафарӣ аз рӯйи хатсайри фақат барои ҳамин ду мусофир маълум яке дар он вагон набошад, дар дилу хайёлу хотири дигарӣ чӣ шӯру исёне барпо мешавад!? Ҳамин андеша ва интизорӣ шояд пайваста дар зеҳну қалби ин ду мусофир зуҳур мекард. Вагарна оҳи сабук ва машшаи хандаи пур аз шарму қаноатмандӣ аз дур ба ҷойи саломи субҳона ҳар саҳар ба чӣ маънӣ буд?
Дар ин вагон тӯли даҳ соли охир ба ҷуз овезаҳои таблиғотӣ ва тоблуҳои хабарӣ чизе дигар нашудааст. Ҳамон курсиҳо, ҳамон тиреза, тахминан ҳамон тасвирҳо аз пушти тиреза вақти ҳаракати вагон ва ҳамон номҳои маъмулии истгоҳҳо. Ҷавони донишҷӯ, ки дар қатори ду ҷомадон либоси кӯҳнаву китобҳои фарсуда як ҷомадон орзӯ ва ҳавасро ҳам ҳамроҳаш ба ин шаҳр оварда буд, ҳамон вақт фақат се рӯз буд, ки барои рафтан ба макони таҳсилаш аз ин хати метро истифода мекард.
Ҳамон субҳ, агар мисли мусофирони дигари ҳамин вагон бепарвову фориғбол мебуд, шояд он гардиши ҷиддӣ дар ҳаёташ падид намеомад. Ё агар ҳамон насиҳати падараш ба ёдаш намеомад, шояд кор ин гуна сурат намегирифт. Ҳаргуна, ки буд ӯ он субҳ ба дарс нарафт. Дурустараш, чанд пулис нагузоштанд, ки ӯ ба колеҷ биравад. Онҳо фақат мепурсиданд, ки вақте ки он мусофири бадрафтору бадгуфторро, ки ба духтари зебои канораш нороҳатӣ меовард, мезад, аз чӣ олот истифода бурд? Ва бовар намекарданд, ки чанд зарба бо дастони холӣ, вале дар кор сахтшуда дар он роҳрави танг боиси шикастани ҷоғу рӯйю даст ва осеби дигари сару гардану миёни ӯ шавад.
Ҳамон рӯз буд, ки ӯ як дафтари дарсиашро, ки аксҳои ягона хоҳараш дар миёни варақҳои он буду раҳораҳ бо завқ тамошо мекард, гум карда буд. Пулис он вақт механдид ва бовар намекард, ки ин ҷавони донишҷӯ ҳамон мусофири бадрафтору махмурро барои он лат кард, ки зери эҳсоси хумору ёди ягона хоҳарашу хонаводаи худаш буд ва чанд рӯзи аввали мусофираташ дар ин шаҳр ба сахтӣ сипарӣ мешуд. Ва ӯ албатта намехост, ки сару гардану миёни он марди махмур ва мусофири беодоби метро то ин ҳад осеб бубинад, ки якумрӣ бастаи аробачаи маъюбӣ бошад…
Ин субҳ низ ҳама чӣ муқаррарӣ буд, мисли рӯзҳои гузашта. Онҳо хомӯш, канори ҳам ҳаракат доштанд. Ҳамон манзараҳо аз пеши рӯ мегузаштанд, номи ҳамон истгоҳҳои шинос эълон мешуданд, гӯё ҳамон муҳаббату вобастагии ноаён ба пояшон занҷир буд. Ба ҳар сурат хеле боз мушоҳида мекунад ва боварӣ дорад, ки ин гуна эҳсосро, ки дуэти онҳо дорад, мусофирони дигари ин вагон надоранд. Агар ба назар нагирем меҳрубонии занеро, ки аробачаи маъюбии марди тахминан 45 соларо ҳамин лаҳза вориди вагон карду дар ҷойи махсусе, ки барои аробачаҳои маъюбӣ аст, гузошт. Ҷавон наметавонист ҷояшро дар ихтиёри он зан нагузорад. Бе он ки касе пурсад, ӯ баъди нишастан гуфт, ки он марди аробачавор бародари ҳамхунаш аст. Баъди як ҳодисае ногуворе ӯ аз роҳ рафтан бозмонд. Чанд тан аз аъзоёни оила, инак даҳ сол аст ӯро бо навбат ба боғе мебаранд, ки хеле дӯст медорад. Имрӯз навбати ӯ аст…
Мард миёни курсиҳо ва ароба рост меистод. Нигоҳаш ва ҳам ким-кадом ҳисси барои дигарон ноошноро дар ин миён тақсим мекард. Сурати духтари ошноашу марди маъюби аробачавор аз намие, ки дар мағзи чашмонаш пайдо мешуд, пеши назараш хира шуд. Вале на ба он ҳад хира буд чашмонаш, ки суратҳои миёни дафтареро, ки нав он духтари шинос аз сумкааш берун кард, набинад. Медид. Пайи дастони ошноро дар чанд варақи он дафтар шинохт. Аксҳои хоҳари зебояшро ҳам медид. Соҳиби муваққатии он дафтарро ҳам акнун шинохт…
Бо нигоҳ гӯё ҳамдигарро ба оғуш мегирифтанду мебахшиданд, бо нигоҳ гӯё нақша месохтанд ва бо нигоҳ гӯё самти ҳаракати худро берун аз вагони ин метро мушаххас мекарданд. Нигоҳи он марди маъюб бошад, ба рӯйи хоҳараки навбатдораш гӯё ширеш буд. То истгоҳи он боғе, ки онҳо рафтанианд, ҳоло роҳ дур аст…
Истгоҳи навбатӣ ҷойи доимии фаромадани ҳеҷ кадоме аз ин дуэт набуд. Вале фурсати мувофиқе буд барои сӯҳбатҳои деринтизор ва гуфтани ҳарфҳои дар гулӯ дармонда, барои берун шудан аз банди хотироти на он қадар хуби қариб даҳсолаи ин вагону он ҳуҷраи маҳбас ва ворид шудан ба марҳилаи дигари беҳтару хостанӣ ва интизориҳои дуру дарозу ошиқиҳои ин чанд муддат хомӯш ва бесадо…

Filed under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: Истгоҳ, Менделсон, вохӯрӣ, маҳбас, метро, рашк, роҳ, сафар кардан, ҳикоя, ҷанҷол, ҷиноят |












Добавить комментарий