Пештар аз бомдод ҷисми ҳам хаставу ҳам ба зарби дору ба хоб моилгаштаро аз рахти роҳату гарм бо роҳи гузари шамоли Файзобод то таҳоратҷо кашидан корест на саҳл. Муҳимтарин фарз баъди он аст. Пас аз адои намоз ва вақти дуо хаёлан пеши назараш шояд ҳамаро ва маро ҳам биёрад. Худо медонад дар ҳаққи фарзандони раҳдураш, ки ҳатто рӯйи гарми модарашонро пеш аз тарки дунёву реҳлаташ надиданд, чӣ дуо мекунад!? Муҳоҷирбачаҳоро мешавад аз рӯйи дараҷаи хушбахтӣ ва саодаташон ба ду гурӯҳ тақсим кард — онҳое, ки дар маросими видоъ бо волидону наздиконашон ҳузур доштанд ва онҳое, ки ба он маросим наомаданд ва ё бо кадом сабабе натавонистанд, ки биёянд…
Читать далееFiled under: Майдони бахс ва андешарони | Tagged: 71 солагӣ, Файзобод, асои падар, дору, ифтихор, намози ҷамоат, об, падар, Ҷӯрабек Ҷалилов | Leave a comment »









